(Ё 21 суолу 21 посух баъди 21 соли реҳлати Устод дар асри 21 – и соли 2021)
Ҳаёт аҷоиб аст, ки дар ҳолатҳои гуногун, воқеоти гуногун гӯё чашми сар ва чашми дилу ақлро дар як вақт боз мекунад. Чашми сарро он лаҳза боз менамояд, ки аллакай дер шудаасту инсон наметавонад бо нафари ба дил қарину қарибаш мулоқоте, дидорбиние анҷом диҳад. Қувваи диди ақл бошад, баъди ин маҳрумият боз ҳам бинотар мегардаду таконе ба нигоҳи қалб мебахшад, то гумкардаҳояшро баргардонида натавонад ҳам, лаҳзае бо ёдашон бошаду муколамае маҷозӣ бунёд намояд, ки ҷуброни вақту замони бохта бошад. Шояд хилқати мо, инсонҳо аз ҷониби Холиқ чунин сурат гирифта бошад, ки ҳамеша дер мекунем дар амалҳои хайр.
Чуноне Бӯалӣ Сино фармудааст: “Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал”. Пас, ягона ҷуброни фаромӯшиҳо мемонад ба ёд оварданҳо. Мо низ зарур шуморидем бо нафари бузурге, ки натавонистем ҳангоми қайди ҳаёт будан бештар дидор намоему ба суолоти хеш посухе мувофиқ дошта бошем, ҳоло имкон дорем муколамае маҷозӣ созмон диҳем. Қавли Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ: «Аз дил биравад, ҳар он чӣ аз дида бирафт»?-ро густохӣ шавад ҳам, бояд дар шакли: Дар дил нишаст, ҳар он чӣ аз дида бирафт” таҳрир намуд. Зеро ҳамон як шуълаяке дар дил ёди гузаштагонамонро метавонад ба оташе табдил надиҳад ҳам, боқӣ нигоҳ дорад.
Суолоте, ки посухашро аз устод Лоиқ меҷӯем:
- Ҳаёт аз диди Шумо, ки барвақт онро тарк намудед, чӣ гуна шарҳ меёбад?
Устод Лоиқ: Аввалу анҷоми ҳаёт аз батни модар оғоз мегардад. Офарида шудем, бояд рафт назди Офаридгорамон. Лек дар ҳамин фосилаи кӯтоҳ бояд шамъе буд, то баҳри дигарон сӯхту роҳашон равшан сохт:
Модар, модар, ту ибтидоям будӣ,
Ҳам қимати қомати расоям будӣ.
З-аввал ту намезодӣ, намемурдам ман
Гӯё ки ту низ интиҳоям будӣ.
- Модар шояд сарчашмаи илҳоми Шумо ва шоир шуданатон гардида бошад?
Устод Лоиқ:
Аё модар, мадори ман ту будӣ,
Гули аввалбаҳори ман ту будӣ.
Нахушкад чашмаи шеъру сурудам,
Зи бас сарчашмадори ман ту будӣ.
- Чун Шумо иброз намудед, ки ҳаёт аввалу анҷоми ишқ аст, ишқро чӣ гуна баҳогузорӣ менамоед?
Устод Лоиқ:
Ишқи Ҳавво кард Одамро азизи оламе,
Ишқи ту рӯзе маро берун зи олам мекунад.
Чуноне устод Турсунзода мефармояд: “Шоири бе ишқ мурғи бе пар аст.”
Ишқ гарчи зи бозӣ оғозад,
Охири ӯ ҳамеша ҷонбозист.
Ошиқему валек сад афсӯс
Дар фани ишқ ҷумла ҳайронем.
Маънии бешумор дорад ишқ,
Асли маънишро намедонем…
- Миёни ишқи ҳақиқӣ ва лаҳзавӣ чӣ фарқиятеро дарёфт намудан имкон дорад, ки бебаҳс бошаду исботи худи маънои ИШҚ бошад?
Устод Лоиқ: Ишқ набояд лаҳзавӣ бошад, балки достоне гардад ишқ ба мисоли рӯъёе зебо, ки агар ошиқ шудед, ба гунаи достони шево ва ҳамзамон пур аз тазод ба дуриҳо тӯл кашад ва ба ҷуз ишқ дар ишқ чизи дигаре набояд вуҷуд дошта бошад.
Достонест ишқи инсонӣ,
Ки пур аз ребу рангу дастон аст.
Эй бад он ки зи ишқ суде ҷуст,
Эй хуш он ки зи ишқ мастон аст.
- Ишқе, ки Шумо сурудаед, аз лиҳози мавқеъ дар осоратон дар кадом поя аст?
Устод Лоиқ: Ишқ дар дил шуълаи субҳи саодат будааст… Ба кадом появу мартаба расидам, маҳз, ба василаи Ишқ ва ҳамон шуълае, ки роҳи маро дар ҷодаи шеъру шоирӣ ва дар маҷмӯъ ҳаёт равшанӣ бахшид.
Ишқ дар ман чи ҳунарҳо парвард,
Шеваи шоирӣ омӯхт маро.
Бурду овард ба сад шебу фароз,
Сӯхта, сохта, афрӯхт маро.
- Ватан аз диди Шумо бо эҳсоси баланд суруда мешавад. Пояи ин ҳама эҳсосеро, ки саршори шавқу шӯру ваҷди беинтиҳост бо чӣ нукта асоснок менамоед?
Устод Лоиқ:
Ватан сар мешавад аз гоҳвора,
Зи шири поку аз пистони модар.
Ватан сар мешавад аз он тавора,
Ки онро сохта дастони модар…
Ватан – имрӯзи мо, ояндаи мост,
Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мост.
- Модар дар ашъори Шумо болотар аз ҳама муқаддасот тавсиф ёфтаву бо ҳама ҷузъиёти кӯчак суруда шудааст. Ин танҳо меҳри фарзандист ё болотар аз он?
Устод Лоиқ: Дар олам унсурҳои беҳтарину волотарин вуҷуд доранд, ки баҳри инсоният азизанд, яктоанд. Худованд яктост, Замину Моҳ, фаслҳои сол яктостанд, Ватан яктост, Модар низ яктост. Агар Худованд ҷаддамон Ҳазрати Одамро дар Биҳишт офарида бошад, пас, Модар фарзандашро дар батнаш офарида, баъдан болои доманаш, ки Биҳишти ин олам аст парвариш менамояд. Модарро гоҳо ба фаришта ташбеҳ медиҳанд, лек фариштагон бисёранду қудрати офариниш надоранд. Модар яктост. Фариштагон дар осмонҳоянду Модар дар замин. Пас, Модар Худои ҳар як фарзанд аст, чун яктост ва месазад, ки бо тамоми вожаҳои волову боло мадҳу ситоиш ёбад, то фарзандон қадраш шиносанд.
Чунон ки ҳар касеро зодгоҳе ҳаст,
Раҳе, сарманзиле меодгоҳе ҳаст,
Вале баҳри ҳама Модар–Ватан яктост,
Ту ҳам аз баҳри мо мисли Ватан яктоӣ, эй модар.
Ту яктоиву дар ҳар ҷо,
Ту танҳоиву ту бо мо.
Туӣ обастани шодӣ,
Туӣ обастани ғамҳо.
Туӣ обастани имрӯз,
Туӣ обастани фардо…
- Сарчашмаи ин ҳама иштиёқ ва илҳому шӯру шарар дар шеъри Шумо чист?
Устод Лоиқ: Аввал масъулияту баъдан, рисолат. Аллома Иқболи Лоҳурӣ мегӯяд:
Шеърро мақсад агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист.
Шеър неку бади ҳар шахсро баҳраш ифшо месозаду пайи ислоҳи бадиву тақвияти накӯӣ хизмат намуда, бедоркунандаи худшиносии миллист, ки шоир дар садри он қарор дорад.
… Як-ду мисраъ шоирӣ не, нест як гул ҳам баҳор,
Шодии якрӯза бахти ҷовидонӣ нест, нест.
Пок кардан доғи рӯи Моҳро бо шеъри хуб–
Шоиро, ин аст мақсад! Баҳри ин боист зист…
- Мухотаби шеъри Шумо кист?
Устод Лоиқ: Ҳар шеър дар ҳар вақту замон мухотаби хешро меёбад. Пас, агар шеъри шоир ба дарди касе дархурад, бурди тарафайн асту шеър мухотаби хешро ёфтааст.
… Шеър гуфтам на аз барои худам,
То ба қадрам раседу бинвозед.
Шеър гуфтам барои он ки шумо
Қадри худро дуруст бишносед.
- Мурод аз гуфтаҳои Шумо агар дуруст дарк намуда бошам, сӯхтан баҳри ояндаи миллату фарҳанг ва сохтани ҷомеае бо фарҳангу маданияте баланд?
Устод Лоиқ: Бале, аз устод Турсунзода байте далел овардан бамаврид аст:
Шоиро, аз сӯхтан дорӣ хабар,
Пас макун аз оташи сӯзон ҳазар…
Шоир бояд чун шамъ сӯзад, то равшаниеву умеде баҳри ояндаи нек ба мухлиси шеърашу мардумаш бахшида тавонад. Шоир ҳамчунин сӯхтан дораду сохтан.
Парвози баланд болу пар мехоҳад,
Урдугаҳи шоирӣ ҳунар мехоҳад.
Олиҳаи шеъри хуб на лофу газоф,
Маҷнунсифативу шӯру шар мехоҳад.
- Дар шеъри Шумо ва умуман дар шеър мавзӯъ дар мадди аввал аст ё илҳом?
Устод Лоиқ: Ё ҳарду. Зиндагӣ саропо мавзӯст. Лек таҳлилу баркаши дуруст метавонад ангезандаи илҳом гардаду аз як чизаке ҷузъӣ шеъре воло тавлид гардад, қи қудрати илҳомро дар худ таҷассум карда тавониста бошад.
- Шумо бештар аз бузургони шеъри Аҷам – Фирдавсиву Сино, Ҳофизу Мавлавӣ далеле меоред, ки бар кадом поя ё асос буда метавонад?
Устод Лоиқ:
Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт,
Ало, шӯри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо
Сухан пайдову нопайдои ҳар халқи сухансоз аст,
Ало, пайдову нопайдо, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Ало, Девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,
Ало, Девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт.
Байни шеъри гузаштаву имрӯз фосилае ба вуҷуд омада буду риштаи назми форсӣ-тоҷикӣ гусастан дошт ва бояд пеши роҳи ин барҳамзаниҳоро касе мегирифт. Агар то андозае ба василаи ин бузургон байни шеъри дирӯзу имрӯз як пайванде созмон дода бошам, пуле устувор намуда бошам, худро хушбахт меҳисобам.
- Миллат дар осори Шумо мавкеи махсусро дорад, ки аз кадом сарчашма об мехурад?
Устод Лоиқ: Миллату Ватан бидуни ҳам буда наметавонанд ва камина низ фарди ҳамин Миллату Ватан ҳастам, ки ҳамчун шоир берун аз гирудору ғаму шодии он буда наметавонам.
Туӣ буду набудам, миллати ман,
Туӣ самти суҷудам, миллати ман.
Суруди умри ман поён пазирад,
Ту мехонӣ сурудам, миллати ман.
- Монеа ва мушкилоти зиёде дар ҷодаи шеъру шоирӣ, умуман, дар ҳаёт- ҳама давру замон вуҷуд дошт, ки ҳар шоире аз он ба тарзу усули хоси хеш кор мегирифт, Шумо чӣ назар ва андешаи махсусе доред?
Устод Лоиқ: Натанҳо ҷодаи шеъру шоирӣ пуршебу фароз аст, балки худи ҳаёт майдони набардеву имтиҳонест, баҳрест пуртуғён, ки на ҳар содабозу содаандеш тавони пирӯзиву нусрат дар набарду озмоиши зиндагиву шино дар баҳри пуртӯфони зиндагиро дошта бошад.
Шукр гӯям хилқати худро, ки тӯфонзода аст,
Ҳеҷ напсандад ҳуҷуми нокасу ночизҳо.
Шиквае аз кас? Фақат аз хештан дорам гила,
То намонад шеъри ман чун лошаи полезҳо.
- Магар ин бечоранолӣ нест?
На, ман ҳеч гоҳ бечоранолӣ накардаам. Зеро аввалан, одоби мардӣ нест аз заъфу нотавонӣ нолидан, сониян, суде надорад ва баъдан, тоқати бардошти миннати касеву хасеро надорам:
Аз ҷабру гуноҳи хештан нагрезам,
З -он пой, ки фитодаам зи нав бархезам.
Ҳаргиз набарам ба нокасе рӯи ниёз,
Дастам шиканад, ба гарданам овезам.
- Оё Ҳазрати Лоиқ шеъри фармоишӣ дошта бошанд?
Устод Лоиқ:
Намоз орам ба тоби оташи дил,
Ба табъи оташину шеъри сӯзон,
Забони оташинро саҷда орам,
Ки бошад чун забона шуълаафшон!
Фармоиш аз фармоиш фарқ дорад. Новобаста аз он ки дар ҳама давру замон шеъри фармоишӣ буду ҳаст, ман танҳо ва хосса бо хоҳиши дӯстонам баҳри чорабинӣ ё маҳфили дӯстие шеъри фармоишӣ сурудаам.
- Беҳтарин шеъратон, ки номатонро дар ҳама давру замони шоириатон ва баъд боло бардошта бошад, кадом аст?
Устод Лоиқ:
Барои қаҳрамон тадбир бояд,
На ханҷар, на камон, на тир бояд.
Барои шоирӣ на номи холӣ,
Дили пур, шеъри ботадбир бояд…
Аз муҳаббати хонандаи нуктасанҷу нозукбин, ки натанҳо дар давраи қайди ҳаёт буданам ангор мешунидам, ки дар маҳфиле аз ин ё он шеъри ман истиқбол намудаасту гӯё дар масъалаи ҳаётии ӯ таъсири мусбати он шеър ҷиддӣ ба назар мерасад, балки баъди 21 соли реҳлат мебинам, ки он муҳаббат беш аз пеш дар қалби муштоқони шеър тақвият ёфтаву устувортару самимитар гаштааст, вале:
Шумо аз саргузашти шеър медонед,
Ки аксар шоири фарзонаи офоқ,
Зи худ норозӣ пеш аз марг менолид,
Ки шеъри беҳтарини хешро бар гӯр хоҳад бурд,
Ва ё дар гӯр хоҳад гуфт.
- Он чӣ мақсаду маром доштеду дар амалӣ шуданаш заҳмат кашидед, Шуморо ҳамчун шоир тавонист қонеъ созад?
Устод Лоиқ:
Зи шоир баъди ӯ монад муҳаббат,
Китоби ростӣ, панду насиҳат.
Зи деҳқон тухми гандум монаду нон,
Бимонад хони пур аз нозу неъмат.
ххх
Шоир он аст, ки то зинда бувад
Қасди ёрон зи ҷаҳон баргирад.
Омада шоиру шоир гузарад,
Бо ғаму андуҳи дунё мирад!
- Василае, ки сухани одии шоирро қудрату тавон мебахшад, то ба Сурайё бирасаду бозгашт ба дилҳо нишинад чист ва сарчашмаи ин ҳама маҳбубиятро дар чӣ мебинед?
Устод Лоиқ: Дилу дид, ё баръакс. Он чӣ аз дил барояд ба дилҳо нишинад.
Нигоҳи махсусе, ки шоир дорад, нигоҳи одист, вале дили шоир тавони он чизаки одиро ба олӣ табдил доданро дорад.
Чун дили шоир баҳри шеър метападу ҷузъиёти кӯчакеро бо диди боло қабул месозад ва ба дил медиҳад, дигар хизмату заҳмати дил оғоз меёбад.
Дили ман, эй дили бечораи ман,
Дили ғампарвару ғамхораи ман,
Туро сад пора хоҳад кард охир
Ғами ин миллати садпораи ман.
ххх
Ман зиндаам ба хотири бахти наёфта,
Ман зиндаам ба хотири роҳи нарафтаам.
Ман зиндаам ба хотири ишқи набохта,
Ман зиндаам ба хотири шеъри нагуфтаам.
- Метавонад, ки Лоиқи овозадор шеъри бедарде гуфта бошад?
Устод Лоиқ:
Шеър гӯям, ошиқе чун арзи дил,
Бехгӯшӣ баҳри ёре хонадаш.
Баҳри таскини дилу таскини рӯҳ,
Ошиқи шабзиндадоре хонадаш.
Шеър гӯям бо табутоби зиёд,
Шеър гӯям бо тамоми ифтихор,
Ё шавад гулчанбаре бар рӯи гӯр,
Ё шавад гулдастае аз баҳри ёр.
Шеър гӯям, то бидонанд аҳли дард,
Дарди онҳо дар дили ман бештар.
Шеър гӯям, то бидонанд аҳли дил,
Аз дили онҳо дили ман рештар…
- Суолоти зиёде боқӣ монданду ун 60 соле, ки бо шаст гузаронидеду ҳамин тавр, бо шасти баланд ба баландиҳои дур, ба олами тақаддус, ба олами малакут, назди Худованди хеш парвоз намудед, дар ин як муколама тавони ҷавоб ёфтан намедиҳад, чӣ тавр метавон посух ёфт?
Устод Лоиқ:
Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт,
Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Қолиб тиҳӣ созам агар зору ҳазин, ҷони падар,
Рав, беди маҷнунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Дар рӯи тобутам агар гулбаргафшонӣ кунанд,
Он шохи гулбунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Ду дида Ҷайҳун доштам азмарги армонҳои халқ,
Рав, оби Ҷайҳунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Озори дунё дар дилам аз реги ҳомун беш буд,
Он реги ҳомунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Дил додаам, дил бурдаам, ҷоми паёпай хурдаам,
Он ҷоми ворунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Ин дафтари шеъру ғазал чун ман намирад аз аҷал,
Рав, чархи гардунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Бахтиёр ОБЛОҚУЛЗОДА, омӯзгор аз ш. Панҷакент
Диагнози муаллиф: “Галлюцинаторно-параноидная симптоматика” (“Алоими таваххумоти-параноиди”)