Мусоҳибаи журналист Раҷаб Мирзо бо раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода
“УЗВИЯТ ДАР ҲИЗБИ МО МАЪНОИ ДОШТАНИ “КОРТИ САБЗ” ДАР ТАЪИНОТИ МАНСАБ НЕСТ”
Ҷаноби Латифзода, инҷониб дар анҷумани пешазинтихоботии Шумо иштирок доштам. Бароям ҷолиб буд, ки аксари ширкатдорони анҷуманатон ҷавонон буданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки мегӯянд ҷавонон ба масоили сиёсӣ кам таваҷҷуҳ доранд. Ба масоили кишоварзӣ шояд аз ин ҳам камтар. Масалан дар замони шӯравӣ ҷавонон ба Донишгоҳи хоҷагии қишлоқ дохил шудан мехостанд ва ин ҳам сабаб дошт. Зеро пас аз хатми ин донишгоҳ, мехост раиси колхоз шавад, ё директори совхоз, ҳич набошад агроном ва ҳамин тавр карераи ояндаи худро таъмин мекард. Пас ҳоло Шумо ба кадом васила ҷавононро таҳрик медиҳед, ки ба ҳизбатон пайванданд?
Дуруст, дар замони шӯравӣ хоса факултаи агрономии Донишгоҳи хоҷагии қишлоқро “факултаи раисҳо” ҳам ном мебурданд. Аммо ин дар гузашта буд. Ҳоло вазъ фарқ мекунад. Мо чаро такяи бештар ба ҷавонон дорем? Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари ҳизбҳои сиёсии на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои пасошӯравӣ “пиршавӣ” -и аъзои ҳизбҳо ба назар мерасад. Худо раҳмат кунад, асосгузори ҳизби мо Амир Қарақуловро, ки хеле шахси дурбин буданд. Доим таъкид менамуданд, ки ҷавононро бояд тарбия кард, моҳияти фаъолиятҳои ҳизбиро ба онҳо ҷиддӣ фаҳмонд. Мо аз рӯи ҳамин таъкиду таҳлилҳо бо донишҷӯён ва ҷавонон ҳамкорӣ дорем, ба онҳо мефаҳмонем, ки сиёсат ва майдони муборизаҳои сиёсӣ кори мураккаб асту бо як солу ду сол одам сиёсатмадор намешавад. Бахши ҷавонони ҳизб бо донишгоҳҳо ва Академияи илмҳо ҳамкории густурда доранд. Ин маъноеро надорад, ки ҷавонон бо як сухан меоянду бо мо мепайванданд ва мо ҳам ба онҳо бовар мекунем. Вале мо ба онҳо имкон фароҳам меорем, ки аввал биёянд, дар маъракаву ҷаласаҳои мо иштирок кунанд ва ниҳоят тасмим бигиранд, ки узвияти Ҳизби аграрии Тоҷикистонро интихоб мекунанд, ё не. Мисли ҳамин, дар анҷумани ахири мо ҳам чанд нафар ҷавононе ҳузур доштанд, ки ҳоло узвиятро пайдо накардаанд, аммо барои шинохти ҳизб ва барномаву фаъолиятҳо ва аъзои ҳизб омада буданд. Як чиз мушаххас аст, ки аъзои ҷавонони ҳизб аксаран донишҷӯёне ҳастанд, ки зодаву парвардаи деҳотанд ва он масъалаву мушкилотеро, ки мо баррасӣ мекунем, барояшон фаҳмо аст. Вале ин маъноеро надорад, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон танҳо ба масоили вобаста ба деҳот такя мекунад. Мо ба аъзои худ ва мардуми дигар мефаҳмонем, ки масъалаву мушкилоти деҳот хос танҳо ба онҳо нест, балки иртиботи бевосита мегирад ба зиндагии ҳама.
Аммо василаи таҳрикдиҳандаи ҷавонон (мотиватсия) ба ҷалби онҳо ба ҳизб чӣ аст?
Мо ба ҷавонон мефаҳмонем, ки бе ҳузуру фаъолияташон дар корҳои сиёсӣ онҳо карера карда наметавонанд. Барои ин мисолҳои мушаххас меорем, ки фалон аъзои ҷавони мо дар ҳукуматҳои маҳаллӣ, вазорату идораҳои соҳавӣ соҳиби мақому обрӯ гаштаанд. Ва ин воқеият аст, ки мо бо сохторҳои давлатӣ ҳамкории густурда дар масъалаи кадрҳо дорем. Онҳо барои интихоби кадрҳои марбут бо кишоварзӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) машварат мепурсанд. Дар маҷлисҳои маҳалии вакилон, аз ҷумла ҷамоату шаҳру ноҳияву вилоятҳо низ аъзои мо кам нестанд. Ин ба ҷавонон мотиватсияи ҷиддӣ мешавад. Ҳамчунин, вақте ба онҳо фаҳмонида мешавад ва худашон ҳам мебинанд, ки дар ҳалли мушкилоти иқтисодӣ – иҷтимоии мамлакат мо пешниҳодҳо дорему ба ин васила дар ҳалли онҳо мусоидат мекунем ва худи онҳо метавонанд дар ин кор иштирок кунанд, дар вуҷуди ҷавонон эҳсосу фаҳмиши сиёсӣ ҳатман пайдо мешавад.
Вале ин маъноеро надорад, ки аъзои Ҳизби аграрии Тоҷикистон будан, “корти сабз” барои ҷавонон аст ва онҳо бе мушкилӣ метавонанд мақому мансаб бигиранд. Ҳолатҳои баръакс низ ба назар мерасанд, ки узвият дар ҲАТ барои таъиноташон дар ин ё он мақом мушкилоти сунъӣ ба миён меорад. Мо ин гуна ҳолатҳоро кӯшиш мекунем бе баҳсу баррасиҳои оммавиву расонаӣ кардани онҳо ҳал намоем.
Бубинед, Шумо дар мавриди мушкилоти аъзои ҳизби худ мегӯед, аммо дар ҷомеа аз рӯзи аввали пайдоиши ҲАТ сару садое вуҷуд дорад, ки ин ҳизб “кисагӣ” аст ва барои нишон додани демократияву бисёрҳизбӣ дар Тоҷикистон ташкил шудааст…
Дуруст аст, ки феълан ҲАТ аз нигоҳи теъдоди аъзо пас аз ҲХДТ дуввумин ҳизб дар мамлакат аст. Он чи ки ба “кисагӣ” ва “рӯ ба ҳукумат” будани мо ишора мекунанд, як паҳлӯи нозуки масъала аст. Бубинед, мо 5 нафар вакили Маҷлиси намояндагон дорем, дар сатҳи маҳалл ҳам, тавре ишора кардам, аъзои ҳизби мо дар маҷлисҳои шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, дар бахшҳои вобаста ба кишоварзии ноҳияву шаҳрҳо ва идораҳои соҳавӣ кор мекунанд, ҳарчанд ҲАТ ҳоло вазиру раиси кумита надорад. Яъне бештари фаъолиятҳои мо дар маҷлисҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва сохторҳои соҳавист. Ин маънои онро дорад, ки аъзои ҳизби мо дар натиҷаи талош ва мутахассиси ин ё он соҳа будан, дар мақомоти давлатӣ ҷо мегиранд. Барои ҳизби мо, ки аз фаъолияташ ҳамагӣ 15 сол сипарӣ мешавад, ин кофист. Шумо медонед, ки ҳизбҳои пешбари дунё собиқаи тӯлонии фаъолият доранд ва барои огоҳии мардум аз платформаву идеологияи онҳо фурсати зиёд зарур аст. Бар илова, Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро паси сар кардааст ва мардум талоши аз ин бештари ҳизбҳоро метавонанд ба маънои дубора муташанниҷ намудани вазъият фаҳманд. Аз ин нуктаи назар, дар фаъолиятҳои сиёсӣ бояд хеле эҳтиёткор буд. Солҳои 90 -и асри гузашта ман донишҷӯ будам ва дар Санкт – Петербурги имрӯза таҳсил мекардам. Онро “шаҳри инқилобӣ” ҳам меноманд, зеро маҳз дар “пойтахти шимолии Русия” бисёрии шахсиятҳои муҳим фаъолияту зиндагӣ доштанду ақидаҳои ҷиддии сиёсӣ низ дар он зуҳур мекард. Аммо барои ман ҷолиб буд, ки ҳамаи баҳсу баррасиҳои ҷиддӣ бе ягон зӯроварӣ сурат мегирифт. Дар мо бошад, танҳо гирдиҳамоии моҳи феврали соли 1990 ба хунрезиву кушта шудани одамон оварда расонд, агар ҳоло дар бораи даҳшатҳои ҳаводиси солҳои 1991 – 92 нагӯем. Яъне фарҳанги сиёсӣ аз бисёр чизҳо, аз ҷумла таҷрибаву шахсиятҳо вобастагии калон дорад. Ҳоло ҳам, фикр накунам, ки дар мо муҳити зарурии сиёсӣ барои баҳсу баррасиҳои аз ин бештар пайдо шудааст.
“МУҲИТИ СИЁСӢ ДАР ҲАМА ДАВЛАТҲО, ҲАТТО КИШВАРҲОИ АБАРҚУДРАТ ИДОРАШАВАНДА АСТ”
Ин мавзӯи хеле муҳим аст. Манзурам шакл гирифтану рушд ёфтани фарҳанги сиёсӣ. Таври маълум, дар ин кор саҳми ҳизбҳои сиёсӣ ҳам бояд нақши муҳим дошта бошанд. Пас ба фикратон чӣ бояд кард?
Ин ҷавоби қотеонаи худро ба фикрам надорад, ки чаро мардуми мо то ин ҳад эҳсосианду фарҳанги баҳсҳои рушддидаи сиёсиро то ҳадди лозим пайдо накардаанд. Шояд тарси ҷанги шаҳрвандӣ дур нашуда бошад, шояд аз менталитети мо вобастагӣ дорад…
Масалан чаро дар Эрону Афғонистон вазъ дигаргуна аст, агар аз менталитет вобастагӣ дорад? Бар илова, ҳоло дар Тоҷикистон насли ҷавоне зиндагӣ мекунад, ки аслан ҷангро надидааст. Бештар аз ин, дар Афғонистон зиёда аз 40 сол аст, ки ҷангу хунрезиҳои мудҳиштар аз мо давом дорад. Вале ин барои баррасии мавзӯъҳои муҳими сиёсии давлатдорӣ мушкил пеш намеорад. Мо мебинем, ки маҳфилҳои сиёсӣ гарманд, дар нашрияву радиову телевизионҳо баҳсҳои ҷиддии сиёсӣ баргузор мегарданд ва мардум бо шавқи зиёд ба онҳо мутаваҷҷеҳ мешаванд…
Шояд таъсири мафкураи шӯравӣ дар мо ҳамоно ҷо дорад. Эрон ва Афғонистон воқеият ва муҳити дигари иҷтимоиро паси сар кардаанд. Аммо ба андешаи ман дар ҳамаи кишварҳо, ҳатто дар кишварҳои абарқудрат муҳити умумии сиёсӣ идорашавандаанд. Дур наравем, ҳамин интихоботи ахири президентии Афғонистонро бигирем, умедвориҳо комилан дигар буданду натиҷа чизи дигар шуд.
Ман ҳам фикр намекунам, ки муҳит наметавонад идорашаванда набошад. Доим аз интихоботи президентии Амрико мисол меорам, ки ду нафар номзад мешаванд ва ин қадар сахтгӯиву ҳатто таҳқиру ҳақоратҳо ба ҳам мекунанд. Ҳол он ки аз ин ду нафар ҳатман яке бояд президенти ин кишвари абарқудрат шавад. Яъне институтҳои давлатӣ фаъоланд ва афкори ҷамъиятиро назорат мекунанду аз рӯи онҳо кор мебаранд. Ба таври дигар, дар ин кишварҳо низоми собити давлатдорӣ фаъол аст, ки дар натиҷа ҳатто “хӯса” метавонад президент бошад. Вале дурнаморо барои ӯ институтҳои давлатӣ дар натиҷаи омӯзиши афкори ҷамъиятӣ таҳия мекунандӯ ӯ аз рӯи ҳамин дастурҳо амал менамояд…
Ин аз омилҳои зиёд вобастагӣ дорад. Аз ҷумла, тавре ишора кардам, аз собиқаи давлатҳо. Тоҷикистон ҳоло 30 сол ҳам нашудааст, ки истиқлолият дорад, ки анқариб як даҳсолаи он ба ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳалли ин муноқиша сарф шуд…
Бубинед, дар мо дар ин бора, ки Амрико таърихи беш аз 200 солаи демократия дорад зиёд мегӯянд, вале ман таҷрибаи Ӯзбекистонро мисол оварданӣ ҳастам, ки дар ҳамин 2, 5 соли ахири пас аз диктатураи Каримов, президент Мирзиёев мешавад, гуфт давлати дигаре месозад. Яъне Шумо ҳам ба ин назаред, ки барои роҳандозии демократия таҷрибаи дусаду сесадсола зарур аст, ё як шахсият метавонад бо дурбинии давлатмардонаи сиёсӣ онро дар муддати кӯтоҳ амалӣ намояд?
Албатта дар муҳити давлатҳо аз шахсиятҳои ҷудогона вобастагӣ пайдо кардан мумкин. Дар Ӯзбекистони каримовӣ, шояд медонед, ки роҳбари Хадамоти бехатарии миллӣ тамоми рукнҳои давлатдориро ба зиммаи худ гирифта буд. Ман ҳам дар Ӯзбекистони замони раҳбарии Мирзиёев будам. Дуруст аст, ки он акнун кишвари пешина нест. Аммо ин маъноеро надорад, ки раҳбарияти нави ин кишвар аз пешиниён ба куллӣ раҳо шудааст. Дар интихоботи ахири парлумонӣ боз ҳам Ҳизби либералӣ -демократии Ӯзбекистон ғолиб омад, ки дар интихоботҳои замони Каримов ҳам пешсаф буд…
Дуруст аст, аммо муҳит мисли пешин зӯргӯёна нест. “Дудбаро” –и муҳити сиёсӣ –иҷтимоӣ кушода шудааст. Гуфтан мехоҳам, вақте элитаи ҳукмрон танҳо василаи зӯргӯиву фишоровариро ихтиёр мекунанд, шояд он ба сохтору институтҳои худ бовар надоранд…
Ман ҳам розиам, ки ҳукуматҳо ҳамеша аз эҳтиёт кор мегиранд. Ҳамчунин дар шароити бархе кишварҳо сохторҳое ҳастанд, ки аз рӯи масали “ба ҷои сала – калла” амал мекунад. Онҳо ҳам шояд далелҳое доранд. Аммо як чиз яқин аст: демократия дар фурсати кӯтоҳ сохта намешавад. Мо таҷрибаи талхи солҳои 90-умро дорем. Мардум бояд моҳияти ин низоми давлатдориро амиқ дарк кунанд…
Масалан, агар аз Шумо пурсанд, ки модели “демократияи тоҷикӣ” –ро таҳия намоед, чӣ пешниҳод мекардед?
Шояд Шумо медонед, ки Конститутсияи Тоҷикистон аз рӯи баҳогузории бархе созмонҳои байналмилалӣ яке аз конститутсияҳои беҳтарин дар дунёст. Фикр мекунам, ки риояи рукнҳои он модели тоҷикии демократияро, он тавре ном мебаред, таъмин карда метавонад. Зеро ин Конститутсия, ки 3 бор ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид, дар назардошт бо манфиатҳои милливу давлатии мо таҳия шудааст. Аммо як чизро бояд ба назар гирифт. Ман ҳам матлабу шарҳи шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбукро аз назар мегузаронам. Мебинам, ки баъзан “қаҳрамон” -ҳое пайдо мешаванд, ки ин ё он масъаларо бо чӣ гуна пешниҳоду арзёбиҳои бебунёд шарҳ доданӣ мешаванд. Ҳол он дар чунин вазъияти иқтисодиву молӣ, амалӣ шудани онҳо мушкил аст. Аз ҷониби дигар, ин гуна мушкилиҳо дар ҳар як давлат ба ин ё он шакли дигар вуҷуд доранд.
“КОЛХОЗУ СОВХОЗҲОРО АЗ НАВ ТАШКИЛ КАРДАН ИМКОН НАДОРАД, АММО МАСЪАЛАИ МУТТАҲИДНАМОИИ ХОҶАГИҲОИ ХУРДИ ДЕҲҚОНӣ ЗАРУРАТИ ВОҚЕИСТ”
Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 таъсис ёфт. Аммо солҳои 90 –ум бо ҳамин ном ҳизбе амал мекард, ки роҳбариашро шахсияти дар он замон таъсиргузор Ҳикматулло Насриддинов ба ӯҳда дошту баъдан фаъолияташ қатъ шуд. Ҳизби Шумо аз он чӣ тафовут дорад?
Инҷониб бо Ҳикматулло Насриддинов дар ҳукумат якҷоя кор мекардем. Он кас яке аз шахсони масъули бахши кишоварзиву обёрии кишвар буданд ва дар муҳити сиёсӣ низ хеле фаъол. Шояд он кас ҳамчун як фаъоли сиёсӣ эҳсос карданд, ки бахши кишоварзӣ дар он замон холигоҳе ҳаст, ки метавон фаъолияти сиёсӣ анҷом дод. Инро худашон беҳтар медонанд, чун мо дар ин замина ҳамкорие надоштем. Вале бо кадом сабабе фаъолияти Ҳизби аграрии Тоҷикистон зери роҳбарии ӯ қатъ шуд. Тафсилоташро намедонам. Соли 2005 равоншод, устоди азизи мо Амир Қарақулов маро, ки аз замони фаъолият дар шӯъбаи кишоварзии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон шиноси наздик будем, даъват карданду моҳияту зарурати таъсиси Ҳизби аграрии Тоҷикистонро фаҳмонданд. Ҷонибдорӣ намудему пайвастем.
Фикр намекунед, ки соли 2005 таъсиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон хеле дер буд? Зеро то ин замон масоили бахши кишоварзӣ дар кишвар хеле печида шуда буд. Ҳукумат чандин ислоҳотеро охири солҳои 90 дар ин бахш роҳандозӣ кард, ки боис ба мушкилиҳои нав гардид?
Оре, аввалин ислоҳоти кишоварзӣ соли 1996 ва баъдан соли 1999 дар Тоҷикистон сурат гирифт. Колхозу совхозҳои замони шӯравӣ барҳам хӯрданд ва шакли нави хоҷагидорӣ ба вуҷуд омад. Ба ҷои ҳудуди 500 колхозу совхоз, ки дар кишвар буд, ҳоло 170 000 хоҷагии деҳқонӣ ташкил гардид. Оре, идеяи хуб аст, ки соҳиби аслии замин деҳқон бошаду ӯ дар киштукор мустақил. Аммо дар мо барои ба вуҷуд омадани чунин тарзи хоҷагидорӣ то куҷо заминаҳо вуҷуд доранд? Колхозу совхозҳои шӯравӣ бо техникаи зарурӣ, мутахассис ва дигар асосҳои муҳим муҷаҳҳаз буданд. Ҳоло чӣ? Аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ на техника доранд, на мутахассис ва на сармоя. Мушкилии дигар ин аст, ки 80 дарсади роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тахассуси зарурии кишоварзӣ надоранд. Бар илова, хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ боиси ҷанҷолу хархаша дар деҳот мегарданд, ки вақти тақсим ва истифодаи замин ва об пеш меоянд. Аз ин нуқтаи назар, гӯё таъсиси ҲАТ дермонда аст. Аммо, ҳаққи аз ин ҳам дер кардан надоштем. Ҳоло ҳам зарур аст, ки тадбирҳои ҳалли ин масоил пайдо шавад ва мо дар ин ҷода талошҳо низ анҷом медиҳем. Мо пешниҳод дорем, ки заминаи ҳуқуқиро барои муттаҳид намудани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба роҳ монем, ки ба манфиати ҳамагон бошад. Ин механизм бояд чӣ гуна сурат гирад, баъзе идеяҳо ҳастанд. Муҳимаш мо сари ин мушкил баҳсро оғоз намудаему бовар дорем ҳалли ниҳоии худро пайдо мекунад. Дуруст, чунин баррасиҳо нав ҳам нест. Замоне коммунистҳои Тоҷикистон зери роҳбарии собиқ раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов пешниҳод доштанд, ки колхозу совхозҳои давлатӣ мисли замони шӯравӣ аз нав ташкил шаванд. Маълум аст, ки ин кори намешуданист ва метавонад ба нооромии ҷомеа оварда расонад. Ин бештар идеяи популистӣ буд, вале муттаҳид намудани хоҷагиҳои хурд дар хоҷагиҳои калон зарурати воқеист.
Охири солҳои 90 ва аввали солҳои 2000 –ум аз ҳамин вазъият бо баҳонаи таъсиси ассотсиатсияҳо ва қарзҳои фючерӣ хеле мардумро фиреб додаву қарздор ҳам карданд. Пас фикр мекунед, имрӯз мардум идеяи муттаҳид шуданро қабул карда метавонанд?
Мутаассифона дар мо дониши ҳуқуқии кишоварзон то ҳадди зарурӣ рушд наёфтааст. Вагарна дар аксари кишварҳои пешрафтаи дунё маҳз тариқи шартномаҳои фючерӣ фаъолиятҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ба роҳ монда шудааст. Ман дар Амрико будам ва бо фаъолиятҳои хоҷагидорон дар бахши шартномаҳои фючерӣ шинос шудам. Механизмҳои фаъолияти хоҷагиҳо, кишт, интиқол ва фурӯши маҳсулотро омӯхтем. Мутаассифона дар мо аз ноогоҳии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ суистифода намуда, бархе манфиатхоҳон онҳоро то ҳудуди 800 миллион доллар қарздор карданд. Ин ҳамаро дар сари 25 – 30 000 хоҷагиҳои деҳқонии онвақта бор карда, ҳамчун “қарзи замин” номнавис карданд. Хушбахтона, ҳукумат роҳи аз ин қарзҳои бемаъно раҳо кардани хоҷагиҳоро пайдо намуд. Аммо ин маънои онро надорад, ки масъалаву мушкилиҳои бахши кишоварзӣ бо ҳамин тамом шуд. Хоса мавзӯи андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ мушкили ҷиддие боқӣ мондааст. Ҳоло ба мо маълумоте мерасад, ки дар бархе ноҳияҳо хоҷагиҳоро маҷбур доранд, ки андози соли 2020 ва 2021 -ро супоранд. Тасаввур намоед, ки барои хоҷагиҳои хурду имконияти маҳдуди молиявидошта ин чӣ пайомадҳое дорад! Мо фикр мекунем, ки андозбандии хоҷагиҳои деҳқонӣ комилан шакли дигар дошта бошад. Пешниҳод дорем, ки бахши кишоварзӣ умуман аз андозбандӣ озод шавад. Ҳоло ҳам саҳми андози бахши кишоварзӣ дар пур кардани буҷаи мамлакат зиёд нест. Тақрибан 300 миллион сомонӣ, ки барои як кишвар пули калон нест. Инро мешавад аз ҳисоби манбаъҳои дигар рӯпӯш намуд. Дар бисёрии давлатҳо бахши кишоварзӣ дар дотатсияи давлатӣ қарор дорад. Агар дар мо, ҳади ақалл андозро аз кишоварзӣ бигиранд, як навъ кӯмаки дотатсияи давлатист. Бояд фаҳмишҳоро дар ин бора дигар кард. Деҳқон ва замин танҳо манбаи ғизову пурии дастурхони одамон нест. Он ҳамчунин як рукни муҳими тинҷиву осудагии мардум аст. Аз ин хотир, муносибат бо он ҳам бояд ҷиддиву дурандешона сурат гирад. Ҳоло камтарин маош – 492 сомониро корманди бахши кишоварзӣ мегирад. Дар кишварҳои пешрафта бошад, фермерҳо қишри сарватманди он ба ҳисоб мераванд. Барои ин дастгирии давлатӣ зарур аст. Вазорати кишоварзӣ набояд як сохтори оморӣ барои давлат бошад, балки мақоми машваративу роҳнамокунанда гардаду сиёсати аграрии Тоҷикистонро баррасӣ ва роҳандозӣ намояд.
“ФАЪОЛИЯТҲОИ ПАРЛУМОНИИ МО ДАР ВАО ДУРУСТ ИНЪИКОС НАМЕШАВАД”
Ҷаноби Латифзода, албатта масъалагузориҳои Шумо воқеият доранд. Аммо чаро масъулияти ҳамаи масъалаҳои ҷодоштаро бояд ба зиммаи вазорати кишоварзӣ ва ҳукумат вогузошт? Масалан ҲАТ бо ҳамин ҳадаф таъсис наёфтааст, ки ин масоилро ба ҳукумат пешниҳод кунад? Шуморо оё ба сифати намояндаи бахши кишоварзии Тоҷикистон дар парлумон ҷо надодаанд, ки вақти таҳияи қонунҳо манфиати деҳқону заминро ҳимоя намоед? Бубинед, мо ҳамасола шоҳид мешавем, ки парлумон ба қонуни буҷаи мамлакат чандин бор тағйиру иловаҳо ворид менамояд ва ин ё он корхонаро аз супурдани андоз озод мекунад. Пас чаро ҳамин гуна бархӯрдро дар бахши кишоварзӣ намебинем? Танҳо соли гузашта, ки нархи гӯшт якбора боло ҷаҳид, ҳукумат пешниҳод карду воридоти вобаста ба хӯроки гову мол ва паррандапарвариро аз байн бурд. Аммо садои Шумо ҳамчун вакили парлумон ва раиси ҲАТ ё 4 намояндаи ҳизби Шумо, ки дар парлумон фраксияи ҳизбӣ доред, то куҷо дар мавриди ин ё он мушкилоти бахши кишоварзӣ шунида шуд?
Мо розӣ ҳастем, ки фаъолияти намояндагони ҳизби мо дар парлумон ба таври зарурӣ дар расонаҳои хабарӣ инъикос намешавад ва мардум аз ин бехабар мемонанд. Ҳол он ки тақрибан мавзӯву масъалае вуҷуд надорад, ки вобаста ба бахши кишоварзӣ мо баррасӣ накарда бошем. Намояндаҳои мо тақрибан дар ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ҳастанд. Масъалаҳоро дар сатҳҳои гуногун баррасӣ мекунанд. Аммо журналистон танҳо ба иҷлосияҳо даъват мешаванд. Дар ҳоле, ки баҳсу баррасиҳои асосӣ дар ҷаласаҳои кумитаву саркумитаву дигар зинаҳо сурат мегиранд. Бо ин вуҷуд, мо фикр мекунем мушкили асосӣ дар мо дигар аст. Мо соҳаро ҷиддан дастгирӣ мекунем. Аммо тарзи фаъолияти Вазорати кишоварзӣ бояд дигаргуна шавад, чун бисёр масъалаҳо аз онҳо вобастагӣ мегирад.
Ислоҳотеро, ки Шумо зикраш мекунед вобаста ба муттаҳид намудани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, шояд беҳтар бошад дар аввал ба таври намуна (пилотӣ) дар ягон ноҳияи мушаххас роҳандозӣ намоем?
Дар ноҳияи мушаххас каме мушкил аст, чун дар ҳар ноҳия хоҷагиҳои муваффақ ҳам ҳаст. Аммо фикр мекунам, дар мисоли бригадаҳои замони шӯравӣ анҷом додани ин кор имконпазир мебошад. Ёдатон бошад, дар замони шӯравӣ бригадаи колхозу совхозҳо тақрибан ҳамаи имконоти зарурӣ, аз ҷумла, замини калон, техника, ҷои истироҳати кормандон ва шиппангҳо, боғчаҳои кӯдакона, маблағ ва кормандони зиёд доштанд. Ба фикрам, дар шакли бригада шакл додани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ ба хоҷагиҳои калонҳаҷм имконпазиртар аст. Вагарна дар ин шакл боқӣ мондани хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ оқибат надорад ва боиси аз байн рафтани онҳо ҳам гаштанашон мумкин. Агар ин усули корӣ самараовар мебуд, оё кӣ гуфта метавонад, ки ҳосилнокии заминҳо афзоиш ёфт? Масалан дар замони шӯравӣ Тоҷикистон то 1 миллион тонна ҳам истеҳсоли пахта дошт? Ҳоло чӣ? Феълан ҳар чизе, ки дорем, аз меҳнати деҳқон вобастагӣ дорад, на тавсияи ягон созмони байналмилалӣ.
Дар анҷумани ҳизбатон Шумо зикр намудед, ки дар буҷаи соли нав бахши кишоварзӣ ҳудуди 130 миллион сомонӣ камтар маблағгузорӣ мешавад. Ба фикратон сабаб дар чист? Шояд мушкилоти ин соҳа ба ҳукумат дуруст расонида нашудааст, ё фикр мекунед, масъалаи кишоварзӣ мушкили системавӣ дораду мо ба як инқилоб дар ин бахш ниёз дорем?
Албатта ба инқилоби фикрӣ дар ин соҳа эҳтиёҷмандем. Яъне сохторҳои марбута бояд асл ва пайомадҳои мушкилоти бахши кишоварзиро ба дурустӣ дарк намоянд. Набояд соҳаи кишоварзиро танҳо аз дидгоҳи молиявӣ суроғ кард. Чуноне ишора кардам, он мояи таъмини суботи кишвар ҳам аст. Давлатҳое мисли мо, агар ҳазорон корхона ҳам ташкил намояд, ҳамаи мардумро бо ҷои кор таъмин карда наметавонад. 74 дарсади мардум дар деҳот ба сар мебаранд ва бо замин сарукор доранд. Тасаввур намоед, ки ин мардум сахт норозӣ шаванд, чӣ ҳолат пеш меояд?
Он 130 миллион сомонии зикркардаи ман ба маблағгузории давлатӣ дахл надорад. Аз ҳисоби давлат баръакс маблағгузорӣ 7-8% афзоиш ёфт. Маблағҳои камшуда аз ҳисоби лоиҳаҳоанд. Воқеан, истифодаи маблағҳои лоиҳавӣ низ назорат ва самаранокии ҷиддитарро мехоҳад. Масъулияти ҷиддитар зарур. Масалан барои маоши як коршиноси хориҷӣ набояд даҳҳо ҳазор доллар дар ин лоиҳаҳо ҷудо кард, балки фикри бештар ба таъминоти моддию техникии соҳа намуд.
Шумо ҳамчун вакили парлумон ягон барномаи давлатиро мавриди муҳокима қарор дода будед ва чӣ хулоса намудед?
Мо имсол, аз ҷумла се барномаи давлатии калонҳаҷмро муҳокимаи парлумонӣ кардем. Хулосаи мо ин аст, ки барномаҳоро бояд дар марҳилаи таҳия аз лиҳози таъминоти молиявӣ ва амалишавии чорабниҳои он ҷиддитар муҳокима намуд. Дар ин замина ҳам вазорати кишоварзӣ ҳамчун субъекти пешбарандаи сиёсати аграрӣ бояд нақшу мақоми дигар дошта бошад.
Масъалаи дигаре, ки ҳамеша мавриди баҳсҳост, афзоиши нархи маҳсулоти кишоварзист. Дар анҷумани ҳизбатон ин мавзӯро як аъзои ҳизб баррасӣ карда гуфт, нархро на деҳқон, балки миёнаравҳо мебардоранд ва барои пешгирии он бояд андозбандии миёнаравҳоро ба роҳ монд. Фикр накунам, ки ин роҳи ҳал бошад, чун ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ мушкил аст ва ҳам боис ба афзоиши бештари нархҳо мегардад. Пас чӣ бояд кард?
Бояд бархӯрдро иваз намуд ва ба деҳқон ҳамаҷониба кӯмак кард. Ҳам аз нигоҳи пулӣ, ҳам ҳуқуқӣ ва ба вуҷуд овардани инфрасохторҳои зарурӣ. Муттаҳид намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ як василаи эҳтимолист, ки хоҷагиҳоро ҳам бо пул ва ҳам заминаҳои мусоиди аз кишт то интиқолу фурӯш таъмин мекунад.
Мавзӯи дигари баҳсбарангез ин додани заминҳои зиёди кишоварзӣ ба хитоиҳост. Гуфта мешавад онҳо танҳо фикри ҳамин рӯзи даромади худро доранду чанд сол пас метавонад заминҳоро комилан беҳосил гардонад, чун доруи зиёд сарф мекунанд…
Он чи ки мегӯянд, танҳо фарзия аст. Зеро дар баъзе кишварҳо, аз ҷумла Русия чунин ҳолат пеш омад. Маълум кардани ҳосилнокии замин ё тағйирот дар он пас аз гузаштани 5-10 сол имконпазир аст. Аммо вақте заминро барои 40 -50 сол ба иҷора мегиранд, нафари соҳибшуда танҳо дар ғами манфиатҳои моливу пулии худ аст ва парвои пайомадҳои оянда надорад. Фикр мекунем, ки хитоиҳо дар замин доруи зиёд истифода мекунанд? Аммо теъдоди истифодамекардаи онҳо ҳам аз рӯи маъёрҳо кам аст. Деҳқони мо, ки имконоти маҳдуди молиявӣ дораду доруву нархи нуриҳо гарон аст, фикр мекунад, ки хитоиҳо аз меъёр зиёд онҳоро истифода мебарад. Вале ин маънои онро надорад, ки истифодаи нуриву заҳрхимикатҳо бе назорат бошанд, чун истифодаи аз меъёр зиёди онҳо дар таркиби меваву сабзавот боқӣ монда, ба саломатии одамон зараровар мегардад. Дар ин замина бояд назорат аз ҷониби масъулини “Тоҷикстандарт” ва дигар ниҳодҳо ҷиддитар бошад. Бовуҷуди ин, набояд аз хитоиҳо ё кишварҳои дигар тарсид, балки аз таҷрибаи хубу пешрафтаи онҳо бояд омӯхту истифода намуд. Бар илова, бояд дар назар гирифт, ки дар оянда истеҳсолу фурӯши маҳсулоти ғизоӣ низ ба аслиҳаи муборизаву василаи фишори давлатҳо табдил меёбаду ёфтааст. Мо чандин бор шоҳид шудем, ки Онишенко – санитари асосии Русия ба маҳсулоти содиротии Тоҷикистон чӣ гуна бархӯрд намуд. Ё дар муносиботи Русияву Белорус, Туркия, Русия ва дигар кишварҳо низ, ин далолат ба ҷиддияти масъала мекунад ва бархӯрди ҷиддиро талаб менамояд. Дар навбати худ, соҳибкорон, ки танҳо ғами ҳарчи бештару пештар пайдо кардани манфиати молиро доранд, аз роҳҳои сунъии истеҳсоли маҳсулот истифода мебаранд, ки ба саломатии инсонҳо зарари калон оварданаш мумкин аст. Ин масъалаҳои дар назари аввал молиявӣ сиёсатҳоеро ҳам дар пай дошта метавонанд. Барои ҳамин, боз мегӯям, ки кишоварзӣ акнун василаи сиёсӣ ҳам ҳаст ва бояд ба он бархӯрди дурбинона намуд.
“АГАР ШИОРИ ИНТИХОБОТИИ МОРО ҲИЗБИ ҲОКИМ ГИРИФТ, МОЯИ ИФТИХОРИ МОСТ”
Хулосаи ман аз суҳбати имрӯза чунин аст, ки талоши Шумо ва ҳизбатон дар интихоботи парлумонӣ бештар дар ноҳияҳои дурдаст ва деҳот хоҳад буд. Яъне дар шаҳрҳо фикр мекунед интихобкунандаи камтар доред?
Мо 13 нафарро аз рӯйхати ҳизбӣ пешниҳод мекунем, ки қисме аз онҳо дар ҳавзаҳои якмандатӣ ҳам номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон хоҳанд буд. Масалан дар ҳавзаҳои якмандатии Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Восеъ, Ашт ва Ҳамадонӣ номзадҳои мо талош хоҳанд кард.
Дар интихоботи гузаштаи парлумонӣ 5 намояндаи ҲАТ ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёфт ва соҳиби фраксия ҳам будед. Ин дафъа талошатон барои дарёфти курсиҳои бештар хоҳад буд, ё ҳамон 5 нафар кифоят аст?
Шумо медонед, ки овози мардумро соҳиб шудан ва онро ҳифз кардан кори осон нест. Муҳимтар аз ин масъалаи эътимод аст. Яъне, агар дар интихоботи пешин ба Шумо овоз доданду хостаҳои онҳоро бароварда накардед, мардум раъйи худро нахоҳанд дод.
Гилаи мардум аз он ҳаст, ки ба ҷонибдории ин ё он вакил дар интихобот овоз доданд ва дигар онҳоро надиданд. Ё ҳатто бархе вакилонро ҳатто замони номзадиашон надиданд. Оё 5 вакили феълии ҲАТ аз мулоқот бо мардум тарс надоранд, ки ба онҳо хоҳанд гуфт: мо дар зарфи 5 сол Шуморо боре надидем!?
Инҷониб дар даъвати гузашта аз ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ вакили МН будам. Маълум аст, ки имкони бо тамоми мардуми Тоҷикистон мулоқот анҷом доданро надоштам. Дар даъвати пештар аз ин, дар соли 2010, ман аз ҳавзаи Восеъ вакил будам ва мардум то ҷое медонам аз фаъолиятҳоям қаноатманданд. Инро замони раиси ноҳияи Восеъ буданам аз гуфтори мардум эҳсос мекардам. Номзадҳои дигари мо бигзор худашон инро исбот кунанд, ки хостаҳои интихобкунандаро иҷро карданд, ё не. Ба таври дигар, ин интихобот имтиҳони дигари онҳост.
Шумо вакили парлумон ҳам будед, раиси ноҳия ҳам. Ба фикратон масъалаҳои бахши кишоварзиро дар кадом мақом бештару пештар ҳал кардан имкон дорад?
Албатта дар сатҳи ноҳия. Чун раиси ноҳия бо мардуми минтақаи мушаххас доим дар иртибот аст, мушкилоти онҳоро бештар мебинад.
Агар дар раъси ҳукумати ҳатто ноҳия истода, агар як нафар мушкилиҳои ин минтақаро баррасӣ намояд, дар сатҳи баландтар ин кори ӯро чӣ гуна қабул мекунанд? Ба сифати як нафаре, ки мушкили мардумро расидагӣ кардан мехоҳад, ё шахсияти мухолиф?
Шояд баъзе гуфтаву иқдомот дар сатҳи вазир, шӯъбаҳои алоҳидаи дастгоҳ дигаргуна баҳогузорӣ шаванд. Имрӯз замони бастани имкониятҳо нест. Мардум, агар мушкилиҳои худро дар пеши раису вакил гуфта натавонанд, тариқи интернет ва расонаҳои хабарӣ хоҳанд гуфт. Пас чаро байрақро ба онҳое диҳем, ки аз ин мушкилот истифодаву суистифода кардан мехоҳанд? Яъне бояд раисону вакилон худашон хоҳиш ва талош дошта бошанду дар доираи имконияташон самимона кор кунанд. Мутмаинам, ки дар сатҳи роҳбарияти олии мамлакат онҳо дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Шиори пешазинтихоботии ҲАТ – “Зиндагии арзанда ба ҳар шаҳрванди мамлакат” тақрибан ҳамон шиорест, ки ҲХДТ дорад. Оё бо ин шиор дар интихобот ширкат варзиданатон маъниеро ба бор намеорад, ки байни ҳизби ҳоким ва ҲАТ тафовуте нест?
Ин шиор дар барномаи мо аз соли 2005 ҷо дорад ва гуфта шудааст, ки ҲАТ дар интихоботҳо бо он иштирок мекунад. Агар ҲХДТ ин шиори моро дар мазмун пазируфта бошад, барои мо мояи ифтихор аст. Ҳар ҳизби дигар ҳам…
Соли равон дар баробари интихоботи парлумонӣ, Тоҷикистон ҳамчунин интихоботи президентӣ баргузор мекунад. Хуб, иштироки ҳар ҳизб дар интихоботи парлумонӣ ба он маънист, ки аз ҳаёти сиёсии кишвар дур будан намехоҳад. Аммо ширкат дар интихоботи президентӣ паёми дигар дорад: яъне мо як ҳизби мухолифи ҳукумат ҳастем ва мехоҳем масъалаву баррасиҳоро дар шакли куллӣ тағйир диҳем! Пас, агар ҲАТ дар он иштирок мекунад, бо кадом масоили ҷиддиву куллие ба интихоботи президентӣ ворид мешавад, ки мехоҳад онҳоро дигаргуна ҳал намояд, на он тавре ҳукумати феълӣ?
Оре, тасмим дорем дар ин интихобот ҳам иштирок кунем ва бо барномаи хоси худ. Мо ҳамоно давлати аграрием, агарчӣ кӯшишҳои бунёди давлати саноатӣ – аграриро дорем. 60 дарсади аҳолии қобилияти меҳнат дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва ба соҳа алоқамандӣ доранд. Биниши мо дар бораи зиндагиву фаъолиятҳо дар деҳот комилан фарқкунанда аст. Дар маҷмӯъ мо мехоҳем рушди соҳаи кишоварзӣ ва деҳот дар сиёсати давлатӣ авлавият дошта бошад. Ин паёми бисёр муҳим хоҳад буд дар маъракаву рақобатҳои сиёсӣ.