Академики фахрии Академияи рассомии Русия, барандаи ҷоизаи “Уқоби тиллоӣ” ва медали тиллоии озмуни “Рассомӣ ва офарандагӣ”, муаллифи ду равияи нави сатҳи ҷаҳонӣ бо номи “Нурворизм” ва “Танворизм” Зокир Собиров бо мо ҳамсуҳбат шуд.

Ӯ бобати вазъи санъати тасвирӣ дар кишвар, камбудиҳои ин соҳа, роҳҳои рушди он, нақшаву ниятҳо ва дигар паҳлӯҳои ин самти муҳими фарҳангӣ ибрози андеша намуд.

 -Устод, фанни “Санъати тасвирӣ аз синфи 1 дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон омӯзонида мешавад ва аксарият онро бо баҳои 5 хатм мекунанд. Вале Шумо мегӯед, ки мардуми мо ба ин навъи санъат сарфаҳм намераванд. Инро чӣ хел фаҳмем?

-Мо мутахассиси соҳа, яъне омӯзгори фанни “Санъати тасвирӣ” надоштем ва надорем. Дар мактабҳоямон онҳое дарс медиҳанд, ки ба санъати тасвирӣ сарфаҳм намераванд.

Зимни тақсимот, соати дарсии кадоме кам бошад, фанни мазкурро ба вай медиҳанд. Агар рафту омӯзгори “холӣ” ёфт нашуд, ҳама “дастаҷамъона” кам-кам дарс медиҳанд.

Дар замони мо фанни “Санъати тасвирӣ” ва “Суруд ва мусиқӣ” шавқовар мегузашт. Омӯзгорон аз аёниятҳо ва асбобҳо истифода мебурданд, ки ин моро ба ваҷд меовард.

Ҳоло барои расми ким-чиро кашидан ва ё ягон шеъре аз ёд кардан баҳои 5 мегузоранд. Ин хеле бад аст. Чунин шеваи таълимро на аз мактаб, балки аз боғча бояд тағйир дод.

-Дар китоби дарсии “Санъати тасвирӣҳамагӣ аз чанд рассоми хориҷӣ сухан меравад. Оё мо рассоме надорем, ки лоиқи ба барномаи таълимӣ ворид шудан бошад?

-Албатта, дорем, вале намедонам, ки чаро ба барномаи таълимӣ ворид намешаванд.

Гарчанде китоби мазкур чанд маротиба бознашр шуд, аммо муҳтавояш тағйир наёфт. Шояд нафароне, ки ин барномаро таҳия мекунанд, худро ташвиш додан намехоҳанд.

Агар аз ман мепурсиданд, рассоми варзида, Носир Нарзибековро тавсия медодам. Ӯ соҳибмактаб аст, фаъолияти эҷодиаш барои насли наврас ва ҷавон омӯзанда хоҳад буд.

-Он чӣ дар омӯзишгоҳҳои санъат меомӯзонанд, ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ ҳаст? Ҳамчунин, барномаи таълим ва ҳам шеваи тадрисро дар назар дорем

гар “Не” гӯям, шояд ба иззати баъзеҳо расад. Агар “Ҳа” гӯям, дурӯғи маҳз мешавад. Дар мо аз рӯйи усули анъанавӣ дарс медиҳанд. Он ба як тағйироти ҷиддӣ ниёз дорад.

Якум, омӯзгор бояд аз бозомӯзӣ гузарад. Дуюм, донишҷӯ аз рӯи маҳорат қабул шавад.

Бовар кунед, то ҳол омӯзгороне ҳастанд, ки бо шеваи даврони шӯравӣ дарс медиҳанд. Охир, замона дигар шудааст, талаботҳо тағйир ёфтаанд, ҷомеа чизи нав мехоҳад…

Замоне, ки дар омӯзишгоҳ дарс медодам, аз се гуруҳ ба ду донишҷӯ баҳо гузоштам. Дигарҳо, ё хоҳиш надоштанд, ё барои раҳоӣ аз хизмати Ватан-Модар омада буданд…

-Ба фикри Шумо, чаро асарҳои рассомони мо, ки бештар табиати зебову нотакрори Тоҷикистонро меофаранд, аз 1000 сомонӣ бештар арзиш надоранд?

-Бигзор рассомон хафа нашаванд, ман асарҳои онҳоро ба як дирам (!) намехарам. Чаро? Охир, табиати Тоҷикистон барои он нест, ки гириву нусхабардорӣ намоӣ!?

Агар чунин бошад, пас, ҳоҷат ба рассом нест. Зеро дастгоҳи аккосӣ он ҳама зебоиро бо тамоми назокату нафосаташ, дар кӯтоҳтарин фурсат, рӯи авроқи сафед меоварад.

Дуруст аст, ки мо-рассомон бояд ин ҳама зебиҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем. Аммо на бо ин шева, балки бо нигоҳи хос, диди махсус ва нуқтаи назари мушаххас.

Ҳар рассоми ҷавоне, ки ба майдони ҳунар меояд, аввал аз зинаи академизм мегузарад. Баъди ин ва дигар зинаҳоро омӯхтан, бояд ба онҳо ҷавоб гӯяд. Яъне, дунёи худро ёбад. Агар тавонад, ҷараёни нав ба вуҷуд орад. Аммо ин ҷаҳонбинии васеъ талаб мекунад.

-Агар тарғиби дуруст як самти рушди санъати тасвирӣ бошад, пас нақди дуруст самти дигари он аст. Оё дар кишвар мунаққиди асарҳои тасвирӣ дорем?

-Ҳам ҳастанд ва ҳам нестанд. Яъне, чӣ хел? Ба ном ҳастанд, вале мунаққид нестанд.

Боре назди якеаш рафтам, ки ду равияи маро нақд кунад, яъне бурду бохташро гӯяд. Як мақолаи калон навишта, саропо таъриф кардааст. Охир, ман онро ба сарам мезанам?

Мунаққидонеро низ мешиносам, ки шахшудаанд ва чизи навро донистан намехоҳанд. Онҳо бо ҳар роҳу восита кӯшиш мекунанд, ки онро нодуруст бароранд ё инкор кунанд.

-Дар ҳоле, ки мардум ҳамон ҷараёнҳои анъанавиро сарфаҳм намераванд, пас мақсад аз роҳандозии ду равияи нав бо номи “Нурворизм” ва “Танворизм” дар чист?

-Дар муҳити адабиву фарҳангии шаҳри Санкт-Петербург таълиму тарбия гирифтаам. Онҷо муошират ва муносибат комилан дигар аст. Бештари сокинонаш зиёӣ ҳастанд…

Дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ низ ба ҳайси рассом фаъолият доштам. Ин вазифаи хеле душвор аст, донишу малакаи зиёд тақозо мекунад.

Кофтам, ёфтам, хондам, такмил додам, навоварӣ кардам ва то ҷойе муваффақ шудам. Агар дар як ҷой меистодам ва бо буда қаноат мекардам, ҳеч гоҳ 2 равия намеофаридам.

Дуруст аст, ки имрӯз натанҳо мардум, ҳатто рассомону мунаққидони ватанӣ низ ба равияҳои “Нурворизм” ва “Танворизм” сарфаҳм намераванд. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо бояд навоварӣ накунем. Агар кори ман арзанда намебуд, бе ҳеч унвон Академики фахрии Академияи рассомии Русия интихоб мекарданд? Ё дар чаҳор озмуни байналмиллалӣ чаҳор медали тиллоӣ медоданд?

Ман рисолати касбиамро иҷро кардам. Ва бо боварӣ мегӯям, ки дар оянда, дар соҳаи санъати тасвирӣ, Тоҷикистонро маҳз ҳамин ду равия ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад…

-Пас аз қазияи собиқ раиси Иттифоқи рассомон дар мавриди ғасби моликияти иттифоқ сарусадоҳо дар мавриди ин ниҳод якбора хомӯш шуд ва қариб 10 сол мешавад, ки мавҷуд будан ва фаъолият кардани он зери суол аст. Шумо чӣ мегӯед?

-Бале, медонам, ки чунин иттифоқ ҳаст, ҳар 6 моҳ ё 1 сол ҳисобот пешниҳод мекунад. Аммо дар рушди санъати тасвирӣ дар кишвар чӣ саҳм мегузорад, номаълум аст.

Аъзоёнашро каму беш мешиносам. Бо маҳсули хомаашон низ то ҷойе огоҳ ҳастам. Вале бо онҳо робита надорам. Дар ҳамоиш ё намоишҳо қариб ки иштирок намекунам.

Зеро ба намоиш меоянд, мебинанд ва мераванд. На чизе мепурсанд ва на чизе мегӯянд. Намедонам, ё сарфаҳм намераванд, ё хоҳиши гап задан надоранд, ё чизи дигар.

-Агар Шуморо раиси Иттифоқи рассомон таъин кунанд, чӣ тағйироте мекардед?

-Ҳакиме гуфтааст: Дар ҷомеае, ки пояи фарҳанг суст аст, онро бо зӯрӣ бояд ҷорӣ кард. Ман хоҳиши роҳбарӣ кардан надорам, вале агар раиси Иттифоқи рассомон таъин кунанд, аввал қолабҳои шахшударо шикаста, ин ду равияи навро ҷорӣ мекунам.

Бинед, вақте дар Фаронса назарияи “импиртянист” ба вуҷуд омад, ҳама рассомон ба он рӯй оварданд ва онро берун аз кишвари худ, ба ҷаҳон муаррифӣ карданд. Дар ин миён, танҳо исми онҳое зинда монд, ки ба ин назария гаравиданд, дигарҳо гумном шуданд.

Ёназарияи “Кубизм”-ро гирем, Пикассо машҳур кард. Гарчанде Брак муаллифи он буд, аммо ӯ боварӣ надошт, ки муваффақ мешавад. Аммо Пикассо идома дод ва бурд кард.

Тавре дар боло гуфтам, рӯзе фаро мерасад, ки “Нурворизм” ва “Танворизм” низ як ҷараёни шинохташуда ва эътирофгашта мегардад. Ҳамаашро вақт нишон медиҳад.

-Агар ҷавоне назди Шумо ояд ва маслиҳат пурсад, рассомиро тавсия медиҳед?

-Албатта, тавсия медиҳам. Аммо медонам, ки ин хел намешавад. Зеро дар гирду атроф нафареро намебинам, ки ба ин соҳа бо нигоҳи нав нигарад. Ақаллан, сарфаҳм равад.

-Дар ҷомеае, ки ба санъат сарфаҳм намераванд, омода кардани шогирд маъно дорад?

-Бале, новобаста аз он, ки ҷомеа дар кадом вазъ қарор дорад, бояд шогирд омода кард. Зеро идомадиҳандаи кори мо онҳо мешаванд. Охир, мо ҳам абадӣ нестем-ку!?

Баъдан, мо то имрӯз бо мероси гузаштагони худ ифтихор мекунем, дар ҳоле, ки худ барои ояндагон чизе ба мерос нагузоштаем. Пас, ба наберагони худ чӣ хоҳем гуфт?

-Дар ҷое аз идеяи “Шаҳраки афсонавӣ ҳарф задаед, онро шарҳ медодед…

Бале, чунин идея доштам ва онро ба масъулини шаҳри Душанбе ва Панҷекат низ расонидам. Агар қабул мекарданд, шаҳр тамоман бо инфрасохтори нав сохта мешуд ва дар ҳақиқат афсонавӣ мегашт. Мутаассифона, ин идеяро низ қабул накарданд. Дар ҳоле, ки дар шаҳр бунёди як қатор иншоотҳои нав мерафт ва арзиши сохтмони онҳо бо арзиши бунёди “Шаҳраки афсонавӣ” баробар буд, яъне на кам, на беш.

-То ҷойе огоҳем, дар шаҳри Панҷекат осорхона бунёд карда истодаед

-Бале, сохтмони “Осорхонаи Нурворизм ва Танворизм” 25 сол инҷониб идома дорад. Онро бо маблағи худ, бо ёрии фарзандон бунёд карда истодаам. Ҳоло сохтмони ошёнаи сеюми он ба анҷом расида истодааст. Дар ин осорхона асарҳои худро ба намоиш мегузорам.

Дуруст, ки касе маро дастгирӣ намекунад. Шояд аз ҳисоби осорхона даромаде ба даст наорам, аммо аз худ ҳамчун инсон, фарзанди ҳамин диёр бояд чизе аз номи миллати тоҷик ба ҷаҳониён мерос гузорам.

-Бо вуҷуди носозгорӣ, боре фикри рафтан ва ҳамаро аз нав оғоз карданро накардед?

-Агар ҷавон мебудам, шояд мерафтам ва мисли гуфтаи шумо, аз сифр оғоз мекардам. Ҳоло дер шуд, синну сол имкон намедиҳад, ки чунин иқдоми бузургро пеш гирем.

-Асарҳои Шумо аз ҷониби Украина рӯнамоӣ мешавад. Бо ин кишвар чӣ робита доред?

-Пайвандии ман аз Чин оғоз шуд. Он вақт равияҳоям “Параллелизм” ва “Матерализм” ном доштанд. Дар як намоиш онро ба маъраз гузоштам. Пас аз ду сол дар ЭКСПО иштирок кардам. Дар он ҷо бо як рассоми Украина шинос шудам. Ӯ маро даъват кард, ки ба кишвараш рафта, ҳунарамро нишон диҳам. Чунин кардам ва бо кишвари Украина пайвандиам бештар шуд. Дар озмуни баналмиллали соли 2018 соҳиби унвони “Беҳтирин рассоми 2018” эътироф шудам. Ду маротиба намоиши васеи асарҳоям баргузор шуд, одамони зиёд ташриф оварданд. Ҳатто ба асарҳоям 15-20 ҳазор доллар нарх гузоштанд. Аммо нафурӯхтам. Ҳоло ягона намояндаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи минтақавии “СММ-рамзи ҳаёт, озодӣ ва хушбахтӣ” мебошам.

-Агар касбатонро иваз мекардед, худро дар кадом соҳа дастболо медидед?

-Дар соҳаи роҳсозӣ (бо технологияи “Роҳи нав”), меъморӣ, сохтмон, ботаника (таҷҳизоти нави худ) ва ҳатто мӯд (либосҳои миллӣ) муваффақ шуда метавонам. Медонед, ҳатто театри “Балети Шарқ” сохтам, барои он асарҳо офаридам. Вале воқеаҳои солҳои 90-ум садди ин роҳ шуд ва дигар ба он рӯй наовардем.

“Ба як мард чил ҳунар кам аст” . Инро бояд на дар забон, балки дар амал татбиқ кард.

-Аз корҳое, ки то имрӯз анҷом додаед, худ розӣ ҳастед?

-Албатта. Бояд гӯям, ки то ҳол як қисми потенсиаламро истифода бурдаам, аммо умр агар вафо кунад, чӣ кореро, ки аз дастамон меояд, барои рушди ин Ватан мекунем.

-Ба фикри Шумо, баъди ин суҳбат чизе тағйир меёбад?

-Умед мебандем. Зеро “Нияти нек-нисфи давлат” мегӯянд.

-Ба Шумо дастовардҳои нав ба навро орзумандем.

Сипос. Саломату сарбаланд бошед.

Суҳбаторо:

Амони МУҲАММАД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь