Аз даҳ рӯзи аввал якеро бо ҳадафҳои минбаъда мувофиқ карда гузаронем, бешубҳа, он як нуҳи дигарро аз паси худ мебарад ва табиист, ки даҳи аввал даҳҳои навбатиро пушти худ меорад.
Инак, мову шумо дар рӯзи саввуми моҳи шарифи Рамазон қарор дорем. Ва шукри ин қароргирӣ. Мо тасмим дорем, ки дар моварои даҳаи аввал чизе гуфта бошем, аммо: ба ҷуз амри маъруф, ба ҷуз насиҳатҳои домуллоҳо, ба ҷуз фазилатҳои беҳисобу бебаҳои Рамазон, хусусан даҳаи аввал, ки даҳаи раҳмат аст, ба ҷуз суханони интернетӣ, ба ҷуз як-як ном бурдани фалон хубиҳои ин моҳу ин даҳа, ба ҷуз шикоятномаҳои бемислу монанди шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ҷуз “маслиҳат”-ҳои нимча ва чалламуллоҳо, ба ҷуз шикваву шикоят, ба ҷуз миннату вой гуфтанҳо, ба ҷуз уфу зорӣ карданҳо, ба ҷуз гуруснаву ташна монданҳо, ба ҷуз… Бале, доир ба масъалаҳои боло чизе гуфтанӣ нестем ва Худо кунад, ки ногаҳон нагӯем. Зеро, ба фикри шахсии мо, аллакай дар бобати калимаву ибороти болозикр ҳама чизро гуфтаанд ва бадбахтона, яке такрори якдигар ҳастанд.
Ҳоло, ки рӯзҳои аввали даҳаи аввали моҳи шарифи Рамазон сипарӣ шуда истодаанд. Ва ин айём, ба қавли баъзе даруни нохунакбудаҳо, рӯзҳо дарозу шабҳо кӯтоҳанд. Рӯзҳо ниҳоят суст ҳаракат мекунанд, вале гузаштани дақиқаву соатҳои шабро нафаҳмида мемонӣ. Сонияҳоро баробари дақиқаҳо шумурдан мумкин аст… вале бояд шарҳ дод, ки суст ҳаракат кардани дақиқаҳои рӯз ва ҳаракати онҳо баръакс дар шабона ҳеҷ чизи ғайриодие нест, балки инҳо ҳамааш дар назарҳо менамоянд ва ягона сабаби дароз вонамуд шудани вақти рӯзонаи моҳи шарифи Рамазон – ин дар надонистани чи гуна вақтро истифода кардан, хусусан вақти рамазонирост.
Хуб, акнун маълум шуд, ки мо дар бораи чӣ гуфтанӣ ҳастем. Вақт. Аслан моро зарур аст, ки чӣ дар моҳи шарифи Рамазон ва чӣ дар дигар моҳҳо вақти дар ихтиёр доштаамонро хуб, оқилона, сарфакорона ва ҳадафнок истифода барем, вале ҳозир, ки дар беҳтарин моҳ қарор дорем, беҳтару хубтар мешавад, агар дар талоши чи тавр гузаронидани вақт не, балки дар фикри чи тавр онро истифода кардан бошем. Бояд дар хотир дошт, ки вақтро агар гузаронидан хоҳем, он намегузарад, аммо вақте ки барои коре, махсусан кори неке истифода кардан мехоҳем, бисёр зуд ва ногаҳонӣ сипарӣ мешавад.
Чун зиёда аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷавонон ташкил медиҳанд, бисёр бамаврид аст, агар ин ҷо аз вақтгузаронии онҳо дар моҳи шарифи Рамазон гӯем.
Ҳоло дар макотиби олӣ моҳи охири солҳои таҳсили 2018-2019 аст. Боварӣ дорем, ки бар ивази дарсу даводавҳои зиёд доштан аксари донишҷӯён рӯза доштаанд ва хоҳ нохоҳ аз қисми зиёди корҳои ҷисмоние, ки берун аз моҳи мубораки Рамазон иҷро мекарданд, худдорӣ мекунанд. Ба ин маънӣ метавон гуфт, ки вақте ба корҳои ҷисмонӣ ва ё дар “Ютуб” нишастан мегузарониданд, холӣ мондаанд. Ҳар оина ба рӯйхати корҳои мекардаашон амали наверо илова кардан зарур аст, зеро он ҷо холигие ҳаст. Ва ҳеҷ гоҳ набояд дар зиндагиамон холигие монем, чунки холигӣ дар зиндагӣ маънои нопуррагӣ ва костагиро дорад.
Хуб мешавад агар ба ҷойи холигӣ ё холигиҳо рӯйхати корҳои навро бо мазмуни зер тартиб дод ва тӯли ин моҳ пурра ба онҳо машғул шуд:
– рӯзе ҳадди ақал ба чеҳраи даҳ нафар табассум кардан;
– рӯзе ҳадди ақал чанд қадамаке барои расидан ба мақсадҳои монда гузоштан;
– рӯзе ҳадди ақал 5-6 соат китоб хондан;
– рӯзе ҳадди ақал бо боварӣ гуфта тавонистан, ки ман имрӯз кори хубе анҷом додам;
– рӯзе ҳадди ақал озори лафзию ҷисмонӣ ба атрофиён нарасонидан;
– рӯзе ҳадди ақал дақиқаҳоро нашуморидан;
– рӯзе ҳадди ақал бар нафъи худу башарият коре кардан;
– рӯзе ҳадди ақал як маротиба аз худ пурсидан, ки имрӯзи қиммат ва ноёбамро чӣ гуна сарф кардам?
– рӯзе ҳадди ақал 10% аз худ розӣ шудан.
Сино ТОҲИРОВ
P.S.: Ҳафтаи оянда зиёдтар оид ба ҷузъҳои хурди амалҳои ивазкунандаи холигиҳо суҳбат хоҳем кард.