Аслан, барои навиштани як сутун (колонка) ба ман ҳадди ниҳоӣ 2 соат вақт лозим аст. Вале ин навбат вақти зиёде барои навиштани як мақола сарф шуд. Рӯз ба поён расиду сутун анҷом наёфт.
… Агар вақтатонро хуб истифода накунед, вақт шуморо “хуб” истифода мекунад. Ин далел аллакай исбот шудааст. Фазову муҳит дар ҳоли ҳозир ба ҳамин самт ҷараён доранд. Яъне, ин дунё дунёи муваққатист. Доимо касеро истифода мекунанд. Агар ба фаҳмаш наравӣ, ҳатман мавриди истифода қарор мегирӣ.
Омили дигар – коре ё амале кардан аст. Пеш аз ин бояд гуфт, ки кори бисёри нолозим кардан ё умуман коре накардан як маъно дорад. Дар иҷрои кор муҳимтар аз ҳама дарки мақсад аст.
Яъне, коре, ки мо мекунем, ё карданӣ ҳастем, бояд бо нақша ва мақсади дар пеш доштаамон мувофиқ бошад. Ҳар рӯз кор кардан даркор, то худро аз гуруснагӣ раҳонед, аммо барои “ман”-и хешро ёфтану дар ҳаёти худ тағйироте ворид кардан, бояд қолабшикан буд ва бо фикрҳову амалҳое зиндагӣ кард, ки барои дигаргун шудан мусоидат кунанд. Инро чи гуна бояд амалӣ кард? Гумонам, ба таври осон. Бояд ҳадди ақал нақшаи як ҳафта пешро дошта бошед. Нақша доштан маънои мақсад доштан аст. Агар ният дошта бошед, ки дар идораатон бо гузашти солҳо вазифае мегиред, албатта, мегиред. Аммо бояд иқрор шавед, ки вазифа барои беҳтар зиндагӣ карданатон аст. Масалан, аксар муаллимон мақсади унвондор шудан доранд. Вале мо бисёр кам мешунавем, ки фалон муаллим мақсади гирифтани ҷоизаи “Нобел”-ро дошта бошад, ё дар фалон озмуни байналмилалӣ иштирок карданист. То аз по задан ба таҳқиқ машғул мешавад, садҳо дари бастаро мекушояд, ҳазорҳо шогирдро устод мекунад, аммо маоши ночизе мегирад. Агар меҳмони мағозаи маҳаллаашон шавӣ, дар дафтари қарздорҳо номашро ҳатман вомехӯрӣ. Барои ҳамин, бояд қолабшиканӣ кард. Риштаҳоро бояд бурид. Роҳи худро бояд кушод ва зиндагии арзандаеро оғоз кард.
Сари чанд вақт аз худ пурсед, ки “шуморо ақл идора дорад, ё нафс?”. Ин суолро содда мапиндоред, зеро он шуморо ба хулосабарорӣ дар роҳи пешгирифтаатон маҷбур мекунад. Он гоҳ муайян карда метавонед, ки роҳи мерафтаатон сиёҳ аст ё сафед. Барои ба мақсад расидан бояд ҳамеша аз онҳо ёд кард. Дар дафтаре қайд бояд кард. Ин амал намегузорад, ки шумо кори нодуруст кунед.
Агар тавонед, дар худатон “Windows”-и нав “устувор” созед, пас яқин ки ба мақсадатон мерасед. Барои “вирус” назадан “антивирус”-и навро ҳам “устувор” кунед.
Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ