Дар ҷомеаи мо ҳастанд роҳбарон кордиҳандагоне, ки аз рӯи хислати тӯрагарона ва омиронаи худ нисбати зердастон беадолатию бедодгариҳо мекунанд ва ҳатто ҷабру ситам менамоянд. Кормандони Иттифоқи касаба бошанд, ҷиҳати надонистани вазифаҳои худ дар ин ҷафокешӣ ёрдамчии асосии чунин роҳбарон мегарданд. Мусоҳибае, ки муаллифи доимии мо Ҳасан Юсуфи Файзбахш бо мудири шуъбаи ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Муҳаммад Сафарович анҷом додааст, баёнгари ҳамин мушкилоти рӯз аст.

-Муҳтарам Муҳаммад Сафарович, камина шоҳиди бевоситаи амалкарде ҳастам, ки директори муассисаи таълимӣ омӯзгорро бо маънои томи ибора аз кор ронд. Бе ягон сабаб ва асосу далел. Дилаш хосту ҳамин тавр кард, тамом ва салом. Лек барои иҷрои ин хостааш раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаро чун беҳтарин асбоби ёрирасонаш истифода бурд. Мехоҳам суҳбатамон атрофи ҳамин рӯйдод бошад.

-Хуб мешавад. Зеро кам ҳам бошад, аз ҷониби баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки кордиҳандаанд, ҳамин хел амалҳои тӯрагарона содир шуда, боиси ташвишу изтироб ва сарсонию саргардониҳои кормандон – аъзои иттифоқи касаба мегарданд.

-Алҳол овардани ному насаб ва суроғаи қаҳрамонони ин матлабро муҳим намешуморам. Муҳим он аст, ки аъзои иттифоқи касаба аз муҳтавои он воқиф шаванд, мақсадро хуб дарк намоянд ва дар интихоби ҳимоятгарони хеш ҳайати интихобии иттифоқҳои касаба саҳлангорӣ накунанд.

-Яъне, ҳадафи Шумо танҳо нишондиҳии мушкилот аст?

-Оре! Ман масъаларо хеле пайгирӣ карда, паҳлуҳои гуногуни онро омӯхтам. Хулосаам ин шуд, ки ин гуна рафтору кирдори директор, пеш аз ҳама натиҷаи худбинӣ, худпарастӣ, худхоҳӣ, ҳавобаландӣ ва «ман»и надоштаи худро нишон доданаш аст. Аз ҷиҳати рӯҳу равоншиносӣ ин гуна хислатҳои зишт, асосан натиҷаи дар замонаш нагирифтани тарбияи хуб, махсусан тарбияи хоксорию фурӯтанӣ мебошад, баъд камии фаҳму дониш ва ҷаҳонбинӣ, норасоии малакаи одоби ҳамида. Мушкил он аст, ки ин гуна хулқи паст дар ҷараёни зиндагӣ ва кору фаъолияти минбаъда ба хислат табдил меёбад ва одати доимию муқаррарӣ мешавад. Одами дорои ин гуна хулқу атвор агар соҳиби вазифаи андак шавад, худро дар пояи пайғамбарон эҳсос мекунад. Аз худ бузургманиш ва нобиға метарошад. Дигаронро, хусусан зердастонро чун пайкарҳои ҳаракаткунандаи пучу холӣ ва бе қадру қимат мепиндорад. Шахсияташонро ҳеч дониста, ба эшон ҳамеша эрод мегираду дағалӣ мекунад. Зердастони хислати хушомадгӯӣ доштаашро бошад, ба онҳое табдил медиҳад, ки ба атсааш «лаббай» мегӯфтагӣ мешаванду аз суханаш намебаромадагӣ. Директори муассисаи таълимии мадди назар бо раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба айнан ҳамин тавр карда, ӯро ҳатто ба иҷрои корҳое водор намуд, ки аз нигоҳи қонун дар радифи ҷиноят меистанд.

-Зарфи холӣ садои баланду гӯшхарош дорад. Хато намешавад, агар гӯям, ки директори мадди назари Шумо ҳам ба ҳамин хел зарф монанд будааст.

-Ташбеҳатон бас мувофиқ аст.

Ба андешаи ман эродгирӣ, дағалӣ, зиштгӯии баъзе роҳбарон, ин пардаест, ки онҳо камбудию норасоиҳои худ, аз ҷумла камдонишию камфаҳмиҳояшонро мепӯшонанд. Донишманди ҳақиқӣ ҳаргиз дағалмуомилаю қабеҳгӯ нашуда, баръакс оҳистаю ноайён ба хирадмандӣ мерасад. Раиси ташкилоти иттифоқи касабаи мадди назаратон бошад, таҳкурсии устувори фаҳму дониш ва ҷаҳонбинии гуфтаатонро надоштааст. Хирадмандӣ куҷо, ки ҳатто донандаи одитарин ҷузъиёти вазифаю уҳдадориҳои худ набудааст, аз қонун ва ҳаққу ҳуқуқҳои вазифавиаш бехабар будааст. Агар не, ҳаргиз ба таъсири он гуна ба ном роҳбаре, ки гуфтед, гирифтор намешуд.

-Дуруст аст. Агар розӣ бошед, атрофи ҳамин масъала ман саволҳои мушаххас ва асоснок диҳаму Шумо посух гӯед. Ҳам саволу ҷавоб шаваду ҳам суҳбат. Гумон мекунам, ки бо ин усул каме ҳам бошад, ба кормандони камтаҷрибаи соҳа кумак расонида метавонем ва содиршавии хатоҳои эшонро пешгирӣ мекунем.

-Марҳамат.

-Сохторе, ки дар байни маҷлисҳои умумӣ фаъолияти ташкилоти ибтидоиро танзим ва роҳбарӣ мекунад, чӣ ном дорад?

-Мақомоти интихобӣ. «Кумита» ҳам гуфтан маъмул аст, ки хато нест.

-Раиси иттифоқи касабаи мадди назар, ҷаласаи ана ҳамин «мақомоти интихобӣ» ё «кумита»-ро «Ҷаласаи раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» унвон кардааст. Ба ин тарзи баён чӣ мегӯед?

-Ҷаласа, ҷаласаи шахсии раис не, ҷаласаи ҷамъиятӣ аст. «Ҷаласаи мақомоти интихобии ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» ё «Ҷаласаи Кумитаи ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба» навиштанаш дуруст мешуд. Ҳамин чизи одиро надонистани раиси иттифоқи касаба айб аст, айбе, ки арзандаи сарзаниш ва «ҳайфи ту» гуфтан мебошад.

-Раиси иттифоқи касаба ваколатеро дорад, ки таври зайл қарор «эҷод» кунад?

«…раиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаҚАРОР КАРД:

«1. Мутобиқи моддаи 42 банди 1 сархати 4 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи меҳнатӣ яктарафа қатъ карда шавад».

-Аввал оиди таъбири «Раиси… иттифоқи касаба қарор кард» гуфтан мехоҳам. Ин таъбир билкул нодуруст аст. Қарорқабулкунӣ дар иттифоқҳои касаба тарзи коллегиалӣ – коллективӣ мебошад. Биноан, қарорро кумитаи иттифоқи касаба қабул мекунад, на раис. Дар бораи ваколати раиси иттифоқи касаба: Ӯ чунин ваколатро надорад. «…шартномаи меҳнатӣ яктарафа қатъ карда шавад» гуфтанаш камоли бедонишӣ ва бефаҳмию бемаърифатии ӯст. Доштани ин гуна раис, бемуболиға ҷабри кормандон аст!

-Умуман, иттифоқи касаба ваколатдор ҳаст, ки ташаббус нишон дода, масъалаи аз кор озод намудани кормандро ба миён гузорад?

-Корманд шартномаро бо кордиҳанда мебандад, на бо иттифоқи касаба. Аз ин рӯ иттифоқи касаба ин корро дар ягон ҳолат карда наметавонад. Моҳияти фаъолияти иттифоқи касаба ҳимояи корманд аст, на ҷазо додани ӯ, аз ҷумла аз кор озод кардан.

-Дар қарори ҷаласаи иттифоқи касабаи таълимгоҳе омадааст: «Дар асоси Қарори протаколи ҷаласаираиси ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба… санад тартиб дода шуда, барои тасдиқ ба директор пешниҳод карда шавад».

Чунин санад дар рӯзи сеюми баъди гузаштани ҷаласа бо сарварию роҳбарии бевоситаи худи раиси иттифоқи касаба тартиб дода шудааст. Зери он ба ҷуз аз худи раис, боз 5 нафар муовинони директору 1 нафар котиб-коргузор имзо гузошта, ба роҳбарият гӯё супориш додаанд: «Мутобиқи моддаи 42 банди 1 сархати 4 Кодекси меҳнатии(?) Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо яктарафа бо корманд қатъ карда шавад».

Дар қонунҳо нест, дар таҷрибаи бисёрсолаи роҳбариам вонахӯрдаам ва дар ҷои дигар ҳам нахондаю надидаам, ки маҳз бо қарори ҷаласаи раиси иттифоқи касаба ва дар рӯзи сеюми баъди гузаштани он дар хусуси «интизоми меҳнатро вайрон кардани корманд» санад тартиб дода бошанду кордиҳанда роҳбари корхонаро вазифадор карда бошанд, ки кормандро аз вазифааш озод намояд. Зиёда аз ин, дар сари ин кор худи раиси иттифоқи касаба истода бошаду бо санади ташкилкардааш кормандро «бедарак ба қайд гирифта» эълон намуда бошад. Гумон мекунам, ки ин танҳо «эҷодиёти навоваронаи» раиси иттифоқи касабаи мадди назар ва шарикони ӯ аст. Фикри Шумо чист?

-Бисёр мехоҳам, ки фикри мегуфтагиамро сабук баён кунам. Аммо вожаҳои мувофиқ намеёбам. Ба ҳар ҳол чунин кори раиси иттифоқи касаба ва шариконаш шабеҳи кори одамони камфаҳму камақл аст. Ман ҳам дар тамоми собиқаи кориам ин тавр шуданашро бори аввал донистам. Хулоса, ин гуна санад ҳеч гоҳ ва дар ҳеч маврид бо қарори ҷаласаи иттифоқи касаба тартиб дода намешавад. Иттифоқи касаба набояд ба ин масъала дахолат кунад. Ташаббус нишон додану иштироки фаъолона варзидани раиси он, камоли бемаънигӣ аст, исботи баҳснопазири вазифаи худро умуман надонистанаш ва шаҳодати ба ин вазифа тасодуфан интихоб шуданаш мебошад.

амин масъаларо боз ҳам дақиқтар кардан мехоҳам: Оё дуруст мешавад, агар санад дар хусуси интизоми меҳнатро вайрон намудани корманд танҳо аз ҷониби раиси иттифоқи касаба, ҳамаи муовинони директор ва котибкоргузори ӯ тартиб додаю имзо карда шавад?

Раиси иттифоқи касаба ва дигар аъзои мақомоти интихобии он (кумита) ҳимояткунандаи ҳуқуқу манфиатҳои корманд ҳастанд, на ҷазодиҳандаи ӯ. Биноан, ширкати онҳо дар тартибдиҳии чунин санад нодуруст мешавад.

Қисми дуюми савол. Тартибдиҳии санад танҳо бо иштироки ҳамаи муовинони директор ва котиб-коргузори ӯ маъмул нест. Маъмул он аст, ки санад бо ташаббуси кордиҳанда, вале аз ҷониби роҳбари бевоситаи корманд, ҳамкорон, ҳамутоқон ва умуман онҳое, ки аз вақту соати интизомвайронкунии ӯ бевосита ва дақиқ огоҳ ҳастанд, тартиб дода мешавад. Бо санади тартибдода, кормандро шиноскунондану имзои ӯро гирифтан ҳатмӣ аст. Боз ҳам саҳеҳтар мешавад, агар баёноти ӯро низ бигиранд. Яъне, вай сабабҳои рухдиҳии интизомвайронкуниашро тарзи хаттӣ баён намояд.

-Ба аъзогии мақомоти интихобӣ шомил шудани директори мактаб ва ҳамаи муовинони ӯ қонунӣ аст?

-Директор ва муовинонаш корфармо ҳастанд. Онҳо наметавонанд дар қайди ташкилоти иттифоқи касабаи корхонае бошанд, ки худашон роҳбаранд. Бинобар ин, бояд дар ташкилоти дигари иттифоқи касаба аъзо шаванд. Аз ин рӯ, ба мақомоти интихобии иттифоқи касаба шомилшавии онҳо номумкин аст.

-Дар ҷаласае, ки иттифоқи касаба масъалаи бо ташаббуси корфармо қатъ намудани шартномаи меҳнатии кормандро баррасӣ мекунад, бояд танҳо аъзои худи кумита иштирок кунанд ё директори мактаб ҳам бо ҳамаи муовинону котиб-коргузораш ҳуқуқи иштирок кардан доранд?

-Роҳбарияти корхона, аз ҷумла директори мактаб бо муовинонаш дар чунин ҷаласа иштирок карда наметавонанд. Агар масъулини гузаронидани ҷаласа лозим донанду даъват кунанд, танҳо худи директор ё яке аз муовинони ӯ, ё каси дигар ба сифати намояндаи кордиҳанда дар ин гуна ҷаласа ширкат меварзанд, танҳо чун шахси даъватшуда ва бе ҳуқуқи овоздиҳӣ.

-Дар ҷаласаи иттифоқи касаба, ки барои муҳокимаи масъалаи бо ташаббуси кордиҳанда қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ баргузар мешавад, суханронӣ намудани танҳо раиси иттифоқи касаба, директори мактаб ва муовинҳои ӯ оё дуруст аст ва қарори қабул намудаи ин гуна ҷаласа қонунӣ аст?

-Ҳар аъзои иттифоқи касаба метавонад, ки дар ҷаласа суханронӣ намояд. Дар ин гуна ҷаласа суханронии иштирокчиёни даъватшударо низ қонун манъ накардааст. Аммо як таҷрибаи «талхи» ҳаётӣ ҳаст: Дар ҳоли суханронӣ намудани танҳо роҳбарон, ба хусус раиси иттифоқи касаба, дигар аъзои кумита зери таъсир ё фишори онон мемонанд, ки дар натиҷа имкони қабулкунии қарори ноодилона фароҳам мешавад. Биноан, мардуми таҷрибадор мақоми интихобии иттифоқи касабаро аз ҳисоби онҳое таъсис медиҳанд, ки фикр ва сухани худро дошта бошанд. Андешаашон тобеъи андешаи роҳбарон набошад ва дар баррасии масъалаҳо мустақиму мустқил бошанд.

-Мисоли воқеӣ: Раиси иттифоқи касаба ва директори муассисаи таълимӣ то андозае саргарми дурӯғу туҳматбофиҳои хеш шудаанд, ки ҳатто дар рӯзҳои ғайрикории худ ба мактаб наомадани кормандро чун ба кор набаромадани ӯ ҳисобидаанд ва бо ин сабаб ӯро аз кор рондаанд. Зиёда аз ин, ҷаласаашонро рӯзи душанбеи 24.01.22 гузаронида, як шабонарӯз пештар дар «фолашон» муайян кардаанд, ки «фалонӣ» рӯзи сешанбеи 25.01.22 ба кор намебарояд».

Ин гуна амали раиси иттифоқи касабаю директори мактабро қонун чӣ тавр баҳо медиҳад?

-Ин гуна амал ба гуруҳи ҷиноятҳои омодакунии ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва туҳмат дохил мешавад. Муайянкунии баҳои ниҳоияш танҳо ваколати суд мебошад.

-Ба қайдгирӣ ва ҳуҷҷатгузории вайронкунии интизоми меҳнат қонунан аз ҷониби кӣ бояд иҷро шавад? Кордиҳанда ё иттифоқи касаба?

Ин яке аз вазифаҳои асосии кордиҳанда аст. Ба иттифоқи касаба дахл надорад.

-Бевосита дар маҷлис «хоҳиш» кардани директор аз раиси иттифоқи касаба дар хусуси он ки «нисбати корманди мактаб чораҳои таъхирнопазир андешад», оё дуруст аст? Магар чораро худи кордиҳанда намеандешад?

-Нодуруст аст. Чораро худи кордиҳанда бояд андешад.

-То замони бамиёнгузории масъалаи аз кор рондани корманд, барои ислоҳи ӯ чӣ гуна чораҳои таъсиррасонии пешакӣ бояд тадбиқ карда шаванд?

-Мувофиқи нишондоди моддаи 62-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввал сарзаниш, баъд танбеҳ, пасон танбеҳи қатъиро чун ҷазоҳои интизомӣ тадбиқ кардан зарур аст. Бе тадбиқи пешакии ин ҷазоҳо бекоркунии шартномаи меҳнатӣ нодуруст мебошад, ба ғайр аз ҳолатҳои алоҳидае, ки қонунгузорӣ муайян намудааст.

атъкунии шартномаи меҳнатии корманде, ки интизоми меҳнатиро вайрон намудааст, бояд бо ташаббуси кӣ сурат бигирад? Кордиҳанда ё иттифоқи касаба?

-Албатта, кордиҳанда. Лекин ӯ пеш аз озод намудани корманд, масъаларо бо мақомоти интихобии иттифоқи касаба ҳатман ва тарзи хаттӣ мувофиқа мекунад. Мақомоти иттифоқи касаба асоснокии пешниҳоди корфарморо ҳамаҷиҳата омӯхта, дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории меҳнат дар давоми 10 рӯз тариқи ҷаласа баррасӣ менамояд. Гузаронидани ҷаласа бе иштироки корманд ва шунидани баёноти ӯ мумкин нест. Дар сурати ба ҷаласа ҳозир нашудани ӯ ё намояндааш, баррасии масъала то ҷаласаи дигар дар доираи муҳлати 10 рӯза мавқуф гузошта мешавад. Дар ҳоли боз ҳам бесабаби узрнок ба ҷаласа наомадани корманд ё намояндааш, мумкин аст, пешниҳод дар ғайби ӯ баррасӣ гардад.

-Оё дуруст аст, ки директори мактаб омӯзгорро танҳо дар асоси протаколи «Ҷаласаи Кумитаи иттифоқи касаба» аз кор озод намояд?

-Кордиҳанда – директор кормандро бояд дар асоси далелу санадҳои доштаи худаш аз кор озод кунад. Зеро протакол ё иқтибос аз он ва ё ҳуҷҷати дигари додаи иттифоқи касаба, ҳамагӣ шуда розигии иттифоқи касаба аст, оид ба якҷониба қатъкунии шартномаи меҳнатӣ, на аз ин беш. Он ҳаргиз наметавонад, ки барои аз кор рондани корманд чун ҳуҷҷати асосӣ ва ҳалкунанда бошад.

-Корманде, ки ҳатто бо розигии иттифоқи касабаи корхона аз кор озод шудани худро ғайриқонунӣ мешуморад, баъд аз чанд рӯзи фармоишро ба даст гирифтанаш ба иттифоқи касабаи болоӣ барои кумак муроҷиат карда метавонад?

-Дар давоми як моҳ.

Қарори ташкилоти ибтидоии иттифоқи касабаро кадом сохтор бекор мекунад?

-Ташкилоти болоии иттифоқи касаба ё худи кумитаи иттифоқи касаба.

-Барои суҳбат аз Шумо сипосгузорам.

-Ташаккур!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь