Маҷид Салим, нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, номзади илми филологӣ, ҳамзамон, табиатшинос бо асарҳои эҷодкардааш, ки бештар фарогири олами ҳайвонот, парандагон, мавзеъҳои табиии кишвари мо мебошанд, маҳбубият пайдо кардааст. Суҳбати хабарнигори “Ҷумҳурият” бо ӯ дар бораи мамнуъгоҳи “Бешаи палангон” аст, ки ташвиқу тарғиби он метавонад ба ҷалби сайёҳони олам ба ин мавзеъ мусоидат намояд.

– “Бешаи палангон мавзеи сайёҳӣ”. Ин номи китоби илмӣ-оммавии Шумо аст, ки чанде пеш ба нашр расид. Нахуст мехостам, бигӯед, ки чӣ навъ ин мамнуъгоҳро ба мавзеи сайёҳӣ табдил додан мумкин аст?

Ман ҳанӯз аз солҳои донишҷӯӣ дар факултети биологияи Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) будан зери роҳбарии доктори илмҳои биологӣ Тоҳирҷон Сатторов дар мавзуи “Ҳайвонҳои нодири дар арафаи нестшавӣ қарордошта дар мисоли “Бешаи палангон” кори дипломии худро ҳимоя кардаам. Аз ҳамон вақт дилбастаи ин мавзеъ будам ва дар бораи он бисёр асарҳои олимони машҳури русро мутолиа намуда, ба ҳайрат меомадам. Дар ин хусус олимони хориҷи кишвар низ асарҳои зиёд доранд, ҳатто дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ рӯзноманигорони кишварҳои СССР чандин барномаҳои телевизионӣ сабту пахш намуданд. Лекин бо забони тоҷикӣ китоб набуд. Номи китобро “Бешаи палангон мавзеи сайёҳӣ” гузоштам ва бояд бигӯям, ки ҳатман сайёҳон ҷалб мешаванд.

Барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақа мо метавонем пайроҳаҳои сайёҳӣ ташкил кунем, дар пайроҳаҳои Королевский, Дедов, оҳугузар, ҷойҳои таърихии Полвонтуғай. Тавассути ташкили ин пайроҳаҳо сайёҳони хориҷӣ метавонанд ба бойигариҳои табиии ин мавзеъ аз наздик шинос шаванд. Ин таҷриба дар кишварҳои хориҷӣ бисёр роиҷ аст. Масалан, калонтарин мамнуъгоҳҳои Африка, Мозамбику Амрикоро ҳатто ба воситаи нақлиёт метавонанд сайёҳон бинанд. Чаро мо бояд аз ин таҷрибаҳои мавҷуда истифода набарем? Агар ин гуна роҳҳоро ифтитоҳ кунем, ба буҷаи ҷумҳуриямон маблағҳои калон ворид мегарданд, чандин нафар соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Аз рӯи маълумоти овардаи Шумо мамнуъгоҳ соли 1938 ташкил карда шуд ва ягона мамнуъгоҳ дар Осиёи Марказӣ буд. Чаро он маҳз дар ин давра ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил шуд?

“Бешаи палангон” дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ хуб муаррифӣ намегардид. Дар он замон Тоҷикистонро чун кишвари пахтакор мешинохтанду таваҷҷуҳ ба ин соҳа бештар буд. Ҳатто барои домони кишти пахтаро васеъ кардан, заминҳои зиёди маконҳои таърихӣ чун заминҳои кишт истифода мешуданд. Алалхусус, водии Вахш макони пахта буд. Дигар ин ки тамоми супоришҳо, ки аз тарафи Маскав буд, фикр мекунам, аз ҳамин сабаб “Бешаи палангон” аз мадди назар дур монд.

Танҳо баъд аз истиқлол ва он ҳам бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба он зиёд шуд. Имрӯз Тоҷикистонро чун кишвари дорои тамаддуну фарҳанг, мамнуъгоҳҳои табиӣ мешиносанд. Аммо ин кам аст. Боз ҳам бояд ба сайёҳон бештар муаррифӣ кунем, ки “Бешаи палагон” мавзеи одӣ  набуда, балки макони сайёҳӣ ба шумор меравад. Дар ин макон тамоми риштаҳои сайёҳиро, ба мисли сайёҳии кӯҳӣ, биологӣ, мавсимӣ метавонем истифода барем.

Ин мамнуъгоҳ аз мамнуъгоҳҳои дигар бо кадом хусусиятҳояш фарқкунанда мебошад ва ҳам бартарӣ дорад?

Фарқи асосии ин мавзеъ дар ҳолати табиӣ қарор доштанаш аст. То имрӯз захираҳои табиияшро аз даст надодааст. Релефаш, тағийрёбии иқлим, баромадани офтоб, регзораш, макони ҷойгиршавӣ, даҳҳо ҳолатҳои табиие дорад, ки аз дигар маконҳо бартарӣ дорад.  Дар мавзеи хушобу ҳавои соҳили дарёи Вахш  ҷойгир шуда, барои сукунати олами ҳайвоноту наботот мувофиқ аст. Яъне релефи супротикӣ дорад. “Бешаи палагон”  ҷанбаи флорафавнае (наботот ва ҳайвонот) дорад, ки тамоми намуди парандагону чарандагон дар он сукунат карда метавонанд. Парандагоне, ки аз дигар кишварҳо ҳиҷрат менамоянд, маҳз дар ин макон зиндагӣ мекунанд. Дар ин мавзеъ зиёда аз 15 ҳавзи моҳӣ аст. Ба тамоми намуди моҳиҳо дар ин ҷо вохӯрдан мумкин аст.  Боду ҳавояш барои зисти тамоми намуди олами набототу ҳайвонот мувофиқ мебошад. Маҳз онро соли 1938 барои ҳифзи паланги тӯронӣ ташкил намуданд. Ин паланг нодир буд ва фақат дар ин ҷо мезист. Ин намуди паланг нест шуд, ҳатто  дар кураи замин вуҷуд надорад. Аммо номи он боқӣ монд.  Ҳарчанд ки имрӯз дар “Бешаи палагон” паланг нест, дигар намуди парандагону хазандагон зиндагӣ доранд.

Чӣ бояд кард, то “Бешаи палангон” маъруфияти бештар пайдо кунад ва бинандагонаш ҳамасола зиёд гардад?

Бо иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Бешаи палангон” саросар танзим шуда, осорхонаашро аз нав тармим карданд. Бо кӯшишҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай хатсайрҳо муайян шуда, олимону сайёҳонро ҷалб мекунанд. Таваҷҷуҳи тамошобинон ба ин мавзеи хушобу ҳаво рӯз ба рӯз зиёд мешавад. Ман фикр мекунам, ки барои ҷалби бештар бояд инфрасохторҳои нав ба нав бунёд шуда, шароит муҳайё гардад. Зеро дигар кишварҳо кӯшиши сохтани мамнуъгоҳи сунъӣ доранд, аммо чунин мавзеи табиие, ки мо дорем, надоранд ва “Бешаи плангон” беназир аст. Мамнуъгоҳи мо табиати зиндаро молик мебошад. Ин хел  макон дар ягон гӯшаву канори дунё нест. Дар ин ҷо шумо бо табиати зинда рӯ ба рӯ мешавед. Агар мо бо пайроҳаҳои сайёҳӣ ҳамроҳ  шуда, ба дарунтари “Бешаи палангон” ворид шавем, бо як тахайюлот, рангомезиҳои табиат рӯ ба рӯ мешавем. Мебинем, ки дар болои сари мо уқоб парвоз дорад, дар поён сангпӯшт ва ё дигар хазандагон ва ҳам сусмор ҳаракат дорад. Селаи мурғони даштӣ, гавазнҳо бе малол гашту гузор доранд. “Бешаи палангон” пур аз саксаназор, гулу гиёҳ, буттаҳҳои нодир, намудҳои беназири ҷонварон, ки бояд таҳқиқ шаванд, мебошад. Ман як моҳиро дар ин ҷо мушоҳида кардам, ки ҳам дар хушкӣ зиндагӣ мекунаду ҳам дар об. Дар бораи ин гуна моҳӣ шунидан як афсона менамояд. Ин хел табиат ва мамнуъгоҳро бояд муаррифӣ кунему бештар маъруфи ҷаҳонаш бикунем.

Мусоҳиб Лола РИЗОӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь