Моҳпайкар Ёрова яке аз ҳунарпешаҳои даврони Истиқлолият буда, бо иҷрои нақшҳои гуногуну ҷолиб дар театр ва синамои тоҷик маҳбуби тамошобинон гашта аст. Ӯ соли 1970 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна, таҳсилашро дар факултаи драмаи Донишкадаи театрии ба номи М.С. Шепкин дар шаҳри Маскав идома дода аст. Фаъолияти эҷодиашро бошад дар театри давлатии Ҷавонон ба номи М.Воҳидов оғоз намудааст. Ӯ соли 2013 бо Ифтихорномаи Президенти кишвар сарфароз гардидааст.
Аҷобаташ дар ин аст, ки хонум Ёрова дар суҳбат бо мо изҳор медорад, ки дар ҷавони ҳеҷ фикри ҳунарпеша шудан, ҳатто дар хаёлаш набуд.
Пас чи сабаб шуд, ки шумо ҳунарпеша шудед?
-Ман дар хурдсолиам , сурудҳои сарояндаи машҳури рус Алла Пугачёваро доимо зам-зама мекардам, аммо ин як завқи кӯдакона буд. Вақте дар синфи даҳ мехондам, дар дилам орзуи омӯзгор шудан пайдо шуд, фикри ҳунарпеша шудан умуман дар сарам набуд. Падару модарам дар симои ман ҳунарпешаи оянададорро дида, сабабгор шуданд, ки ман ҳунарпеша шавам, онҳо маро ба Маскав барои таҳсил равон карданд. Пас аз хатми Донишкада дар театри давлатии Ҷавонон ба номи М.Воҳидов фаъолияти худро оғоз намудам.
Нақши аввалинатонро дар саҳна, дар хотир доред?
-Нақши аввалини ман дар саҳнаи театр, дар драмаи “Рӯдакӣ” бо таҳияи режиссёр Музаффар Хаёлов буд, ки ман дар ин драма нақши Нигинаро мебозидам. Ин намоишнома барои ман яке аз лаҳзаҳои фаромушнашавандаи ҳаётам аст, зеро бо ин нақш қадамҳои нахустини худро дар саҳнаи театр гузоштам. Минбаъд дар спектаклу драмаҳо аз қабили “Эҳ ҷавонӣ, ҷавонӣ”(соли 2018), “Чароғи сеҳрноки Аловуддин”(соли 2017), “Шабе дур аз ватан”(соли 2016) ва амсол аз инҳоро нақшофарӣ намудаам.
Ба Донишкадаи театрии шаҳри Маскав дохил шудан , бароятон чӣ гуна муясар гашт?
– Соли 1987 дар шаҳри Душанбе як озмуни хеле калон барои қабули довталабон баргузор гардид. Озмун аз се давр иборат буд. Вақте, ки ман аз баргузории он озмун огоҳ шудам, алакай ҳама аз озмун гузашта буданд. Бо вуҷуди ин , бо дастгирии устоди аввалинам- Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Тағоймурод Розиқов имтиҳони маҳорати актёриро бо мувафақият супоридам ва дар Институти театрии ба номи М.С. Шепкин бо ҳамроҳии 18 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон соли 1987 таҳсили худро оғоз кардем. Ҳамкурсони солҳои донишҷӯиям Зулфия Содиқова, директори Хонаи кинои ба номи Б.Кимёгаров, Умед Хисравов, саррежиссёри Театри мазҳакаи мусиқии Хоруғ ба номи М.Назаров, Парвиз Пӯлодӣ, сароянда ва оҳангсози машҳур ва дигарон буданд, имрӯз дар ҷодаи ҳунар мувафақанд.
Театр ва кино кадоме аз инҳо дар дилатон ҷойгоҳи махсусро дорад?
-Дар театр, вақте, ки ҳунарпеша нақш меофарад, имконияти дубораю себора такрор кардани нақшро надорад,вале дар кино ин имконият ҳаст.Метавонӣ як лаҳзаи филмро барои хуб баромадан якчандбор такрор кунӣ. Дар театр нақш офаридан маҳорати баландро талаб мекунад. Новобаста аз ин, ҳам театр ва ҳам киноро дӯст дорам.
Соли 2016 дар мусоҳиба бо сомонаи Sputnik Тоҷикистон “Дар баробари худ рақибе надорам гуфтаед, яъне шумо худатонро аз дигар ҳунарпешагони ҳамовардонатон боло медонед?
-На, ҳаргиз ман худамро аз дигар ҳамкасбонам боло намедонам, аммо ҳар ҳунарпеша як образ, як хусусияту ампулаҳои худашро дорад. Ба он маъно рақиб надорам, ки дар синну соли ман аз рӯи ҳунарнамоӣ, аз рӯи нақшҳои офаридаам, бо забони кино агар гӯем “типаж” нест. Ман хело хушҳол мешудам, агар дар баробарам рақибе пайдо мешуд, зеро вақте рақиб дошта бошӣ, кӯшиш мекунӣ, талош мекуни, ки нақшҳоятро боз ҳам беҳтару хубтар офарӣ.
Дар як нишасти хабарӣ гуфтаед, ки” режиссёрҳои ҷавон барои худашон филм мегиранд”, далели ин суханҳо чӣ буда метавонад?
-Бале, чунин гуфта будам. Имрӯзҳо режиссёрҳои ҷавоне, ки филм ба навор мегиранд, хеле зиёд шудаанд. Бисёр хуб аст, ки онҳо кӯшиш мекунанд ва филм ба навор мегиранд.Ба ин васила барои рушди кинои тоҷик саҳм гузоштан мехоҳанд.Ман фикр мекнуам, ки ҳар як режиссёре, ки даст ба таҳияи филм ё драмаву спектакл мезанад, бояд пайваста омӯзад, дар ҷустуҷӯйи як кори нав, эҷоди нав бошад, на ин ки филмеро ба навор мегирад, дар он ҳам нақши асосиро бибозад ва ҳам коргардон бошад. Ман ин ақидаамро чандин маротиба ба режиссёрҳо гуфтаам, беҳтар мебуд коргардони ҳирфаиро даъват мекардед, яъне ё нақш бозанд ё таҳияи филмро ба уҳда гиранд. Мухлисонам аз ман бисёр мепурсанд, ки чаро шумо дар ҳар гуна филмҳое, ки онқадар сатҳи баланд надоранд нақш меофаред? Агар кӯтоҳ ҷавоб диҳам, танқисии молӣ маҷбур месозад, ки ҳар гуна нақшеро аз филмҳо пешниҳод кунанд, бозӣ кунам.
Ба фикри шумо ин гуна нақшҳо обрӯю эътибори ҳунармандро паст намекунад?
-На, ҳунармандро паст намекунад ва ман наметавонам ба ҳунарпешаҳое, ки дар ин гуна филмҳо нақш меофаранд, эрод гирам, зеро ҳар яки мо зиндагии худро дорем.Бисёриҳо фикр мекунанд, ки мо ҳунарпешаҳо зиндагии хубе дорем, вале намедонанд он пуле, ки аз филмҳо мегирем, пули кироӣ гуфтан ҳам нест.
Шумо ки хатмкардаи Донишкадаи Русия ҳастед, боре ба саратон фикри дар теат ва филмҳои Русия фаъолият карадан наомадааст?
-Маро чандин маротиба даъват карданд ва ҳам гуфтанд, ки чеҳраи нав ҳастед, кори шумо ба мо маъқул аст. Вале ман патриоти ватани худ ҳастам. Мо дар замони Истиқлолият зиндагӣ дорем , рӯз аз рӯз Тоҷикистон ободтару зеботар гашта истодааст ва ман ба умеди он, ки дар оянда мушкилиҳои мо ҳунармандон бартараф мегардад, фаъолиятамро идома дода истодаам.
Ба фикри шумо, чаро ҷавонону наврасон хеле кам ба театр мераванд ва агар раванд ҳам иҷборӣ аз тарафи мактаб ё донишгоҳ?
-Ин вобаста ба сатҳи драма ё пйеса аст. Он бояд диққати тамошобинро ба худ ҷалб намояд. Агар муҳтавои асари саҳнавӣ праблемаҳои имрӯзаи ҷавонону наврасонро дар бар гирад, албатта, завқи онҳо бедор мешавад. Дар театри мо ин гуна намоишҳо зиёд ҳастанд ва мавриди таваҷҷуҳи тамошобинон қарор гирифтаанд.Бояд ҳам мазмуну муҳтавои намоиш, ҳам ороиши саҳна , сару либос ва маҳорати ҳунарпеша, дар сатҳи баланд бошад. Агар ин талаботҳо набошанд, албатта, тамошобин ба театр намеравад. Ягона чизе, ки барои бартарафи мушкилоти театр пешбинӣ шудааст, ин нақшаи соланаи театр аст. Чунки аз ҳамин ҳисоб ба мо либос медӯзонанд, ороиши саҳна месозанд ва дигар камбудиҳоро рӯйпӯш менамоянд..
Дар филмҳо нақшҳои гуногунро меофаред, гоҳе хушдомани золим, гаҳ модари ғамхор ё зани сабукпо. Мехохем бидонем, Моҳпайкари ҳақиқии паси парда, чӣ гуна аст?
-Инро ман гуфта наметавонам ва худситоиро низ дӯст надорам, аммо зиндагии паси пардагии ман тамоман дигар аст.Вақте, ки ҳунарпеша нақши манфӣ ё мусбӣ мебозад, бояд ба тамошобин ҳамон нақшро ба таври аъло расонад.Дар масъалаи кор бисёр сахтгирам. Ман фикр мекунам Зан-Модар бояд ботамкин бошад,боодоб бошаду сабур, дар ин ҳол ӯ дар зиндагӣ бурд хоҳад кард.
Дар якчанд филмҳои русӣ ҳам нақш офаридаед, чӣ тафовутеро байни кинои русу тоҷик мушоҳида кардед?
-Вақте маро соли 2012 барои иҷрои нақш дар филми ҳунарии “Золотой запас” даъват карданд, ман алалхусус аз муомилаи хуши онҳо дар шигифт афтодам. Ҳар рӯз маро бо мошин ба наворгирӣ мебурданд. Инчунин онҳо аз камази “Дулан” либос, пойафзол ва пардозгарони махсус онҷо ҳастанд, ки хунарпешаро барои сабти навор омода месохтанд. Ҳар як режиссёр, ҳар як наворбардор ва ҳунарпешаҳо ёрдамчии махсуси худро доранд. Бояд қайд кард, ки дар филмҳои русӣ се-чор наворбардор аст. Дар филмҳои тоҷикӣ бошад ин тур талаботҳоро ҷавобгӯ нест. Мо ҳунарпешаҳо аз либосҳои худамон истифода мекунем. Яъне фарқият калон аст. Мушкилии асосии филмҳои мо маблағ аст. Агар дар мо низ сарпарастони филмҳо зиёд шаванд, чунин шароитҳо муҳаё хоҳанд шуд.
Ягон нақше ҳаст, ки дар дилатон орзуи офариданашро мепарваред?
-Албатта, ҳаст. Таърихи миллати мо хеле бой аст ва ман орзу дорам, ки як силсилафилми таърихии ба навор гирифта, шаваду ман нақши маликаи бузургро биофарам ва аз тамошои ин филм тамоми мардум бидонанд ки зани тоҷик кӣ буд ва кӣ аст.
Суҳбаторо Малика Сафарзода