Дар Тоҷикистон мушкили партовҳои радиоактивии аз замони Шӯравӣ боқимонда ба муҳити зист ва саломатии мардум хатари ҷиддӣ дорад. Ин партовҳо, ба истилоҳ “мероси радиатсионӣ”, то ба ҳол ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.

Технологияҳои муосир ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҳалли ин мушкилот нақши калидӣ дошта, ба таъмини амнияти экологӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии мардум мусоидат мекунанд.

Таҳдид ба ҳаёт

Оё ба шумо мафҳуми “мероси радиатсионӣ” шинос аст? Ин истилоҳ партовҳои радиоактивӣ ва ифлосиҳои аз давраҳои қаблӣ боқӣ мондаро тавсиф медиҳад, ки ба муҳити зист ва саломатии инсон хатари ҷиддӣ доранд. Дар Тоҷикистон ин мушкил бахусус ба далели ихроҷи маводи радиоактивӣ, ки аз анборҳо ва анборҳои кӯҳна сарчашма мегиранд, шадидтар шудааст. Ихроҷи маводҳои радиоактивӣ таъсири ҷиддии манфӣ расонида, хоку захираҳои обиро ифлос мекунад. Ин боиси бад шудани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Вазъият талаб мекунад, ки  барои нест кардан ва безараргардонии партовҳои радиоактивӣ, инчунин таъмини суботи экологӣ чораҳои муассир андешида шавад.

Дар Тоҷикистон ин суол дар ибтидои асри 21 дар пайи қабули қонун «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ба миён омад. Пас аз 10 сол, соли 2013 яке аз қонунҳои асосӣ дар самти рушди заминаи қонунгузорӣ дар ин мавзӯъ – қонун “Дар бораи муомилоти партовҳои радиоактивӣ” қабул гардид. Барои пайдо кардани тасаввуроти пурра дар бораи “мероси радиатсионӣ”-и Тоҷикистон бояд донем, ки дар даврони шӯравӣ (солҳои 1945-1991) дар корхонаҳои шимоли Тоҷикистон беш аз як миллион тонна маъдани уран коркард карда мешуд.

Конҳои урани Точикистон дар ҳалли амалии масъалаи ашьёи хоми радиоактивӣ, ки дар солҳои баъдиҷангӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба миён омада буд, нақши бениҳоят муҳим бозиданд. Аз ҳама пешқадам дар ин соҳа комбинати №6 (айни ҳол Корхонаи давлатии «Тоҷикредмет») буд. Аз маъдане, ки дар конҳои ҷумҳурӣ истихроҷ карда мешуд, аввалин уран пайдо карда, дар ИҶШС аввалин реактори атомӣ кушода шуд.

Дар тӯли 50 сол (солҳои 1945-1995) аз тамоми гӯшаву канори собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон ашёи хоми дар таркибаш урандошта ворид гардида, оксиди уран истихроҷ карда мешуд ва баъдан бо мақсади истеҳсоли урани ғанишуда ба Русия равон карда мешуд. Дар ин муддат дар вилояти Суғд беш аз 55 миллион тонна партовҳои саноати уранӣ ҷамъ шудааст.

Коршинос Ҳотам Муртазоев, корманди Академияи милии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Чкаловск (ҳоло Бӯстон), ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва Табошар якчанд корхонаҳо мавҷуд буд. Дар Чкаловск ҳаҷми кор чандон калон набуд ва заводи ғанисозии уран ҳамагӣ 10 сол — аз соли 1945 то соли 1955 кор кард. Вале дар он ҷо ҳаҷми зиёди партовҳо ҷамъ шудааст — 400 ҳазор тонна. Ба ҳар ҳол ман фикр мекунам, ки аз соли 1955 инҷониб фони радиатсионӣ дар он ҷо ба таври табиӣ коҳиш ёфтааст. Дар мавриди ин партовҳои гӯркардашуда ман хотирҷамъ ҳастам.

Вале баъзе ҷанбаҳои хатарнок низ ҷой доштанд, яъне нест кардани оксиди азот. Дар ин ҳангом аввал бояд ҷои ихроҷи ин газро муайян мекардем. Зиёда аз 10 сол сари ин масъала кор кардем. Илова бар ин, дар он ҷо технологияи «тар»-ро ҷорӣ карда будем ва ҳангоми ҷамъоварии партовҳо маъдану қумро бо дастгоҳҳои махсус безарар мегардонидем».

Айни ҳол дар Тоҷикистон бо ин масъала Агентии амнияти кимиёвӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ машғул аст, бо ташаббуси он моҳи апрели соли ҷорӣ Конфронси байналмилалии «Мероси урании Иттиҳоди Шӯравӣ дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар он кормандони корхонаи давлатии «Росатом», инчунин намояндагони ташкилотҳои ветеранҳои Қирғизистон, Белоруссия ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Академик Ӯлмас Мирсаидов қайд намуд: «Дар қаламрави Тоҷикистон миқдори зиёди партовҳои уранӣ боқӣ мондааст, аз ин рӯ, барои беҳбудии вазъи экологӣ ва пешгирии офатҳои экологӣ чорабиниҳои офиятсозӣ гузаронидан зарур аст. Мехоҳам таъкид кунам, ки дар Тоҷикистон як қатор чорабиниҳо ва корҳои офиятсозӣ бо иштироки “Росатом” бомуваффақият анҷом дода шуд ва мо нақш ва кӯшишҳои “Росатом”-ро дар ҳалли мушкилоти мероси урании Тоҷикистон хеле қадр мекунем».

Муовини раис, котиби масъули созмони “Иттиҳоди байналмилалии собиқадорони нерӯи атомӣ ва саноат” Виталий Лебеденко таъкид намуд: “Дар минтақа барномаи ИДМ оид ба барқарорсозии иншоотҳо дар Қирғизистону Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Соли гузашта мутахассисони ширкати «Росатом» дар доираи лоиҳаи барқарорсозии як қатор иншоотҳои мавзеи (майдони) саноатии “Табошар” дар Тоҷикистон корҳоро пеш аз мӯҳлат ба анҷом расониданд. Инчунин инвентаризатсияи (барӯйхатгирии) иншоотҳои мероси ҳастаӣ гузаронида шуд. Барои беш аз 150 иншоот шиноснома таҳия карда шуд».

Муаммои умумӣ

Тавре дар конфронс зикр гардид, ва бо ин изҳорот ҳамаи коршиносон розӣ ҳастанд, барои Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои бо хатари партовгоҳҳои радиоактивӣ вобастабуда ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ хеле муҳим аст. Дар ин ҳолат Русия, ки дар бахши энергетикаи ҳастаӣ таҷрибаи ғании корбарӣ дорад, барои мо аз ҳама шарики муфид мебошад. Масалан, тобистони соли ҷорӣ сарвазири Русия Михаил Мишустин дастур дод, ки барои поксозии заминҳо аз осори уран ба Тоҷикистон 1 миллиарду 560 миллион рубл ихтисос дода шавад. Ин корро бо ёрии технологияҳои Русия анҷом додан мумкин аст, ки барои безарар гардонидани анборҳои партовҳо ва таъмин кардани тозагии оби дарёҳо дар Осиёи Марказӣ лозиманд.

Тавре ки дар боло зикр гардид, ширкати «Росатом» қаламрави 4 анбори партовҳоро дар мавзеи саноатии “Табошар” дар наздикии шаҳри Истиқлол ба тартиб оварда, ҳамчунин лоиҳаи бузурги барқарорсозии партовгоҳи корхонаи истихроҷи маъдани пастсифатро ба анҷом расонд. Фонди радиатсионӣ дар ин иншоотҳо барои одамон ва табиат аллакай як чизи табиӣ ва безарар гардидааст. Дар 2 партовгоҳи вилояти Суғд корҳо идома доранд.

Тавре аз хадамоти матбуоти Корхонаи давлатии «Росатом» хабар доданд, дар соли 2023 дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби ширкати сӯзишвории «Росатом ТВЕЛ», ки интегратори (ҳамоҳангсози) соҳаи саноати ҳастаии Русия дар масъалаҳои нест кардани мероси ҳастаӣ ва ташкилоти асосии ИДМ дар ин соҳа мебошад, корҳои зиёд анҷом дода шуд: «Мутахассисони «Росатом» ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавиро тартиб дода,  тамоми инфрасохтори барои корбарӣ зарурро аз сифр бунёд карданд. Инчунин корҳои васеъмиқёс оид ба вайрон кардани иншоотҳои кӯҳнаи оҳанину бетонӣ ва таҷҳизотҳои корхонаи истихроҷи маъдани пастсифат анҷом дода шуд. Тамоми оҳанпораҳои калонҳаҷм дар косаҳои (зарфҳои) оҳанину бетонии коргоҳ ҷудо карда шуда, бо пардаи муҳофизатӣ рӯйпӯш карда шуданд. Тибқи натиҷаҳои мониторинг фони радиатсионӣ дар ҳудуди партовгоҳи барқароршуда 10 маротиба кам шуда, ба 0,2 мкЗв/соат расонида шуд, ки ба меъёр мувофиқ аст.

Дар доираи лоиҳаи барқарорсозии истеҳсоли пештараи уран бояд 2 партовгоҳи дигар тавассути бунёди пардаҳои муҳофизатӣ барқарор карда шаванд. Айни ҳол барои анҷом додани корҳо дар ин майдон ҳудуди 100 нафар коргарон ва 50 адад техникаи автомобилии махсус ҷалб карда шудаанд.

Дар натиҷаи барқарорсозӣ партовҳои истеҳсолот бо пардаи муҳофизатии ғафсиаш то якуним метр рӯйпӯш карда мешавад ва он намегузорад, ки чанги радиоактивӣ паҳн шавад. Фонди радиатсионӣ дар минтақаи корӣ то сатҳи ҳадди ниҳоии иҷозатдодашуда коҳиш меёбад.

Тибқи маълумотҳои соли 2018, бар асари шуста шудани хок ва шамолҳо, дар баъзе минтақаҳо мизони радий дар таркиби хок аз ҳадди иҷозатдодашуда 300 маротиба зиёдтар шудааст. Амалигардонии лоиҳа амнияти экологии минтақаро бидуни гузоштани масъалаҳои «мероси ҳастаӣ» ба дӯши наслҳои оянда таъмин хоҳад кард».

Айни ҳол оҷонсии амнияти кимиёӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ ба рафъи мероси радиатсионӣ дар Тоҷикистон машғул аст. Бо ёрии технологияҳои Русия, махсусан технологияҳои аз  ҷониби “Росатом” таҳияшуда, корҳои тозакунии заминҳо аз изи уран идома доранд. Барномаи барқарорсозӣ аллакай натиҷаҳои назаррас дода, амнияти экологии минтақаро таъмин менамояд ва наслҳои ояндаро аз хатари ифлосшавии радиатсионӣ муҳофизат мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь