БОБИ ЯКУМ
Ҷоиза
Аз 11-ум то 14-уми декабри соли гузашта дар кишвари Қатар озмуни байналмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи “Шайх Ҳамад” доир ба тарҷума ва тафоҳуми адабӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони 40 давлати дунё иштирок карданд. Дар ин миён Тоҷикистонро профессори кафедраи филологияи араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саидраҳмон Сулаймонов намояндагӣ кардаву ҷоизаи махсуси озмуни мазкурро ба ватан овард. Вобаста ба ин конфронс ва озмуни байналмилалӣ ва фарҳангу худшиносии тоҷик мо суҳбате доштем бо эшон, ки ҳоло манзури Шумо, хонандагони гиромӣ аст.
– Ҷоиза муборак бошад, устод!
– Ташаккури бепоён!
– Нахуст мегуфтед, ки чи гуна ба ин конфронси илмӣ роҳ ёфтед?
– Саломат бошанд, аз Сафорати Тоҷикистон дар кишвари Қатар ба мо хабар доданд, ки ҳуҷҷатҳои лозима ва якчанд нусхаи “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ”-ро ба онҳо фиристем. Пас аз чанде аз Кумитаи тадорукоти ҷоизаи “Шайх Ҳамад” доир ба тарҷума ва тафоҳуми адабӣ ба мо мактуб омад ва дархост карданд, ки омода барои ширкат дар конфаронси илмӣ бошем, ки дар кишвари Қатар мегузарад. Ҳамин тавр, ман ба ҳайси устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва корманди Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ дар он конфронс ширкат варзидам.
– Шуморо истиқбол гирифтанд?
– Дар ин масъала ҷойи сухан нест, зеро моро бисёр хуш ва самимӣ пазируфтанд.
– Шумо ба озмун “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ”-ро пешниҳод карда будед?
– Бале, барои ҳамин фарҳанг ҷоизаи “Шайх Ҳамад”-ро соҳиб шудам.
– Ҳадафи озмун чӣ буд?
– Чун ба ин озмун арабшиносон ва тарҷумонҳо аз забонҳои маҳсули корашон, ки аз забонҳои дигар ба забони арабӣ тарҷума кардаанд, пешниҳод мекунанд, бе шак гуфтан мумкин аст, ки ҳадафи баргузории он шиносонидани фарҳанги бегона ё хориҷӣ ба мардуми араб аст. Ва фаҳмида мешавад, ки арабҳо мехоҳанд ба воситаи чунин конфронсҳо бо фарҳангу дастовардҳои халқҳову миллатҳои дигар ошно шаванд.
– Ба гумонамон, ин ҳадафи нави арабҳо нест…
– Бале, дуруст гуфтед. Ба ин монанд дар асрҳои миёна арабҳо бо роҳҳои гуногун осори фалсафӣ-табиии Юнони қадим, осори дабирӣ, илми риёзӣ ва баъзе дигар илмҳоро ба забони худ тарҷума карда буданд.
– Тавре иттилоъ дорем, иштирокчиёни конфронси мазкур маърӯзаҳои илмӣ мехонанд. Шумо дар кадом мавзуъ сухан рондед?
– Дар аввал ба мо чизе нагуфтанд, аммо дар рафти конфронс номнавис шудем ва рӯзи дуввуми конфронс дар мавзуи “Фаъолияти тарҷумаҳои фалсафӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза хондам.
– Мардуми араб Тоҷикистонро чи гуна мешиносанд?
– Онҳо Тоҷикистони таърихии моро хуб мешиносанд, вале мутаассифона Тоҷикистони ҳозираро бисёр кам мешиносанд. Инро ман пайхас карда, чанди дигар дар бораи муқаддасот ва арзишҳои миллӣ сухан рондаму каме ҳам бошад, Тоҷикистонро шиносонидам.
– Охирсухани Шумо дар ин боб…
– Вақте ки ман ба минбари баланд барои маърӯза хондан баромадам, дар дастам “Фарҳанги арабӣ-тоҷикӣ”-и 4-килограмма доштам. Аксарияти толорбудаҳо бо ҳайрат ба ман менигаристанд ва чандин нафарон луқма партофтанд, ки оё ин фарҳанги бузургро худатон танҳо тартиб додаед? Ва он нидоҳо ва нигоҳҳо ҳеҷ гоҳ аз хотираи ман тоза намешаванд, зеро бо кори кардаам дар миёни намояндагони дигар миллатҳо ифтихор кардам.
БОБИ ДУВВУМ
Фарҳанг
– Устод, дар мавриди фарҳанги исломӣ ва фарҳанги арабӣ дар ҷомеаи мо нофаҳмиҳо хеле зиёданд. Мехостем дар ин масъала фикри Шуморо ҳамчун арабшинос ва муҳаққиқи ин соҳа бифаҳмем.
– Ташаккур. Дар таърих фарҳанги эронӣ, фарҳанги арабӣ ва фарҳанги исломӣ аст ва бисёриҳо инҳоро аз ҳам фарқ кунонда наметавонанд. Дар аввал бояд бигӯям, ки мо наметавонем арзишҳоеро, ки пеш аз дини ислом фарҳанги арабӣ дошт, ба фарҳанги исломӣ дохил кунем ва ҳамчунин наметавонем фарҳанги замони Сосониёнро, ки аз қадим то зуҳури дини Ислом буд, ба фарҳанги ҳозираи Эрон дохил кунем. Инро илман фарҳанги арабӣ-исломӣ ва эронӣ-исломӣ гуфтан мумкин аст. Яъне фарҳанги арабӣ он фарҳангест, ки арабҳо қабл аз зуҳури дини Ислом доштанд ва фарҳанги эронӣ онест, ки сарзамини бузурги Эрон пеш аз Ислом дошт. Бо пайдоиши дини Ислом фарҳанги исломӣ зуҳур кард. Ва онро фарҳанги муштараки халқҳои гуногун донистан мумкин аст, зеро дар натиҷаи гаравиши дини Ислом ба даст омадааст. Дар фарҳанги исломӣ ба ҷуз арабҳо эрониҳо ҳам ширкат варзиданд ва аз онҳо нақши камтар надоштанд. Эдвард Браун, яке аз донишмандони бузург мегӯяд, ки аз 45 нафар донишмандони исломӣ, ки онҳо худашонро ба ҳайси донишманди исломӣ пешкаш мекарданд, 30 нафараш эронӣ ва танҳо 15 нафари дигар арабу дигар халқҳо буданд. Ин фактҳои рушан ҳастанд, ки ҳеҷ кас онҳоро рад карда наметавонад. Вобаста ба ин моро мебояд ҳақро бигӯем. Чизе, ки арабҳо доранд, бигзор аз онҳо бошад ва чизе, ки надоранд, маълум ки аз онҳо нест. Мо мавқеи худро бояд устувор кунем ва аз рӯйи адолат сафедро сафеду сиёҳро сиёҳ гӯем ва ҳаққи худамонро гирем.
– Сипоси зиёд, Устод! Акнун, меоем сари фарҳанги миллӣ. Гап сари он аст, ки тӯли таърих фарҳангҳои халқҳову миллатҳо ба таҳаввулоти гуногун дучор омадаанд. Бо дигар шудани вазъи сиёсию иқтисодӣ, фарҳангҳо марҳилаҳои пешрафт ва таҳаввулро аз сар гузаронидаанд. Ва ҳамин чиз марбут аст ба фарҳанги мо. Вобаста ба ин андешаи Шумо чист?
– Дар ин замони тезу тунд ва ҷаҳонишавӣ бояд Тоҷикистону тоҷикистониён ба кундаи фарҳаги худ такя кунанд. Гузаштаро мо бояд фаромӯш накунем, зеро ҳеҷ миллату халқ бо фаромӯш кардани таърихаш пеш нарафтааст. Мо бояд танҳо аз гузаштаамон, аз фарҳанги бою ғаниямон, аз тоҷику тоҷикиятамон ифтихор кунем.
– Дар бораи “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”-и дуҷилдаамон чӣ гуфта метавонем?
– Ман ҳоло ба пуррагӣ гуфта наметавонам, ки мо фарҳанги тафсирӣ дорем. Зеро барои як миллати куҳанбунёд ва дорои фарҳанги бисёр ҳамида ва бой он дуҷилда як чизи ночиз аст. Онро туркману қазоқу қирғиз дошта бошанд, майлаш, аммо ин барои тоҷик бисёр бад аст. Мо бояд фарҳанги на камтар аз 10-ҷилдаи тафсирӣ дошта бошем.
– Фарҳанги тафсирии 10-ҷилдаро чи гуна метавон сохт?
– Дар ҳоли ҳозир фарҳанги тафсирии мо танҳо дар бораи шеър аст. Ва ин табиист, ки арзанда нест барои гуфтани он, ки мо фарҳанги тафсирӣ дорем. Бояд сараввал аз зеҳнҳо дур созем фикри онеро, ки фарҳангро бояд танҳо филологҳо месозанд. Зеро филолог чи гуна фарҳанги физикиву кимиёвӣ, риёзиву математикӣ месозад? Ин номумкин аст. Пас чӣ бояд кард? Барои мисол, агар мо таҳаввулоти 100-солаи фарҳангамонро муайян кардан хоҳем, яъне аз соли 1900 то соли 2000, даставвал аз осори пурғановати бузургони илму адабамон, ба мисли Устод Айнӣ, Сотим Улуғзода, Ҷалол Иқромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, аз насли баъдӣ Сорбон, Абдулҳамид Самад, аз осори шоирони муосирамон ва ба ҳамин монанд аз корҳову таҳқиқотҳои илмии муҳаққиқони соҳаҳои гуногун гирифта дар охир як гуруҳи 20-25-нафара ташкил кунем ва як роҳбари донишманд болояшон гузорем. Ба гуруҳи махсус бояд тамоми шароитҳои заруриро муҳайё кунем, махсусан маблағро, ки бе он коре карда намешавад. Ва ба он гуруҳи ташкилшуда муҳлати на камтар аз 5 сол дода, интизор мешавем, ки як фарҳанги тафсирии соҳавӣ не, балки умумӣ ва арзишманд тартиб диҳанд. Он вақт гуфта метавонем, ки каме ҳам бошад ба қадри забонамон, фарҳангамон, тоҷикиятамон расидаем. Ин қарзи ҳар яки мост. Агар ман ҷавонтар мебудам, худам дар раддаи аввал меистодам, вале мутаассифона умр аз 70 ҳам гузашт…
– Охирсухани Шумо дар ин қисмати суҳбат чӣ мешавад?
– Вазифаи асосии мо пеш аз ҳама фарҳанги миллии худамонро пос доштану ҳифз кардан аст, зеро ҳастии мо ба он вобаста аст. Кӣ ҳастем, аз куҷо омадем, ба куҷо равонаем, шахсиятҳои таърихӣ, таҳаввулоти забонию сиёсатдориямонро донем, то ки имрӯз ва фардои худро обод карда тавонем. Чунки ҳеҷ гоҳ дар ҷойи холӣ шахсияте ё давлате падид намеояд…
БОБИ САВВУМ
Забони арабӣ, тарҷумонӣ ва Сино
– Омӯзиши забони арабӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Бисёр дар як сатҳи хуб. Донишҷӯён дар омӯзиш шавқу шӯри зиёд доранд ва ин аст, ки дар замони шӯравӣ дар як курс 13 нафар таҳсил мекарду ҳоло 120 нафар.
– Чӣ аҳамият дорад барои мо омӯхтани ин забон?
– Вақте ки инсон ғайр аз худаш дигаронро мешиносад, вай аз ҷиҳати маънавӣ боқувват аст. Ва ин бо донистани забонҳои хориҷӣ мешавад. Боз дар асри иттилоот як амри воқеъ аст, ки аз ҳаводис ва воқеоти рухдода бохабар бошем. Барои ҳамин, аз назари илмӣ ва шинохти ҷаҳон донистани забонҳои хориҷӣ бисёр муҳим аст ва ин якум. Дуввум, донистани забони арабӣ моро ба худамон наздик мекунад.
– Чӣ хел?
– Масалан, абармард ва мутафаккири мо Абӯалӣ Ибни Сино 80 фисади осорашро ба забони арабӣ навиштааст. Магар ин наметавонад сабаб ва баҳонаи омӯзиши забони арабӣ шавад? Албатта, мешавад!
– Дар мавриди Ибни Сино гуфтед ва аз фаъолияти Шумо огаҳ ҳастем, ки 4 ҷилди осори Синоро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума кардаед. Мегуфтед, ки чӣ Шуморо ба ин мутафаккир пайвастааст?
– Ҳикмати бузурге аст, ки инсон баъзан вақт намедонад дилбастагӣ ба коре аз куҷо меояд. Вақте ки ман дар Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ кор мекардам, шабе Ибни Сино дар хобам даромад. Ӯро ба ҳамон сурате дидам, ки дар муқоваи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров буд. Як марди калонҷусса, бо риши кӯтоҳи мошу биринҷ, рухсораҳои баланд, миҷгонҳои сиёҳ, салладор буд. Як пайдову дарҳол ғоиб шуд. Пас аз ҳамон вақт ба худ аҳд кардам, ки осорашро то вақте ки ҳастам, тарҷума мекунам.
– Ба ҷуз аз осори Ибни Сино боз осори киҳоро тарҷума кардаед?
– Ман аз соли 1985 ба тарҷума кардани осори пурғановати бузургонамон машғулам. Ба ғайр аз осори Ибни Сино чанде аз осори Форобӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Садриддини Шерозӣ ва ғайраҳоро тарҷума кардаам.
– Ман дар охир аломати сенуқта монданиам. Шумо чӣ мегӯед?
– Ҳама вақт сухани ногуфта бисёр аст ва бояд, ки чунин бошад. Бигзор сенуқта бошад…
Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ