Хизмат ба Модар- Ватан қарзи муқаддаси ҳар як фард ба ҳисоб меравад.

Боиси хурсандӣ аст, ки сафи худихтиёрон сол аз сол меафзояд. Шароити буду бош дар қисмҳои ҳарбии кишвар дар сатҳи хуб қарор дорад. Хизматчиёни ҳарбӣ, ки муҳлати хизматро адо кардаанд, ба ҳамсояҳо, хешу таборону шиносон вазъи имрӯзаи хизматро гуфта медиҳанд. Ҳамчунин, гурӯҳи волидон ва пайвандони хизматчиён ҳар сол аз шароити кунунии аскарон дидан мекунанд. Хизмати ҳозира ба як мактаби обутоби бадан, хештаншиносӣ, ҷасурӣ, чолокӣ, мардонагӣ, нангу номус, ахлоқу худшиносӣ табдил ёфтааст. Аз ҷониби дигар ҳисси худшиносӣ, тарбияи ҳарбӣ, ватандӯстӣ дар ҷавонон боло гирифтааст.

Имрӯзҳо садҳо ҷавони баору номуси кишварамон бо амри дил ба хизмати Ватан- Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешаванд. Онҳо сарсупурдаи Ватани худ, баҳри ҳифзи марзу буми Ватани худ адои қарзи Ватандориро намуда истодаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандона Пешвои миллат сулҳу ваҳдат, оромӣ дар кишварамон ҳукмфармо буда, мардӯм дар фазои орому осуда кору зиндагӣ доранд.

Маҳз, бо ибтикори созанда ва сулҳпарваронаи Сарфармондеҳи Қувваҳои

мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи қисмҳои низомӣ бо техникаву лавозимотҳои ҳарбӣ ва шароитҳои замони муосир муҷаҳазонида шудааст.

Ҳар як афсару аскари қаторие, ки дар ҳифзи сарҳад аст, хуб дарк мекунад,ки хизмат ба Модар- Ватан қарзест, ки аввалу охир надорад.

Хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як фарди бономуси Ватан ҳам фарзу ҳам қарз мебошад.

Алалхус, лашкари давлати мо дар пушту паноҳи халқи худ мебошад ва мо ба онҳо эътимоди калон дорем. Дар баробари ин, ёдовар бояд шуд, ки солҳои аввали истиқлол барои мардумии кишварамон давраи озмоиши сахту сангини таърихӣ буд, лекин мардуми шарифи Тоҷикистон маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзаи Пешвои миллат ва мардони шӯҷои Ватан қувваҳои мусаллаҳро таъсис дод, оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷанги бародаркушро паси сар намуд.

Аз ин лиҳоз, таъсис додани Артиши миллӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлати навбунёд ба ҳисоб мерафт. Барои ташкил намудани ин сохтори қудратӣ фарзанди ҷасуру фарзонаи миллат, Сарвари тозаинтихоби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон асос гузошт.

Артиши миллӣ аз ибтидо то кунун барои барқарор сохтани сулҳу субот ва оромӣ дар саросари ҷумҳурӣ, муҳофизати дастовардҳои истиқлоли мамлакат ва бехатарии марзҳои он талошу муборизаҳои сарнавиштсозу шоистаи таҳсинро анҷом дод ва идома дода истодааст.

Вале афсус як қисмати шаҳрвандон бо ҳар як роҳу восита мехоҳанд, ки фарзандони худро аз хизмати аскарӣ боз доранд. Ё ба Русия равон мекунанд, ё бо ба воситаи вакилону кормандони комиссариату табибони ташхискунанда фарзанди солими худро маъюб бароварда, аз солимии ӯ рӯй мегардонанд.

Аммо набояд фаромуш кард, ки саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ, вайрон намудани қоидаи адои хизмати ҳарбӣ, ки Қонун дар бораи уҳдадории умумии хизмати ҳарбӣ муқаррар кардааст. Саркашӣ вобаста ба давомнокӣ, мақсад, инчунин аз вазъияти он кирдори ношоиста ё ҷиноят дониста мешавад. Саркашӣ чунин аст; дар вақти муайяни таъин шуда, бо даъватномаи қомиссариат наомадан, қисми ҳарбӣ ё ҷойи хизматро худсарона монда рафтан, дезертирӣ кардан, худсарона монда рафтани қисми ҳарбӣ дар вақти ҷанг, худмаъюбкунӣ, худро қасдан касал нишон додан, аз ҳуҷҷатҳои қалбакӣ истифода бурдан, фиреб ба кор бурдан ва ғайра.

Барои ин кирдорҳо ҳамчун ҷиноят ҷазо дода мешавад. Қонун барои саркашӣ аз рӯи ҳолату вазъияте, ки гуноҳро вазнин мекунад, ҷазо муайян мекунад. Масалан, барои саркашӣ бо роҳи худмаъюбкунӣ ва дигар воситаҳо ба муддати аз 3 то 7 сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад.

Асосан дар ин раванд паст будани маърифати ҳуқуқии волидайн, тарбияи хештаншиносию ватандориро дар хонаву муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ намондан. Фаъолияти сусти таълимоти тарбиявӣ, тарғибу ташвиқоти пурра набурдан дар байни наврасону ҷавонон, дарсҳои омодагӣ ба тайёрии ҳарбӣ аз тарафи муассисаҳои таълимӣ, фаъолияти сусти кумитаи ҷавонон дар ин самт, бо ҳар баҳона бо ёрии “тағаву” “холаҳо” гурезонидан. Мо рӯяки худро масъул мешуморем, аммо қалбан не. Даврони Шӯравӣ хизмат кардан дар сафи қувваҳои мусаллаҳ шараф буд. Ҷавонон ихтиёран ба аскарӣ мерафтанд. Ин чорабинӣ ба як тӯй мубадал мегашт. Баъди бозгашт онҳоро ба ҷойи кор таъмин карда, дар мактабу муассисаҳо чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ барпо мешуд. Имрӯз чаро нест? То ба кай фарзандони мардуми одӣ ба хизмат мераванд. Дар ҳолате, ки дар қатори онҳо фарзандони мансабдорон бошанд, ин худ як сиёсат ва дилбардории дигарон мегардад. Хуб мешуд, ки агар имрӯз барои аскарон як маблағи муайян ҷудо гардида, баъди адои хизмат ба онҳо як кӯмак мегардад.

Шояд хонанда пиндорад, ки муаллиф аз ин мактаб бо хабар нест ва ҳолати кунуниро хуб дарк намекунад. Амом банда аз ин мактаб бохабар ҳастам, чунки ин мактаб тарсуиро аз бадани одам дур месозад. То ба кай таги сояи падару модар пинҳон мешавед, рӯзе мерасад, ки шумо низ бобо мешавед, пас чӣ бояд кард? Ва як умур мегурезед. Ҳар яки мо ҳамин тавр рафтор кунем, кӣ муҳофизи ватани мо мешавад? Худ муҳофиз набошем аз берун муҳофиз нашояд. Дар ҳақиқат фарзандони ман аз ин мактаби ҷасорат гузашта, ҳоло дар ҳифзу буми марзи Ватан мебошанд. Фарзанди хурдиам низ ба бародарони худ пайравӣ карда, дар мактаби «Куруши Кабир»-и назди Кумитаи амнияти миллӣ таҳсил дорад.

Бояд шукронаи чунин ватани озоду ором кунем, ки насибамон гардидааст.

Дар баробари ин, дар ҳар Паёми навбатии Пешвои миллат нисбати Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии афсарон ва сарбозон диққати махсус дода, барои бозҳам бетар намудани шароити онҳо чораҳои дақиқ андешида шуда истодааст. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат боз музди меҳнати афсаронро ба 20 фоиз зиёд намуд. Ҳамаи қушунҳои мусаллаҳ бо техникаву лавозимотҳои ҳарбии замони муосир муҷаҳазонида шудааст. Хобгоҳои афсарону сарбозон ба шароити имрӯзаи шоистаи зиндагӣ ба тартиб оварда шудааст. Ҳатто барои аскарони нав оила барпо карда, ҳуҷраҳои махсус барои дидорбинӣ бо шароитҳои лозимаи рузғор таъмин мебошанд. Онҳо метавонанд ҳафтаи як маротиба ба дидори як дигар расанд. Ба афсарон аз ҳисоби Ҳукумати ҷумҳурӣ хонаи истиқоматӣ бо тамоми маводҳои лозимаи зиндагӣ тақдим карда мешавад. Магар ин аз дастгириҳои беҳамтои Пешвои миллат дарак намедиҳад. Биёд як назар ба давлатҳои ҳамсояи худ афканем, ки онҳо доимо дар тарсу ҳарос то кунун оромиро надида истодаанд. Аз ин лиҳоз, мо бояд шукрона кунем, ки дар як давлати озоду ором ва сулҳофарин зиндагӣ дорем. Агар мо худ ба қадри Ватани худ нарасем пас куҷо мешавад он нангу номуси ватандориву хештаншиносӣ. Ҳимояи Ватан аз ҳифзи хонаву аҳлу оилаи худ оғоз мешавад. Модоме, ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами парокандагӣ бударо ба қаламравӣ сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ ва ободиву ободкорӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилотҳои пеш омадаро низ паси сар намоем.

Фарҳод Мадаминов,

журналист, ш. Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь