Мавҷудоти соҳибтафаккур аз замони ташаккули худ ҳамчун субъекти дорои хирад ҳамеша эҳтиёҷ ба амнияту суботу оромӣ ниёз доштаасту дорад. Субот, амният, оромӣ барои инсон муҳимтарин ва асоситарин дастоварде ба шумор меравад, ки дар тамоми марҳилаи ҳаёти худ ниёз ба он дорад. Ҳеҷ фард ба фаъолияти сиёсӣ машғул шуда наметавонад, агар субот ва амният дар ҷомеа мавҷуд набошад. Умуман, суботу амният дар ташаккул, рушд ва бақои дилхоҳ шахс нақши калидӣ дорад. Аз ҳамин хотир, миллатҳое, ки ин дастовардро доранд, бояд барои ҳифзи он ҳамеша омода бошанд.

Таърихи халқи тоҷик ва раванди ташаккули миллат собит менамояд, ки миллати тоҷик аз давраҳои қадим то оғози асри XXI ҳамеша барои ба даст овардани суботу амнияти пойдор мубориза бурдааст. Шоири бузурги миллат Лоиқ Шералӣ бар ин фикр аст, ки миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба сари халқи дигаре ҳуҷум ва ё лашкар накашидааст. Вале ба сари миллати тоҷик аҷнабиён борҳо лашкар кашида, кӯшиш намудаанд, ки миллати соҳибфарҳангро пора намоянд. Ҳуҷуми макдуниҳо, арабҳо, муғулҳо ва туркҳо ба сари халқи тоҷик дар давраҳои гуногун далели андешаи болост. Оре, миллати тоҷик пайваста худро аз ин хатару таҳдидҳо ҳифз намуда, ба соҳили мурод расидааст. Аз таҷриба ва воқеияти талхи таърихи гузаштаи миллат имрӯз ҳар як фарди огоҳи ҷомеа ибрат гирифтааст ва дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ, суботу амниятро чун арзиши олӣ ҳифз ва ҳимоя менамояд.

Бояд зикр намуд, ки дар олами муосир хатару таҳдидҳо барои инсоният беш аз пеш афзоиш ёфта, ҷомеаи башарро нигарон намудааст. Терроризму ифротгароӣ, бархурди тамаддунҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубориза ва ҷангҳои иттилоотӣ, бархурди манфиатҳо, тағйирёбии иқлим, хуруҷи бемориҳои сироятӣ, бесуботӣ дар минтақаҳои гуногун таҳдидҳое мебошанд, ки тамоми башариятро нигарон намудаанд. Вазъи сиёсии чандсоли охири минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳамаи ин мушкилот дар натиҷаи бесуботӣ ва нооромӣ дар ин ё он минтақа ба вуҷуд омадаанд. Ба ҳама маълум аст, ки дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи гуруҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ чандин давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ба вартаи ҷанг кашида шуда, тамоми дастовардҳои миллии худро аз даст доданд. Ҳолатҳои фоҷиабор дар Ироқу Сурия, Яману Лубнон ва Ливия ҳамин воқеиятро асоснок менамоянд, ки ташкилотҳои террористиву ифротгаро таҳдиди ҷиддӣ барои инсоният ба ҳисоб мераванд. Дар натиҷаи амалҳои даҳшатбори созмонҳои террористӣ дар кишварҳои номбурда садҳо шаҳрҳои қадима хароб, фарҳанг нобуд ва миллионҳо одамон кушта шуданд. Маҳз дар натиҷаи набудани суботу оромӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик садҳо ҳазор зану кӯдакони бегуноҳ ҳалок гардидаанд. Албатта, онҳое ки кушта шуданд ё дар баҳру лаби соҳилҳо ҳалок гардиданд, ҳеҷ гуноҳе надоштанд. Онҳо маҳз ба хотири наҷоти худ ва назидконашон аз хатару таҳдид ҳалок гардиданд.

Маврид ба зикр аст, баъди ба сари қудрат омдани ҳаракати террористии Толибон дар Афғонистон вазъи сиёсии минтақаи Осиёи Марказӣ осебпазир гардид. Давлатҳои минтақа дар самти таъмини амният ва суботи сиёсии худ аз таҳдиди созмонҳои террористӣ алакай иқдомҳои ҷиддиро роҳандозӣ намудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҳифзи суботу амнияти шаҳрвандони худ марзҳои давлатро зери назорати қатъӣ қарор додааст. Бояд қайд намуд, ки имрӯз Ҳукумати кишвар барои таъмини амнияти шаҳрвандон тамоми талошҳоро анҷом дода истодааст. Дар баробари ин, шаҳрвандон низ дар паҳлӯи Ҳукумат барои ҳифзи суботу амнияти давлат кӯшиш намуда истодаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст. Воқеан ҳам, бояд чунин бошад, зеро Тоҷикистон хона ва такягоҳи асосии ҳар як фарди тоҷик аст. Тоҷикистон ягона сарпаноҳ ва ҷои амне аст, ки ҳар як тоҷик метавонад, озодона фаъолият намояд. Чунин ҷиҳат ҳар як фардро вазифадор менамояд, ки барои таъмини рушди устувори давлат ва таъмини суботу амнияти пойдор беш аз пеш ҳушёру зирак бошанд ва нагузоранд, ки бадхоҳе ва ё гурӯҳи ифротие ба осоиштагии давлат халал эҷод намояд.

Мастона Ҳаитова,

омӯзгори ММТУ №20, ш. Душанбе.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь