Дар шаҳри Қазони Русия 10-уми сентябр филми ҳунарии “Беҳтарин”–и Муҳсин Раҳимӣ, коргардони қувайтӣ, ки дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, намоиш дода шуд. Филм дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи соли 2017 тасвирбардорӣ шудааст ва он дар бораи қиссаи вафодории як фарди миёнсол нисбат ба ишқи нофарҷоми ӯ дар ҷавониаш нақл мекунад.
– Ба хотири маҳдудиятҳои молӣ ва шароити куруно тадвини ин филм бо таъхири чандсола анҷом шуд ва филм дар моҳи майи соли 2021 ба сурати ниҳоӣ омода шуд. Пахши он дар ҷашнвораҳои филм шуруъ шуда ва мо дар ҷашнвораи маҳаллӣ дар Торонтои Конодо финолист шудем. Ҳузур дар ҷашнвораҳои дигареро ҳам дар оянда хоҳем дошт,- гуфт дар яке аз суҳбатҳояш коргардони филм Муҳсин Раҳимӣ.
Муҳсин Раҳимӣ, аслан ошноиро ба сарзамини Тоҷикистон тавассути сафири Тоҷикистон дар Давлати Қувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода ба даст овард. Муҳсин худ мегӯяд, ки оқои сафир барояш дунёи тоҷикиро нишон дод ва оид ба ҷашну маросимҳои кишвари Тоҷикистон маро мафтун кард. Ва ман пас аз он бо сафири муҳтарам Зубайдуллоҳ Зубайдзода робита барқарор намуда, пайваста иттилоъ мегирифтам. Ва ҳамин мафтун шуданҳо ва дилбохтанҳоям буд, ки маро ба Тоҷикистон кашонид. Ва солиёни мадиде, ки мехостам як филмномаеро бо номи “Беҳтарин” рӯи навор биёрам, бароям дар ин сарзамини сарсабзу хуррам даст дод. Ва онро офаридам. Дар ҳамин равия коргардони қувайтӣ ба суоли он ки филми «Беҳтарин» чӣ иртиботе бо Наврӯз дорад, посух дод, қиссаи филм се рӯз қабл аз Наврӯз иттифоқ меафтад ва то нимаи аввали рӯзи Наврӯз идома меёбад. Филм бадеӣ – документалӣ буда, 91 дақиқаро дар бар мегирад.
Филм дар шаҳри Душанбе, Қалъаи Ҳисор, деҳаҳои Қиблаӣ (ноҳияи Рӯдакӣ), Лоёб (шаҳри Ҳисор), шаҳри Турсунзода ва рустоҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ наворбардорӣ шудааст.
Муҳсин Раҳимӣ журналист ва коргардони қувайтӣ аст. Ӯ то ҳоло дар бораи шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик чанд барномаи телевизионӣ таҳия карда, дар бораи ҷашни Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар рӯзгори мардуми тоҷик як мустанад ва филми ҳунарие низ сохтааст. Ва дар оянда низ бар он аст, ки барои шинохти Тоҷикистону тоҷикистониён аз фарҳангу тамаддуни тоҷикӣ ба ҷаҳониён филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиеро пешкаш намояд.
Ба мо даст дод, ки аз наздик бо Муҳсин суҳбате дошта бошем ва инак:
– Номи “Беҳтарин” чӣ гуна пайдо шуд ва чаро “Беҳтарин”?
– Ин ду посух дорад. Якумаш ин ки, ман дар навҷавониям ошиқ шудам. Бетаҷрибаи ҳаёт будаму ҳамон маъшуқаи худро Беҳтарин садо мекардам. Чашмонам ғайр аз хубиҳои ӯ касеро намедид. Аз ин рӯ, ман вайро Беҳтарин садо мекардам. Мегуфтам, ки ту беҳтарини ман ҳастӣ. Ин таҷрубаи шахсии ман аст, вақте ки бо одамон аз наздик шинос шудам ва фикр мекардам, ки ҳамин маъшуқаи ман аз ҳамаи одамон беҳтарин аст… Ва чун бузург шудаму бо чашми дигар назар кардам, маълумам шуд, ки аз он маъшуқаи ман боз беҳтаринҳо будаанд, ки ман намедидаам. Ҳамон нафареро, ки ман беҳтаринаш мехондам, баъдан дидам, ки беҳтарин набудааст. Ва дигараш беҳтаринро барои он интихоб кардем, ки чун Сиёваш 25 сол боз як касро дӯст дорад ва номашро гузоштааст Беҳтарин. Ҳозир дар даҳаи панҷум аз зиндагияш кашф мекунанд, ҳамун ҳам беҳтарин набудааст. Аслан мо чизе ба номи беҳтарин надорем. Ҳамеша аз беҳтарин ҳам боз як чизи беҳтарине ҳаст. Ба ҳамин хотир филмро ном гузоштем Беҳтарин. Аз аввал то ба охир мардум дунболи як беҳтарин мегарданд.
– Оё мақсади шумо он аст, мехоҳед бигӯед, ки ҳама чизро бо фаросат, бо чашми ақл бояд дид?
– На, ин ҳам намешавад. Инсон боястӣ дар як роҳе биравад. Масалан Фурӯғи Фаррухзоди шоир як гапи муҳиме дорад. Мегӯяд, ки “ба ман мегӯянд, ки аз ин роҳ марав, сарат ба санг мехӯрад, аммо ман, ки бо пойҳоям меравам, чӣ хел сарам ба санг бихӯрад? Меравам, роҳ хато аст, мефаҳмам, сарам ба санг мехӯрад, мафҳумашро мефаҳмам”. Аз назари фалсафӣ, ин ки мегӯянд як касро бо чашми дил ва фаросот бинӣ, барои ин таҷруба даркор аст. Муҳсини 19-сола давлатро намешиносад, Тоҷикистонро намешиносад, бо Зубайдуллоҳ ошно нест, Урупоро намешиносад, китоб кам хондааст, ӯ боястӣ ин масирро тай кунад. Инсон бароянди таҷрубаҳояш аст. Бароянди роҳҳое, ки рафтааст, китобҳое, ки хондааст, одамҳое, ки дӯст доштааст, дӯстиҳое, ки вайрон шудааст, мусиқиҳое, ки гӯш додааст, манзараҳое, ки дидааст, хабарҳои хубу баде, ки шунидааст, одамҳое, ки аз даст додааст. Инсон бароянди ҳамаи ин аст. Пас аз он, ки ҳамаи инро дар ҳаёт дид, метавонад бо чашми фаросат бинад. Ту наметавонӣ як одамеро, ки дар 22-солагӣ ошиқи як духтар шудааст, сарзаниш кунӣ.
– Вақте ки филмро меофаридед, пайдо кардани актёрҳо, пайдо кардани пейзажҳо ба он чӣ дар сенария қаблан навишта будед, ҳамоҳангӣ мекард? Чун ин филм дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудаву сенария дар Қувайт навишта шудааст, дар рафти наворбардорӣ ба сахтӣ дучор омадед?
– Ҳич коре бе сахтӣ нест. Аммо агар ҳадаф бошад, умед бошад, натиҷа ҳам мегиред. Вақте ки ман сенарияро навиштам, ҳамон сенарияи навиштаро 60 фисадашро натавонистем дар Тоҷикистон амалӣ кунем. Яъне “Беҳтарин” бо сенарияаш 60 дар сад фарқ мекунад. Осмон ҳам бо мо насохт. Вақте офтоб мехостем, борон меомад ва вақте борон мехостем, ҳаво офтобӣ буд. Мушкилоти бисёре доштем, аммо чун хати асли филм навишта шуда буд, мо аз рӯи он амал кардем. Дар интихоби актёрҳо мо тест гирифтем. Масалан вақте ки ман бо тоҷикон шинос шудам, аз соли 2015 фикр мекардам, ҳамин як касе дар филми “Беҳтарин” кадом як нақше дорад. Ҳамин Давлат Раҷабовро, ки актёри касбӣ нест, ман дар як нишасте, ҳангоме ӯ рубобро бардошту овоз мехонд, ман дар даст камера доштам, ӯро сабт кардам ва аз ӯ пурсон кардам, ки “номи ту чӣ ҳаст?”. Гуфт Давлат. Ҳамон сабтро то ҳол дорам. Ҳамон замон вайро ба унвони номзад интихоб кардам. Ӯ буд, Шуҳрат Ёров ва боз чанди дигаре. Вале, дар натиҷаи омӯзишҳо Давлат итихоб шуд. Ва бо худ қарор додам, ки ӯро ба ҳайси яке аз қаҳрамонҳои “Беҳтарин” даъват намоям. Ҳамин тавр ҳам шуд. Бароям бо ӯ кор кардан басо осон буд.
– Барои оянда боз мехоҳед, ки дар Тоҷикистон филм ба навор гиред?
– Агар заминаҳо пайдо шаванд, агар шароит барои сохтани филм муҳайё бошад, бале, ман омода ҳастам, ки боз филмеро дар Тоҷикистон бисозам.
– Магар он ҳам ба Наврӯз алоқаманд аст?
– Бале, он достон дар рӯзҳои Наврӯз аст. Аммо нигоҳи асосии мо ба чакан аст. Яъне нақши чакан дар Наврӯз. Вале филм қисса дорад. Як нафар рӯзноманигор дорад дунболи чакан, пайи пайдо кардани як чакани бисёр арзишманде, ки бо санъати олӣ дӯхта шудаасту дар он ҳафт хони Рустам таҷассум гардидааст.
– Филми шумо, ки дар фестивали бонуфузи Қазон пешниҳод гардидааст, шумо худаторо ҳамчун як Муҳсини шарафёта, ҳамчун як филмофари муваффақ ва ё ҳамчун як Давлату Муҳсини ба мақсад расида меҳисобед?
– Ишқ маркаб аст, мақсад нест. Хеле шодам, ки филми мо дар фестивал миёни 880 филм дар қатори 10 филми беҳтарин ҷойгоҳ дорад. Омадани як филм дар фестивал, пазируфтани ин филм дар фестивали мисли Қазон, ки аз эътибори бисёр бархӯрдор аст, нишони он аст, ки филми мо ҷавобгӯ ба истондарт аст. Гап дар он аст, ки муваффақият дар чист? Аммо дар пушти ин филм ман бо одамон дар Тоҷикистон шинос шудам. Ба хонаҳои рустоиҳо рафтаам, бар сари суфраҳояшон нишастаам. Нону намак хӯрдагӣ ҳастем. Ин филм сабаби он ишқ аст, ки бо одамони тоҷик ҳамроҳ шудам. Ҳоло дар ин фестивал ба мо ҷоиза диҳанд ё надиҳанд, муҳим нест. Муҳим он аст, ки мо кори худро кардем. Ва ин нуқтаи назари мо қобили таваҷҷуҳ аст.
– Аз ин ҷашнвора чӣ чашминтизорие доред?
– Ман намегӯям, ки интизори чизе нестем, аммо бояд иқрор шавам, ки назари дигарон ба филм чигуна аст, ба он чӣ гуна менигаранд, бароям болотар аз ҳамаи ҷоизаҳост. Ҷоиза чист? Ба андешаи ман, он мисли ҳамон яхмосест дар биёбони сӯзони араб, ки лаҳзае ташнагӣ мешиканад, дигар ҳич! Чун яхмос тамом шуд, дигар чизе боқӣ нахоҳад монд. Аммо ман нигарони онам, ки офаридаи мо бори маънӣ мекашад ва доираи тамошобинаш низ оддӣ нест. Ин биниши волое мехоҳад, то нозукиҳову зебоиҳо ва фарҳангу тамаддунро дарк намояд.
– Шумо ба мақсади дар назди худатон гузошта оид ба офаридани ин филм расидед?
– Ман ба ҳайси як одами фарҳангӣ то соли 2014, чӣ хеле ки имрӯз Тоҷикистонро мешиносам, намешинохтам. Фарҳанги амиқу асили тоҷиконро намешинохтам. Ин хато аз ман нест бештар. Муаррифии Тоҷикистон ҳам аз назари фарҳангӣ пурра набудааст. Чун шумо мегӯед, ки ба мақсадат расидӣ, ман мегӯям, ки на. Намешавад, ки бо як филм коре кард. Дар пеш нақшаҳои ҷолибтаре дар зеҳн дорем. Ман ба шумо як гап мегӯям, ки хеле муҳим аст. Агар шумо як сангрезаеро ба рӯдча биандозед, чӣ рух медиҳад? Мавҷ мезанад, бале. Аммо мавҷ он қадар бузург нест, ки омада моро биканад. Вале ту ба ман нагӯй, ки он ҷо, ки санг уфтода, мавҷ ба амал наомадааст, мавҷ ба амал омад, лек он кӯчак буд. Ва филми Беҳтарин” низ муваффақияташ дар ҳамин аст, ки як мавҷеро ба миён овард.
– Шумо дар кишваре зиндагӣ доред, ки мардум билкул ба Наврӯз пайванде надоранд ва онро хуш қабул надоранд, вале шумо ҷуръате карда, бо як сари баланд пайи офаридани филмномае аз Наврӯз шудед. Сабаби ин дар чист?
– Бале, ин бисёр суоли муҳим. Ман дар байни арабҳо таваллуд шудаву бузург гаштаам. Мо 22 кишвари арабӣ дорем ва кишварҳои дигар. Як хатои бузурге ҳаст, ки бисёриҳо фикр мекунанд иди Наврӯз – ин иди динӣ асту иди Зардушт. Камтар кас медонад, ки ин ид иди табиат аст, иди эътидол аст, иди деҳқонон аст, баробаршавии шабу рӯз аст. 21 морт баробаршавии шабу рӯз аст. Асоси Ҷамшед эътидол будааст. Ман ҳаминро ҳадаф кардааму муаррифӣ мекунам. Бо ҳамкорону рафиқони арабиам вақто ки дар баҳс менишинам, бениҳоят сахт метавонам қонеашон кунонам, ки Наврӯз чӣ асту он чӣ фарҳангеро бархӯрдор аст.
– Чаро Наврӯз? Муҳсин, ту, ки дар байни арабҳо бузург шудаӣ, чаро ягон иди арабиро мавриди таваҷҷуҳ қарор надодаӣ ва ё чаро як филми пурмоҷарои ошиқона ва ё пур аз ҷангу куштор, ки хоси имрӯз аст, наофаридӣ ? Ва ин Наврӯз офаридан чӣ маънӣ дорад?
– Пайванди ман бо Наврӯз хеле амиқ аст. Ман дар кӯдакӣ ҳамин ки ирониҳо дар Наврӯз дар Қувайт ҷамъ мешуданд, тайи як сол ҳамин чанд рӯз хеле иронӣ будем ва ман онро хеле дӯст доштам. Мо ки дар кишварҳои арабӣ умр ба сар мебарем, хели арабҳо зиндагӣ мекунем. Тиливизун арабӣ, мусиқӣ арабӣ, кӯча арабӣ, дар қадим, ки моҳвора набуд ва имкони тамошову гӯш кардани мусиқиву филмҳои аҷдодиро надоштем. Мо дар ҳамин чанд рӯз хонаводаҳои иронитабор ҷамъ мешудему иронивор зиндагӣ мекардем. Ва ман бисёр шод мешудам. Ва ман ҳама ишқу динамро ба ҳамин хурсандӣ додам.
– Дар фароварди сухан дилат чӣ мехоҳад бигӯӣ?
– Ман ин матлаъро бо овози баланд мехоҳам бигӯям, бародарони азиз Зубайдулло, Давлат, Мухтор, Сафар, Шуҳрат ва Вазорати корҳои хориҷии муҳтарам, ман наомадам, ки фарҳанги шуморо ба тоҷикистониён нишон бидиҳам. Ман омадаам ва дилам мехоҳад, ки фарҳанги асили тоҷиконро ҳамон тавре, ки дуруст аст, дурусташро тавре, ки истондарт асту арабҳо мешинанд то охири филм тамошо мекунанд, филмро бисозам. Чаро ки ман 20 сол аст, ки дар родиову тиливизуни араб кор мекунам ва ин истондартро хуб мешиносам.
– Хоҳони сарафрозиву комёбиҳоят ҳастам!
– Сипос!
Мухтор БОҚИЗОДА