Дар бораи Латофат Кенҷаева навиштану гуфтан бароям осон набуд. Вақте ба нияти мусоҳиба наздаш мерафтам, пеши назарам шахсияте намудор буд, ки тӯли умр коре ҷуз хидмат ба китоб накардааст. Дар замоне, ки ҷанг ва тангии шароит мардумро аз китобу китобхонӣ фарсахҳо дур андохта буд, вай бо тими худ 450 номгӯй китобро ба теъдоди 1 миллиону 920 ҳазор бо 9 забони олам чоп кард. Маҷаллаи “Машъал”–ро, ки замоне аз пурхонандатарин нашрияҳо буду аз чоп монда, дубора эҳё намуд. Ва ҳамаи китобҳояш барои бачаҳо буд. Тасмим гирифтам атрофи ҳамин масъалаҳо бо ӯ ҳамсуҳбат шавам.
– Шумо зиёд миёни мардумед, илова ба он ки адиби шинохтаед, ношири маъруф ҳам ҳастед. Дар мулоқотҳоятон ҳоло ҳам аз Муқаддас Набиева суол мекунанд?
– Бале. Аз рӯзгори ӯ пурсон мешаванд. Мардум то ҳол китоби “Шарораи хотираҳо”-ро ҷустуҷӯ мекунанд. Масалан, аз шаҳри Панҷакент ва вилояти Суғд омада буданд. Дар Ӯзбекистон теъдоди зиёди ин китоб паҳн шуда буд. Он ҷо маро тавассути китоби «Шарораи хотираҳо» мешиносанд. Ҳарчанд наслҳо иваз шуданд, имрӯз наслҳои ҷавон ҳам маро медонанд, ҳанӯз ин китобро мехонанд ва аз даст ба даст мегардад. Шуҳрати мардумӣ будани ҳунарманд ҳам дар ҳамин аст, ки номи ӯ аз насл ба насл гузарад. Сурудҳояшро то имрӯз мехонанд ва дӯсташ медоранд.
Муқаддас умри зиёд надид ва тасаввур кунед, насле, ки замони дар ҳаёт будани сароянда ӯро мухлисӣ мекард, ҳоло ба синни пирӣ расид. Вале маъруфияти ӯ коста намешавад. Чӣ бештар ӯро зинда медорад?
Сурудҳояш, сабки нотакрораш ва табиӣ буданаш. Зеро то имрӯз оҳангҳои ӯро касе мисли ӯ хонда натавонист.
– “Шарораи хотираҳо” чӣ гуна тавлид шуд?
– “Шарораи хотираҳо” пас аз интишори мақолае дар «Адабиёт ва санъат» эҷод шуд. Пас аз чопи он мақола мактубҳои зиёд гирифтам. Он вақт сардабири маҷаллаи собиқ «Машъал» (ҳоло «Истиқбол») будам. Қарор додам дар бораи Муқаддас, ки мо ҳамроҳ дар як хона зиндагӣ кардему ҳамсол будем, нависам. Ҳамин тавр “Шарораи хотираҳо”соли 1990 бо теъдоди 25 000 нусха аз чоп баромад ва пас аз ба фурӯш рафтани он, дубора бо ҳамин теъдод нашр шуд. Он замон китобҳои нависандагони маъруфи мо 10-15 ҳазор нусха чоп мешуд.
Дар робита ба китоби «Шарораи хотираҳо» ҳодисае ба ёдам омад. Замони ҷанги шаҳрвандӣ буд. Зиндагии мардум ба сахтӣ мегузашт. Ҷавоне аз ноҳияи Фархор ба майдафурӯшӣ машғул буд. Аз ман хоҳиш намуд барояш китоб диҳам, фурӯхта пулашро бармегардонад. Аз роҳбари вақти нашриёти «Адиб» Кароматуллоҳ Мирзоев 2000 нусха китоби «Шарораи хотираҳо»-ро ба ҷавон додам. Ӯро дар роҳ ба сӯи ноҳияашон силоҳбадастон ғорат намуда, КАМАЗ-ашро оташ заданд. Баробари молҳои дигараш китобҳои мо низ сӯхт. Ҷавон худашро аз мошин партофту зинда монд. Як рӯз бо сару гардани докапеч омад ва гуфт, ки «Русия рафта кор мекунаму маблағҳоятонро бармегардонам».
– Баргардонд?
– Не, умуман наомад. Гумон мекунам шояд зинда ҳам намонда бошад. Вазъияташ бад буд.
– Бо овозхони маъруфу дӯстдошта Муқаддас Набиева ҳамхона ва дӯсту қарин будед. Баъзе ҳарфҳоро вақти нигоштани китоб гуфта намешуд. Бо гузашти солҳо нафароне, ки аз онҳо ном бурдед, дар қайди ҳаёт нестанд, мешавад баъзе розҳоро фош кард. Ният надоред онро бо такмилу иловаҳо нашр кунед?
– Китоб бо такмилу иловаҳо ва таҳрири ҷиддӣ омода аст. Номаш гузоштам: «Ёд шарора мезанад». Китоб бо ҷумлае анҷом меёбад, ки “Ту бо ҳамон синни 29-солагӣ ҷавон мондиву ман ба синни 70 расидам. Агар ту ҳам зинда мебудӣ, ба синни 70 мерасидӣ, ба мӯйҳои сафеди ман нигариста мегуфтӣ, ки инак мо ҳам ба як соле расидем, ҳарду мӯй сафед кардем, яъне мӯйсафед шудем. Шӯхӣ мекардем, ки Худо моро ба синни пирӣ расонад, он вақт ҳам ман суруд мехонаму ту низ ба навиштан машғул мешавӣ”. Барои нашри он маблағ пайдо нашуд. Собиқ вазири фарҳанг Бобохон Маҳмадович гуфт дар нашраш мусоидат мекунам. Хабаре нест.
– Чаро худатон чоп намекунед?
– Зеро бисёр ноҳияҳо аз мо қарздоранд. Китоб гирифтанду маблағашро барнагардонданд. 70-солагии Ҳунарпешаи Шоистаи Ҷумҳурӣ Муқаддас Набиеваро ҷашн гирифтанӣ будем. Бемории ҳамагир оғоз шуду нақшаҳоямонро мавқуф гузошт.
– Хеле аз суҳбатҳои шуморо дар нашрияҳо мутолиа кардам. Бештар аз кору эҷодатон пурсидаанд. Ман ҳам дар бораи хонаводаатон камтар медонам. Кистанд аъзои хонаводаи шумо ва чикораанд?
– 4 фарзанд дорам, 3 духтару як писар. Духтарам Манижа, ки дар омӯзишгоҳи рассомӣ мехонд, соли охири таҳсилаш буд, дар маркази воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ монд. Қариб буд латукӯбаш кунанд. Ҷавонҳо ба тарғибу ташвиқи муллоҳо ва ба қавли худашон ба куштани “кофирон” сар карда буданд. Ба онҳое, ки бо сари урён мегаштанд, ҳуҷум меоварданд. Хоҳарам Манижаро ба писараш арӯс кард ва ҳоло аз духтарам 4 набера дорам. Дар мактаби ноҳияи Деваштич аз фанни нақшакашӣ, дизайн, рассомӣ дарс медиҳад. Муваффақ асту шогирдони хуб дорад.
Ганҷина дар омӯзишгоҳи мусиқӣ мехонд. Аз сабаби ҷангҳои шаҳрвандӣ маҷбур шуд як сол ба дарс наравад. Омӯзишаш нотамом монд. Ӯ пас аз хатми донишгоҳ кор наёфт ва зебопараст ки буд, кошонаи зебоӣ боз кард.
Духтари хурдиам Матина дар ансамбли кӯдаконаи “Зебо” мерақсид, хеле рақсҳои зебо мекард. Мутаасифона, аз сабаби ҷанги хонумонсӯз ансамбл пароканда шуд. Ӯ пас аз хатми Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба олими мардумшиноси амрикоӣ Бринтон Аҳлин ба шавҳар баромад ва ҳоло дар Амрико умр ба сар мебарад.
Писарам Донишгоҳи омӯзгориро бо ихтисоси забони англисӣ хатм намуд ва дар нашриёти “Истиқбол” дизайнер аст. Ба рассомиву дизайнерӣ, ки шавқ дошт, ба кор пардохт ва дар натиҷаи зиёд омӯхтану кор кардан имрӯз яке аз тарроҳону дизайнерони шинохта аст. Зеро зиёда аз 450 номгӯи китобе, ки нашр кардем, 300-тояшро ӯ тарроҳӣ кардааст. Корҳои ӯ беҳтарин аст, чун ҳамасола китобҳои мо ба гирифтани унвони “Китоби сол” мушарраф мегарданд. Чун мо бо меъёрҳои байналмилалӣ барои кӯдакон ва ҷавонони то 18-сола мувофиқи синну солашон китоб чоп мекунем.
– Мехостам аз шавҳари шодравонатон пурсам. Чӣ касе буд: дар хонавода, дар зиндагӣ…?
– Табиб буд, олами дигар дошт. Касби ман барояш ҷолиб набуд. Ҳамкасбро ҳамкасб мефаҳмад.
– Дар муваффақиятҳои шумо чун шоиру нависандаву ношир саҳми ӯ то куҷо муассир аст?
– Саҳм надорад. Кори табибонро медонед-ку, ҳамеша дар хизмати мардуманд. Аз ин рӯ кори тарбияи фарзанд низ ба зиммаам буд. Фарзандонро боғчаву мактаб ва деҳа назди бобову бибияшон мебурд, ҳамин буд ҳиссаш дар тарбияи фарзандон. 2 сол пеш аз дунё гузашт.
– Медонам, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба шумо ҳам осеби зиёд расонд…
– Солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ бисёр азоб кашидем. Дар кӯчаҳо беибо одам мекуштанд. Силоҳбадастон роҳи оҳанро тарконданд, ағбаро ҳам гирифтанд. Ҳама ба ҷойҳои бехатар гурехта рафтанд, дар бинои 9-ошёна бо кӯдакон танҳо мондем, маҷбур шудем барои як бурда нон чизҳои ҳавлиямонро дар пеши хона бароварда фурӯшем. Он ҷо ҳам як ҳодисаи пурдаҳшат шуд. Вақте як ҷавон мегурехту яроқбадасте ӯро сур мекард, силоҳбадаст пеши мо омад, ки ӯ куҷо рафт? Таппончаро дар пешонии писарам гузошту гуфт агар нагӯӣ, ҳозир писаратро мепарронам. Аз тарс ҷойи рафтаи ӯро нишон додам. Ин гуна воқеаҳо зиёд буданд. Онҳоро дар китобам “366 рӯзи гуфтугӯ бо Худо” овардаам.
– Чӣ гуна ба шумо муяссар шуд, ки солҳои душвору бесарусомонӣ ҳам “Машъал”-ро мунташир созед?
– Солҳои душвору пурмашаққат новобаста аз монеаҳо “Машъал”-ро чоп мекардем. Кормандон ду сол бемаош кор карданд. Чунки барои кӯдакон фазо холӣ буд, на рӯзномаҳо чоп мешуд, на маҷаллаҳо. Собиқ вазири фарҳанг Бобоҷон Маҳмадович маҷалларо сарпарастӣ намуд ва аз соли 1994 “Истиқбол” ном гирифт. Баъдан дар назди ин маҷалла ташкилоти ҳамномашро таъсис додам. Дар аввал созмони ғайриҳукуматӣ буду аз соли 2008 созмони ҷамъиятии байналмилалӣ ном гирифт. Имсол он 25-сола мешавад.
– Бори аввал кай ба нашри китоб даст задед?
– Соли 1998. Аввалин бор аз як дӯсти муваффақам 600 доллар қарз гирифтам ва китоби Гулчеҳра Сулаймониро барои кӯдакон ба нашр расондем. Вақте 70-солагии устод Гулчеҳра Сулаймонӣ баргузор гардид, 200 дона китобашро ба ӯ туҳфа кардем. Ашк дар чашмон сухане гуфта натавонист, ҳамин қадар гуфт, ки дар умрам ин қадар туҳфаи қиматбаҳоро умед надоштам. Он вақт барои кӯдакон касе китоб чоп намекард.
Дигар мо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ кардем ва ин имкон дод чандин китобҳоро чоп кунем. Фарзанди шоистаи Ҳабибулло Файзуллоев – Беҳзод Файзуллоев, раиси ширкати “Вавилон-мобайл” ва мисли ӯ ҷавонмардон пайдо шуданд, дар нашри китобҳои кӯдакон кумаки молӣ карданд. Аз Беҳзод сипосгузорам, ки ду китобро бо теъдоди 20-ҳазорнусхаӣ чоп кард.
Дигар касе кумак накард. Маҷбур шудам хонаамро дар бонк гузошта, қарз гираму китоб чоп кунам. То имрӯз ин хонаам дар ихтиёри бонк аст. 25 сол аст қарз мегираму китоб чоп мекунам.
– Теъдоди китобҳои нашркардаатон ба чанд мерасад?
– 1 миллиону 920 ҳазор китоб, ки ба 9 забони дунёст ва аз 450 номгӯи китоб барои хурдсолон ва калонсолон иборат аст. Меболам, ки барои кӯдакони тоҷик зиёда аз 50 сол хизмат кардам ва барояшон аз эҷоди шоиру нависандагони тоҷик ва дунё шоҳасарҳоро пешкаш намудам. Барои дастрас шуданашон азиятҳои зиёд кашидем, ки ин ҳам дар китоби ёддоштҳоям омадааст.
– Солҳои кӯдакӣ шароити китобхонӣ доштед?
– Зиндагии сахте доштем. Аз хурдӣ ятим ба воя расидам. Ба корҳои бародар ёрӣ медодам. Аввал бояд кори хонаро мекардам. Агар китоби “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ ва «Субҳи ҷавонии мо»-и Сотим Улуғзодаро хонда бошед, медонед зиндагии ятим чӣ гуна аст. Шабҳо барқ надоштем, дар рӯшноии чароғи пилтагӣ таги курпа рустӣ аз зани бародарам китоб мехондам. Китобҳои китобхонаи мактабро дар 12-13-солагӣ хонда тамом кардам. Китобҳои китобхонаи ноҳиявиро ҳам тамом кардам. Ба китобхонаи марказӣ, ки барои калонсолон буд, аъзо шудам. Дар натиҷаи мутолиаи пайваста бо матбуоти даврӣ ҳамкориро ба роҳ мондам. Аз синфи 5 дар ҳафтаномаҳо навиштанро сар кардам. Аввал дар рӯзномаи ноҳиявӣ менавиштам. Он вақтҳо хабару мақолаҳои маро «Пионери Тоҷикистон» чоп мекард. Ҳамин тавр дар «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон») ва маҷаллаи «Машъал» зиёд менавиштам.
– Қиссаи донишҷӯ шуданатон ҷолиб аст…
– Бародарам нармдилу меҳрубон, аммо ҷиддиву камгап буд. Аз ақидаҳои хурофотпарастии мардум берун намеомад. Бар замм, он солҳо душвор буду бародарам ба тарбияи мо машғул шуда, савод омӯхта натавонист, дар хоҷагии колхоз кор мекард, музди меҳнат намедоданд, ба ҷои он ягон чизе медоданд. Он вақт мо хонаи нав месохтем, таҳхона мекандем. Замини гирифтаамон сангзор буд, барои он, ки бародарам ба хондан иҷозат диҳад, бо тамоми қувва кор мекардам. Дастонам захмдор шуда буданд. Он рӯз ба бародарам гуфтам ҳама барои хондан ба Душанбе мераванд, ман ҳам меравам. Ба ман маблағи зиёд даркор нест, 40 сум роҳпулӣ диҳед, дигар ҳеҷ вақт аз шумо пул намегирам. Он солҳо бо шоири дӯстдоштаам Аминҷон Шукуҳӣ мукотиба доштам. Ӯ дар ҷавоби мактубҳоям доимо мегуфт, ки бояд соҳибмаълумот шавӣ. Агар дар шаҳр ҷои зист наёбӣ, метавонӣ дар хонаи духтарам Онаҷон зиндагӣ кунӣ. Он вақт азназаргузаронии дастаҳои ҳаваскорон буд, мисли «Парасту»-и имрӯз. Дар бахши наттоқии озмуни ноҳиявӣ ғолиб омадам ва соли 1967 ба Душанбе омадам. Бародарам ҳам аз куҷое маблағ ёфт. Вақти гусел ҷомадонам дар дасташ, ашк рехт.
– Ба ваъда вафо кардед?
– Бале. Соли аввали донишҷӯӣ идрорпулии имтиёзнок, соли дуввум Айнӣ, соли сеюм Ленинӣ, ки 110 рубл буду ба маоши профессори донишгоҳ баробар, мегирифтам.
– Барҳақ мегӯянд агар зан дар хонавода босавод бошад, фарзандон босавод ба камол мерасанд. Ба бонувонамон хондани кадом асарҳоро тавсия медиҳед?
– Шавқу завқи мутолиа дошта бошанд. Романи “Занони Сабзбаҳор”-и Гулрухсор, повесту романҳои устодон Сорбон ва Урун Куҳзод, Ҷонибек Акобиров, Юсуф Акобиров, Саттор Турсун ва Фазлиддин Муҳаммадиевро тавсия медиҳам. Дар асарҳои ин суханварони мумтоз зиёд дар бораи занон сухан меравад. Дар ҳикояҳои Баҳманёр рӯзгори бонувон хуб тасвир ёфтааст. Фаромӯш накунед, агар занҳо китобхон набошанд, фарзандонашон китобхон намешаванд. Аз аллаи нахустинаш то ба воя расидани фарзанд назорат кунад, ки ӯ китобхон бошад. Ба ҷуз ин роҳи дигари одам шудани мо нест.
– Дар як суҳбататон гуфтед «Рӯзе, ки «Машъал»-ро ба даст мегирифтам, барои мани ятим шодтарин рӯз буд». Имрӯз маҷаллаву рӯзномае ҳаст, ки хонанда бо гирифтанаш эҳсоси хушҳолӣ кунад?
– Аз матбуоти давр огоҳ ҳастам, вале солҳои охир онро камтар мехонам. Ҳар китоби наве, ки чоп мешавад, ҳатман мехонам, чӣ насру чӣ назм.
Дар бораи занҳои муваффақе, ки дар Тоҷикистон шахсиятҳои шинохта ҳастанд, китобҳо навиштаам: «Шарораи хотираҳо», «Дар диёри дӯстон», «Наҷотбахши дунё кист?» ва ғайра. Дар бораи Низорамоҳ Зарифова, Саида Нисобобоева, ҳамсари Баҳром Фирӯз низ. Роҷеъ ба хонаводаи Ҳабибулло Файзулло «Фариштае ба нури орзу»-ро навиштам.
– Дар як мусоҳибаатон гуфтед 60 адад китобро барои нашр омода кардаед, аммо маблағ пайдо нест. Вазъият ҳамон аст?
– 30-тояшро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардем, то дар арафаи ҷашни Истиқлол нашр шавад ва мисли «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар хонадон ройгон тақсим кунанд. Чун дар ид аз ҳама бештар кӯдакон интизори туҳфа ҳастанд.
– Замоне моҳномаи «Дилсӯз»-ро бо теъдоди 25 000 нусха барои маъюбон нашр мекардед. Тақдири он чӣ шуд?
– Бо гранти як ташкилоти байналмилалӣ барои маъюбон чоп мешуд. Аз ман хоҳиш карданд дабирии ин рӯзномаро ба зимма гирам. Аз соли 1998 то 2000-ум ҳар моҳ нашр мешуд. Он як таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуҷуд овард, кору рӯзгори маъюбони ҷумҳуриро осон кард. Ҳамин сабаб шуд, ки маъюбон бештар ҳуқуқҳояшонро донанду бо ҷомеаи солим равобит дошта бошанд. Маблағгузорияш қатъ шуд ва иттиҳодияи маъюбон натавонист онро маблағгузорӣ кунад. Имрӯз ҷомеаи мо ба ҳамин гуна моҳнома ниёз дорад.
– Истиқлол ба шумо чӣ дод?
– Истиқлоли сухан, истиқлоли зебо зиндагӣ кардан, истиқлоли худшиносӣ, эҳсос кардани соҳибватан будан. Имкон дод дар арсаи ҷаҳон бигӯем, тоҷик ҳастем ва тоҷикон бофарҳанг буданд ва баргаштанд, имрӯз бо оину русум ва он анъанаҳои зебо тоҷиконро дар ҷаҳон мешиносанд.
Мусоҳиб: Раҳима АЪЗАМ