Суҳбати ихтисосӣ бо шоири ҳаҷвнавис Раҷаб Саидӣ.

-Устоди азиз, аввалан фарорасии зодрузатонро, ки ба 18-уми ноябр рост меояд, табрик мегӯем.

-Сипосгузорем аз шумо ва аҳли қалами ҳафтаномаи хонданиву хотирмони Шумо.

-Банда шуморо таввасути як шеъратон «Рузи маош», ки бо ин ном китоб щам доред, шинохтам. Лутфан бигӯед, ки аз 69 соли бобаракати умратонро дар кадом соҳаҳо сипарӣ кардед, ки ин қадар аз маош шикоят доред?

-Аз овони наврасӣ машқи шеър мекардам. Ҳануз ар синфи 8 хонданам шеъри ҳаҷви ба номи “Ҳай ҷонаме” эҷод намуда будам. Хушбахтона, бо ҳидояти устоди зиндаёд Мирзо Файзалӣ дар рӯзномаи ноҳиявӣ нашр гардида буд:

Ҳай ҷонаме, ҳай ҷонам,

Дар ферма подабонам.

Гову бузам дар ферма,

Мудирҷон пуштибонам.

Як донаву як дона,

Мудир кашад ба хона…

Касби омӯзгориро бошад дӯст медоштам. Беш аз бист сол омӯзгор будам. Дар як вақт бо аҳли қалам, адибону рӯзноманигорон алоқаи мустаҳкам доштам. Аввалин маҷмуаи шеърҳоямро бо тавсияи шоири шинохта, устоди воқеан гиромӣ Қутбӣ Киром бо номи “Савганди вафо” нашр намудам ва ба тавсияи бевоситаи ин устоди соҳибном ба кори рӯзноманигорӣ гузаштам. Чанд соли давраи охири омӯзгорӣ ва аввали рӯзноманигорӣ аз норасогии маош танқисӣ мекашидам. Албатта, фақат як ман не, тамоми аҳли қаламу омӯзгорон. Дар суҳбати нафаре бо дарду алам қисса намуд, ки агар маош гирам ҳамсарам маро чун марди оила эҳтиром мекунаду дигар тамоми рӯзҳои моҳ тарзе вонамуд месозад, ки гӯё барои ӯ вуҷуд надорам.

Бар занам рӯзи маош ман шавҳарам,

Бисту нуҳ рӯзи дигар бе ҳамсарам.

Киссаҳо холӣ чу каҷкули гадо,

Нимгурусна ҳар куҷо дар  ҳар дарам .

-Аслан Шумо шоири ҳаҷвнависед. Ба назаратон ҳаҷви имрузаи тоҷик дар кадом сатҳ аст?

-Бо истиснои ашъори ҳаҷвии устодони зиндаёд Ашӯр Сафар, Мирзо Файзалӣ, ҳаҷвнигорон Имом Назар, Гурез Сафар, Абдурауф Муродӣ, Ҳакимшои Назаралӣ, Ҷӯрабеки Муъмин ҳаҷви нишонрас надорем.

Ҳарчанд, ки ҳаҷв дар ҳақиқат,

Оина табъро ғубор аст.

Маҳро, ки камоли нур бо ӯст,

Бар зулмати шаб чӣ эътибор аст.

Барои соҳибмансабон қобили қабул нест. Ҳарчанд баъзан баъди шунидани он заҳрхандон мекунанд.

Вазифаи асосӣ ва ҳадафи ягонаи ҳаҷв ошкор намудани одитарин нуқсонҳои ҷомеа мебошад.

Муллое сура мехонд,

Айни Рабул-оламин,

Даста ба киса бурдам,

Гуфто Рубл-оламин.

– Оё аз ягон ҷониб ба адибони ҳаҷвнавис кӯмак мерасад?

– Рости гап, намедонам. Ҳарчанд дар матбуоти даврӣ аз солҳои 80-ум бо шеърҳои ҳаҷвӣ баромад кардам, аз ягон хел кӯмак бархурдор набудам. Ба истиснои таҳсину аҳсантҳои шоири шинохта устоди зиндаёд Басир Расо.

Саркардаи яктои ту,

Аз ҳама кас болоӣ ту.

Савганд бар мӯи лабат,

Сардори беҳамтоӣ ту.

 

Қурбон шавам бар давлатат,

Бар ҳайбату бар савлатат.

 

Мошинсавор оӣ ба кор,

Хоҳам шавӣ бар ман савор.

Эй кору борат бобарор,

Ман саг, туӣ тири шикор.

 

Қурбон шавам бар давлатат,

Бар ҳайбату бар савлатат.

 

Боло зи ҷонам донамат,

Ҷамчун падар мехонамат.

То охири сардориат,

Дасти ман асту доманат.

-Барои чӣ адибони ҷавони ҳаҷвнавис кам дорем? Ё ҷавонон ба дарки ҳаҷв қодир нестанд?

-Тарғибу ташвиқи шоирону нависандагони ҳаҷвнигор дар сатҳи паст аст. То ба имрӯз нашунидаам, ки ҳаҷвнигореро барои силсилаи шеърҳои ҳаҷвӣ ва ашъори сирф ҳаҷвиаш ба унвоне ё мукофоте пешниҳод карда бошанд. Адибони ҷавони ҳаҷвнавис қариб ки надорем. Аммо то ҷое ба мушоҳида мерасанд ҷавонони мо ҳаҷвро хуб дарк мекунанд ва онро дӯст ҳам медоранд. Баъди хонддани ашъори таърихиву тарҷумаҳолӣ, бадеиву фантастикӣ агар ба андеша раванд, баъди хондани асарҳои ҳаҷвӣ ҷавонон хушҳол мегарданд.

Сарояндаи ҷавоне тар тӯй баъди хондани чанд шеъре ба бадару модар бахшида, якбора месарояд:

Ҷунбон- ҷунбонша,

Борик миёнша.

Атрофиёнша,

Зулфи сиёша,

Калуши поша,

Садқа шавам ман.

Хушҳолӣ ҳамаро фаро мегирад.

-Агар ба ягона маҷаллаи пурра ҳаҷвии “Хорпуштак” барои ҳамкорӣ даъват намоянд, қабул мекунед?

-Чи тавре болотар зикр намудам, аз солҳои  80-ум то ба имрӯз ба аксари рӯзномаю маҷаллаҳо ҳамкорӣ дорам. Дар нашрияҳои “Адабиёт ва санъат”, “Тоҷикистон”, “Минбари халқ”, “Фароғат”, “Сомониён”, “Фараж”, “Самак”, “Ҷавонони Тоҷикистон” шеъроҳои ҳаҷвии ман нашр шудаанд. Ин гуна бештар дар нашрияи “Нури зиндагӣ”, ки сардабираш рӯзноманигори шинохта, адиби хушзавқ Ҷумъаи Мирзо ва “Ҷавонони Тоҷикистон” дар аҳди рӯзноманигори асил Самариддин Асозода ҳамкории қавӣ доштам.

Бояд қайд намуд, ба саъйю талоши Самариддин Асозода нашрияи ҳаҷвие бо номи “Мушфиқӣ” муддати муайян арзи ҳастӣ намуд, ки дар як муддати кутоҳ хонандагони худро пайдо намуда буд.

-Баъзе ҳаҷвҳоятон нарму латифанд. Чи ҳиссиёте шоирро фаро мегирад, то ҳаҷви латиф ё тезутунд нависад?

-Ҳамеша кушиш намудам, ки ҳаҷви ман нарму латиф ва нишонрас бошад. Асаби касеро вайрон ва ё таҳқир кардан ҳадафи ман нест.

Чор хонаро ҷоруб занаму ҳавлиро об,

Шӯям ҳамаи ношустаи шабро ба ҳисоб.

Ширчой пазам, кулчаи ширмол орам,

Зардинаи ман соати даҳ хезад зи хоб.

***

Занак, занаке, ҳо, занаки зардина,

Кам-кам занаки аксари сол мардина.

Моҳонаи аҳли хонадон дар дастат,

Ин шавҳари лабташна зи тақдир бина.

Ҳамзамон, пораҳои насрии ҳаҷвияҳо зери унвони “Аз дидаву бишнидаҳо” руйи чопро дидаанд.

Шунидам, ки раиси кумитаи заминсозӣ ба туйи як дӯсташ тӯҳфаи қимматбаҳо овард.

аҷватон дар муҳити оила чигуна қабул мешавад?

Бо лутфи офаридгор аҳли хонадон ҳама соҳибмаълумтанду шаш фарзанди баркамол, 10 набераи навпаруболам ҳаҷвро меписанданд. Миёни онҳо Шамсиддинҷон забоншинос аст, гоҳе эрод мегирад, вале бештар ифтихор мекунад.

Дар дили шаб мисраи нобе агар иншо кунам,

Субҳгоҳҳо хоҳиши дидорҳо дорад дилам.

Ман барои миллати заҳматқаринам шоирам,

Дар сифоташ қиссаву гуфторҳо дорад дилам.

Шунавандаи аввалини ман аҳли хонадонам аст. Шеъро мақбул баъди муҳокимаи аъзои оила барои азёд кардан ба набераҳои мактабхонам тавсия дода мешавад. Набераи хушзеҳне бо номи Анисҷон дорам, ки беш аз 50 шеъри маро дар мавзӯъҳои мухталиф азёд медонад. Дар китобхонаи шахсиамон беш аз ҳазор номгӯи китобҳои бадеист, ки ба истифодаи аҳли хонадон ва ҳаводорон вогузор карда шудааст.

-Агар дар оянда ягон китоби ҳаҷвии дигар интишор карданӣ бошед, мавзуъҳои асосии ҳаҷватон кадомҳо хоҳанд буд?

-Агар офаридгор имкон диҳад китоби навбатиамро рӯзҳои наздик ба дасти ҳаводорони ашъорам мерасонам. Дар ин китоб марсияҳои ҳаҷвӣ мавқеи боло доранд. Марсияи “Кулоҳ”, “Соат”, “Айнак”, “Туфлӣ” ва “Шим”аз ҷумлаи онҳост.

Ба сари бемӯи ман пушту паноҳ,

Обрӯю эътиборам, эй кулоҳ.

Сӣ сари сол тори сар кардам туро,

Пир гашти мисли ман, бо оҳу воҳ.

Эй азизу қадрдонам, алвидоъ,

Шустамат сад бор ман дар мастиҳо.

Сад лагад ҳам кӯфтамат дар мастиҳо.

Баъди пахмел ту буди болишти сар,

Борҳо ҳам духтамат дар мастиҳо.

Ғамшарики безиёнам, алвидоъ.

Мусоҳиб:

Зоҳири САЙФУЛЛО

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь