Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, агар умр вафо мекард, моҳе қабл, 10-уми октябр 85-сола мешуд. Нақши Маҳмудҷон Воҳидов дар санъати миллӣ басо арзишманд дониста мешавад ва намоишҳои офаридаи ӯ дар мисоли “Гуфтугӯ бо худ” ва “Алломаи Адҳам” шоҳкории санъати асил ҳисоб шуда, ба хазинаи тиллоии фарҳанги миллӣ дохил гардидаанд.
Мавсуф охири моҳи октябри соли 1977 бо як ҳайат ҳунармандон озими Бағдод, пойтахти Ироқ шуд ва шаби 8-уми ноябр дар як ҳодисаи мармуз ҷон бахт. Ҷасади ӯ рӯзи 12-уми ноябр дар Душанбе ба хок супорида шуд.
Ӯ 38 сол умр дид ва дар камолоти ҳунараш аз олам даргузашт. Бо гузашти қариб 50 сол аз даргузашти ин ситораи тобони санъати тоҷик ҳанӯз моҷарои марги мармузи ӯ ошкор нашудааст, вале хотираҳояш ӯро зинда нигоҳ доштааст.
Ба муносибати 85-солагии мавлуди ҳунарвари номвар ва зиндаёд Маҳмудҷон Воҳидов мо бо яке аз дастпарварони мавсуф – Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Нурулло Абдуллоев перомуни хотирот ва корномаи мавсуф мусоҳиба оростем ва баъзе ҷузъиёти марги ӯро ошкор кардем.
“Маҳмудҷон-ака истеъдодёб буданд”
– Шумо дар намоишномаи “Алломаи Адҳам” нақши ноиби қозикалонро офаридаед. Аз ин намоиш ва нақшофарӣ бо Маҳмудҷон Воҳидов чӣ гуна ёд мекунед?
– Ин аввалин нақшест, ки баъди иҷрои он фаҳмидам ҳунарпешаам ва ҷои корам театр ном дорад ва ба ин васила гуфта метавонам, ки Маҳмудҷон-ака (манзур Маҳмудҷон Воҳидов, – мусоҳиб) истеъдодёб буданд.
Рости гап, дар нақши ноиби қозикалон ман аз ҳама “гапшунав” будам. Маро ҳама ҷанг мекарданд ва аз ҳама бештар Маҳмудҷон-ака. Мегуфтанд, ки чаро ту аз худ баромада наметавонӣ… Баъзеҳо мегуфтанд, ки чаро ман касби ҳунармандиро пеша кардаам, беҳтар буд, ки дар қишлоқ молбонӣ мекардам.
Танҳо он шабе, ки мо бояд намоишномаи “Алломаи Адҳам”-ро дар якҷоягӣ ба Вазорати фарҳанг ва тамошобин месупоридем, як қисми либосам даргирифт. Ман ба назди гримёр рафта, грими дигар кардам. Либосамро ҳам ба шакле пӯшидам, ки дар вақти машқ намепӯшидам.
Дар саҳна хонаи Алломаро дар як лаҳза ба порухона табдил додам, китобҳоро зери по кардам ва ҳангоме ки бо ғазаб ба сӯи Аллома (Ато Муҳаммадҷонов) нигоҳ кардам, вай ҳатто аз тарс ду – се қадам қафо рафт. Ва пас аз он ки ба сафири рус (Маҳмудҷон Воҳидов) нигоҳ кардаву аз дил мегузарондам, ки “Ин паканаи зард дар Бухорои ман чӣ номаъқул мекунад” – оҳиста “ух ты…” гуфтани Ато-ака ба гӯшам расид.
Баробари пӯшида шудани парда, ба “саломи тамошобин” наистода, ба сӯи гримхонаам, ба ошёнаи сеюм давидам. Фикр мекардам, ки ҳамаро расво кардам… Вале баробари аз дар даромаданам дар пойгаҳи дар Маҳмудҷон-ака ва Ато-ака пайдо шуданд.
– “О, мана, мешудааст-ку!”, – гуфтанд Маҳмудҷон-ака.
Мо – ҳар се ҳамдигарро ба оғӯш кашида, аз ҳама охир ба “саломи тамошобин” баромадем. Ин нақш ҳунари маро кашф кард ва аз ин рӯ бароям басо азиз ва хотирмон аст.
Вақте “майда-чуйда”-и театр дер мекунанд…
– Аз Маҳмудҷон Воҳидов боз чӣ ангораҳои зебо доред?
– Ангораҳои хотирмону ширин зиёд дорам, ки ҳар боре ба ёд оварам, шод мешавам ва ба ҳар касе нақл кунем, завқ мебарад. Дар аввалҳои фаъолияти кориамон рӯзе бо Зулхумор Иброҳимова назди даромадгоҳи хидматии Театри Лоҳутӣ мунтазири автобус будем. Мо бояд соати 15:00 дар мактабе намоиши кӯдакона мегузарондем. Ҳамин вақт Гурминҷ Завқибеков (директори театр), Хушназар Майбалиев (саррежиссёр) ва қориён Ато-ака ва Маҳмудҷон-ака барои хӯроки нисфирӯзӣ ба кафеи “Ленинобод” равона шуданд ва моро низ ба хӯроки чошт даъват карданд.
Вақти баргаштан, автобус аллакай омода буд ва Назаров – “пахан”-и театр (администратори собиқадор, ки ӯро шӯхиомез “пахани зона” мегуфтанд) бесаброна ва ғазаболуд интизори мо буд. Ҳангоми наздик шудан, ӯ бо ишораи даст соаташро нишон медод. Маҳмудҷон-ака ҳазломез ишора карданд, ки “Мо тезтар биёем?”.
Пахан бо ғазаб гуфт: “Не, ман ба шумо бузургон кор надорам, ман ҳӯ майда-чуйдаи аз қафо омадаистодаро мегӯям”.
Маҳмудҷон-ака шӯхиомез гуфтанд:
Мо – бузургон пеш-пешу нобузургон аз қафо.
Ман дарҳол бо ҳамон вазн дуюм мисраъ бофта, илова кардам:
Меравем сӯи театр, маркази ҷабру ҷафо!
Маҳмудҷон-ака хандида гуфтанд: “Барои ҳамин мисраъ шуморо ба дасти пахан месупорем!”.
Аммо ҳама вақт Маҳмудҷон-ака моро бисёр эҳтиром мекарданд ва ҳамеша дасти ёрӣ дароз менамуданд.
Ёрии хотирмону зиндагисози Маҳмудҷон Воҳидов
– Аз кадом “дасти ёрӣ дароз кардан”-и Маҳмудҷон Воҳидов ёд мекунед?
– Боре ман дар яке аз филмҳо ҷароҳати вазнин бардоштам ва чеҳраам сахт ярадор шуду устухони биниям шикаст. Маро дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ карданд ва духтурон гуфтанд, ки бо сабаби он ки ҷароҳаташ ваҳим аст, ду сӯи биниро бурида, устухонҳои шикастаро тоза мекунем.
Аз ин ҳодиса Маҳмудҷон-ака ва Ато-ака ба дидорам омаданд, бо духтурон дар бораи вазъи саломатиам гуфтугӯ карда, аз ин нақшаи онҳо огоҳ шуда, комилан мухолифат карданд.
– “Нурулло ҳунарпешаи ҷавон аст ва мо аз ӯ умеди калон дорем”, – гуфтанд Маҳмудҷон-ака ва идома доданд, – “агар ин гуна ҷарроҳӣ кунед, дигар ӯ на ба саҳна баромада метавонаду ва на филм нақш бозида. Вай бояд бо театру кино ва бо касби актёрӣ, хайрухуш кунад. Аз ин рӯ, дигар роҳашро ёфтан лозим аст!”.
Онҳо ҳамроҳи Мушаррафа Исмоилова, ҳамсари Ҷӯрабек Муродов, ки духтури фониатри бемористони Қарияи Боло буд, сабаб шуданд, ки ду ҷарроҳи номдор,- Калштейн ва Исҳоқӣ ин ҷарроҳиро дар давоми чор соат, тарзе гузаронданд, ки ман дар театру синамо боқӣ мондам. Ин ҳам аз ташаббускориҳову дасти ёрӣ дароз карданҳои маҳз Маҳмудҷон-ака буд, ки то ба ҳол дар ҳаққашон дуогӯ ҳастам.
“Ин ҷисми беҷони Маҳмудҷон-ака аст…”
– Аз марги мармузи Маҳмудҷон Воҳидов чӣ гуна огоҳ шудед ва онро чӣ гуна пазируфтед?
– Ин хабари нохуш ва даҳшатнок ба мо вақте расид, ки аҳли театр дар рӯзи истироҳатамон дар яке аз заминҳои ноҳияи Ҳисор пахтачинӣ мекардем. Ва хабарро ба мо ҷонишини директор Соро Эшонхоҷаева оварданд, ки гӯё худашон дарун-дарун хун мегиристанд…
Чанд рӯз пеш овозае паҳн шуд, ки дар Бағдод ҳодисаи нохуше рух додааст, вале касе хабар надошт, ки он чӣ ҳодиса аст. Вақте ҳайати ба Ироқ сафаркарда ба Душанбе баргаштанд, миёнашон Маҳмудҷон-ака набуданд.
Намояндагони КГБ ба Театри Лоҳутӣ омада, чанд нафар, аз ҷумла Фаррух ва Хуррам Қосимовҳо, Самеъҷон, Жения ва маро барои шиносоии марҳум даъват карданд. Осеби шадиди сар ва шикастагии даст сабаб шуд, ки мо устодро нашинохтем. Ё аслан қабул кардан намехостем, ки он майит Маҳмудҷон Воҳидови нотакрор аст… Танҳо пас аз кӯмаки гримёр тасдиқ гардид, ки он ҷисми беҷони Маҳмудҷон-ака аст.
– Он вақт масъулини КГБ ҷузъиёти ин ҳодисаро ба шумо гуфтанд ё шумо пурсидед, ки чӣ воқеа рух додааст?
– Он вақт мегуфтанд, ки шаби 8-уми ноябр Маҳмудҷон аз 7-ум ошёнаи меҳмонхонаи Бағдод ба поён афтода, ба мошини боркаш (борти Бортовой) зада, қариби субҳ ҷон супурдааст.
Маҳмудҷон Воҳидов кушта шуд?
– Ба иддаоҳое, ки гӯё Маҳмудҷон Воҳидовро касе аз балкон ба зер тела додааст, бовар доред? Ё фикр мекунед, ки ин ҳодиса тасодуфӣ буд?
– Чунин сару садоҳо буданд, вале то ҷое маълум шуд, ҳодисаи ногаҳонӣ ва ғайриинтизор буда… Аммо натанҳо барои ман, балки барои тамоми ҷумҳурӣ осон набуд ва касе бовар кардан намехост, ки дигар Маҳмудҷон-ака дар байни мо нест ва дар рӯи саҳна ҷои ӯ холист.
“Бе ҳузури Маҳмудҷон хун гиристем”
– Баъди марги Маҳмудҷон Воҳидов театр ва ҳунармандон чӣ ҳолу рӯз доштанд?
– Ман ёд дорам намоиши “Медея”-ро, ки аввалин намоише буд, пас аз реҳлати Маҳмудҷон-ака… Дар ин намоиш он кас ҳамроҳи Ато-ака нақши Креонтро бозӣ мекарданд. Пас аз додани чил, фармон шуд, ки намоиш бори дигар ба саҳна гузошта шавад. Ҳама дар ҳаяҷон будем. Дар намоиш қариб тамоми ҳунармандони театр банд буданд. Саҳнаҳои умумию оммавӣ хеле зиёд буд. Ман нақши муаллими кӯдакони Медеяро иҷро мекардам.
Дар аввал гӯё ҳама чиз муқаррарӣ буд, вале ҳангоме, ки Креонт (Ато-ака) ба саҳна баромаданд, саҳна ба мотамсаро табдил ёфт. Ҳама мегиристанд. Дарун дарун месӯхтанд. Вале инро тамошобин бояд пай набарад. Ато-ака баробари аз саҳна берун шудан кулис – пардаи театрро мегазиданд, фиғонашон ба гӯши тамошобин нарасад ва пас аз лаҳзае бо ҳамон ғазаби Креонт вориди саҳна мешуданд…
Ин як даҳшате буд, ки сухан аз ифшои он оҷиз аст. Мо ҳама дар либоси Креонт Маҳмудҷон-акаро медидем. Ва вақте ба Креонт мегуфтам, ки, – “тифлаконашро наҷот диҳад, зеро модарашон Медея онҳоро куштанист”, – аҳволи Ато-акаю маро фақат Худо медонисту бас…
Дар марги Маҳмудҷон-ака на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт…
“Маҳмудҷонро мӯйсафедони зодгоҳаш ба хок супориданд”
– Маросими видоъ бо Маҳмудҷон Воҳидов чӣ гуна баргузор шуд ва ин ҳунарвари шаҳирро чӣ гуна ба хок супориданд?
– Маросими хайрбод басо сахт гузашт ва ҳеҷ кас ба ҳоли худаш набуд. Бо вуҷуди ҳамаи кӯшишҳо, Москва қарор дод, ки хайрбоди Маҳмудҷон-ака бо тобути сарпӯшида гузарад. Тобутро бо сарпӯши маҳкам дар фойеи Театри Лоҳутӣ гузоштанд. Посбонҳои фахрӣ ҳам ҳар даҳ дақиқа иваз мешуданд. Маросим чандин соат давом кард, ҳама мегиристанд…
Вақти ба хок супоридан, болои марқадро бо матои калоне пӯшониданд ва дар ҳамон чуқурии марқад, сари тобутро кушода майитро, ки мӯйсафедони аз деҳаи марҳум омада, шуста ва кафан карда буданд, бароварда ба дарун, ба лаҳад гузоштанд ва лаҳадро маҳкам карда, тобутро дар ҳамон чуқурии марқад монданд ва ба болояш хок партофтанд…
Шояд ҳамин сабаб шуда бошад, ки овозаҳои бисёре байни мардум паҳн шуд… Бисёре аз дӯстон ба марги ин нобиға бовар намекарданд. Баъзеҳо, бо шумули ман то имрӯз ба он бовар карда натавонистем…
Ҳама боварӣ доштем: рӯзе мешавад, ки Маҳмудҷон Воҳидов бармегардад… Ва сабаби ба саҳна омадани намоишномаи “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон” ҳам ҳамин аст, ки онро нобиғаи дигари театр Фаррух Қосимов рӯи саҳна оварда ва ба ёди Маҳмудҷон Воҳидов бахшида буд.
Ман ифтихор дорам, ки шогирди Маҳмудҷон-ака будам ва аз соли 1965 бо он кас шинос будам, дар як саҳна нақш бозидам, аз сӯҳбаташон баҳравар шудам, иртиботи пирию миридӣ ва устодию шогирдӣ доштам.
Ёдашон ба хайр!