(Мусоҳиба бо раиси АМВАОМТ (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев дар мавзуи ифротгароӣ)

– Пайвастшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ аз мавзуҳои асосии расонаҳои тоҷик шудааст. Ин баёнгари чист? Мавзуъ бозоргир аст, ё…?
– Бинобар ҳодисаҳои Шарқи наздик, вазъ дар Афғонистон, мавзуи пайвастани ҷавонон аз манотиқи пасошӯравӣ, махсусан Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ба гуруҳҳои ифротӣ ба яке аз мавзуҳои рӯзмарра табдил ёфтааст, зеро асос барои пайдо шудани мақолаю гузоришҳост. Намояндагони Осиёи Марказӣ дар фаъолияти созмони ДИИШ дар амалиётҳои ҷангӣ ширкат меварзанд ва хабарҳо аз Шарқи наздик мерасанд, ки баъзе аз онҳо дар ин ҷангҳо ба ҳалокат мерасанд. Албатта баъзе аз хешовандон, ҳамсар, бародар ё падари онҳое, ки ба ин гуруҳҳо гаравидаанд, шикоят мебаранд. Аз ин рӯ, зуҳуроти тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм ҳамеша мавзуи муҳим ва доғ барои расонаҳо буд. Дар ҳеҷ як давлат ё кишвар, ё миёни гуруҳи солимақл ифротгароёну тундгароён боиси дастгирӣ ва ҳамовозӣ нашуда буданд. Албатта, дар ҷаҳони имрӯза ба ин зуҳурот яксон назар намекунанд. Ҳастанд давлатҳо ва созмонҳое, ки ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарою тундгаро ва террористонро дастгирӣ мекунанд. Мубориза миёни онҳое, ки ҷонибдор ва зидди ин созмонҳо ҳастанд, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо ва дар ҷараёни ҷанги иттилоотӣ қарор доранд. Хоҳу нохоҳ ин мавзуъ хеле бозоргир ҳам ҳаст.
– Инъикоси мавзуи мазкур чӣ хатарҳоро барои журналистон эҷод мекунад?
– Бинобар муборизаи густарда алайҳи тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм дар баъзе ҳолатҳо сабабҳое пайдо мешаванд, ки фаъолияти журналистонро андаке маҳдуд мекунанд. Дар бештари давлатҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба қонунгузориҳо тағйироту иловаҳое ворид шуданд, вале шарҳи он ба ҳама маълум нест. Ҳама дарк карда наметавонанд, ки ҳамон хати қирмизӣ аз куҷо мегузарад. Ҳангоми инъикоси мавзуи марбут ба тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм журналист донистаю надониста метавонад он меъёрҳоеро, ки нав ҳастанд, риоя накунад, ё аз ҷониби дигар, мутаассифона, он чаҳорчӯбаи меъёрҳо ва шарҳи он меъёрҳое, ки мушаххас нест аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои маҳдудиятҳо эҷод кардан ба фаъолияти журналист, метавонад сӯйистифода шавад. Аз ин лиҳоз, хатари ба иттиҳоми дастгирии ифротгаро ё тундгаро ба масъулият кашидани расона ё журналист вуҷуд дорад. Барои эмин будан аз ин хатарҳо бояд пеш аз ҳама журналистон меъёрҳои қонунро хуб донанд ва онро истифода карда тавонанд.
– АМВАОМТ яке аз созмонҳои кӯмакрасони журналистони тоҷик аст. Бигӯед, ки махсусан як-ду соли охир инъикоси мавзуи ифротгароӣ дар ВАО чӣ гуна аст?
– Агар дар муқоиса ба 5 соли гузашта назар кунем, дар 3 соли охир инъикоси ин мавзуъ ҳам дар расонаҳои Тоҷикистон ва ҳам дар расонаҳои тоҷикзабони байналмилалие, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ пахш мекунанд, беҳтар шудааст. Албатта яке аз сабабҳои беҳтар шудани инъикоси ин мавзуъ баргузор намудани тренингҳо, давраҳои омӯзишӣ ва фароҳам овардани шароит барои журналистонест, ки ба ин мавзуъ машғуланд. Аз ҷумла, на фақат созмони мо, балки Пажуҳишгоҳи ҷангу сулҳ дар Тоҷикистон ва баъзе дигар созмонҳо низ барои беҳтару хубтар инъикос кардани мавзуҳои зикргардида озмунҳо эълон карданд, ба журналистон кӯмак расониданд ва ин боис гардид, ки инъикоси мавзуъ дар расонаҳо андаке беҳтар шудааст. Вале ҳамзамон барои беҳтару хубтар таҳия кардани гузоришу мақола, сужету дигар маводи журналистӣ ҳоло ҳам имконот барои журналистон андаке маҳдуд аст, чунки онҳо барои ҷиддан машғул шудан ба инъикоси мавзуи ифротгароӣ ниёз ба омӯзиш ва кӯмак доранд.
– Оё созмони шумо то имрӯз ягон мониторинги махсуси инъикоси мавзуи вобаста ба ифротгароиро роҳандозӣ кардааст ё не?
– Мо ба мониторинги ин мавзуъ машғул ҳастем ва дар конфронсҳои байналмилалӣ гузоришҳо омода мекунем. Мо медонем, ки шамол аз кадом сӯ мевазад ва кадом хатарҳо мавҷуданд. Дар фазои интернетӣ чунин чолишҳо хеле зиёд ҳастанд. Бинобар ин, яке аз самтҳои фаъолияти созмони мо – ин баланд бардоштани малакаи журналистон дар самти амнияти рақамӣ мебошад. Шумо хуб медонед, ки бинобар ворид кардани меъёрҳои нав ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷустуҷӯ ва омӯзиши мавзуъ бештар аз интернет истифода мебарем ва чӣ гуна худро эмин нигоҳ доштан ҳангоми кор бо сарчашмаҳо яке аз мавзуҳои мубрам дар давраҳои омӯзишии мост. Мо тадқиқотҳои дигар ҳам анҷом дода будем, ки чӣ гуна ин мавзуҳо инъикос мешаванд ва тавсияҳо низ омода кардем, ҳам барои журналистон ва ҳам барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, то ҳангоми инъикос ба фаъолияти журналистон маҳдудиятҳо эҷод карда нашавад.
– Чун бештар созмони шумо ба масъалаҳои ҳуқуқи журналистон сарукор дорад, агар рӯзноманигоре баъди инъикоси мавзуи ифротгароӣ ба ягон мушкил ё фишор дучор шавад, барои дастгириаш созмони шумо чӣ чора андешида метавонад?
– Мо пеш аз ҳама барои пешгирӣ ё ҷилавгирӣ кардани қазияҳо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки журналистонро огоҳ намоем, то ҳангоми омода намудани гузориш ё мақола аввал аз кадом мавқеъ бояд ин мавзуро инъикос кунанд. Бояд риояи тавозуни назарҳо таъмин гардад ва сарчашмаҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунанд, зери таҳдид ё фишор қарор нагиранд. Дар сурати пайдо шудани ягон сӯйитафоҳум нисбати ин ё он рӯзноманигор мо омода ҳастем, ки кӯмаки коршиносиро пешниҳод кунем, ки то кадом дараҷа журналист фаъолияти касбиашро иҷро кардааст ва оё омода кардани ин мақола ё гузориш ба ҳуқуқу манфиатҳои дигар нақзе ворид мекунад ё не. Ҳамзамон, дар доираи касбӣ фаъолият кардани онҳо агар ба мушкилие дучор оянд, мо метавонем кӯмаки ҳуқуқӣ расонем ва дар сурати то суд расидани қазия аз ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳимоя кунем.
– Ба назари Шумо, журналистон ба мавзуҳои вобаста ба ифротгароӣ нахуст бояд аз кадом паҳлу ворид шаванд?
– Пеш аз ҳама бояд манфиати ҷомеаро ба назар гиранд. Яъне оё ҳамин қазияе, ки мавриду таҳқиқу омӯзиш қарор медиҳанд, аҳамияти ҷамъиятӣ дорад ё не? Баъдан, бояд тавозуни назарҳоро ба назар гиранд ва ҳангоми инъикоси ин мавзуъ ба ҳуқуқу манфиатҳои ашхоси дигаре, ки ба қазия ворид нестанд, набояд дастдарозӣ кард. Чизи аз ҳама муҳим худи омӯзиши ҳамон мавзуъ аст. Яъне мавзуро бояд хеле хуб омӯхт, аз хизматҳои коршиносон истифода бурд ва боз ҳам муҳимтар аз ин риоя кардани меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон аст. Вақте ки шумо дар доираи қонун, дар фазои ҳуқуқӣ фаъолиятатонро пеш мебаред, дар ин сурат метавонед ба натиҷаи дилхоҳи худ муваффақ шавед. Фарз кардем, журналист дар мавзуи ифротгароӣ ё тундгароӣ мавод омода мекунад. Мо маслиҳат медиҳем, ки дар аввали мақола, дар муҳтавои мақола ва дар охири мақола бояд як нуктае зикр гардад, ки инъикоси ин мавзуъ маънои дастгирӣ кардани ашхосе, ки ба ин қазия ворид ҳастанд, нест. Шумо ҳамчун журналист метавонед бо сарчашмаҳое, ки марбут ба фаъолияти созмонҳои ифротгарою тундгароянд, ошноӣ пайдо кунед, вале ҳаққи паҳн кардани иттилоъро надоред. Яъне дар шабакаи иҷтимоӣ низ шумо як маводи марбут ба терроризмро хондед, ин ягон ҳуқуқвайронкунӣ нест, вале вақте шумо ба он мавод лайк (мақбул) гузоштед, ин аллакай як қадаме ба сӯи вайрон кардани меъёри қонунгузорӣ аст. Журналист бояд аз ҳамин нозукиҳо огоҳ бошад.

Мусоҳиб: Рухшона ҲАКИМОВА

Ин мусоҳиба дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь