Ба озмуни “Бунёди рушди тибби хусусӣ”
Муллозуҳур Тоҳирӣ табиби дилшинос, рӯҳшинос, гиёҳпизишк ва донандаи тибби қадими ниёгон буда, беҳтарин муолиҷакори Русия дар соли 2002 ва беҳтарин муолиҷакори ҷаҳон дар соли 2004 дониста шудааст. Ӯ ҳамзамон муассис ва сарвари Иттифоқи байналмилалии нависандагону табибон ва Ассотсиатсияи табибони мардумии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат дар яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиёни кишвар гуфта буданд, ки олимони кишварро зарур аст истеҳсоли дорувориро бо истифода аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ оғоз намоянд ва дар ҳифзи саломатии аҳолии мамлакат ҳисса гузоранд.
Доктор Тоҳирӣ барвақт ба ин амал камари ҳиммат баста буд ва имрӯз доруҳое, ки ӯ ихтироъ кардааст, дар Русия истеҳсол ва ба ниёзмандон пешниҳод мешаванд. Доир ба вазъи тибби халқӣ, фаъолият ва таҷрибаҳояш дар тиб ва дигар суолҳое, ки дар соҳаи тиб ҳастанд, бо Муллозуҳур Тоҳирӣ сӯҳбате оростем.
- Дар ибтидо мегуфтед, ки рисолати табибиро дар чӣ мебинед?
- Табиб он нест ки танҳо беморро ташхис кунаду барои муолиҷааш доруву дармон таъин намояд. Табиби асил он аст, ки ба ҷуз ин ки сабабҳои беморӣ ва роҳҳои наҷоти беморро ҷустуҷӯ намояд, ба бемор усулҳои суннатии худмуолиҷакуниро омӯзад. Аксари беморон на аз беморӣ, балки аз бесаводӣ мемиранд, яъне аз надонистани одитарин усулҳои худмуҳофизаткунӣ ва бовар кардан ба ҳар гуна табибони ҳаннот. Табобат бо усули тибби мардумӣ бештар нафъ меорад. Тоҷикистон хазинаи бебаҳои рустаниҳои шифоӣ аст ва дар ин ҷо ҳар дардеро давоест.
- Ба андешаи Шумо, бартариҳои тибби халқӣ дар чӣ зоҳир меёбад?
- Аз даврае, ки инсон дар рӯи замин пайдо шуд, табибдармонӣ вуҷуд дошт. Вале тақрибан 300 сол аст, ки тибби Аврупо ё тибби академикӣ арзи ҳастӣ мекунад ва нуқсонҳояш низ бо мурури замон исбот шуда истодаанд. Масалан, беморро ҷарроҳӣ карда, кафолати дарозумриаш медиҳанд, вале ӯ баъди соле мефавтад.
Дар тибби халқӣ бошад, аз аломатҳои зоҳирии инсон: чашм, нохун, пой, забон, буйи бадан, инчунин, сӯҳбат бемориро муайян карда, ба табобат оғоз мекунем. Ин усул аз классикон омада расидааст. Дар тиб муомилаи хуб нақши муҳим дорад. Барои табобат кардани бадани бемор нахуст бояд ҳолати равонии ӯро хуб намуд.
Банда дар се зина кор кардам, аз ҷумла дар шуъбаи эҳё, дар шуъбаи давомдиҳии табобат (дар Харангон), сипас дар осоишгоҳи Хоҷаобигарм. Имрӯз ба чунин хулоса омадам, ки инсонҳоро бояд дар табиат табобат кард. Агар ба таърих назар кунем, “Худо дар табиат дорухона надошт”. Ҳар як растанию гиёҳ хусусияти табобатии худро дорад.
Қонунҳои оддитарини хӯрокхӯрӣ, муошират, хуфту хез ва муҳити гирду атроф ба саломатӣ таъсир мерасонад. Албатта имрӯз таъсири манфии мошинҳои зиёд, ки газҳои ғализ ҷудо мекунанд, яке аз сабабҳои зиёд шудани саратон ва дигар бемориҳо гардидааст. Инчунин, истифодаи телефонҳои мобилӣ ба пайдоиши бемориҳои асаб дар одамон замина мегузорад. Албата техника хуб аст, лекин баробари манфиат боз камбудиҳои худро дорад. Масалан, кӯдаки хурдсол баъди 7 соли истифодаи телефони мобилӣ ба саратони мағзи сар мубтало мешавад.
- Вазъи тиб, хусусан тибби ҳалқӣ дар Тоҷикистон имрӯз дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Соли 2003 дар Тоҷикистон бо дастгирии Карамшоев ва Назаров Ассотсиатсияи табибони халқиро таъсис додем. Бо дастгирии эшон нахустин маротиба қонун дар бораи тибби халқӣ пешниҳод шуд ва аз тарафи Президент ба имзо расид. Аз соли 2004 инҷониб тибби халқӣ дар Тоҷикистон ба нашъунамо оғоз кард. Ассотсиатсия то имрӯз бисёр корҳои назаррасро анҷом дод. Нахуст, тамоми нафаронеро, ки ба тибби халқӣ таваҷҷуҳ доштанд, муттаҳид кард. Ҳудуди 100 нафар ба аъзогии Ассотсиатсия қабул шуданд. 7 конгрессияи байналмиллалӣ ташкил карда шуд. Аз чандин давлатҳои хориҷа, чун Эрон, давлатҳои Балкан, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон табибон ба кишвар омада дар конгрес иштирок намуданд. Баъди гуфтушунидҳо эшонро ба тамошои кӯҳҳои Тоҷикистон бурда, гиёҳҳои шифобахши табиати Тоҷикистонро нишон додем. Ҳамчунин, 5 съезди табибони халқӣ доир карда шуд. Баъди ин тадбирҳо тибби халқӣ ба нашъунамо оғоз кард. Масалан, дар беморхонаҳо гӯшаҳои гиёҳдармонӣ ташкил карда шуданд.
- Шумо дар мусоҳибае гуфта будед, ки ҳамин осоишгоҳеро, ки ҳоло қарор дорем, ба Академияи тибби халқӣ табдил доданӣ ҳастед. Ин нақша дар ҳоли амалишавӣ аст ва ё ягон монеа вуҷуд дорад?
- Монеа нест. Вақте ки ман ҳуҷҷатҳоро барои ташкили академия пешниҳод кардам, дар набудани ман (вақте дар Русия будам) осоишгоҳро омада диданд. Фикр карданд, ки ман чун донишгоҳу донишкада биноҳои калон дорам. Баъдан ман рафта мақсадамро фаҳмонидам, ки ман ду утоқи дарсхонӣ ташкил карданиам, ки даҳнафарӣ омада, 15-20 рӯз дарс мехонанд. Ин ташаббус дастгирӣ ёфта истодааст ва мо дар ҳоли омодашавӣ ҳастем. Ҳоло баъзе камбудиҳо ҳастанд. Баъди таҳия намудани барнома бо Вазорати тандурустӣ мувофиқа карда, пешниҳод месозем. Шарт нест, ки мо барои ташкили Академияи тибби халқӣ як бинои бузурги панҷ ошёнагӣ созем.
- Устод, чун аз ташкили Академия гуфтед ва аз саҳми шумо дар рушди тиб огоҳ ҳастем, мегуфтед, ки аз тарафи давлат чӣ дастгириҳо буд?
- То имрӯз аз тарафи давлат ҳеҷ гуна дастгирии молиявӣ надидам. Буҷети худро ба воситаи сафар ва табобат намудани мардум дар дигар давлатҳо таъмин кардаам. Осишгоҳро бо маблағи худ ва қарз гирифтан аз бонк бо маблағи 250 ҳазор доллар сохтам.
Аввалин маротиба соли 1991 Ҷамолиддин Мансуров, ки ҷонишини сарвазир буданд, даъват карда гуфтанд, ки истеҳсоли чойро ба роҳ монед. Дар ҳамон вақт ҳам ба ман маблағ надода буданд. Ман хонаи шахсии худро ба гарав гузошта, аз бонк пул гирифтам. Аввалин маротиба дар Тоҷикистон бо номи “чойҳои сомонӣ” 10 намуди чой баровардам. Чойро баровардем, вале харидор нест. Бонк ба ман танҳо як моҳ мӯҳлат дод ва дар ҳолати барнагардонидани маблағ ман аз хонаам маҳрум мешудам. Боз рафтам назди Ҷамолиддин Мансуров. Он кас ба директори ҳамонвақтаи заводи алюминбарорӣ супориш доданд, ки ба 15 ҳазор коргаре, ки дорӣ, ҳамин чойҳои доктор Тоҳириро 2 долларӣ мефурӯшӣ. Заводи алюминбарорӣ чойҳои маро харид ва ман пулҳои аз бонк гирифтаамро баргардонидаму халос шудам.
- Агар шумо ҳоло маблағ ёбед ё ягон ҳомӣ пайдо шавад, истеҳсоли ҳамин чойро дубора ба роҳ мемонед?
- Ман дигар маблағи калон намехоҳам. Агар касе хоҳиш дошта бошаду маблағгузорӣ кунад, истеҳсолро ба роҳ мемонам. Ман вақте ки аз паси маблағ мешавам, ба саломатии худам аҳамият намедиҳам, оқибат бемор мешавам ва мефавтам. Маблағ муаммои саломатии инсонро ҳал намекунад. Масалан, ман чор мошин доштам. 5 сол инҷониб бошад, мошин надорам. Охирон мошинамро вайрон карда арғунчак сохтам. Ҳамин мошинҳо маро касал карданд. Одам танбал мешавад. Пиёда намегардад. Ҳоло бошад ман ба ҳисоби миёна бо беморонам рӯзе 5-7 км пиёда мегардам.
- Дар як навор тамошо кардем, ки дар саҳнае шумо як занро гипноз кардед ва он зан дар охир бо садои баланд ханда кардааст. Шумо гуфтаед, ки гипноз ин сухандармонӣ аст. Чӣ гуна?
Гипноз яъне таъсири сухан аст. Чи хеле ки мо гуфтем, илми тиб се шоха дорад: теғ, сухан ва гиёҳ. Вақте ки ҳукумати мо нав барқарор шуда истода буд, шахсан Ҷаноби Олӣ дар сеанси ман ки дар боғи Ленин баргузор шуда буд, иштирок карда буданд. Ман ҳамон ҷо ҳам якчанд одамро бароварда, гипноз карда, рақс андохтам, суруд хонондам ва дигару дигар. Ин албатта дар замони Шӯравӣ таҳти назорат буд. Дар зери таъсири гипноз баъзан одамҳоро ба роҳҳои бад истифода мебаранд, фиреб медиҳанд, аз ин рӯ назорат ҳатмӣ аст. Ман 4-5 маротиба дар курсҳои бозомӯзии гипноз таҳсил кардам.
Аввалин маротиба соли 1982 дар шаҳри Санкт-Петербург (собиқ Ленинград) курси семоҳаи гипнозро хатм карда будам. Мо ҳуқуқи дар толорҳо гузаштани сеансҳои табобатиро дорем.
Гипноз ва ё сухандармонӣ чӣ гуна ҷараён мегирад? Дар зери таъсири сухан дар организми инсон табаддулоти зиёд ба вуҷуд меоянд. Масалан, инсон тарс дорад, тарс аз мурдан, тарс аз танҳоӣ, тарс аз гирифтор шудан ба ягон беморӣ. Ин мисли лентаи магнитофон аст, ки дар сари инсон гардиш мекунад. Табиб дар вақти гипноз ана ҳамон чизҳои бекораеро, ки дар сари шумо давр мезананд, тоза карда, барномаи нав мемонад ва тарсу ваҳмро аз инсон дур мекунад.
-Аксари ҷавононе, ки дар донишгоҳи тиббии кишвар бо сарфи маблағҳои зиёд таҳсил мекунанд, баъди хатми донишгоҳ боз ба муҳоҷират мераванду меҳнати вазнин мекунанд. Барои чӣ?
-Ман қариб 30 сол инҷониб аъзои Иттиҳоди ҷамъиятии Пайванд ҳастам, ки раисаш Президенти муҳтарами мо ҳастанд. Салоҳиддинов ба ман махсус мактуб дода буданд ва ман аз рӯи он байни диаспораҳои тоҷик дар Русия кору ташвиқот мебурдам. Рӯзе бо як аробакаш шинос шудам. Пурсидам, ки шумо чӣ кор мекардед? Гуфт, ки ман духтур будам. Ҳайрон шуда пурсидам, ки чӣ хел? Гуфт ки “ман донишгоҳро хатм карда ба кор даромадам, маошам 500-1000 сомонӣ буд. Ин ҷо бошад бо ҳамин аробакашӣ ҳар рӯз ҳамон 500 сомониро меёбам. Ман бояд зиндагиамро пеш барам.”
Агар аз ҷиҳати иқтисодӣ мутахассисон таъмин карда шаванд, ҳоҷати ба муҳоҷират рӯ овардани онҳо намемонад. Аз ин рӯ бояд ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
- Шумо гуфтед, ки илми худро ба қабр бурданӣ нестед. То имрӯз чӣ қадар шогирд тайёр кардед ва фаъолияташон дар куҷоҳо ва чӣ гуна аст?
- Агар тахминан бигӯям, мумкин 2,5-3 ҳазор шогирд тайёр карда бошам. Натанҳо дар Тоҷикистон, ҳатто дар ҳудуди Қазоқистон, Русия, Эрон низ шогирдони зиёде тайёр кардаам. Мехоҳам ин ҷо як хотиротро нақл кунам. Вақте ки дар ҷумъабозори Хуҷанд идора боз кардам, як зан фарзандашро овард, ки писари маро шогирд гиред. Писарак синфи 6 мехонд. Нигоҳ кардаму фикр кардам, ки чӣ гуна ӯро санҷам. Дидам, ки гирду атроф андаке чиркин. Гуфтам, ки ҳамин латтаро гиру фаршро шуй. Агар дигар бача мешуд, “ман инҷо фаррошӣ омадам?” гуфта баромада мерафт. Вале он писарак тоза карда шуст. Баъди ин ҳар ҳафта меомаду ман ба ӯ бисёр чизҳоро омӯзонидам. Ин яке аз ҳолатҳои оддӣ аст. Инчунин, курсҳои табобатӣ ташкил мекунам ва аз номи Ассотсиатсияи табибони халқӣ сертификат медиҳам.
-Духтур будан ё навиштани як саҳифа китоб бисёр мушкилот дорад. Эҷод кардани чандин китобу рисолаҳо дар ин самт чӣ гуна даст дод?
-Ман 37 китоб ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ навиштам. Албатта ҳар як чиз истеъдод мехоҳад. Ман соати дуи шаб бедор мешавам. Аз 2 то 4 ё 5 кор мекунам. Гӯё аз коинот ба ман қувва меояд ва ман дар он ҳангом дар асоси таҷрибаҳоям чизҳоеро, ки мехоҳам, менависам. Аксаран китобҳои ман ҳаҷми хурд доранд. Зеро ман агар китоби 1000-саҳифа дошта нависам, ин одамонро хаста мекунад.
Як саҳфа пур аз шаробаи шавқ,
Беҳтар зи дусад китоби безавқ.
–Чихеле худатон гуфтед, дар бисёр давлатҳо шуморо барои ҳамкорӣ даъват карданд. Ҳатто имконият доштед, ки шумо ҳамон ҷо истеҳсоли чой ва дигар доруҳоро ба роҳ монед. Лекин шумо боз баргаштед ба Тоҷикистон. Барои чӣ?
- Ватан! Мефаҳмед?! Хуни нофи инсон дар куҷое резад, ҳамон ҷойро пазмон мешудааст. Вақте ки ман дар Доғистон, дар лаби баҳри Каспий кор мекардам, барои 400 нафар беҳтарин ҷой ташкил карда буданд. Масалан, ҳамон ҳуҷрае, ки ман худам истиқомат мекардам, як шабаш 200 доллар арзиш дошт. Ман пул намедодам. Ба ман таклиф карданд, ки ҳамон ҷо истода одамонро табобат кунам. Ман он ҷо дар як моҳ зиёда аз 3 ҳазор доллар кор мекардам. Ҷаноби Олӣ дар яке аз баромадҳояшон гуфтанд, ки “ҳар як тоҷики баору номус ватанашро обод мекунад.” Ин ба ман сахт таъсир кард ва баъд ман боз ба Тоҷикистон омадам. Таъсири ҳамон як суханро бинед.
- . Аз ҳамон 7 сол то инҷониб ягон тағйирот шуд ё ҳоло ҳам дар ҳамон фикр ҳастед?
- Дар системаи тандурустӣ тағйироти зиёд нашудааст. Зеро агар тағйироти нағз мешуд, дорухонаю беморхонаҳо кам мешуданд. Мантиқан фикр кунед. Агар тандурустӣ хуб кор кунад, мардум бояд бемор нашаванд. Масалан, ман дар ҳамин ноҳияи Айнӣ кор кунаму мардуми ин ҷо касал нашаванд, бояд моҳонаи ман баланд карда шавад. Дар мо баръакс. Пештар дар шаҳри Душанбе 15 дорухона буд, ҳоло бошад якуним ҳазор. Рӯзе танҳо гирду атрофи беморхонаи Қарияи Болоро чарх зада шумурдам, ки 67 дорухона буд. Зиёд шудани доруву дорухонаҳо ин нишонаи бохирад шудани мардум не, баръакс камхирад шудани онҳост. Тарзи дурусти зиндагиро намедонанд, бемор мешаванд ва духтур чӣ доруе, ки навишт, кӯркӯрона рафта аз дорухона мехаранд.
–Борҳо гуфтед, ки мехоҳед ба қабули худи Президент дароед. Чӣ пешниҳод карданӣ ҳастед, агар махфӣ набошад?
-Агар худи Президент маро қабул кунанду пешниҳодҳои ман дастгирӣ ёбанд, дар ду сохтор, тандурустӣ ва маориф тағйироти ҷиддӣ мешавад. Дастгирӣ ва фармони Президент хеле муҳим аст. Зеро танҳо он вақт амалишавии пешниҳодҳои ман бечунучаро мешавад. Масалан, ман 20 сол дар баромадҳоям дар бораи гӯшаи гиёҳдармонӣ гап задам. Гӯши шунаво набуд. Вале вақте ки Президент дар хусуси ташкили гӯшаҳои гиёҳдармонӣ дар тамоми беморхонаҳо супориш доданд, дар тамоми беморхонаҳо ин гӯшаҳо ташкил карда шуданд.
Соли 2017 дар қасри Борбад бо соҳибкорон мулоқот баргузор гардид. Вақте ба ман сухан доданд, ман барномаи “чӣ тавр одамҳо сад сол умр бинанд ва бемор нашаванд”-ро пешниҳод кардам. Он ҷо ман ба Президент 7 китоб ва барномаамро пешниҳод кардам. Пешниҳодҳо табиист, ки ба вазоратҳо рафтанд. Аз вазоратҳо бошад, ман ягон дастгирӣ надидам. Як маротиба ақаллан аз ман напурсиданд, ки барномаи ту чӣ кор мекунад. Беҳуда нагуфтаанд, ки куҷое ки гапат нагузашт, ҷоятро иваз кун. Ман дигар даву тоз накардам. Агар дар алоҳидагӣ як бор Президент маро қабул кунанд, ман баъзе гуфтаниҳо дорам, ки дар байни мардум гуфта наметавонам.
-Чӣ чизе буд, ки мехостед бигӯед ва мо напурсидем? Ва ё чӣ пешниҳодҳо доред?
-Як масъала хеле нигаронкунанда аст. Мо дар ин соҳа мутахассисони хуб надорем. Ва ё хеле кам ҳастанд. Ба мардум кӣ тарзи дурусти зиндагиро меомӯзонад? Албатта мутахассисон. Бо гуфтани танҳо ман ва ё ду-се нафар ин соҳаро ҷунбиш додан хеле мушкил аст. Ман бояд ки мардумро ба роҳи дуруст ҳидоят кунам. На танҳо дар соҳаи тиб, балки дар тамоми зиндагӣ. Ман худро дар ин роҳ вазифадор меҳисобам. Баъзе одамон аз даҳонашон гапҳои қабеҳ мебарояд. Ин аллакай фазоро вайрон мекунад. Ҳатто чунинҳоро борҳо гуфтаам, ки “даҳонатро обгардон кун, ки ҳаром шуд.”
Доруи рақами як об аст. Технологияи истифодаи обро агар мо ба мардум ёд диҳем, 50-60% бемориҳо худ аз худ гум мешаванд.
Дар таҷрибаи зиёди корӣ борҳо шоҳид шудам, ки бо иштибоҳи баъзе духтурон ё иваз шудани натиҷаҳои ташхис як нафари солимро бемор мебароранд. Ин ба ҳолати равонии инсон таъсир карда ӯро ба беморӣ оварда мерасонад. Аммо фардо табиб иштибоҳи худро иқрор мешавад ва солим будани беморро тасдиқ мекунад, аммо он шахс аллакай аз ҷиҳати равонӣ таъсири манфӣ дидааст.
Дар осоишгоҳи мо 40 намуди гиёҳҳои табобати вуҷуд доранд, ки аксар ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ворид шудаанд. Мардум аз он истифода намебаранд. Осонтараш мераванду аз дорухона дору гирифта истеъмол мекунанду тамом. Он “антибиотик” аст. Анти-муқобил. Яъне “муқобили ҳаёт”.
Бори дигар мегӯям, ки саломатии ҳар як инсон дар дасти худаш аст.
Боқӣ сарбаланд бошед.
- Сипос ба шумо барои сӯҳбати самимӣ ва ошкоро!
- Сарбаланд бошед!
Мусоҳиб: ШОИРА Мадалиева