Раҳораҳ қадам мезанам. Фикрҳоям паҳну парешонанд. Чанд рӯз мешавад, ки ҳамсуҳбате меҷӯям, вале намеёбам. Суҳбат кардан бо нафаре ба ман адат шудааст ва агар ҳамсуҳбате наёбам, худамро бад ҳис мекунам. Ин ба одатҳое дохил мешавад, ки агар баровардааш накунӣ, туро мехӯрад. Қадамҳоямро калонтар монда, ба чор тарафи шаҳр назар мекунам…
Аз назди бозори пуровозу бӯйи дурӯғ мекардагӣ мегузарам. “Бо савдогаре суҳбат кун…!”,- мегӯяд “нафари дуввуми дарунам”, аммо ман аҳамият надода, ба пеш қадам мепартоям.
Аз назди беморхонаи муҳташаме мегузарам. “Дар ин беморхона ягон духтури худогоҳу Худотарс будагист, ҳамсуҳбататро шояд аз ин ҷо пайдо мекунӣ”,- боз ҳамон садоро мешунавам, вале дакка нахӯрда, ба пеш меравам.
Аз назди мактаби замонавие мегузарам. “Дар ин боргоҳ беҳтарин инсонҳо ҷамъ омадаанд. Онҳо муаллимони насли куҳнаву нав ҳастанд, боварӣ дорам аз ин ҷо шахси меҷустаатро меёбӣ!”- ин дафъа бо ҷиддият ба гӯшам дод зад “нафари даруниам”.
Аз назди макони нависандагон мегузарам. “Чаро бо яке аз инҳо “суҳбати самимӣ” анҷом намедиҳӣ?”,- мулоимтар шуда мепурсад. Лекин боз аз ман ҷавоб намегирад. Роҳи ман давом меёбад.
Аз бисёр роҳ гаштан болои асфалту кафел хаста шуда, аз роҳ берун баромадам. Аз дур чанд нафар намоён шуданд. Наздиктар рафтам. Як майдони калон аст ин ҷо. Тақрибан 20 сотих замин. Зиёда аз 10 нафар моломол доранд. Ин ҷо дунёи дигар барин намуда истодааст. Касе ба касе кор надорад. Дар дасти нафаре калид тарафи росташ онро ҳаво медиҳад. Як кулоҳдори дигар ба нафаре, ки телефонӣ суҳбат дорад, бо лутф ишораи ба мошин нишастан мекунад. Мардони миёнсол ҷавононро кам ҳам бошад, ба коре машғул мекунанд. Дар ин ҷо боз дар назди ҳар нафаре, ки дастонаш сиёҳ аст, як нафари дигар ҳам ҳаст, ки маълум мешавад шогирд истода, ин касбро омӯхтанист. Ҳамин қадаре, ки ба “садои даруниам” таваҷҷуҳ мекунам, аз он сӯ садое намебарояд. Хомӯшист. Оромист…
Инак, ба худ омадам. Ман дар нуқтаи таъмири мошинҳо истодаам. Ҳоло бошад, қарор додам нафареро пайдо кардаву суҳбат намоям, аммо, албатта, аз хӯроки дӯстдоштаву мусиқии писандидааш напурсам.
– Хаста набошед, амак!
– Саломат бошед! Чӣ хизмат кунам, куҷои мошинатон ғам дода истодааст?
– Хушбахтона, ман мошин надорам…
– Моро танҳо мошиндорҳо хабар мегиранд…
– Аз ин ҷост, ки ҷумлаи “мардум бо ҳам бемеҳру шафқат шудаанд” тавлид шудааст. Яъне бояд корат назди дигаре афтад ва баъд ту пеши вай равӣ. Ҳамин ки кор тамом шуд, зуд худатро нест кунӣ… Ин гапҳо лозим нестанд, амак. Шумо беҳтараш бигӯед, ки чанд дақиқа вақтатонро гирам, майлаш?
– Албатта, марҳамат.
– Дар миёни мардуми мо сухане ҳаст: “Ба устову ронанда либоси тоза зебанда нест”. Оё Шумо ба ин розӣ шуда метавонед?
– Ин сухан аз он ҷост, ки либоси усто пур аз салидор ва аз они ронанда (мошинҳои боркаш, таксиҳо) доимо пур аз чангу хок аст. Аммо ин маънои онро надорад, ки мо либоси тоза намепӯшем ва тоза намегардем. Ба мисле, ки дигарон либоси корӣ пӯшида кор мекунанд, мо ҳам ҳамин тавр мекунем.
– Ба андешаи Шумо, як нафар чаро бояд устои мошин шавад?
– Ин касбро аз хурсандӣ ё аз рӯйи ҳавобаландӣ интихоб намекунанд, балки барои аробаи зиндагиро кашидан аст. Яъне корест, ки рӯзҳоро шом мекунад ва бар ивази ин ризқи худу онҳоеро, ки ба умед дар хона интизорат ҳастанд, меёбӣ.
– Оё устоҳои насли нав аз насли Шумо бартарӣ доранд?
– Бале, устоҳои ҷавон бисёр пешравиҳо доранд. Чизҳоеро мефаҳманду таъмир мекунанд, ки онҳоро мо тамоман намефаҳмем. Ҷавонон бо технологияи муосир бисёртар сарукор доранд ва фикр мекунам, ҳар бартарияте, ки доранд, ба он вобаста аст.
– Шумо субҳ чи хел ба кор меоед?
– Бисёр хуб. Ҳамчуноне, ки мардум ҳар субҳ бо таъби болида ба кор мераванд.
– Оё намедонед, ки на ҳама бо табъи хуш ба кор мераванд?
– Бале, вале ман танҳо ҳамонҳоеро дар назар доштам, ки хурсандона кор мераванд…
– Аз субҳ то шом болои бетон дар таги мошин калиду гайка дар даст гирифта истодан мушкил нест?
– Не, дигар ин кор барои ман душворие надорад. Зеро на як солу ду сол, балки зиёда аз 20 сол мешавад, ки ҳамин корро анҷом медиҳам. Ман чи хел гузаштани рӯзро намефаҳмам. Баръакс, вақтҳое мешавад, ки намехоҳем рӯз тамом шавад, зеро корҳо ниҳоят хуб мегузаранд.
– Мешавад вақте, ки мошинро бо сабаби доштани фалон “дард”-аш қабул накунед?
– Аслан, дар кори устоӣ намешавад, “наметавонам” гуфтанӣ гап вуҷуд надорад. Вале мешавад ҳолатҳое, ки “дардҳои” мошинҳои навбаромадро камтар сарфаҳм меравем. Яъне, як нафар наметавонад аз уҳдаи ҳама кор барояд.
– Зиёдтар кадом намуди мошинҳоро барои таъмир меоранд?
– Асосан мошинҳои сабукравро.
– Назди Шумо бештар бо кадом “дард”-ҳо меоянд?
– Мушкилии асосие, ки бештари мошинҳоро ба назди мо меорад, мувофиқ набудани газашон аст. Яъне бисёри мошинҳои имрӯза барои ба воситаи газ ҳаракат кардан мувофиқ нестанд. Мардуми мо аз рӯйи бепулӣ ва ноилоҷӣ ба дилхоҳ мошин газ насб мекунанд, вале он дер намепояду таъмир мехоҳад.
– Зуд-зуд таъмирталаб шудани мошинҳо айби кист: ронанда, усто ё қисми эҳтиётӣ?
– Айби қисмҳои эҳтиётӣ. Сифати қисмҳои эҳтиётии мошин, хусусан мошинҳои сабукрав чунон паст аст, ки агар ронанда каме эҳтиёт накунад, корношоям мешаванд. Вале мушкилӣ дар он аст, ки ронандаҳо инро нафаҳмида, дар бисёр ҳолат айбро ба сари мо бор мекунанд.
– Корҳои дилгиркунанда зиёд мешаванд?
– Зиёд нею мешаванд кам-кам. Бояд гуфт, ки бе онҳо ҳам намешавад, зеро зиндагӣ якранг нест.
– Дар тӯли солҳои фаъолиятатон корҳои нимкора бисёр буданд?
– Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, ман то ҳол ягон корро нимкора накардаам. Ҳамеша то охир ва он ҳам бошад, таъмири садфисада.
– Оё бо касби устоӣ метавон ҳама эҳтиёҷоти рӯзгорро бароварда кард?
– Аслан мо он вақте шоиста ва бе мушкилӣ зиндагӣ мекунем, ки мардум ҳама пулдор шаванд. Ҳоло ки аксарият “пул надорам” мегӯянд, чи гуна метавонад як устои мошин тавре ки хоҳад, зиндагӣ кунад, агарчи ҳунару касб дошта бошад ҳам? Аммо ба ҳамааш шукр, зиндагӣ хуб ҷараён дорад. Худо аз ин бад накунад.
– Дар як рӯз чанд сомонӣ кор мекунед?
– Гуфтани ин муҳим аст?
– Муҳим нею аз ҷавоби болоятон мароқ зоҳир кардам…
– Рӯзи кории мо муайян нест ва ҳамчунин чанд сомонӣ кор карданамон ҳам. Рӯзҳое мешавад, ки то 80-100 сомонӣ кор мекунем, вале боз мешавад рӯзе, ки ҷойи кор меоему дасти холӣ хона меравем. Ҳамааш аз насиб вобаста аст ва ба ҳамааш шукр.
– Усто дар кадом фасл муштарии бисёр дорад?
– Инро то ин вақт фикр накарда будам. Қариб ки дар ҳама фасл як хел аст.
– Ҳолате шудааст, ки миёни Шумо ва муштарие барои пул ҷанҷол сар зада бошад?
– Не, Худо нишон надиҳад, ин хел кор тамоман нашудааст.
– Ҷанги лафзӣ чӣ?
– Не, ягон намуди нофаҳмиҳо нашудааст.
– Агар ба ҷойи писаратон мебудед, чӣ кор мекардед?
– Ҳамин касбро аз сари нав бо замона мувофиқ карда меомӯхтам.
– Амак, ба гумонам вақти хӯроки нисфирӯзиатон кайҳо расид, барои ҳамин, дигар вақти Шуморо намегирам. Ҳар вақте ки ягон баҳона пайдо шуд, ман ин суҳбатамонро мукаммал карда, ба чоп медиҳам…
Ман аз назди амаки усто дур шудам. Фаҳмидам, ки ному насабашон Нуралӣ Бегназаров будааст. Ва боз фаҳмидам, ки рӯзи 25-уми январ ба синни 50-солагӣ мерасидаанд.
Пас, муборак бод умри нимасра ба ин марди некном!
Мусоҳиб: Сино ТОҲИРОВ