Катибаи якум:
ГИЛАҲО
Гила кардан хуб нест, аммо шояд ягона тасаллии бархеҳо бошад.
Довталабе гила дорад, ки бо ҷурми Маркази миллии тестӣ ба факултети рӯзноманигорӣ шомил шуд ва аслан барояш ин соҳа ҳеҷ шавқовар нест.
Донишҷӯе, ки дар партаи шуъбаи рӯзноманигорӣ нишастааст, гила дорад, ки фанҳои тахассусӣ каманду ҳеҷ журналисти машҳур ба мо дарс намедиҳад ва савол мегузорад: Чаро ҳунарманди маъруф Қурбони Собир ба донишҷӯёни риштаи актёрӣ дарс мегӯяду ситораҳои журналистикаи мо ба мо не?
Номаи камол дода мешавад, аммо аксар гилаомез савол мегӯзоранд: Чӣ гуна бояд навишт? Оё ба ин савол дар чор сол ҷавоб гирифтем? Ҳамчунин, аксар омӯзгорон ҳам гила мекунанд, ки хатм кардед, аммо соҳибкасб нашудед.
Дар идора коргари собиқадор гила мекунад, ки ба нафари нав аз партаи донишҷӯӣ омада баробари ӯ маош медиҳанд. Коргари ҷавон бошад, гила мекунад, ки маош кам асту ба иҷорапулӣ намерасад.
Яке гила мекунад, ки унвону ҷоизааш надоданду дигаре гила дорад, ки мақолаҳояш чоп намешаванд. Яке барои ҳаққи қалам (гонорар)-и кам гила дораду дигаре барои фазои номусоиду абрӣ…
Аммо шукр, ки ман гила надорам, зеро барои гила доштан баҳона нест. Аз нависонавис хеле дур шудам ва ин сатрҳоро ҳам навиштанӣ набудам, аммо чун солгарди тавлиди аввалин рӯзномаи тоҷикӣ – Бухорои Шариф аст, ба суроғи Хуршед Ховарӣ, журналисте, ки ҳоло агар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” гӯем, чеҳрааш пешорӯямон меояд, рафтам ва аз ину он гуфтем.
Катибаи дуюм:
РӮЗНОМА НАФАС МЕКАШАД?
– Ҳоло ягона рӯзномаи ҷавонони кишвар – “Ҷавонони Тоҷикистон” чӣ ҳолу ҳаво дорад?
– “Ҷавонони Тоҷикистон” дар баробари дигар рӯзномаҳои кишвар ҳар ҳафта чоп мешавад, сомонааш фаъол аст, дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро дорад, дар журналистикаи чандрасонаӣ ҳам то ҷойе фаъол аст ва мавқеъ, обрӯ ва ҷойгоҳи худро ҳифз карда истодааст.
– Оё ҳис мекунед, ки дар баробари Инстаграму Фейсбук шуморо мехонанд?
– Албатта мехонанд. Мо дар Инстаграму Фейсбук бо вуҷуди обуначии кам доштан ҳам, хонанда дорем. Контентҳои мо дар гурӯҳи фейсбукии рӯзнома ҳудуди 10 ҳазор ва баъзан мавридҳо аз ин ҳам бештар хонанда доранд. Ҳамин як моҳи охир шахсан ба инҷониб барои се мавод аз чанд ҷой занг задаву шифоҳӣ ҳам бошад вокуниш карданд. Яъне мехонанд, ки вокуниш мекунанд.
– Рӯзнома нафас мекашад?
– Бале, зиндаем…
Катибаи сеюм:
ОН МАКТАБ ҲОЛО ҲАМ ҲАСТ?
– Замоне “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро мактаб мегуфтанд. Оё ҳоло ҳам ин ҷумларо гуфтан мумкин аст?
– Шахсан барои инҷониб “Ҷавонони Тоҷикистон” ба тамоми маънояш мактаб аст. Барои ҳар нафаре, ки дар ин ҷарида кор кардааст, фикр кунам, ҷойгоҳи хоси худро дорад. Инҷо воқеан мактаб аст. Аммо баъзе чизҳое ҳастанд, ки имрӯзҳо ҳамин рисолати “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро камранг нишон медиҳанд. Барои мисол, то авохири солҳои навадум ҳудуди 70 сол “Ҷавонони Тоҷикистон” ба ҳар гунае ки фикр кунем, мактаб буд, ҳатто бо ҳарфи калон. Ягона ҷойе, ки журналистони оянда тарбияву камол меёфтанд, “Ҷавонони Тоҷикистон” буд. То ҷойе мо медонем, тамоми кормандони “Тоҷикистони советӣ”-ро аз ҳисоби кормандони “Ҷавонони Тоҷикистон” мегирифтанд. Ё вақте рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” таъсис ёфт, аксар кормандонаш аз ҳамин рӯзнома буданд. Он замон ё чунин як сиёсат буд ё худи рӯзномаҳо бо ҳамдигар қарордодҳое доштанд, ки бояд журналистон зинаҳоро тай мекарданд. Аммо имрӯзҳо чунин як чизе мушоҳида намешавад. Ва вақте чунин як низому тартиб нест, донишҷӯёни факултетҳои журналистӣ баъди хатм агар дар “Садои мардум” ё “Ҷумуҳрият” кор кардан хоҳанд, рост дари он идораҳоро мекӯбанд. Фикр мекунам, будани чунин як низом барои рушди журналистика ва ҳамкории зичи редаксияҳои ВАО бисёр муҳим аст.
– Охирин бор кай аз кӣ шунидед, ки “Ҷавонони Тоҷикистон”-ро мактаб гуфта бошад?
– Дирӯз аз ту! Бо ифтихор гуфтӣ, ки ман аз ин мактаб гузаштаам.
– Инро ман пинҳон намекунам, аммо ба ғайри ман чӣ?
– Бештар собиқадорони матбуот “Ҷавонон…”-ро мактаб мегӯянд. Онҳое, ки ба дарки ҳамин мафҳум мерасанд.
Катибаи чорум:
НОМҲОИ НАВ
– Имрӯз мо бо ифтихор мегӯем, ки Хуршед Атовулло, Сайёфи Мизроб… барин журналистони маъруф аз мактаби “Ҷавонони Тоҷикистон” гузаштаанд. 10 ё 20 сол баъд кадом номҳоро ба забон меорем?
– Баъд аз насли ин устодон имрӯзҳо ҳам “Ҷавонони Тоҷикистон” барои пайвандонаш кадрҳоеро тарбия карда истодааст, ки бо онҳо ифтихор кунанд. Рӯзноманигорони хуби мо Бахтовар Каримов, Умаралӣ Сафаралӣ, Маҳмудҷон Усмонов, ки ҳамагӣ 3–4 сол пеш аз мо рафтаанд, аз ҳамин қабиланд. Шояд чанд сол баъд номҳои Беҳрӯз Холмуродов, Сайёраи Қиёмиддин, ки ба самти адабиёт гаравиш доранд, ё Фарзонаи Умаралӣ, ки ба журналистикаи таҳлилӣ бештар майл дорад, Яҳё Маҳмаднабиев, ки журналистикаи варзиширо хеле хуб мефаҳмаду дарк мекунад, барои “Ҷавонон…” ифтихор оваранд. Боз вақт нишон хоҳад дод.
Катибаи панҷум:
ҶАВОНОН КАМ МЕОЯНД
– Ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон” бо ҷавонони эҷодкор чӣ гуна бархӯрд дорад?
– Ҳар касе дари моро бо нияти ҳамкорӣ мекӯбад, мо барояш оғӯш мекушоем. Аммо, мутаассифона донишҷӯёни факултаҳои журналистӣ имрӯзҳо ба дари рӯзнома кам меоянд. Мо ҳайати эҷодӣ чандин маротиба ба факултети журналистикаи ДМТ ҳам рафта будем, то донишҷӯёнро барои ҳамкорӣ ҷалб кунем. Майлу хоҳиши донишҷӯёни ин ришта кам аст. Ё бо гонорарҳои мо қаноат намекунанд, ё кадом мушкили дигар ҳаст, ки ман намедонам.
Се сол пеш мо як иқдоми ҷолиби дигар ҳам гирифта будем. Ҳар нафареро, ки майлу хоҳиши рӯзноманигор шудан дошт, дар як гурӯҳ ҷалб карда, гурӯҳи ризокор-журналист (волонтёр-журналист)-онро таъсис додем. Натиҷаи хуб дода буд ҳамон гурӯҳ. Мо аз он байн 5 нафарро ба кор ҷалб кардем.
– Чаро кам меоянд ва чаро майл надоранд?
– Онҳое, ки ба журналистика майл доранд ва чизе навишта метавонанд, мераванд ба суроғи редаксияҳое, ки пули бештар медиҳанд. Дар ҳоли ҳозир сомонаҳои хабарӣ ё таҳлиливу тафреҳие ба мисли halva.tj, your.tj ва дигару дигарҳо ҳастанд, ки гонорари бештар медиҳанд ва ҷавононро ба самти худ ҷалб мекунанд. Ин албатта аз як нигоҳ хуб аст, аммо бадии кор дар он аст, ки он сомонаҳо барои рушди касбии ҷавонон талош намекунанд. Муҳаррирон бо хабарнигорон онлайнӣ кор мекунанд, аз усулҳои “устоду шогирд”, ки баргузидатарин усули кор аст, кор намегиранд. Фикр мекунам, рушди шахсияти минбаъдаи он ҷавонон номуайян боқӣ мемонад. Дар редаксияҳои рӯзнома ба ғайри кор омӯзиш ҳаст, таҳлили рӯзнома ҳаст ва баъзе корҳои дигар, ки ба рушди шахсияти рӯзноманигон метавонад таъсиргузор бошад.
Катибаи шашум:
ДАСТИ ЁРӢ
– Дар рӯзнома кӣ ҷавонони эҷодкорро тарбия мекунад, корро меомӯзонад?
– Мо, хушбахтона, муҳити кории бениҳоят хуб дорем. Ҳайати эҷодӣ дар як толор менишинад ва дар дилхоҳ суолу ҷавоб ва пурсишҳо ҳамакаса иштирок мекунанд. Коромӯзону таҷрибаомӯзон метавонанд аз назди дилхоҳ корманди рӯзнома бо хоҳиши худашон омӯзанд. То имрӯз шоҳид нашудаам, ки нафаре аз коллективи мо ба касе дасти кӯмак нарасонида бошад. Журналистони хубу ботаҷрибаи мо Шаҳло Эшонова, Беҳрӯз Холмуродов, Фарзонаи Умаралӣ ва нафарони дигар ҳамеша ба эҷодкорони ҷавон дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Катибаи ҳафтум:
АХЛОҚ ВА МАЪНАВИЁТ
– Рисолатеро, ки як рӯзномаи ҷавонон бояд иҷро кунад, ҳоло шумо иҷро карда истодаед?
– Ман бо дили пур мегӯям, ки имрӯза коллективи мо барои анҷоми рисолати таърихии рӯзнома тамоми кӯшишу талошҳои худро карда истодаанд. Барои мисол, мо ҳамагӣ 4 сол қабл дар арафаи 90-солагии рӯзнома шумораи ҷашнии 90-саҳифагии худро аз чоп баровардем. Тамоми бойгонии рӯзномаро тагурӯ карда, беҳтарин мақолаҳоро бознашр кардем.
– Манзурам дар рӯзнома оё матолибе нашр мешавад, ки ҷавонон танҳо аз рӯзномаи шумо дарёфт кунанд ва бархӯрди мушкилоту камбудиҳояшон бошад?
– Мо албатта аз мушкилоти ҳаёти ҷавонон менависем. Вале дар асл мавзуи матраҳшаванда дар мо бештар ба ахлоқ ва маънавиёти ҷавонон нигаронида шудааст.
Катибаи ҳаштум:
БОЗ ГИЛАҲО
– Ака, пешопеши ин суҳбат ва асосан Рӯзи матбуот ман худ ба худ чанде гила кардам, аниқтараш гилаи довталабу донишҷӯву рӯзноманигорро гуфтам. Шумо аз чӣ гила доред?
– Ман аввалан аз баъзе рӯзноманигорон ва соҳибони расонаҳо гиламандам, ки имрӯз журналистикаро ба қисматҳо пора кардаанд. Ва ноинсофона дар мавриди журналистикаи касбиву агар гуфта шавад, ғайрикасбӣ фарқҳо мегузоранд. Барои мисол дар миёни ҷомеаи журналистӣ ба гунае як афкор ба вуҷуд овардаанд, ки гӯё расонаҳои мустақил улгӯи журналистика бошанд ва ҳар ниёзи ҷомеаро танҳо онҳо метавонанд бароварда кунанд. Ё ба ибораи дигар, гӯиё журналистикаи ҳирфавӣ танҳо дар расонаҳои мустақил аст, ки аслан ин тавр нест. Расонаҳои давлатӣ ҳам имрӯз бо касбияти баланд мавод омода мекунанд. Фақат шакли пешниҳод каме фарқ мекунад. Метавонед дилхоҳ расонаи давлатӣ, чӣ “Ҷавонони Тоҷикистон, чӣ “Ҷумҳурият”, чӣ “Садои мардум”-ро бошад, варақ занед. Ин чиз ба хубӣ аён мегардад.
– Розиед, ки ин гуфтугӯро нашр кунем?
– Чаро не.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ