(Дар ҳошияи мақолаи Эҳёи миллат бақои давлат”)

Манфиати давлат ва ҷаҳонбинии тоҷикмеҳвар

Масъалаи матраҳнамудаи профессор С. Ятимов дар мақолаи “Эҳёи миллат-бақои давлат”, «Ҷумҳурият», №171(24782), аз 24.08.2023) масъалаи доғи ҷомеашиносии мо ва аз муҳимтарин вазифаҳои давлати миллӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ, хоса марҳилаи аввали таҳқими истиқлол ва ташаккули тафаккури давлатдорист. Абъоди мухталифи ин масъала бояд аз сӣ соли пеш ва ба сурати давомдор ва муназзам мавриди баҳсу баррасии ҷомеашиносон ва андешамандони миллӣ қарор медошт. Мутаассифона, донишмандон ва андешамандони мо дар ин замина камтар изҳори назар ва масъулият зоҳир намудаанд. Албатта, ин сабабҳои айнӣ ва зеҳнӣ дорад ва пеш аз ҳама ба ҷаҳонбинии ҷомеа, ки олимон ҷузъе аз он ҳастанд, бар мегардад. Ҳамчунин, воқеъият ин аст, ки ҳар гуна ҷаҳонбинии имрӯзи ҷомеаҳо пайомад ё  натиҷаи хуб ё бади фарҳангсозии давлатҳо дар тули таърих маҳсуб мешавад.

Ҷаҳонбинии тоҷикон дар имтидоди садсолаҳо мутобиқ ба майл ва манфиати гурӯҳҳои ҳоким ва давлатҳои мавҷуд дар ин хитта шакл гирифтааст. Дар меҳвари ин манфиат хидмат ба дини расуллуллоҳ таблиғ шуда, ки саранҷоми мунҳал шудани садҳо қавму қабила ва ташаккули уммати воҳид буд. Дар айни ҳол, бояд гуфт, ки ягона мақсади гурӯҳҳои ҳоким нигаҳ доштани қудрати сиёсӣ дар қабзаи худ аз тариқи додани имтиёз ба гурӯҳҳои мазҳабӣ ва руҳониёни имтиёзталаб буд. Мутаассифона, додани имтиёз ба гурӯҳҳои динӣ, аниқтараш ҷой боз намудан барои густариши ақидаи динӣ ба хотири ҳифзи пояҳои давлатии як гурӯҳ дар қудрати сиёсӣ, имрӯз ҳам дар аксари кишварҳои минтақа кам ё зиёд эҳсос мешавад. Давлатҳои минтақа дар бархе маврид агарчӣ сохт ва тафаккури дунявӣ доранд, аммо ба хотири он ки ҷомеаҳои мусулмонӣ аз онҳо норизо набошанд ва ё алайҳи давлати онҳо руҳониён таблиғот пеш набаранд, ба гуруҳҳои динӣ хоста ё нохоста имтиёз медиҳанд. Ин дар ҳақиқат кумак ба идомаи фарҳанги умматсозӣ аст, ки ниҳояти он аморатталабӣ ва хилофатхоҳӣ хоҳад буд. Яъне дар амал тафаккури ҷомеаи як кишвар ва давлати воҳид ба хилофи маншури эълоншудаи он давлат шакл мегирад. Боз ҳам, яъне давлат миллӣ, аммо ҷомеа мусаллаҳ бо тафаккуре, ки дар ниҳоят мавҷудияти давлати миллиро инкор мекунад.

Ҳадди ақал дар мавриди баҳсе, ки мо дорем, манфиат, ақида ва андешаро шакл намедиҳад. Балки зарурати таҳаққуқи андеша ва ақида аст, ки манфиатро пеш меояд. Миллатҳои боиззати олам дар дунёи имрӯз иқтидорро айни манфиати миллӣ, фароҳамкунандаи заминаи иқтисоди миллӣ ва маишати иҷтимоӣ медонанд. Ба ин далел аст, ки иқтидоргароӣ то ҳанӯз ҳам меҳвари сиёсати кишварҳои қудратмандро ташкил медиҳад.

Бинобар ин таърифи дурусти манфиат ва вазифаи давлат дар шароити муосир, ки муаллиф ба он пардохтааст ва таваҷҷуҳи ҷомеа ва ҳавзаи илмиро ҷалб намудааст, бисёр амри муҳим аст. Масъалаи дигар, вазифаи давлат дар шароити муосир аст, ки дар мақола мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Албатта таърифи классикии давлат ва вазифаву уҳдадориҳои он собитшуда ва қобили баҳс намебошад. Аммо муҳим ин аст, ки аз замони  тарҳи назарияи давлат дар фаҳмиши мутафаккирони Юнону Рум ҳазорсолаҳо сипарӣ шуда ва дар тули таърих давлатҳо вазифаҳои бисёри дигареро ҳам анҷом додаанд.

Бидуни шак, дар таърифи классикии давлат танзими муносибатҳои иқтимоӣ дар ҷомеа,  таъмини зиндагии осоишта, тақсимоти дурусти салоҳият ва сарватҳои миллӣ, таъйини меъёрҳои ҳуқуқ аз вазифаҳои аслии дастгоҳи идораи ҷомеа ва ё давлат аст.  Аммо бо таваҷҷуҳ ба он ҳаводиси таърихи ду ҳазор соли охир, пайдоиши динҳо ва ва низоъҳои динӣ, ҷанги давомдори тамаддунҳо, равандҳои ҷаҳонсозӣ аз ҳуҷумҳои  Искандар, то ишғолу қатлу ғорати арабу муғул ва аз он ба баъд то имрӯз; несту мунҳал шудани садҳо, балки ҳазорон қавму қабилаву забону миллату мамлакат вазифаи давлати миллииро тағйир додааст. Аз ин нигоҳ, вазифаи аслии давлати миллӣ дар шароити пешрафти ҷаҳонии технология ва ҷаҳонисозӣ ва балъидашавии фарҳангҳо ҳифзи фарҳанги миллии “он кишваре мебошад, ки ба он номниҳод ё номгузорӣ гаштааст”.  Вазифаи аслӣ ва уҳдадории байналмилалии як давлати миллӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ин ҳифзи танаввуъи фарҳангии ҷомеаи башарӣ аст. Давлатҳои миллӣ вазифаи таърихӣ доранд, ки танаввуъ ё гуногунрангии фарҳанг ва ҷомеаи башариро ҳифз кунанд. Давлатҳо бояд аз таърих сабақ бигиранд ва такрори мансуҳи онро иҷоза надиҳанд. Як сабақи таърих аз худ бегонашавӣ ва арабсозии азими Шарқ ва дар як мавҷи дигар муғулгардонии он буд. Агар давлатҳои миллӣ аз ин равандҳо дар амон мебуданд, ҳоло мо як шарқи мутанавеътар медоштем. Бидуни шак амнтар, босуботтар ва бо саодаттар низ.

Зиёни касон аз пайи суди хеш,

Биёранду дин андар оранд пеш.     

Ин ҷо Ҳаким Фирдавсӣ бисёр ба сароҳат ба ва дурустӣ ҳадафи арабҳо аз густариши динро баён кардааст. Дар ҳақиқат барои аъроб дин ҷиҳати машруият бахшидани ишғол ва ғорати сарзаминҳо зарур буд. Яъне дин ҳам ба манзури касби манфиат ба роҳ андохта шуд. Баъдан, дин барои миллати ғайри таслимшуда, хусусан барои мо ориёиҳо ба ҳадаф ва манфиат табдил шуд, то ҷое ки як фарди ин миллат худашро барои он омодааст, ки интиҳор кунад.

Яъне манфиати мо дар шароити кунунӣ бояд ҳифзи фарҳанги миллии худ бошад, ба ибораи дигар манфиати мо дар шароити муосир бояд дар  тоҷикмеҳварӣ бошад. Бояд зикр намуд, ки вақте мо тоҷик мегӯем як фарҳанг ва як тамаддунро дар назар дорем, на як миллатро дар фаҳмиши классикии он. Аз ҷониби дигар, давлат вазифадор аст, ки тарзи ҷаҳонбиниеро, ки барои пойдории давлат ва дурнамои бақои он дар дарозмуддат зарур аст, фарогир кунад, ба фарҳанги миллӣ табдил созад.

Ҷаҳонбинӣ ва сохтори қонунӣ

Масъалаи бисёр муҳим ва нигаронкунандае, ки профессор С. Ятимов ба он таваҷҷуҳ намудааст, “номутаносибии ҷаҳонбинӣ”-и гурӯҳҳои иҷтимоӣ “бар зарари меъёрҳои конститутсионӣ” аст ва суол мегузоранд, ки чӣ бояд кард? Дар воқеъ, кам андар ками аъзои ҷомеа, мақомдорон, хусусан зиёиёнро ин масъала нигарон мекунад. Худи бетаваҷҷуҳии олимон ва зиёиёни миллӣ ба ин масъала қобили нигаронии ҷиддӣ аст. Ин маънои онро дорад, ки мо ба ояндаи худ ва давлати миллии худ бетафовут назар мекунем.

Аслан қабули Конститутсияи миллӣ ва ҷой гирифтани мафҳум ва усулҳои “демократӣ”, “ҳуқуқбунёдӣ” ва “дунявӣ” дар он чунин маъно дорад, ки зимни қабули Конститутсия ҳамин мафҳумҳо барои миллат ба арзиш табдил шуда буданд ва тарзи тафаккури ҷомеа дунявӣ ва демократӣ буд, таносуби ҷаҳонбинӣ ба манфиати арзишҳои миллӣ қарор дошт. Ҳоло барои қишрҳои ҷомеаи арзишгаро мавҷудият ва амали ҳамин Конститутсия муҳим ва асосӣ мебошад. Вазифаи ҷонии андешамандони миллӣ ҳифз ва таблиғи ҳамин арзиш ва усулҳои конститутсионӣ аст.

Профессор С. Ятимов масъаларо бо равиши илмӣ ва забони мисолҳои таърихӣ баён намудааст. Аммо бояд гуфт, ин вазифаи рушанфикрон ва донишмандони миллӣ аст, ки онро бо сароҳати лаҳҷа ва шеваи оммавӣ барои ҷомеа ва масъулин бирасонанд. Паёмади ин раванд, яъне афзоиши руҳияи динпарварии ҷомеа ва густариши ҷаҳонбинии динии он чӣ хоҳад буд? Бидуни шак ташаккули як ҷомеаи динмеҳвар, ки арзиши аслӣ дар он шариат хоҳад буд ва арзишҳои дигар мисли ҳуқуқбунёдӣ, демокаратия ва дунвявият дар ин гуна ҷомеа ранг хоҳанд бохт. Нигаронии муҳим ин аст, ки дар он сурат наметавон низоми идорӣ ва давлате бо қонуни асосии демократӣ ва усули дунявӣ, вале ҷомеае бо ҷаҳонбинии динӣ дошт. Баёни андешаи мазкур ба ин сароҳат шояд боиси нороҳатӣ ва малоли касе бошад, аммо бояд гуфт, ки ин як воқеияти инкорнопазир аст. Коре, ки мо метавонем анҷом диҳем, ҷилавгирӣ аз рушду густариши он навъи ҷаҳонбиниест, ки бар хилофи манфиати миллии мо анҷом хоҳад шуд.

Мутаассифона, таносуби ҷаҳонбинӣ ва тамоюли мавҷуд ва рӯ ба рушд ба нафъи меъёри конститутсионӣ нест. Ин масъалаи асосии мо аст. Ҳоло чизе, ки таваҷҷуҳро ҷалб мекунад, дин аст, дин барои тоҷикон ва умуман барои сокинони Осиёи Миёна ҷаззобияти рӯ ба афзоиш дорад. Аммо масалан, ҷомеаи эронӣ бо вуҷуди ҳукумати шаръӣ фарҳанги худро набохтааст. Ҳукумат он ҷо бо қонунҳои динӣ, аммо ҷомеа бо қонунҳо ва фарҳанги эронӣ зиндагӣ мекунад. Дар ҷомеаҳои мо баръакси ҳол аст, ҳукумат бо қонуни дунявӣ, аммо ҷомеа бо қонуни динӣ зиндагӣ мекунад. Зиндагии афроди ҷомеа ва худи ҷомеаро меъёрҳои динӣ танзим мекунанд.

Дар ин миён, давлат низ бояд аз ҳар гуна хурдтарин иқдом ва амале, ки арзишҳои мазкурро камэътибор месозад, бояд ҷилвагирӣ кунад. Муҳимтарин масъала имтиёз надодан ва дар вазифаҳои давлатӣ таъйин накардани афродест, ки ҷаҳонбинии ғайримиллӣ доранд. Муҳимтарин асл ин аст, ки бояд дониста бошем, ки як фарди бо тафаккур ва ҷаҳонбинии динӣ наметавонад ҷомеаи дунявӣ ва ҳуқуқбунёд барпо кунад.

Ҳамин ҷо бояд боз ба масъалаи мафҳуми манфиат ва иртиботи он ба рушди навъи ҷаҳонбинӣ низ як бори дигар таваҷҷуҳ намуд. Давлат бояд аз салоҳияти худ дар тақсими вазифа ва сарватҳои миллӣ ба нафъи густариши ҷаҳонбинии миллӣ кор бигирад. Яъне касе, ки ҷаҳонбинии илмӣ, дунявӣ ва миллӣ дошта бошад, бояд ба ӯ имтиёз дода шавад, то ҷаҳонбинӣ ба ӯ аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ манфиат биорад, ҷаҳонбиниро тавъам бо манфиати худ бубинад. Ва дар навбати худ ин боиси ташвиқи афроди дигари ҷомеа барои пайравӣ аз ин навъи ҷаҳонбинӣ хоҳад шуд. Аммо агар мо талаби озодандешӣ ва доштани ҷаҳонбинии миллиро аз як гурӯҳ дошта бошем ва сарватҳои миллӣ ва вазифаи ҷомеасозиро дар дасти гурӯҳи дигар қарор бидиҳем, натиҷаи матлуб нахоҳем гирифт. Агарчи дар тули таърих ҳокимони қаламравҳои зиёде тоҷик буданд, роҳбарони давлатҳо тоҷик, аммо моҳияти ҳамаи он давлатҳо, бидуни истисно динӣ буд, қонуни ҳамаи он давлатҳои таърихӣ ҳукми шариат буд. Маҳз рушди тафаккури ғайримиллӣ ва динӣ, ки дар ҷомеа ҳоким шуд, боиси суқути давлати Сомониён гашт. Ҳамон тафаккури ҳокими динӣ ба руҳониён иҷоза дод, то ҳукм кунанд, ки арзиши Сомониён ва Қарохониён дар ченаки ин тафаккур фарқе надорад, ҳарду мусулмонанд. Шарт нест, ки тафаккур ифротӣ бошад, ки барои ҷомеа ва давлати миллӣ хатар эҷод кунад. Балки ифротият марҳилаи билфеъли хатар маҳсуб мешавад, ҳар гуна тафаккури динӣ бошад, хатари билқувва аст, вақте ба сатҳи ифротӣ рушд мекунад, ба хатари билфеъл ё амалӣ табдил мешавад. Ҳамин тавр, Сомониён аз ноҳияи ҷаҳонбинӣ ва тафаккур таҳдид ва хатар ба амнияти миллии худро пешбинӣ ва онро рафъ карда натавонистанд. Ин хатар ҳоло ҳам таҳдид мекунад, таърих метавонад такрор шавад.

Тоҷикон танҳо дар асри ХХ соҳиби як воҳиди миллӣ шуданд. Давлати советии Тоҷикистон аввалин давлати моҳиятан миллии тоҷикон баъди 1400 соли истилои арабҳо буд, ки ҳаракати ҷаҳонии коммунистӣ онро ба армуғон овард. Аммо боз ҳам бояд гуфт, ки истиқлоли сиёсиро метавон дар як рӯз гирифт, аммо расидан ба истиқлоли фикрӣ раванди тулониест. Мо аз арабҳо истиқлоли сиёсӣ ва физикии худро гирифтем, аммо аз нигоҳи фикрӣ ҳамчунон вобаста ва истилошуда боқӣ мондем, фикри мо ҳамчунон дар ишғол мондааст. То замоне, ки дини мо болотар аз миллати мо аст, яъне шахсият ва ҳайсияти инсонии мо ҳаст, то вақте, ки мо фикр мекунем, ки мо бояд дар хидмати дин бошем, на дин дар хидмати миллат ва инсон, мо ҳақиқатан бардаи фикрии арабҳо ҳастем, мо аз банди фикри арабӣ раҳо нашудем. Вақте андешаманде мегӯяд, ки “Банд дар по нест, дар ҷону дил аст”, ҳамин мазмунро дар назар дорад.

Ин ҷо мушкил дар он аст, ки ислом ба маънои классикии калима дин нест, балки таълимоти фаротар аз дин аст. Дин дар фаҳмиши классикии он воситаи иртиботи инсон бо офаридагори худ, ҳадафи дин ба саодат расонидани инсон ва вазифаи он бошад пок нигоҳ доштани сиришту ботини инсон аст. Аммо ислом фақат дар ҳамин чаҳорчӯба қобили таъриф нест, балки динест, ки ба тамоми зиндагии муъмин кор дорад. Аз нохуни пой то муйи сар. Мушкили аслӣ дар ҳамин аст.

Бидуни шак, бархурди ду навъи ҷаҳонбинӣ хатароти фоҷеабор дар пай хоҳад дошт. Метавон гуфт, ду оянда дар пеши рӯй дорем, ки яке бо камоли таассуф мунҳал шудани фикри миллӣ ва ҳамин тавр балъида шудани ҳаракатҳои миллӣ аз ҷониби мавҷи пуртуғёни дингароӣ ва динандешӣ аст. Эҳтимоли дигар бархурди фоҷеабор ва такрори ҳаводиси 30 соли гузашта мебошад. Ҳоло роҳи хирадмандон ва оқилон тадбир ва ҷилавгирӣ аз рафтани ҷомеа ба тарафи ҳардуи ин роҳ аст.

Баёни ин андешаҳо боиси он хоҳад шуд, ки гӯяндаи он аз як ҷониб аз сӯйи гурӯҳҳои динӣ маҳкум хоҳад шуд, аз ҷониби дигар афроди манфиатдор дар сохторҳо низ инро кам нишон додани натиҷаи кори худ дониста, гӯяндаро маҳкум хоҳанд кард. Вале рисолати як рушанфикр ҳамин аст. Ҳадди аққал барои масъулон ин андеша бояд гуфта шавад.

Қавмзоӣ ва Эҳёи миллӣ

Албатта, дар чаҳорчӯби баҳси мазкур маҷоли пардохтан ба масъалаи қавмзоӣ вуҷуд надорад, вале масъалаи эҳёи миллиро ҷудо аз назария ва масъалаи қавмзоӣ наметавон баррасӣ кард. Зеро Эҳё масъалаи қавмҳои бо собиқаи таърихӣ ва муттамаддин аст. Эҳё дар баҳси мақолаи профессор С.Ятимов ба маънои дубора зинда шудан аст. Эҳё ба маънои дар мадди аввал рушд не, балки растохези миллӣ аст, яъне дубора бар хостан ва рушд кардан аст.

Бо таваҷҷуҳ ба он чӣ қавмшиносон ва назарияҳои қавмзоӣ ва маъмули этногенез талқин мекунанд, кас метавонад аз ояндаи Эҳёи миллӣ ноумед шавад. Зеро бар асоси ин назарияҳо умри қавмҳо, яъне миллат дар баҳс ва таърифи имрузии мо, мисли як организми пӯё (зинда) марҳилаҳои зуҳур, ташаккул, авҷи қудрат, пойдорӣ ва таназзул ва фаноро дар бар мегирад. Л.Гумилёв дар асари маҳшури худ “Иштиёқ ва зисткураи замин” умри қавмро то 1500 сол медонад ва мегӯяд, шумо қавмҳои ҳоким ва соҳиби тамаддуни хосро дар ҷаҳони 2000 соли пеш ба хотир биоред ва бигӯед, ки кадоме аз онҳо боқӣ мондааст? Л.Гумилев марҳилаҳои умри қавмро, ки ба он тули 1200 то 1500 солро медиҳад, ба сурати зайл муайян кардааст: 0 сол (оғози ҳисоб); давраи нутфагузории қавм. Зуҳур ва афзоиши иштиёқ; болоравии босуръати иштиёқ барои зиндагӣ; марҳилаи тағйирёбии иштиёқ то ҳадди аксар. Афзоиши босуръати қудрати қавмӣ; Шикаст ва пастшавии шадиди иштиёқ. Ҷангҳои шаҳрвандӣ, тақсимшавии як воҳиди этникӣ ба чанд воҳиди этникӣ; таназзули иштиёқ ба поинтар сатҳи муқаррарӣ ва ниҳоят дар миёни 1150-1500-солагӣ марҳилаи ёдбуд ва аз даст додани тамаддун. Азоби виҷдон – фаромӯшии комили қавм дар таърих. Марги қавм.

Акнун мо бояд дар ин нақша ё формула наҳаросида марҳилаи умри қавми худро пайдо кунем ва амалан ин назарияро бо талоши худ инкор намоем. Эҳё ба миллатҳое дахл дорад ва зарур аст, ки аксари ин марҳилаҳоро пушти сар гузоштаанд. Дақиқан, агар миллат дар марҳилаи авҷи иштиёқ барои зиндагӣ ва ҷаҳонкушоӣ қарор дошта бошад, ниёзе ба эҳё надорад. Дар назарияи Л. Гумилёв иштиёқ муҳаррики аслии зиндагии қавмӣ маҳсуб мешавад. Ӯ баҳси иштиёқ ва муштоқ (пассионар ва пассионарность)-ро дар меҳвари назарияи милласозӣ матраҳ мекунад ва умри қавмро ба дараҷаи давомнокии иштиёқ дар вуҷуди қавм (хонда шавад миллат) ва аъзои он марбут медонад.

Дар даврони авҷи қудрати қавм масъалаи алтруизм, яъне омода будани ҳар фарди ҷомеа барои худқурбонӣ ба хотири қавм ва ҳар ҳамқвами худ, ҳам бисёр муҳим дониста мешавад. Омода ба худқурбонӣ ва худкушӣ будани афроди бархе ҷомеаҳо, ки шоҳид мешавем, дар ростои ҳамин назария ё қонунмандии табиӣ қобили арзёбӣ аст. Албатта, агарчи ҷолиб аст, вале фурсат ва маҷоли бештар шикофтани ин баҳс намебошад, балки зикри он ба манзури шинохтани марҳилаи умри таърихӣ ва зарурати эҳёи миллӣ муҳим буд. Вале муҳимтар аз он ёфтани роҳи эҳё аст.

Албатта бояд гуфт, ки баҳси имрӯзи мо баҳси маърифташиносии қавмзои (гнесологияи этногенез)-и тоҷикон нест, аммо масъалаи Эҳё ҷудо аз баҳси собиқаи таърихии миллат қобили баррасӣ намебошад.

Ба таҳлили фарогири профессор С.Ятимов роҷеъ ба Даврони Эҳёи Аврупо, сабабу овомил ва натиҷаҳои он мушкил аст чизе изофа намуд. Он ҳамчун як намунаи боризи Эҳё дар таърихи башарият бо ҳамаи абъодаш дар мақолаи мазкур нишон дода шудааст. Ин ҷо метавон як мисоли дигарро ҳамчун намунаи Эҳё ёдовар шуд. Ин эҳёи Чини бузург дар ҳамсоягии мост.

Акнун суол ин аст, ки бо таваҷҷуҳ  ба он чи гуфта шуд, оё дар ҳақиқат Эҳёи дубора имкон дорад? Ҳамагӣ 70 сол пеш Чин дар вартаи парокандагӣ ва вазъияти асафбор қарор дошт. Таҷрибаи Чин назарияи қавмзоии Л. Гумилёвро то ин марҳилаи таърих амалан инкор кардааст. Чин яке аз офарандагони тамаддуни башарӣ аст, ки тавре зикр шуд дар охирин марҳилаи умри қавмии миёнаи асри бист қарор дошт. Вале имрӯз иқтисоди аввали ҷаҳон аст. Ҳаракати коммунистӣ на танҳо Чинро эҳё кард, балки минтақа ва ҷаҳонро аз шарр ва пайомади фосид ва парокандаву бесарнавишт шудани як миллат, он ҳам бо 1,5 млрд. ҷамъият наҷот дод. Тасаввур кунед, ки агар ҳоло мо як Чини бо 1,5 милрд ҷомеаи гурусна ва бараҳна медоштем. Мао Зедун, зимни аввалин руҷуи худ ба миллаташ ба ҳайси роҳбари Ҷумҳурии халқи Чин, гуфт, ки Чин акнун ҷумҳурӣ аст, император надорад, балки ҳар чинӣ як император аст. Ӯ бо ин кор баҳр як фарди ҷомеа этимод ба нафс дод ва дар айни ҳол, хост ба решаҳои таърихии миллати худ руҷуъ кунад. Чин ҳоло дар ҳоли Эҳё қарор дорад, он чӣ мебинем, ҳануз марҳилаи рушд ва “авҷи иштиёқи” қавми таҷдидшудаи Чин нест, ҳоло асри оянда асри “авҷи иштиёқи баланди” Чин хоҳад буд.

Ангезаи аслии Эҳёи Аврупоро низ руҷуъ ба таърих ва фарҳанг ташкил медод. Эҳёи Аврупо аз руҷуъ ба мусиқии итолиёвӣ оғоз шуд ва бо бастани дари калисо, ҷудо кардани дин аз давлат ва умуман коҳиши нақши дин дар зиндагии ҷомеа ва фард аҷом шуд. Ҳоло дин камтарин нақшро дар зидагии ҷомеаҳои аврупоӣ дорад. Аммо идомаи роҳи мо кадом хоҳад буд? Умед ва имкони Эҳё вуҷуд дорад. Аммо агар мо ба ин умед бошем, ки тавассути мубориза муқобили ифротият ва хурофот ба ташаккули як ҷомеаи муътадили исломӣ ноил мешавем, ки ҷаҳонбинии миллӣ дошта бошад ва он гоҳ ба Эҳё наздик хоҳем шуд, амри маҳол аст. Мо шикасти Шуравӣ ва низоми комммунистӣ, бо вуҷуди доштани бузургтарин адабиёти насиҳатгари дунё ва “Шоҳнома” ба ҷаҳонбинии 1400 сол қабл бар гаштем. Мутмаинан, агар имрӯз ба решаҳои худ руҷуъ накунем, дар пайи эҳёи миллӣ ба маънои аслии калима набошем, бо вуҷуди ҳамаи ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат ва фарзандони содиқу ростини миллат, баъди сад сол ва дусад сол боз ба 1400 соли пеш бар хоҳем гашт. Роҳи наҷот ва роҳи Эҳё касби истиқлоли фикрӣ аз тасаллути фикрии 1400 солаи пеш аст. Даъвати мулло барои панд гирифтан аз Эҳёи Аврупо ва сохтани дини миллӣ натиҷа нахоҳад дод. 1400 соли таърих ягон муллои миллиро ёд надорад.

Мутобиқи назарияи маърифатшиносии қавмзоии Л.Гумилёв миллатҳо дар марҳилаҳои ҳассоси ташаккули худ ба “таконбахши иштиёқ” (пассионнарный толчок) барои худогоҳии қавмӣ ва бақои умр ниёз доранд, то худро таҷдид ва бозсозӣ кунанд. Ин гуна таконбахш метавонад таҳаввулоти азими иҷтимоӣ, зуҳури динҳо ва пайғамбарон, ҳаводиси ғайри интизори табиӣ, тағйири куллии иқлими минтақа, ё зуҳури шахсиятҳои фавқулодаву мунҳасир ба фард дар сарнавишти миллтаҳо маҳсуб шаванд.

Тавре профессор С.Ятимов дар фароварди мақолаи худ зикр мекунад, “пешоҳанги Эҳёи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки аз рӯзи аввали зимоми ҳокимиятро ба даст гирифтан дар ин роҳ собитқадамона, ҷоннисорона, қаҳрамонона мубориза мебарад. Ин далели таърихӣ аст”. Ин ҷо бидуни шак метавон илова намуд, ки дар нақши “таконбахши иштиёқ” барои Эҳёи миллати тоҷик дар таърихи ҳазорсолаи охир Пешвои миллат – Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зуҳур кардааст. Масъалаи ояндаи мо ва ҳамаи роҳравони роҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қадам модан дар роҳи эмори ҷомеаи дунявӣ аст. Агар дар ин роҳ қадами иштибоҳ гузоштем маҳкуми таърих ва моли таърих хоҳем шуд. Агар дуруст рафтем, мисли чиниҳо, назарияи пасионарро инкор ва роҳи садоатро барои миллат боз хоҳем кард.

Агар гардун ба коми мо начархид,

Бичархонем ба коми худ заминро.

Раҳматкарим Давлатов,

номзади илмҳои таърих

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь