Сайёраи Қиёмиддинро ҳам хонандагони газета мешиносанд ва ҳам шунавандагони радио. Зеро ӯ ҳам дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” кор мекунад ва ҳам дар радиои “Ватан”. Ӯ духтари хеле ҷавон асту тобу тавонашро баҳри касби интихобнамудааш бахшидааст. Будани чунинҳо умедро ба оянда зиёд мекунад, зеро новобаста ба монеаҳои бешумору бо маоши кам дар ин соҳа кор кардану ба касб содиқ мондан кори на ҳар касест. Агар ба фаъолияти Сайёра аз як сӯ нигарем, маълумамон мегардад, ки ӯ чӣ дар рӯзнома ва чӣ дар радио барои касеву чизе не, балки барои оромиши дилаш, барои иҷрои масъулияташ, барои ором гирифтани виҷдонаш кор мекунад. Ором аст, бебок аст, бетамаъ аст. Худро танҳо дар журналистика хушбахт эҳсос мекунад.
Гуфтори якум:
АВВАЛИН МУСОҲИБА
– Шумо бисёр мусоҳиба гирифтаед ва пеш аз ҳар мусоҳиба омодагӣ медидед. Чун ин аввалин бор аст, ки мусоҳиб мешавед, оё барои мусоҳиба додан ҳам омодагӣ дидед?
– Воқеан, қабл аз ҳар мусоҳиба мекӯшам назди мусоҳибам бо омодагӣ равам. Чанд рӯз дар дунёи ҳамсуҳбатам ғарқ мешавам ва ҷустуҷӯ мекунам. Барои ин суҳбат ва мусоҳиб будан ҳам андешидам, аммо омодагӣ надидам, зеро намедонистам чӣ мепурседу чӣ мегӯед.
Гуфтори дуюм:
КОРИ ДӮСТДОШТА
– Аз кай фаҳмидед, ки бояд нависед ва навиштан барои шумост?
– Аз даврони муҳассили мактаб будан эҷод карданро меписандидам. Гоҳ-гоҳе матнҳое монанд ба тарона менавиштам. Аммо хонандаи онҳо танҳо худам будам. Навиштани иншо аз машғулиятҳои дӯстдоштаам буд. Ҳамзамон, ровии ҳамешагии маҳфилҳои мактабӣ будам. Шояд аз ҳамин сабаб хоҳиши кор кардан дар телевизиону радио дар вуҷудам пайдо гардид. Дарсҳои устодон боис шуд, ки дӯстиро бо қалам қаринтар созам. Дар рӯзномаи донишгоҳ навиштаҳоям нашр шуд ва фикр кардам, ки бояд худро сайқал диҳам ва ба рӯзномаи дӯстдоштании “Ҷавонони Тоҷикистон” омадам. Он замон дар ин рӯзнома гурӯҳе ташкил шуда буд, ки ба донишҷӯёни риштаи рӯзноманигорӣ дарс мегуфтанду корро меомӯзониданд ва дар охир беҳтаринҳоро ба кор ҷалб мекарданд. Хушбахтона, ман пас аз чанд ҳафтаи омӯзиш ба кор қабул шудам.
– Агар дар дарсҳои амалии рӯзнома иштирок намекардед, оё пас аз хатми донишгоҳ ба кори рӯзнома меомадед ё роҳи телевизиону радиоро пеш мегирифтед? Ва умуман, сабаби асосии ба рӯзнома пайвастанатон чист?
– Падарам омӯзгоранд. Он кас аз ҷумлаи хонандагони ҳамешагии рӯзномаю маҷаллаҳои кишвар ҳастанд. Он замон ҳамеша таъкид мекарданд, ки корро бояд аз рӯзнома шурӯъ кунам, то дар эҷоди ҳар матне дар намонам. Ҳамчунин, устодони донишгоҳ низ ҳамин гуна тавсия медоданд. Ба ин хотир, агар бо кори рӯзнома аз наздик ҳам ошно намешудам, шояд баъди хатми донишгоҳ ҳатман дари як идораи нашрияро мекӯфтам.
– Оё кор кардан дар рӯзнома душвор нест?
– Дар оғоз душвориро эҳсос мекардам. Ҳоло бошад, бо вуҷуди дар таҳияи як матлаб заҳматҳои зиёд кашиданам, аз корам лаззат мебарам.
– Кадом вақт кори рӯзнома барои шумо дилгиркунанда мешавад?
– Хушбахтона, не. Чун агар ҳар коре дилгиркунанда гардад анҷом додани он басо мушкилу хастакунанда мешавад. Ман рӯзномаро дӯст медорам. Дар фазои он эҳсоси озодӣ мекунам. Аз он ки барои нигоштани матлабҳое маро интихоб мекунанд меболам. Аз эътимоди ҳамкорону ҳамқаламонам сарфарозам.
Гуфтори сеюм:
ГИРИСТАНУ ЭҲСОСИ ТААССУФ НАМУДАН
– Шумо бисёртар мусоҳиба менависед, чаро?
– Бояд иқрор шавам, ки дар аввал мушоҳидаҳоямро менавиштам ва ё лавҳаҳо эҷод мекардам. Пасон, бо таъкидҳою боварҳои ҳамкори бародаргаштаам Хуршед Ховарӣ ба гирифтани мусоҳиба аз шахсоне, ки барои ин миллату давлат хизмат кардаанд, пардохтам. Ман ин жанрро дӯст доштам, зеро барои омодагӣ ба як суҳбат пайраҳаи рӯзгор ва фаъолияти як соҳибкасбу соҳибномро меомӯзам ва ин омӯзишу донишҳо маро хеле қавӣ мекунанд.
– Барои як мусоҳиба чанд муддат омодагӣ мебинед?
– Чун рӯзномаи мо ҳар ҳафта нашр мешавад, омодагӣ, мусоҳиба оростан ва навиштани он пурра як ҳафтаро дар бар мегирад.
– Мусоҳибонро чӣ гуна интихоб мекунед?
– Асосан дар арафаи зодрӯзи чеҳраҳои фарҳангие, ки дар фаъолияти худ беназиранду арзанда буданд мусоҳиба мекунем
– Одатан, бархе касоне, ки сину солашон ҷое расидааст, бисёр нозук мешаванд. Оё боре шудааст, ки мусоҳибе пас аз мусоҳиба аз суҳбати нашршуда норозӣ бошад?
– Баъзе аз мусоҳибонам хоҳиш мекунанд, ки қабл аз нашр матни мусоҳибаро мутолиа кунанд. Ман ҳам ҳатман иҷрокунандаи ин хостаам. Ҳар ҳарфу ҷойи писандашон набударо ислоҳ мекунем бо ҳам. Аммо то ҳол баъди нашри мусоҳибаҳоям эътирозе нашунидаам. Аз ин шукргузорам. Умедворам то бод чунин бод.
– Танҳо мусоҳиба навиштан рӯзноманигорро тамбал намекунад?
– Фикр мекунам мусоҳиба навиштан ҷустуҷӯи рӯзноманигорро бештар месозад, аммо шояд барои ибрози фикрҳои худаш рӯйи коғаз дигар каме душворӣ кашад. Яъне ӯ бисёртар гуфтаҳои мусоҳиби худро менигорад. Наметавонам гӯям журналисти суҳбаторо танбал мешавад, вале хуб мешавад агар ба эҷоди матлабҳои дигар низ машғул шавад.
– Кадом мусоҳибатон ба шумо наздиктар буд ё ҷузъе аз зиндагиашро ба пораи зиндагии худ монанд дидед?
– Худамро дар баъзе аз саҳнаҳои рӯзгори аксари онҳо мебинам. Дар аксар мусоҳибаҳоям мегирям. Ё ҷойҳое эҳсоси таассуф мекунам. Адиби хушном Ато Ҳамдам, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Моҳпайкар Ёрова, бонуи ҳунар Муҳарама Шарифова, шоираи хушҳарф Робияи Холмирзо аз онҳое буданд, ки дар бархе аз лаҳзаҳои рӯзгорашон худро дидам.
– Мақсади шумо аз мусоҳиба оростан ин аст, ки то андозае шахсони хизматкардаи ин миллату давлатро бори дигар қадр кунед. Чаро бояд ин корро шумо анҷом диҳед?
– Эҳсос мекунам, ки ин рисолати ман ва чун ман ҷавонҳои ин соҳа аст. Баъзе аз ҳамсуҳбатонам бо ҳазл мегӯянд, ки дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мо калонсолон чӣ меҷӯем? Аммо ҳамеша ба онҳо мегӯям, ки онҳо роҳнамоӣ ҷавононанд ва зиндагиву фаъолияташон боиси ибрату омӯзиш аст.
Гуфтори чорум:
КОР ДАР СЕ РАДИО
– Шумо замони донишҷӯӣ дар баробари кори рӯзнома дар радиои “Имрӯз” ҳам фаъолият мекардед. Чӣ гуна он ҷо рафтед ва чаро?
– Замоне ки дар курси чорум таҳсил мекардам, дар радиои “Имрӯз” таҷрибаомӯз будам. Рӯзе ҳангоми суҳбат директори ҳамонвақтаи радиои мазкур Худоёри Валӣ аз ман пурсиданд, ки оё хоҳиши кор кардан дорам. Ман бале гуфтам ва пас аз имтиҳони хурдакаке, ки дар наздашон худро дар пахши мустақим эҳсос кардаму чанд ҷумлае гуфтам, ба кор қабул шудам. Ҳамин тавр, беш аз ду сол дар радиои мазкур дар қатори рӯзноманигорони шинохтае чун Саидэҳсон Солиев кор кардам.
– Ҳоло дар радиои “Ватан” кор мекунед. Ин ҷо чӣ хел ба кор қабул шудед?
– Баъди рафтан аз радиои “Имрӯз” муддате дар радиои “Садои Душанбе” фаъолият кардам. Аммо кор дар ду идораю рафтуо кардан дар як рӯз аз ҷое ба ҷое бароям мушкил шуд. Ба ин хотир, корро дар “Садои Душанбе” бас кардам. Баъдтар ба радио “Ватан” барои кор даъват шудам. Чун ин радио яке аз радиоҳои дӯстдоштаи ман буду боз ба ҷойи кори асосии ман наздик буд, қабул кардам
– Шумо, ки ҳоло дар ду ҷо кор мекунед, оё кор кардан дар ду ҷой ба ҳам халал намерасонанд?
-Корҳоям ба ҳам халал намерасонанд, балки кӯмак мекунанд. Чун барои ҳарф задан аз натиҷаи матлабҳои нигоштаам калимаҳо зудтар пайдо мешаванду барои сабти баъзе аз роликҳои рӯзнома дар шабакаҳои иҷтимоӣ садои радиоӣ кӯмакам мекунад.
Кор кардан дар радио осонаст ё дар рӯзнома?
– Ростӣ то ҳол саҳлтар будани кадоме аз ин корҳоро маълум накардаам. Гоҳе ин мушкил менамояд гоҳи дигар он. Ё гоҳе иҷрои кор дар радио осонам мегардаду гоҳи дигар дар рӯзнома.
Гуфтори панҷум:
МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ
– Бисёр ҷавонед, бисёр кор мекунед, нисбат ба худ бисёр серталаб ҳастед. Аз куҷост ин қадар энергия ва хоҳиш?
– Қаблан сипос барои чунин баҳогузорӣ! Фикр мекунам, ҳар ҷавонро боварию эътимоди наздикону устодон месабзонаду рушд медиҳад. Яке аз нафароне, ки маро доим ангеза мебахшаду мисли як қаҳрамон барои расидан ба ҳар мақсадам чун қӯҳ дар пуштам меистад, падари бузургворам аст. Чун аз хурдӣ мегуфтам журналист мешавам, аҳли оила, атрофиён, аҳли мактаб аз ман як навъ умед доштанд, ки дар оянда дар рӯзнома ё радиову телевизион кор мекунам. Ин бовару умеди онҳо барои ман масъулият шуд. Замони таҳсил дар донишгоҳ бошад, масъулиятам зиёдтар гардид, зеро аз мануқ кор як қадам фосила буд. Барои ҳамин нисбат ба дарсҳо ва кор дар ин самт хеле ҷиддӣ муносибат мекардам. Баъдан боварии устодон ва ҳоло ҳамкорону дӯстони беандоза хубам аст, ки ман ба пеш ҳаракат мекунам.
– Эҷодкор будани як духтар чӣ душвориҳо дар пай дорад?
– Ростӣ, ман мушкилиро вобаста ба духтар буданам эҳсос накардаам. Хушбахтона, ҳоло зиёданд онҳое, ки фаъолияти духтаронро дар ҳар соҳа ба хусус рӯзноманигорӣ баҳои арзанда медиҳанду таҳсин мехонанд.
– Эҷодкорӣ пеш аз ҳама ғами дигаронро хурдан аст, барои дигарон зистан аст, худро фидо кардан аст. Чаро тасмим гирифтед, ки бояд дар ин соҳа бимонед ва барои худу орзуҳои камтар зиндагӣ кунед?
– Чун инро аллакай рисолатам мешуморам. Фикр мекунам, вақте ки инсон эҷодкориро дар ботини худ эҳсос мекунад, дигар сӯхтану сохтан ба мақсади асосии зиндагиаш табдил меёбад. Чун ки дустии ӯро бо қалам Худо хостааст.
– Ба фикри шумо ҳоло дар ҷомеаи мо эҷодкор чӣ гуна қадр карда мешавад?
– Мутаассифона, имрӯз маҳсули эҷодкор бештар аз ҷониби худи эҷодкорон қадр мешавад, на аз сӯйи ҳамагон. Чун баъзе имрӯз корро дар рӯзнома нолозим мешуморанду ба хонанда доштани онҳо шак доранд.
Гуфтори шашум:
“АКНУН ДАРК КАРД, КИ…”
– Охир, мусоҳиба гирифтан осон будааст ё мусоҳиба додан?
– Мусоҳиба гирифтан осонтар будааст. Акнун дарк кардам, ки мусоҳибонам чаро дар ҷавоби баъзе аз саволҳо бисёр андеша мекунанд.
Мусоҳиб
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ