Мардум то куҷо вакилони Маҷлиси намонядагонро мешиносанд?

 

– Об надорем, танҳо 2 соат, баъзан 3 соат истифода мекунему хушк мешавад. Ку вакиле, ки аз номи ман дар парламент нишастааст, то мушкиламонро ҳал кунад? Гармии ҳаворо бинед, аз 45 то 49 дараҷа аст, аз арақ одам бӯй мегирад. Мо магар вакил дорем? На дар ягон нашрия ва на дар интернет сураташро мебинему на дар радиову ТВ сурату садояшро мебинему мешунавем, на бо мо вохӯрдааст,- мегӯяд сокини ноҳияи Сино – Далер.

Чунин норозигии мардум аз вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон фақат аз ҷониби Далер садо намедиҳад, балки хеле зиёд ба гӯш мерасад. Чанд назарсанҷиҳои интернетӣ низ нишон додааст, ки мардум вакилони ҳавзаи худро намешиносанд. Шикоятҳо солҳост, ки идома дорад ва мардум мегӯянд, вақти интихобот вакилон чунон давутоз мекунанд, ки мегӯӣ ҳама кор аз дасташон меояд: яке ваъда медиҳад, ки “намак ба шумо ройгон меорам”, дигарӣ тоза кардани қубурҳои ифлосу корношоями обро ваъда мекунад, саввумӣ гуфтаааст, ки “тӯйи оилаи нодорро худам мегузаронам”. Вале чун ба курсии парлумон такя заданд, ҳамаи ин фаромӯш мешавад.

Чунин даъвоҳои мардум, агар аз як сӯ воқеияти рӯзгори мо бошад, аз сӯи дигар, маънии онро дорад, ки онҳо то ҳанӯз дар бораи рисолату фаъолияти Маҷлиси намояндагон тасаввурот надоранд. Вагарна, қонунгузории кишвар акнун иҷрои “ваъда”-и интихобшаванда, яъне роҳ сохтан, тоза кардани пеши хонаи онҳо, об овардан ва вазифаҳои дигари мисли инро на танҳо иҷозат намедиҳад, балки ҷиноят ва “харидани овоз” баҳогузорӣ мекунад.

Миссияи вакили Маҷлиси намояндагон имрӯз комилан дигар аст: вобаста ба мушкилоти мавҷудаи ҳудуди интихоботиаш масъалагузорӣ кардан ва таҳияи қонунҳо. Ҳамчунин, бо роҳи қонунӣ ва имконпазир масъул намудани мақомоти иҷроия барои ҳал кардани мушкилоти мардум.

Вакилони Маҷлиси намояндагони моро (ва на танҳо онҳоро) барои он намешиносанд, ки мардум онҳоро интихоб накардааст. Агар интихоб мекард, бо барномаи пешазинтихоботии вакил ҳатман шинос мешуд, ӯро медид, баҳс мекард, дар ҳалли мушкилоташ кӯмак мехост. Аз ин ҷост, ки коршиносони точик мегӯянд, вакилонро ҳукумат интихоб кардааст ва онҳо хостаи ҳукуматро иҷро мекунанд.

Аз ҳамин хотир, вақте имсол нимпайкараи раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуровро ба муносибати 240-солагии Донишгоҳи давлатии заминсозии Русия бо тантана ифтитоҳ бахшиданд, мардум ин хабарро гуногун баҳо дод ва аввалин савол ҳам ин буд: барои кадом хизматҳояш?

Ҳол он ки, Зуҳуров аз аввалин сиёсатмадорони фаъоли кишвар аст, ки маҳз дар зиндагиаш нимпайкараашро гузоштаанд. Мо бояд аз ин фахр кунем! Мо журналистони парлумонӣ беш аз 5 сол дар ҷаласаҳои парлумонӣ иштирок мекардем, сахтгӯиҳояшро, ҷангу гапҳои пасту баландашро барои манфиати давлату мардум зиёд ҳам шунидаем (сабтҳо вуҷуд доранд, агар касе бовар накунад). Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, на танҳо мардум, ҳатто баъзе вакилон аз фаъолияти ӯ ризо нестанду аз ин хотир мегӯянд, ки “ҳангоми қабули қонунҳо ба ҳама бо як чашм нигоҳ намекунад. Одамҳои “худӣ” дорад дар бараш. Қонунҳои онҳо ҳамеша қабул мешавад, вале аз мо такрор ба такрор «камбудӣ» меёбанд”.

Аммо вакилони дигар чӣ кор мекунанд?

Агар ба саҳифаҳои «Садои мардум» – нашрияи парлумонии Тоҷикистон назар намоем, бештар мақолаҳои Ҷобирзода Тоҳир, Нурулло Оқилзода, Маҷидзода Ҷурахон, Абдураҳим Холиқзода, Бахтовар Сафаров, Эмомалӣ Насриддинзода, Мавлудахон Мирзозода, Насиба Содиқова, Абдуҳалим Ғаффоров , Шариф Раҳимзода, Хайриниссо Юсуфӣ, Акрамшо Фелалиев, Хисрав Абдуназар, Олим Салимзода ва Ҷамшед Муртазозодаро мебинему халос. Яъне, аз 63 вакил танҳо 13-14 нафар ҳастанд, ки ақаллан чизе менависанд. Вале дигарон…?

Номи Саидҷаъфар Усмонзода – раиси Ҳизби демократи Тоҷикистонро, ки вақтҳои охир фаъол шудааст, дар расонаҳо мехонем. Хоса дар маъракаи пешниҳод барои қимматнамоии нархи интернет ӯ яке аз вакилони фаъол буд, ки мухолифат намуд. Ҳоло, ки баҳси иваз намудани шиносномаҳост, ӯ бори аввал дар масъалаи арзиши шиносномаҳо зид баромаду гуфт 10 доллар бисёр гарон аст, ҳол он ки, бояд 5 сомонӣ бошад. Чанд рӯз пеш бошад, гуфт, ки маъракаи табдили шиносномаро бояд дароз кард.

Мавлуда Қаландарзода – собиқ вакил ва ҳоло раиси Суди Олии иқтисодии кишвар низ аз зумраи бонувони вакил буд, ки ба дилхоҳ нашрия, хоҳ ҳукуматӣ бошад ва хоҳ ғайриҳукуматӣ, ҳамеша назарашро иброз медошт. Ҳоло низ барои шарҳи баъзе қонунҳо кӯмакашро ба рӯзноманигорон дареғ намедорад ва ҳатто банд ба банд онро мефаҳмонад. Вакилоне, ки ин корро намекунанд, эҳтимол худашон ҳам ба моҳияти Қонун сарфаҳм намераванд ва “гурехтан” ҳам шояд аз ҳамин сабаб бошад?

Баъзан мардум бо қаҳру ғазаб мегӯянд, ки чаро барои вакилон маоши баланд ва ин қадар имтиёзи зиёд бояд ҷудо шавад? Шарҳҳои хонандаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нишон медиҳад, ки на ҳама чеҳраи вакили худро дидаанд. Касе аз 63 вакил ташаккур аз ҷониби мардуми интихобкардаи ҳавзааш нашунидааст, ки аз ҳама муҳим барои вакил аст. Мисле, ки як сокини ноҳияи Ванҷ бо исми Саидшо менависад: “Умед дорем Амрихудои Дамдор пас аз таътили тобистона ислоҳ мешавад. Дар интихоботи оянда як намояндаи фаъол ва поквиҷдон аз ҳавзаи 20-и Ванҷ бароямон вакил интихоб кунед!”.

Баъзе вакилон бо нигаронӣ аз камрангии фаъолияти худ, намехоҳанд, ки рӯзноманигорон дар ҷаласаи парлумонӣ иштирок кунанд. Вале Шукурҷон Зуҳуров барои ин кор ҳеҷ гоҳ монеа эҷод намекард ва ҳатто аксарияти рӯзноманигорони пушти дарро медонист, ки кӣ аст ва чӣ менависад.

Вакилони Маҷлиси намояндагон бо ана ҳамин гуна бархӯрдҳои гуногун ба истироҳат рафтанд. Як нафар бо шӯхӣ навишт: “Кайф кайфи вакилони МН, аз истироҳат ба истироҳат рафтанд!”.

Аммо ин шӯхӣ нест ва як рӯз мардум хеле ҷиддӣ хоҳанд пурсид:

– То ба кай?!

 

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь