Санаи 20-уми январ буд. Ҳамроҳии дӯстам ба Сирк рафтем. Чанд сол буд, ки ба Сирки давлатии Тоҷикистон нарафта будам. Гумон мекардам, ки ҳеҷ кас шояд наравад, вале гумонам хато будааст. Одамони зиёде интизори намоиши ҳунармандон буданд. Намоиш оғоз шуд. Онро бо завқи тамом тамошо кардем. Аз байни ҳунармандон бонуе бо шавқу рағбат, бе тарсу ҳарос рӯи тор моҳирона ҳунарнамоӣ дошт. Дар баромади дигараш мухлисони худро бо рақсҳояш мафтун кард. Ростӣ, ман мухлиси ӯ шудам. Хостам бо ин бонуи тоҷик ҳамсуҳбат гардам. Ин бону Мастона Собирова мебошад. Ҳунарманди Сирк, муаллимаи рақси Сирки давлатии Тоҷикистон аст.

– Салом Мастона, намоишатон беҳтарин буд.

– Cалом, ташаккур, ҳама заҳматҳоям барои мардуми азизам мебошад.

– Тарс вуҷуди Мастонаро фаро намегирад, вақте болои тор мебарояд?

– Бори нахустин дар Сирк бо тор кор кардан бароям душвор буд, тарсу ҳарос доштам. Ҳозир бошад, ҳар қадар боло бароям, ҳамон қадар шавқи боло баромадан пайдо мешавад.

Ҳангоми баромадан ба баландиҳо боре ҳам шудааст, ки афтода ва осеби ҷиддӣ дида бошед?

– Бале. Соли 2015 аз баландии 10 метр ҳангоми намоиш афтодам. Осеб на он қадар ҷиддӣ буд, лек то ҳол китфам каме дард мекунад. Ин ҳолатҳо дар ҳама сиркҳо бо торбозон рух медиҳанд.

– Чӣ боис шуд, ки ин касбро интихоб намудед?

– Ман худ дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадаам. Падарам ва бародарам ҳунарманданд. Хуллас, гуфтаниам, ки дар хуни ман хуни ҳунарманд ҷӯш мезанад. Барои ҳамин ҳунарманд шудам. Сиркро дӯст доштам. Барномаҳои рангин таҳия мекунем, ба шаҳрҳои хориҷа сафар менамоем. Дӯстони зиёд пайдо мекунем.

– Таваҷҷуҳи мардум ба Сирк чи гуна аст?

– Мардуми мо фарҳангдӯстдоранд. Мо бо намоишҳои рангину ҷолиби худ таваҷҷуҳи халқи азизамонро ҷалб намудаем. Ҳангоми баромадҳоямон онҳо ба мо бо кафкӯбиҳои худ руҳияи тоза мебахшанд ва кӯшиш мекунем, ки дар намоишҳои дигар барномаи боз ҳам ҷолибтаре пешниҳоди бинандагон гардонем. Онҳо моро дӯст медоранд. Мо ҳам мухлисони худро дӯст медорем.

– Мастонаи торбоз оё дар фестивалҳо иштирок намудааст ва ҷоизадор ҳаст ё не?

– Бале. Фестивал дар шаҳри Варшава баргузор гардида буд, ки ҷоизадор шудем. Боз, дар Ҷумҳурии Чин «Фили нуқрагин» насибамон гашт. Дар чандин кишварҳо дар фестивалҳо иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳои зиёд шудем.

– Нигоҳи атрофиён нисбат ба шумо чи гуна аст? Ҳунари торбозиатонро чи хел баҳо медиҳанд?

– Нигоҳи атрофиён нисбатам хуб аст. Ба ман то ҳол баҳои бад надодаанд.

– Оё мехоҳед, ки ягона писаратон идомадиҳандаи ҳунари Шумо бошад?

– Ман мехоҳам, аммо падараш намехоҳад. Шавҳарам Обидҷон Эргашов худ торбоз аст, аммо намедонам аз чӣ бошад, намехоҳад писарамон торбоз шавад. Агар ин дафъа духтар ба дунё ояд, ҳатман идомадиҳандаи ҳунари ман мешавад.

– Муносибати Шумо бо ҳамкоронатон чи гуна аст?

– Хуб аст. Байни мо – ҳамкорон дӯстиву рафоқат ҳукмфармост. Мо мисли як оила ҳастем.

– Камбудиҳо дар Сирк ҳастанд ё не?

– Не, хушбахтона. Ташаккури зиёд мегӯем ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, ба муассисаи давлатии худамон низ. Ҳама вақт ба мо барои либосҳои лозима пул ҷудо мекунанд, дастгирӣ менамоянд. Миннатдорем.

– Ба касби интихобнамудаатон наздиконатон зид нестанд?

– Қаблан падарам зид буданд, намехостанд ман дорбоз шавам. Аммо, баъдан чун диданд, ки аз уҳдаи кори худам ба хубӣ мебарояму бе Сирк зиндагӣ карда наметавонам, розӣ шуданд.

Ғайр аз торбозӣ боз чӣ ҳунарҳо доред?

– Курта медӯзам. Куртаҳои барои намоишро худам медӯзам. Дизайнери куртаҳоям худам ҳастам.

– Пушаймон нестед аз ин касб, ки бисёр душвор аст барои бонуи тоҷик?

– Не, асло пушаймон нестам, интихоби худам аст, орзуям буд. Дӯст медорам касбамро. Мефахрам, ки торбозам.

– Барои оянда чӣ нақшаҳо доред?

– Нақшаҳо бисёранд. Мехоҳам барномаҳои Сиркро дар оянда дар сатҳи ҷаҳонӣ пешкаши мухлисону ҳаводорон намоям.

– Ташаккур барои суҳбати самимӣ!

– Саломат бошед!

 

Суҳбаторо: Таҳмина ЮСУПОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь