Монолог
Ҷаноби Тоҳирӣ, медонӣ барои чӣ ҳоло баъзе ҷавонони мо аз худу волидону ҷомеа розӣ нестанд? Медонӣ, барои ба қавле ҳамеша худро пасту ҳақир мешуморанд? Медонӣ барои чӣ аз доштаҳову шароити мавҷуда қаноатманд нестанд? Албатта, намедонӣ ва ман дар ин мактубам ба ту ин ношукрӣ ё қаноатманд набудани онҳоро мегӯям.
Ҷаноби Тоҳирӣ, агар ин мушкилро ба як ҷумлаи одӣ гӯям, пас он аст, ки бачаҳо мехоҳанд дар “тренд” бошанд ва доимо ба қавле ҳамқадами замон. Вале медонам, ки ин барои ту он қадар фаҳмо нест ва пурратар мефаҳмонам.
Ба қавле ҳоло аз 10 ҷавон ҳадди ақал 7 нафарашон мехоҳанд iPhone дошта бошанд. iPhonе-и одӣ не, балки iPhone 13 ва медонӣ он чанд сомонӣ аст? Зиёда аз 10 ҳазор сомонӣ, яъне зиёда аз 10 маоши ту. Чун ҳоло аксарият имкони харидории чунин телефонро надоранд, вале бо ин вуҷуд бисёр мехоҳанд онро дошта бошанд, ҳамеша худро бадбахт меҳисобанд ва аз доштаҳои худ ҳеҷ вақт қаноатманд намешаванд.
Ҷаноби Тоҳирӣ, шояд ту аҳамият надода бошӣ, вале бешак чанд соли охир ҷавонони мо ба пойафзол зиёд диққат медодагӣ шудаанд, ҳатто бо якдигар дар ин масъала рақобат ҳам мекунанд. Дур намеравем, ҳамин се рӯз пеш буд, ки дӯстам бо 999 сомонӣ як пойафзол харид ва иловатан аксашро гирифта, дар Instagram ва Facebook-аш “сториз” кард, то ки чанд дӯсти дигар дида, ба қавле чанд рӯз дар “тренд” будани ӯро пайхас кунанд. Бовар кун, ҷаноби Тоҳирӣ, имрӯз дигар кам бо ҷавононе вохӯрдан мумкин аст, ки пойафзолро харидорӣ кунанд, вале ба “бренд”-аш таваҷҷӯҳ накунанд ё барои худнамоӣ нагиранд. Бале, ту дарк кардӣ, агар имкони харидории пойафзоли қимматро дошта бошанд, чанд рӯз худро хушбахт ҳис мекунанд, зеро дар “тренд” ҳастанд, агар не, шикоятнома менависанд.
Ҷаноби Тоҳирӣ, медонам баъди ин гуфтаҳо ту аллакай ба телефон ва попушҳои рафиқонат аҳамият доданро оғоз кардӣ, вале мехоҳам пеш аз роҳи ҳалли мушкилро гуфтан, дар бораи як чизи дигар ҳам ба ту бигӯям, ки моро ҳақиқатан ҳам ба бемории табобатнашавандае бурда истодааст.
Ин чист мепурсӣ? Ин “тренд”-ҳои «Тик – Ток» аст. Албатта, инро гуфтанӣ набудам, вале чун гап сари “тренд” рафт ба хотирам омад.
Сода карда мефаҳмонам. Дар ин шабака мусиқӣ ё нағмаҳои дигаре сари ҳар чанд рӯз ба “тренд’ табдил меёбанд ва дигар ҳамаи корбарони ин шабака дар пайравӣ ба он наворе таҳияву пахш мекунанд. Он навор метавонад сӯзондани касе, кӯмак ба касе, мазоҳу масхара ё таҳқиқи касе, оташ задани ҷое, дар ҳолати шок мондани нафаре ва ғайраҳо бошад. Яъне як нафар ин гуна “тренд”-ро оғоз мекунад ва дигарон, ҳамонҳое, ки ба кавле дар “тренд” будан мехоҳанд, дар пайравӣ бо он наворе пахш мекунанд. Таҳиякунандагон ба таъсир, оқибат ё паҳлуҳои дигари корашон аҳамият намедиҳанд, балки таваҷҷӯҳи асосиро махсус ба гирифтани “просмотр”, “лайк” ва “коммент” мекунанд. Ин гуна “тренд”-ҳо қариб ҳар ҳафта мебароянд ва дигарон онро такрор мекунанд. Оқибат, агар касе имкони такрор карданро дошта бошад, худро чанд рӯз хушбахт ҳис мекунад, агар не, шикоятнома менависад.
Ҷаноби Тоҳирӣ, медонам саратро гаранг кардам, хаста шудӣ, ноумедат кардам, вале набояд фаромӯш кард, ки вазифаи ману ту танқиди чунин ҷавонон нест, балки барои роҳи ҳалли масъала як роҳ аст: барои онҳо ҷорӣ кардани “тренд”-ҳои наву миллӣ ва мувофиқ ба одобу ахлоқӣ тоҷикона.
Хоҳиш, аз ман напурс, ки кадомҳо, балки аз волидон, муаллимон, раисони маҳаллаву ҷамоату ноҳияву шаҳр ва умуман идеологҳо пурс. Бигзор онҳо барои насли нав “тренд”-ҳои хубу фоидаовар фикр кунанд, танқид кунанд, роҳнамоӣ кунанд ва дастгирӣ кунанд.
Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ