Имсол дар Тоҷикистон дар бахши синамо ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” таъсис ёфт. Дар пасманзари ин иқдом бо раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод пиромуни вазъ, мушкил ва печидагиҳои синамои миллӣ суҳбате доштем.
Мо ҳанӯз имкони баргузории фестивали онлайнӣ надорем
– Ахиран дар кишвар ҷашнвораи ҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон” баргузор гардид. Ҳамчун як коршиноси бахши синамоин ҷашнвораро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва ҳам аз дигар ҷашнвораҳо чӣ тафовут дорад ва бояд ба синамои миллӣ чӣ диҳад?
– Ҷоизаи миллӣ дар соҳаи синамо “Тоҷи Сомон” аз фестивали филмҳо фарқ мекунад. Дар он мутахассисон ва мушовирон филмҳои дар муддати муайян сохташударо баррасӣ намуда, ҷоизаҳоро ба филмҳо, созандагони онҳо ва шахсиятҳо тақдим мекунанд. Аз ин хотир, метавонем гуфт, ин ҷашнвора то андозае камхарҷ аст. Ҳамчунин, аз фестивали байналмилалӣ бо он фарқ дорад, ки намоиши филмҳо бидуни тамошобинони сершумор мегузарад. Зеро ҳар мутахассиси хуб бо ҳамаи филмҳои ватанӣ ва хориҷӣ ошно аст ва сатҳи филмҳои моро арзёбӣ намуда метавонад. Вале дар ин самт муайян кардани мавқеъу мартабаи синамои миллӣ хеле муҳим аст. Аз ин хотир, тамоми коршиносон ё мутахассисоне, ки ҳамчун довар дар ин ҷашнвора ҷалб гардидаанд, бояд кори муҳимро анҷом диҳанд. Яъне онҳо сарҷамъ филмҳоро баррасиву баҳогузорӣ намоянд ва муҳимтар аз ҳама, хулосаҳои воқеии худро ба ҷомеа пешниҳод намоянд. Бояд аз рӯи кадом критерия ё андозаҳо баҳогузории шудани филмҳо гуфта шавад ва он набояд танҳо маросими супоридани ҷоиза бошад. Балки дар ҷараёни он бояд таҳлили вазъи кунунии синамои миллӣ сурат гирад. Ҳамчунин, ҳангоми таҳлил масъалаҳои ба маърази тамошо расидан ё нарасидани филмҳо ва сабабҳои он, назари тамошобин доир ба филм ва ғайра низ бояд таваҷҷуҳ карда шавад. Агар тамоми ин гуфтаҳо ба инобат гирифта шавад, пас ин ҷашнвора метавонад такондиҳандаи муҳиме дар рушди синамои миллӣ бошад.
– Соли 2020 “Тоҷикфилм” тасмим дошт нахустин ҷашнвораи байналмилалии “Душанбе”–ро баргузор кунад, аммо ба далели пандемия он баргузор нашуд. Оё имкон набуд, ки ин ҷашнвора ба таври маҷозӣ сурат гирад?
– Фазои буҳроние, ки бемории “КОВИД-19”ба вуҷуд овард, натанҳо ба синамои мо, балки ба синамои ҷаҳонӣ таъсири амиқе гузошт. Хеле талош шуд, ки бо тариқи онлайнӣ ё бо истифода аз дигар имконот баргузор гардад ва холигии ин фазо то ҳадде пур карда шавад, аммо аксари ҳамкасбон аз ҳар гӯшаи ҷаҳон ба хулосае омаданд, ки баҳогузории филмҳо ва тақдими ҷоизаҳо дар шакли классикӣ, яъне пешорӯйи тамошобинон ва бо иштироки гурӯҳи калони филмсозону ҳунармандон хубтару таъсиргузортар аст. Вале бо вуҷуди ин баргузории чунин фестивалҳои онлайнӣ барои мо мушкил эҷод мекунад, зеро онҳо масъулият, харҷи зиёд ва якчанд талаботи дигар мехоҳад, ки “Тоҷикфилм” наметавонад онҳоро иҷро намояд. Аз ин хотир, мо ҳанӯз имкони баргузории чунин як фестивали онлайнии сатҳи баландро надорем.
Мутаасифона, маблағгузорӣ низ чандон зиёд нест. Як қисми маблағҳо, ки барои “Барномаи рушди кино барои солҳои 2018-2022” ҷудо гардида буд, бо далели бемории ҳамагир ва ба вуҷуд омадани мушкилиҳои иқтисодӣ ҳазф шуд. Гумон мекунам, ки ин низ ба буҷаи “Тоҷикфилм” бе таъсир намонд.
Воқеан, пеш аз баргузории чунин фестивалҳо бояд ҳамаи сарфу харҷи он ба ҳисоб гирифта шавад. Ҳамчунин, барои баргузории фестивалҳо дар барномаҳои давлатие, ки қабул мешавад, бояд фонди муайяне ҷудо шавад. Дар ин сурат,то андозае тими ташкилкунандагони фестивал худро на вобастаи ягон сохторе, балки мустақил эҳсос мекунанд.
“Барномаи рушди кино” дар сатҳи 15-20 дарсад иҷро шуд
– Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи синамо таваҷҷуҳи хоса кард ва дастур дод, ки ба соҳаи синамо сармоягузорӣ шавад. Дар пайи ин Шӯрои ҳукуматӣ оид ба рушди кинематографияи миллӣ таъсис ёфт ва ду “Барномаи рушди кино” пешбинӣ гардид. Чанд дарсади ин барномаҳо иҷро гардид?
– Танҳо то 15-20 дарсади барномаҳои қаблӣ иҷро шуданд.
– Ин хеле кам аст. Ба фикри Шумо далелаш чӣ аст?
– Далели аслӣ вуҷуд надоштани саноати филмсозӣ дар кишвар аст. Чунин сохтор метавонад заминаи фаъолияти ин соҳаро танзим намояд. Яъне имкон дорад, ҳатто студияҳои шахсӣ ё студияҳои навтаъсиси вилоятҳоро ба танзим оварда фаъолияти онҳоро мувофиқа намояд. Онҳо ба дастгоҳҳое, ки имрӯз дар “Тоҷикфилм” ҳаст, низ ниёз доранд. Вақте ин сохтор амал намекунад, пас он маблағҳои ҷудошуда низ истифоданашуда мемонанд.
– Вале он маблағҳо куҷо шуданд?
– Он маблағҳои давлат буданд ва агар онҳо истифода нашаванд, бозпас гирифта мешаванд. Агар нақшаҳои соли гузашта пурра амалӣ нагарданд, соли дигар камтар маблағ ҷудо мешавад.
– Гуфтед давлат механизмҳои зиёд дорад ва “Тоҷикфилм” агар оқилона кор барад, метавонад аз ин механизмҳо истифода барад. Гап дар бораи кадом механизмҳо меравад?
– Он сохторҳо дар алоҳида шояд ба кино рабте надошта бошанд. Вале онҳо бояд механизми худро дошта бошад. Ҳамон гунае, ки ҳар вазорат барномаҳои худро дорад. Масалан, Вазорати нақлиёт барномаи худро дорад, ки чанд километр роҳ дар давоми як сол сохта метавонад. Мо низ бояд аз рӯйи чунин барномаҳо бояд кор бигирем.
Мо нақшаи муайян ва дақиқ надорем
– Вале ин гуфтаҳои Шумо қаблан дар “Барномаи рушди кино дар солҳои 2015-2018” зикр шудаанд. Онҷо низ ба қисме аз ин вазорату сохторҳо таъкид шудааст, ки дар рушди синамо саҳмгузор бошанд. Аммо натиҷаҳо куҷо шуданд?
– Айби инро мо пеш аз ҳама бояд дар худ бубинем. Ман бовар надорам, ки нақшаи муайяну пешакӣ дақиқшуда дошта бошем. Баъзан чунин мешавад, ки мегӯем, филмномаҳо куҳна шудаанду ба дарди касе намехӯранд. Вале бо ин наметавон пеш рафт. Агар сари он кор накунем, албатта куҳна мегардад. Ин сохтор ҳамеша бояд даст дар набзи фаъолият бошад.
– Филмномаҳоро магар Шӯрои бадеӣ қаблан мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намекунад?
– Тасдиқ мекунад, вале талаботи бозор тағйир меёбад. Филмнома як моли “тезвайроншаванда” аст. Инро бояд “Тоҷикфилм”қаблан пешгӯӣ намояд, ки соли равон ва солҳои оянда кадом филмҳо офарида мешаванд. Масъулияти Шӯрои бадеӣ низ бояд зиёд бошад. Онҳо бояд филмномаҳоеро дастгирӣ намоянд, ки на танҳо талаботи бозори дохилӣ, балки хориҷиро қонеъ намояд.
Чизи дигар ин аст, ки бозори дохилии мо басо хурд мебошад ва харҷи шударо бароварда наметавонад. Барои кишварҳои мисли мо, ҳунари синамо истисноӣ аст. Яъне давлат бояд инро дотатсия кунад. Ҳунари синамоӣ дар мо хеле серхарҷ аст. Аз ин хотир мо бояд фаротар аз ҷомеаи худ биандешему филмҳое созем, ки бозори ҷаҳониро фаро гирад.
– Чаро филмсозон дар шабакаи Ютуб муваффақ мешаванду як ниҳоди эҷодие, ки зарфияти бештар дорад, на?
– Дар ин шабака, чизҳое ҳастанд, ки дар дохили он реклама гузошта мешавад. Аммо бозори рекламаи мо хеле маҳдуд аст.
– Дар ин шароит намешавад, ки аз идораи таҳияи филм ва дубляжи телевизионҳо истифода бурд?
– Инро тақсими бозор мегӯянд, ки бевосита бо ширкати давлат муайян карда мешавад. Давлат ба воситаи шабакаҳои телевизионӣ метавонад барои офаридани як филм сармоягузорӣ кунад. Яъне қаблан дар ҳамкорӣ бо “Тоҷикфилм” бояд муайян гардад, ки қимати як филми телевизионӣ чӣ қадар аст ва давлат онро дар ихтиёри як шабакаи телевизионӣ мегузорад. Ин шабака ба “Тоҷикфилм” фармоиш медиҳад. Ин тақсимот бояд одилона ва зери ҳимояи давлат сурат гирад. Вале ин механизм низ то ба ҳол дар мо ба вуҷуд оварда нашудааст.
Дар замони Шӯравӣ дар назди “Тоҷиктелефилм” филм меофариданд. Ҳамчунин, шабакаҳои телевизионии СССР низ ба “Тоҷикфилм” чор ё панҷ филми дигар фармоиш медоданд. Яъне буҷа ворид мешуд ва дар муддати муайян филмҳо сохта шуда, дар он шабакаҳо намоиш дода мешуданд.
“Ҷанг” миёни телевизионҳо ва сохтори филмофарӣ: манфиатҳои идоравӣ халал мерасонад.
– Кумитаи телевизион ва радио омодагии худро барои ҳамкорӣ таъкид мекунад, вале мегӯяд, филмҳое, ки аз ҷониби “Тоҷикфилм” пешниҳод мешавад, бояд ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ҷавобгӯй бошад…
– Мафҳуми манфиатҳои миллӣ мафҳуми умумиест, ки ҳастияш ҳатмист. Зеро ҳар санъаткор, албатта, барои ҳифзи манфиатҳои миллии худ талош мекунад. Вале ин дар ҳоле амалӣ мегардад, ки механизми додугирифт ва муносибатҳои ҷонибҳо муайян бошад, ки он манфиатҳо воқеан ҳимоят ва тарғибу пешниҳод карда шавад. То ҳол чунин шакли додугирифти дуруст миёни телевизионҳои кишвар ва “Тоҷикфилм” ба вуҷуд наомадааст. Ин шабакаҳо филмҳои хориҷӣ намоиш медиҳанд, ки шояд аксари он харида шаванд. Пас, метавонанд ҷойи он ба сохтани як филми миллӣ мусоидат кунанд ва онро намоиш диҳанд.
– Агар “Тоҷикфилм” ва Кумитаи телевизион ва радио ин масъулиятро аз дӯши худ дур мекунанд, пас чаро онро Шӯрои ҳукуматӣ оид ба кинематографияи миллӣ ба дӯш намегирад?
– Ин масъаларо ман тавассути Иттифоқи синамогарон чандин бор мавриди баррасӣ гузоштам. Вале манфиатҳои идоравӣ барои амалишавии ин масъала шояд халал мерасонад.
Телевизионҳо меандешанд, ки воқеан филм сохта метавонанд. Аммо баъд аз чанд филми 4 ё 5-қисмаи офаридаи Телевизиони “Сафина” дигар чунин филмҳои бисёрқисмаеро дар истеҳсоли ҳеч як телевизион надидаам. Онҳо маблағҳои худиро харҷ месозанд. Вале бояд гуфт, ки ҳамаи сохторҳои синамоӣ бояд барои чунин ҳамкориҳо мусоидат намоянд. Зеро рушди синамо рушди телевизион аст.
Дақиқ гуфта метавонам, ки то соли 2000-ум дар шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон аз ҳисоби таҳияи филмҳо ё дубляж маблағи муайян ҷамъ мешуд ва он ба ҳисоби “Тоҷикфилм” гузаронида мешуд. Аммо ҳоло ин низ қатъ гардид. Зеро кино комилан тобеи телевизион шуд ва ба як қисми бисёр хурди он табдил ёфт. Шабакаҳои мо давлатиянд ва ин механизмҳоро барои онҳо бояд давлат роҳандозӣ кунад. Масалан, дар Фаронса аз филмҳои амрикоӣ ё дигар давлатҳо барои ворид шудан андозҳои гарон ситонида мешавад ва он барои рушди кинематографияи миллӣ равона мегардад. Чунин механизмҳое вуҷуд дорад, ки онро танҳо давлат роҳандозӣ карда метавонад.
Рафтани мутахасисон – сабаби коста шудани фаъолияти “Тоҷикфилм”
– Шояд таваҷҷуҳи кам ба соҳаи синамо аз он аст, ки филмҳои офаридаи “Тоҷикфилм” харҷе беш нест?
– Хоҳем нахоҳем хароҷот вуҷуд дорад. Барои бароварди он бояд шароитҳои хуби пахши филмҳо, яъне толорҳои синамоии замонавӣ дар ҳар ноҳия вуҷуд дошта бошад. Мутаассифона, мо ин имконро надорем. Он толорҳои синамоии замонавӣ, ки дар Душанбе ҳаст, ҳоло моли мо нест. Як филм бояд як сол тарғиб гардад, ки ба тамоми гӯшаву канори кишвар ба намоиш гузошта шавад. Дар сурати доштани чунин имконот як филм метавонад харҷи худро барорад.
– Нақши як мутахассис дар ин раванд то чӣ андоза муассир аст?
– Барои мо пеш аз ҳама тафаккури нав лозим аст. Потенсиали ақлию зеҳнии ҳар инсони эҷодкор пайваста дар ҳоли тағйир ёфтан аст. Аз ин рӯ, бояд мо ҳам ба зоҳир, яъне шаклу сифати пазироӣ ва ҳам ба ботин, яъне дунёи эҷодии ҳар коргардон ва касе, ки фаъолият мекунанд, диққатдиҳем. Бояд ин раванд ба ҳам сахт пайванд бошанд.
Мутаассифона, коргардонҳои кам дорем ва потенсиали онҳо бояд истифода шавад. Онҳо бояд доимо фаъолият кунанд. Фақат дар ин сурат онҳо метавонанд, дубора бозсозӣ шаванду такомул ёбанд. Агар мо мунтазир нишинем, ҳарсол энержӣ ва як соли умри онҳо кам мегардад. Ба ҳам тавъам кардани ин ду шакли фаъолият хеле муҳим аст. Ман дақиқ гуфта наметавонам, ки ин вуҷуд дорад ё не. Аммо имсол ягон филми калонҳаҷм шурӯъ нашудааст. Замони фаъолияти мо, то анҷоми сол ҳар филми аз оғози сол ба нақша гирифташуда ҳатман ба шӯрои бадеӣ пешниҳод мегардид. Фаъолияти филмсозӣ низ мисли фаъолияти як корхона бояд аз рӯи нақшаи муайян бошад. Сар карда аз давраи омодашавӣ то анҷоми наворбардорӣ. Инро метавон гуфт саноати кино, ки мутаассифона, ҳамин гуна саноат дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.
– Оё сабаби то ҳадде коста шудани фаъолияти “Тоҷикфилм” рафтани мутахассисони ин муассиса аз кор буда метавонад?
– Бале. Як филмсоз наметавонад бо як ё ду бор намоиш додани филмаш ё иштирок дар як ё ду фестивал ба кору соҳааш дилгарм бошад. Ҳоло ишқу алоқаи чанд филмсози ҳирфаӣ аст, ки фазои синамоиро нигоҳ медорад, вале саноати филмсозиро ба вуҷуд оварда наметавонад.
Мусоҳиб:
Ардашер ПАЙВАНД