ФАСЛИ АВВАЛ:
ДАР ШИНОХТИ МУСОҲИБ
Қироншоҳ Шарифзода:
– Як бурди Раҷабалӣ Исматуллоев ба ҳайси рӯзноманигор дар он буд, ки ӯ ба кори журналистӣ бо чашми серу “кисаи пур” омад. Дарвоқеъ, аз ҷиҳати моддӣ камбуд надоштан барои журналист аз омилҳои дилпурона, бо хотири ҷамъ кор кардану мустақилияти эҷодиро ҳифз карда тавонистан аст. Мавсуф писари раис буд, вале худнамоӣ намекард, балки масъулияти гароне бар дӯш дошт.
Шамсиддини Насриддин:
– Раҷабалӣ миёни кулли кормандони “Комсомоли Тоҷикистон” нахустин журналисте буд, ки ГАЗ–24–и он вақтҳо “дефитсит” дошт. Дигар мо ҳар куҷо мерафтем, ҳатман волгасавор мерафтем. Ва шояд бовар накунед, ки ягон маротиба аз даҳонаш “не, ман вақт надорам” набаромадааст! Мо, бачаҳои кабинетро одате буд, ки 5–ум (рӯзи аванс) ва 20–уми (рӯзи маош) ҳар моҳ баъди кор бозори “Зелений” ошхонаи “Бинокор” мерафтем, барои дами беғам задан. Акнун моро он ҷо Раҷабалӣ бо мошинаш мебурд. Баъди зиёфат бошад, диққат диҳед ба ҷавонмардияш, ҳар кадомамонро то хонаҳоямон бурда мемонд! Баъзан авансу маошро интизор нашуда, “ғайринавбатӣ” ҳам бозори Зелёний мерафтем. Боре ҳамин тавр он ҷо рафтему суҳбаткунон хеле нишастем ва ҳангоми ҳисобӣ шӯхӣ кардем, ки “зиёфати имрӯза аз ҳисоби писари раис”. Ва писари раис як хандиду ҳисобӣ кард. Ҳамин хислати дасткушодияш то ҳоло мондааст.
Камоли Қурбониён:
– Хуш ба ҳоли Раҷабалӣ Исматуллоев, ки Худо ба ӯ ҳунари дӯст доштану дӯст буданро арзонӣ доштааст. Ӯ ҳама сифатҳои барои дӯстӣ муҳим, ба монанди самимият, вафодорӣ, шӯхибардорӣ, бахшоиш, мавриди эътимод будан, дастгирӣ, гӯш карда тавонистан, ғамхорӣ, эҳтиром, таҳаммули норасоиҳоро… дорад. Миёни дӯстони номбурда профессор ҳам ҳасту бекор ҳам, прокурору рӯзноманигор ҳам, шоиру шофир ҳам, аз наслҳои гуногуни миллат, аз қишрҳои гуногуни ҷомеа ва аз минтақаҳои гуногуни кишвар. Ин ҳамаро сифоти неку ҳамидаи як инсон метавонад ба ҳам орад.
Ориф Ёдгорӣ:
– Раҷабалӣ Исматуллоев яке аз рӯзноманигорони ҳирфаии риштаи варзиши кишвар мебошад, ки солиёни зиёд дар ин ҷода аламбардору қаламбардорӣ кардааст. Вале ӯро на танҳо чунин касбият, балки самимияту садоқат ба дӯстиву дӯстдорӣ низ маҳбубу соҳибэҳтиром гардонидааст.
ФАСЛИ ДУВУМ:
70–СОЛАГӢ
– Ба 70 медароед, ин, пеш аз ҳама, барои худатон чӣ маъно дорад?
– Шахсан барои ман ин паёми хуш аст, рӯзи нек аст, ки боз як соли дигар зиндагӣ кардам. Рӯзи хурсандӣ аст, зеро аҳли оила, ёрону дӯстон табрик мекунанд, дуои нек медиҳанд. Ман ба он фикре, ки бархеҳо доранд, яъне ба зодрӯз расидан як сол ба марг наздик шудан аст, аҳамият намедиҳам, чунки хоҳ-нохоҳ мо аз ин дунё меравем ва шарт нест рӯзи хурсандиамонро бо чунин фикрҳои нохуб ба поён расонем. Мо як бор зиндагӣ мекунем ва тавре бояд онро сипарӣ кунем, ки ҳам худамон осуда бошему ҳам ба ҷомеа нафъамон бирасад.
– 70–солагӣ аз 60–солагӣ чӣ фарқ дорад?
– Рақами аввал иваз меёбад (механдад). Аслан, бо гузашти солҳо инсон руҳану ҷисман заифтар мешавад, аммо солории ӯ болотар меравад.
– Дар 70–солагӣ як нафар бояд чӣ дошта бошад?
– Ба ин синни муборак расидан худаш неъмати бузург аст. Дар мавриди доштаҳои дигар бошад, фикр мекунам, агар шахс андешаи неку солим, оилаи ободу зебо, дӯстони қадрдон дошта бошад, хуб мешавад.
– Аз 70 агар ба қафо нигоҳ кунед, чиро мебинед?
– Як рӯзгори осудаву хушро мебинам. Агар имкон мебуду бори дигар таваллуд мешудам, умрамро ҳамин гуна тай мекардам. Ҳеҷ солу моҳ ва сухану амаламро иваз намекардам, аз умри гузарондаам розиам, аз касе гила надорам.
– Шумо ба 70–сола монанд нестед, аз ороиши мӯятон то роҳгардиву дигар хислатҳоятон. Чаро чунин аст?
– Бо вуҷуди он ки мӯйи сару мӯйлабу абрувонам сафед шудаанд, худамро аз синну солам хеле ҷавон ҳис мекунам. Рӯҳан ҷавон ҳастам. Вале чун шумо намуди зоҳириро ҳам ишора кардед, бояд гӯем, ки як сир дорад. Хушбахтона, ман дар зиндагӣ ҳеҷ танқисӣ накашидам, ҳамеша серу пур будам ва аз чизе афсӯс нахӯрдаму аз касе чизе интизор набудам.
– Дафтари хотирот доред?
– Не, тамоман ёддошт накардаам.
ФАСЛИ САВУМ:
“БАЧАИ РАИС”
– Шумо писари муовини раиси колхоз будед, кӯдакиву наврасиатон аз дигар бачаҳои деҳа чӣ фарқ дошт?
– Номи дуюмам “бачаи раис” буд. Вале миёни ману ҳамсолонам ҳеҷ тафовут набуд. Навбати пода мерафтам. Дар мавсими чобуқи пахта ва ягона кардани он бисёр фаъол будам. Вақти захираи хӯрок барои чорво ба коҳҷамъкунӣ мерафтам. Кирмакпарварӣ мекардам ва, умуман, ҳама корҳои деҳаро бо шавқи баланд анҷом медодам, эркагӣ намекардам.
– Модаратон чӣ касбу коре доштанд?
– Хонашин, раҳматӣ камсавод буданд, то андозае, ки дар рӯзномаам имзо гузошта наметавонистанд. Аммо падарро аз сабаби серкориаш дар 2–3 моҳ як маротиба медидем ва тарбияи модарро зиёдтар гирифтем.
– Шумо бештар ба кӣ рафтаед: падар ё модар?
– Ба падарам.
– Ҳама он чизе, ки падар дар ҳаққи шумо карда буд, шумо ба фарзандонатон карда истодаед?
– Қиём карда наметавонам. Ҳар падару модар мекӯшанд, ки фарзандонро тарбияи хуб бидиҳанд.
ФАСЛИ ЧАҲОРУМ:
ИНТИХОБИ МУШКИЛ
– Интихоби касб ҳоло яке аз муаммоҳои ҷавонони мост. Оё ин муаммо дар замони шумо низ буд?
– Қариб, ки ин мушкил набуд, зеро аз як ҷониб бачаҳо хеле барвақт касби дӯстдоштаашонро интихоб мекарданд, аз ҷониби дигар бошад, аз рӯйи нақшаи муайян мактабҳои олӣ донишҷӯ қабул менамуданд. Вале дар мисоли ман мушкил пеш омад. Замони мактабӣ бо роҳнамоиву роҳбаладии Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷонибек Акобир, равонаш шод бод, ба навиштани хабару лавҳа барои нашрияҳо оғоз кардам. Ӯ дар мактаб-интернат таҳсил мекард ва вақти таътил ба деҳаи мо, хонаи ҳамсинфаш шодравон Холмурод Ашӯров меомад. Ёдам намеравад, ки аз газетаҳо як суму ду сум ҳақи ба номам меомад ва аз хурсандӣ дар худ намеғунҷидам. Пешопеши хатми мактаби миёна ба қароре омадам, ки журналист мешавам. Ҳуҷҷатҳоямро бо бастаи матлабҳои нашркардаам ҷамъ карда ба Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бурдам, аммо гуфтанд, ки факултети журналистика надорем. Довталабон ба факултети филологияи тоҷик дохил мешаванд ва аз курси сеюм ба гурӯҳи журналистика мегузаранд, аммо ман қабул накардам. Баъдан ба хулосае омадам, ки ба факултети ҳуқуқшиносӣ дохил мешавам, аммо падарам рад карда, сухани аҷиб гуфтанд: “Ман намехоҳам, ки писарам касеро суд кунад, ҳуқуқшинос намешавӣ”. Баъдан пешниҳод кардам, ки ба Донишгоҳи тиббӣ дохил мешавам, аммо боз рад карданд. Гуфтанд каме интизор шавам ва ҳамин тавр, баъди пурсуҷӯҳои падарам ба факултети шарқшиносӣ шомил гардидам.
ФАСЛИ ПАНҶУМ:
МУАЛЛИМӢ БАРОИ МАОШИ ЗИЁД
– Пас аз хатми донишгоҳ муаллим шудед. Чаро танҳо панҷ моҳ омӯзгорӣ кардеду халос?
– Ман, ки факултети шарқшиносиро хатм карда будам, ба Вазорати корҳои хориҷӣ ҳуҷҷатҳоямро барои кор дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон пешниҳод кардам. Ба ман гуфтанд, ки дар миёни чанд моҳ масъалаи рафтанам ҳал мешавад ва агар дар мактабе муаллим шавам (маоши муаллим хеле зиёд буд), аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаи калон мекунам, зеро ба хориҷа равам ҳам, 60 дарсади маошам ҳифз мешавад.
– Муаллимӣ душвор набуд?
– Қиссаи муаллимшавиам аҷиб аст. Директори мактаби рақами 35-и ноҳия ба ман гуфт, ки Университетро хатм карда бошӣ, ба ҳайси омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ ба кор қабул мекунем. Ман розӣ шудам, аммо баъдтар гуфтанд, ки як иштирокчии ҷангро аллакай кор гирифтаанд. Гуфтам, ин тавр бошад, маро ҳамчун омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ гиред, вале он ҷо ҳам пур буд. Баъдан пурсиданд, ки боз чӣ ҳунар дорам. Чун фаҳмиданд, ки рубоб навохта метавонам, маро зуд ба кор қабул карданд. Ҳамин тавр, ҳам муаллими суруд будам ва ҳам ба синфҳои 4 ва 7 аз фанни забону адабиёти тоҷик дарс мегуфтам. Хулласи калом, аз моҳи сентябр то феврал кор кардам ва баъдан ба Афғонистон фиристода шудам.
ФАСЛИ ШАШУМ:
Тарҷумонӣ дар Афғонистон
– Баъди даъватнома гирифтан ба Афғонистон рафтед. Сафар ва кори тарҷумонӣ чӣ гуна буд?
– Ман аз тариқи Вазорати геологияи СССР ба ҳайси тарҷумони забони форсӣ ба Афғонистон рафта будам. Дар он ҷо геологҳои худамон кор мекарданд, маро дар шуъбаи нақлиёт гузоштанд. Дар аввал, албатта, кор осон набуд, аммо ба бахти баланди ман яке аз ҳамкорон хеле кӯмак кард, ҳатто ҳамаи истилоҳоти соҳавиро ба ман дод, ки ҳам дилгарм карданд ва ҳам кор осон шуд.
– Вазифаи шумо аз чӣ иборат буд?
– Асосан, корамон тарҷумаи шифоҳӣ буд ва баъдан дархосту протоколу актҳоро ҳам тарҷумаи хаттӣ мекардам.
– Чанд муддат дар Афғонистон мондед?
– Дар умум се солу шаш моҳ он ҷо мондам ва аз тарҷумони одӣ то сартарҷумон кор кардам.
ФАСЛИ ҲАФТУМ:
КОР ДАР “КОМСОМОЛИ ТОҶИКИСТОН”
– Пас аз бозгашт ба кори журналистӣ оғоз кардед. Чӣ гуна шуд, ки шуморо ба рӯзномаи пурнуфузи замон – “Комсомоли Тоҷикистон” ба кор қабул карданд?
– Ин ҷо ҳам нақши шодравон Ҷонибек Акобир хеле зиёд аст. Бо сармуҳаррири “Комсомоли Тоҷикистон” Ато Ҳамдам масъалаи ба кор қабул шудани маро дар миён гузошта, муваффақ шуданд. Пас аз давраи санҷиши семоҳа маро ба кор пазируфтанд.
– Барои як каси бетаҷриба кор кардан дар рӯзномаи бонуфуз ва ҳамзамон, сертираж душвор набуд?
– Душвор гуфтан, чизе нагуфтан аст. Ба рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” таваҷҷуҳ хеле зиёд буд, ки ин омил масъулияти ҳар кормандро даҳчанд мекард. Махсусан, барои мани бетаҷриба роҳе ёфтану одат кардан ба кори эҷодӣ осон набуд, аммо шукр, ки дар давраи озмоишӣ таҳти роҳнамоии раҳматии Имомназар Холназаров, ки барои омӯзиши ман мутасаддӣ шуда буд, кӯшидам, то дар кор муваффақ шавам.
– Аз давраи санҷишӣ чӣ гуна гузаштед?
– Хеле хуб, ҳатто дар яку ним моҳ аз санҷиш гузаштам ва коргари расмӣ шудам.
– Чӣ хел шуд, ки шуморо дубора ба кори тарҷумонӣ ва боз ба Афғонистон даъват карданд?
– Дар рӯзнома ду сол кор кардам. Рӯзе Ато Ҳамдам маро ба утоқаш даъват карда гуфт, ки аз Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистӣ маро даъват кардаанд. Дар ҳизб гуфтанд, ки агарчи аъзо набошам ҳам, тавсифномаи хуб гирифтаанд ва ният доранд, ки маро бо мушовирҳои ҳизбӣ ба Афғонистон ба кор бифиристанд. Ман ба ин таклифи ногаҳонӣ чӣ гуфтанамро надонистам ва каме вақт хостам, то ки иҷозати падарамро гирам. Вақте ки назди падарам иҷозагирӣ рафтам, он кас гуфтанд, ки модоме ба ту аз ҳизб бовар карданд, рав. Ҳамин тавр, бори дуюм ба Афғонистон сафар кардам ва ба ҷойи як сол сею ним сол дар вилоятҳои Зобулу Тахор ба сифати котиби дуюми Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ мондам.
– Пас аз Афғонистон боз ба “Комсомоли Тоҷикистон” ба кор рафтед?
– Бале, маслиҳат ҳамин хел буд, ки пас аз баргаштан корамро дар рӯзнома давом медиҳам.
– Шумо аввал дар шуъбаи ҳаёти комсомолӣ будед, чаро ба шуъбаи варзиш ва ҳарбӣ–ватандӯстӣ гузаштед?
– Ман ба варзиш хеле шавқи зиёд доштам. Илова бар ин, худам футболбози хуб будам. Он вақт мудири шуъбаи варзиш ва ҳарбӣ–ватандӯстӣ Саидалӣ Сиддиқ буд. Ӯ ба радио рафт ва маро Ато Ҳамдам мудир таъин кард.
– То ҷойе иттило ёфтем, соҳаи варзишро хеле хуб инъикос мекардед, чӣ гуна ба ин кор даст ёфтед?
– Мо, асосан, ба масъалаи рушди варзиш дар деҳот, аз ҷумла гӯштӣ, камонварӣ, дави миллӣ, бузкашӣ, пойга бо асп ва ғайраҳо хеле эътибор медодем. Аммо футбол навъи маъмултарини варзиш маҳсуб мешуд ва таваҷҷуҳи хонандагон ба навигариҳои ин навъи варзиш хеле зиёд буд. Он вақт Кумитаи давлатии варзиш озмуни матолиби варзишӣ эълон мекард ва рӯзномаи мо чанд маротиба сазовори ҷойи дуюм шуда буд.
– Дар рӯзнома то ба кадом вазифаҳо расидед?
– То соли 1994 дар рӯзнома кор кардам ва то вазифаи ҷониши сармуҳаррир расидам.
ФАСЛИ ҲАШТУМ:
РОНАНДА, ТАРҶУМОН ВА САВДОГАР
– Соли 1994 кори рӯзномаро бас кардед, ба чӣ кор машғул шудед?
– Баъди кори рӯзнома хостам як муддат аз кори фикрӣ канор равам ва солҳои 1994 – 1996 ба мусофиркашонии дар роҳи Душанбе – Истаравшан, Душанбе – Панҷакент, Душанбе – Хуҷанд машғул шудам.
– Ронанда дар замони нооромӣ хавфнок набуд?
– Он замон ҳама кор хавф дошт, аммо зиндагиро таъмин кардан лозим буд.
– Баъдан чӣ кор кардед?
– Як ҳамкурсам, ки ҳамсари рус дошт, таклиф кард, ки агар кори тарҷумонӣ кардан хоҳам, имкон ҳаст, ки тариқи ширкати “Технопромэкспорт”–и Россия ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кунам. Ҳамин тавр, қабул кардам ва сею ним соли дигар дар Эрон ба тарҷумонӣ машғул шудам.
– Пас аз тарҷумонӣ дар Эрон боз ба кори журналистӣ баргаштед?
– Не, ба соҳибкорӣ машғул шудам. Дар ҷойи Маркази савдои “Саодат”–и ҳозира бозори калон буд, ки “Бозори 82” мегуфтанд. Он ҷо мағоза харида, масолеҳи сохтмонӣ мефурӯхтам. Аммо танҳо чор сол кор кардам, зеро соли 2004 тариқи ширкати “Рособороноэкспорт” боз ба Эрон ба ҳайси тарҷумон рафтам ва то соли 2010 он ҷо мондам.
ФАСЛИ НӮҲУМ
КОР ПАС АЗ НАФАҚА
– Чӣ гуна ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” гузаштед?
– Баъди бозгашт аз Эрон як муддат бекор будам. Рӯзе бо Камоли Қурбониён, ки он замон сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” буданд, рӯ ба рӯ шудам. Даъват карданд, ки ба рӯзнома оям ва якҷо кор кунем. Ман қабул кардам, ба ҳайси муовини сардори раёсати котибот то нафақа баромадан кор кардам.
– Баъд чӣ?
– Шукр, ки пас аз нафақа баромадан ҳам маро аз кор ҷавоб надоданд ва ҳамчун роҳнамои ҷавонон мондем. Инак, 7 сол мешавад, ки ба ҳайси мусаҳҳеҳ кор мекунам.
– Ҳоло муҳити корӣ ба шумо созгор аст?
– Бале, агар созгор намебуд, баъди нафақа ҳам кор намекардам. Муҳити хуб дорем, камбудие нест.
ФАСЛИ ДАҲУМ:
АЗ ИНУ ОН
– Мақсади зистан чист?
– Тавре бояд зиндагӣ кард, ки пушаймон нашавӣ.
– Хушбахтӣ чист?
– Хушбахт касест, ки дар атрофаш инсонҳои хуб зиёд бошанд.
– Душман доред?
– Ман бовар дорам, ки душман надорам, зеро ба касе бадӣ намехоҳаму бадӣ накардаам.
– Дӯст чӣ?
– Дӯстони зиёд дорам.
– Бахшидан осон аст ё бахшиш пурсидан?
– Ҳардуяш амали ҷавонмардист.
– Хоксорӣ ҳад дорад?
– Хоксорӣ хуб аст ва ба хоксор будани шахс атрофиён: ҳамкорон, дӯстон, ёру рафиқҳо баҳо медиҳанд ё муайян мекунанд. Барои худи шахс гуфтани он ки хоксор аст, мушкил мебошад.
– Дар ин шабурӯз зиндагӣ кардан душвор аст?
– Бале, осон бошад, бемаънӣ мегузарад.
– Шумо дар газетаи номдор кор мекунед, оё барои мушкили шахсиатонро ҳал кардан аз ин минбар истифода мекунед?
– Ҳеҷ гоҳ! Аммо мешавад ҳолатҳое, ки ба даре корафтода мешавам, аз сабаби ноӯҳдабароии масъуле корам кашол меёбад ва ин ҳолат дар дигар одамон ҳам мешавад, аммо боре ҳам дар бораи чунинҳо нанавиштаам. Ба хислатам дуруст намеояд, ман намехоҳам ба касе зарарам расад, ҳатто ба ҳамоне, ки зарараш ба ман расидааст. Агар мабодо касеро ранҷонам, ҳафтаҳо ба худ намеоям, агарчи гуноҳ аз ӯ содир шуда бошад.
Мусоҳиб,
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ