Имрӯз, 10-уми июн, аз рӯзи таваллуди Аминҷон Шукӯҳӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз адибони шинохтаи тоҷик, 100 сол пур мешавад. Шукӯҳӣ дар адабиёти навини тоҷик чун шоири ошиқ ва нависандаи ашъори ишқӣ маъруф аст.
Аминҷон Шукӯҳӣ дар шаҳри Хуҷанд чашм ба олам кушодааст ва яке аз аввалин хатмкунандагони риштаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбии коммунист маҳсуб мешавад. Наздики 6 сол ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва 10 сол раиси Кумитаи телевизион ва радио будааст.
Ба ифтихори 100-солагии Аминҷон Шукӯҳӣ “Азия-Плюс” бо фарзанди шоир Каримҷон Шукӯҳӣ мусоҳиба орост ва аз рӯзгору фаъолияти то ба ҳол норӯшанаш пурсон шуд.
– 30 сол ба ин сӯ ҳамроҳи оила ва фарзандонам дар Амрико умр ба сар мебарам ва қариб ҳар сол ба ифтихори зодрӯзи падарам ба Тоҷикистон меоям. Имсол ҷашни 100-солагии Аминҷон Шукӯҳиро дар Академияи миллии илмҳо, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон таҷлил карданд. Чанд чорабинии дигар дар вилояти Суғд ба ин муносибат баргузор мешавад ва моро даъват кардаанд.
Ба фикри ман, таҷлили солгарди умри шахсиятҳои шинохта ба насли нав нерӯву энержӣ мебахшад ва бузургии миллатро ба воситаи ёдоварӣ аз бузургонаш нишон медиҳад. Агар ҳамасола аз шахсиятҳое, ки замоне дар ташаккули афкори омма ва илму фарҳангу адаб хидмат кардаанд, ёдоварӣ кунанд, миллат худшинос мешавад.
– Аминҷон Шукӯҳиро чун шоири ошиқ ва нависандаи ашъори лирикӣ мешиносанд. Муҳити хонавода чӣ гуна буд ва аз аҳли адабу зиёи кишвар ба хонаи шумо киҳо рафтуомад доштанд?
– Падару модари ман аз рӯи одобу анъаноти вақт оила барпо карда буданд, вале байнашон меҳру муҳаббати қавӣ буд ва маҳз ҳамин буд, ки Аминҷон Шукӯҳӣ шоири маъруфи ашъори ишқӣ шуд. Он вақт дар рӯзгори суннатии мо вохӯрӣ бо духтар ва ибрози муҳаббат пушти пардаи шарм ва анъаноти мардуми кӯҳистон монда буд ва кам мардоне аз ишқашон ошкоро ҳарф мезаданд. Аммо падарам баъди оила барпо кардан ин қолабро шикаст ва шеърҳои сирф ошиқона навишт. Дар шахсияти шоирии Шукӯҳӣ нақши модарам бориз аст.
Хонаи мо доимо меҳмондор буд ва мо дар сӯҳбати адибони шинохтаи Тоҷикистон ба камол расидем. Рафиқони наздиктарини падарам, ки Абдумалик Баҳорӣ, Аъзам Сидқӣ ва Ҳоҷӣ Содиқ маҳсуб мешуданд, ки натанҳо ҳаммаслак, балки ҳамзамон ва ҳамфикр буданд. Чеҳраҳои адабие шӯравӣ ҳам аксаран меҳмони хонадони Шукӯҳӣ мешуданд.
– Робитаи Аминҷон Шукӯҳӣ бо Мирзо Турсунзода чӣ гуна буд? Солҳо муовини устод дар Иттифоқи нависандагон ҳам буданд…
– Робитаи Аминҷон Шукӯҳӣ бо Мирзо Турсунзода чун шогирду устод буд ва ба ҳамдигар эҳтироми ҷиддӣ доштанд. Аминҷон Шукӯҳӣ аз соли 1961 то соли 1967 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, яъне Мирзо Турсунзода буд. Хотирае аз шеърҳои ошиқонаи Аминҷон Шукӯҳӣ ба ёдам меояд. Падарам шеъре доранд, ки дар охираш чунин мисраъҳост:
Куҷо, охир, барам ман арзи шабҳои фироқамро,
Ки бар дилдодагон ғайр аз дили ҷонон вазорат нест.
Ин шеър дар рӯзномае ба чоп мерасад ва дар аввали он падарам эпиграф ҳам менависад, ки ба ҳалли ҳама мушкилоти одамон вазоратхонаҳо ҳастанд, ба ҷуз душвориҳои ишқ, ки дар ҳалли он ғайри дили ҷонон ҳар вазорат оҷиз аст. Баъд аз 3 рӯз Аминҷон Шукӯҳиро аз мақомот сарзаниш мекунанд, ки “барои дилдодагон вазорат нест” гуфтанаш аз ҷиҳати сиёсӣ нодуруст аст. Ин гуна ба хатои сиёсӣ айбдор намудани як адиб дар замони шӯравӣ барои ҳаёту эҷодиёташ оқибатҳои хеле бад дошт. Мақомот ба ин ҳам қаноат накарда, ба раиси Иттифоқи нависандагон Мирзо Турсунзода, ки он рӯзҳо дар сафари корӣ дар шаҳри Маскав будаанд, телефонӣ шикоят мебаранд, ки “бубинед, шогирдатон чӣ гуна шеъри аз нигоҳи сиёсӣ хато навиштааст”. Устод Турсунзода шеърро бодиққат мешунаванд ва ба даъвогарон мегӯянд:
– Шеъри хуб аст. Агар шоир мегуфт, ки бар дилдодагон ҳукумат нест, ман зери он ҳам имзо мегузоштам. Ба Шукӯҳӣ кордор нашавед.
Падарам, ки ба “гуноҳи сиёсӣ” айбдор мешуд, бо ин сухани Мирзо Турсунзода ҷонаш раҳо мешавад.
– Баъд аз ин, Аминҷон Шукӯҳӣ солҳои роҳбарии Кумитаи телевизион ва радио буданд. Шумо ҷое мегӯед, ки “он кори сангин ва хастакунанда буд”. Чаро?
– Зоҳиран Кумитаи телевизион ва радио ҷое буд, ки бо ахбору барнома, мусиқиву базму ханда, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву давлатӣ банд буд. Яъне, фазои шоду пурҷӯшу хурӯш дониста мешуд. Вале барои Шукӯҳӣ вазифаи пурмасъулият ва бисёр сангин буд. Вақте Ҷаббор Расулов ба падарам ин вазифаро пешниҳод кард, ӯ ҳеч хурсанд нашуд ва намехост, ки аз муҳити эҷодӣ дур шавад. Аммо ноилоҷ қабул кард…
– Чаро рад накарданд?
– Наметавонист, агар рад мекард, гӯё хилофи хатти машши Ҳизби коммунист мебаромад ва ин хатои сиёсӣ дониста мешуд. Ӯ яке аз хатмкунандаи риштаи журналистикаи Мактаби олии ҳизбии коммунист буд. Дар сурати рад кардани вазифае, ки аз ҷониби ҳизби ҳоким пешниҳод шудааст, масъалаи “гуноҳи сиёсӣ” пеш меомад ва ӯро бечунучаро аз узвият маҳрум мекарданд. Аз узвияти Ҳизби коммунист хориҷ шудан баробари худсӯхтан буд, зеро дигар ҳама бо чашми бад менигаристанд ва дар ҳеҷ ҷое ба кор ҳам қабул намекарданд. Дигар шахсияти адабии шоир зери суол мерафт. Аминҷон Шукӯҳӣ ҳангоми қабули вазифаи роҳбарии Кумитаи телевизион ва радио нозукона ба Ҷаббор Расулов мегӯяд, ки “танҳо бо шарти ду сол” ва Расулов ҳам ин шартро қабул мекунад. Вале ин дусола кор ҳуҳуди 10 сол, аз соли 1967 то соли 1976 идома кард…
Ин вазифа ба вазъи саломатии падарам бетаъсир намонд ва маҳз дар ҳамин давра ба бемории сактаи мағзи сар гирифтор шуд. Чанд бор аризаи аз кор рафтанро навишт, вале Расулов қабул накард. Баъд бо замима кардани маълумотномаи тиббӣ, ки аввалин сактаи мағзи сарро гузаронидааст ва идома додани кор ба саломатиаш зиёновар аст, аз роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио ба нафақа баромад.
– Баъд аз ин, фарзанди калонии Шукӯҳӣ дар ҷавонӣ аз олам чашм пӯшид… Аслан, чӣ ҳодиса шуд?
– Наҷминисо хатмкардаи риштаи филология ва кормандони хона-музейи Муҳаммадҷон Раҳимӣ буд ва ба пажӯҳиш машғул мешуд. Ӯ ноздонаи падар ва фарзанди аввалини оила буд. Ба бемории қалб гирифтор шуд ва дар 34-солагӣ, моҳи январи соли 1979 дар Бемористони Қарияи Боло аз олам чашм пӯшид.
– Ин ба рӯҳу равони Аминҷон Шукӯҳӣ чӣ таъсир гузошт ва сабаби марги устод чӣ буд?
– Аз даст додани фарзанд барои падарам фоҷеи таҳаммулнопазир шуд. Он вақт мо ҳама шароитро доштем, вале тиб ба ин дарди Наҷминисо даво надошт. Дидани он ки барои саломатии фарзанд коре карда наметавонист, падарамро дар азоби амиқи рӯҳонӣ гирифтор кард. Аз даргузашти аппаам 5 моҳ гузашту мо интизор будем, ки падар ба рӯзгори оддӣ бармегардад, вале, афсӯс, лабгазиву ашкрезӣ рӯз то рӯз падарро бемортар мекард. Ӯ бори дигар ба сактаи мағзи сар гирифтор шуд. Ин сакта дар моҳи майи соли 1979 боиси марги падарам шуд…
– Аз Аминҷон Шукӯҳӣ чӣ мерос монд?
– Пас аз як соли марги падарам мо аз сабаби он ки шароити хуби нигоҳдории дастхату нигоштаҳояшро надоштем, ҳама бойгониашро ба Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик супоридем. Аммо дар он ҷо бойгонии Аминҷон Шукӯҳӣ “сӯхт”. Ман аз чӣ гуна рух додани ин сӯхтор хабар надорам. Ҳоло аз Аминҷон Шукӯҳӣ ба ҷуз китобҳои ба нашр расонидааш ва як албоми акс, дигар чизе аз дастнависҳо, шеъру ҳикоя ва мақолаву асарҳои нотамомаш дар дасти мо нест. Ҳоло аз директори Институти забон ва адабиёт Фарангис Шарифзода хоҳиш кардам, ки бойгонии ин боргоҳро кобанд, то ягон осоре, дастхатте, мақолае аз падарам меёбанд. Намедонам, шояд натиҷа медиҳам…
Меҳрофарин НАҶИБӢ