Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми соли 2019 қайд намуданд, ки “дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд”. Дар ин замина суҳбате доштем бо директори яке аз муассисаҳои намоёни кишвар – Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ, муҳтарам Холматов Рустам Буранович.

 – Муҳтарам Рустам Буранович, лутфан бигӯед, ки Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ аз замони таъсисёбиаш то имрӯз кадом марҳилаҳоро паси сар кардааст?

– Коллеҷи техникӣ дар заминаи Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Ҳукумати ҶТ “Дар бораи ташкил намудани Коллеҷи техникӣ дар сохтори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон” аз 17.01.1997, №49 дар сохтори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ташкил шудааст. Мувофиқи Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.10.2009, №555 Муассисаи давлатии Коллеҷи техникии шаҳри Душанбе дар натиҷаи якҷояшавӣ бо Муассисаи давлатии Коллеҷи политехникии шаҳри Душанбе Муассисаи давлатии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ номгузорӣ гардид.

Коллеҷ дар давоми фаъолияти худ чор маротиба аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузашта, ба стандартҳои муосири давлатии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷавобгӯ мебошад ва барои бозори меҳнат баҳри пешбурди хоҷагии халқи давлат ҳамасола дар ҳудуди то 1000 нафар мутахассис тайёр менамояд.

– Сохтори муассиса чӣ гуна аст ва ҷараёни таълим бо кадом шаклу шева пеш бурда мешавад?

– Муассисаи таълимӣ дар маркази шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ 41 ҷойгир шуда, аз 3 бинои таълимӣ, толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳҳо, хобгоҳҳо бо таъмини тамоми шароити зист барои 1000 ҷойи хоб ва фароғатгоҳ дар дараи зебоманзари Ромит иборат мебошад.

Шумораи умумии донишҷӯён дар соли таҳсили 2020-2021 ба 3700 нафар расидааст ва аз ин ҳисоб 673 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Коллеҷ имконият дорад, ки дар як баст зиёда аз 2500 нафар донишҷӯро ба таҳсил фаро гирад. Барои тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир 316 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, аз ҷумла 29 номзади илм дар муассиса ба фаъолият машғуланд.

Айни замон сохтори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз 5 факултет, як шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, як шуъбаи таҳсилоти ғоибона, 14 кафедра бо 38 ихтисос иборат буда, барои пешбурди босуботи раванди таълим, китобхонаи электронӣ ва маркази тестӣ барои қабули имтиҳоноти ҷамъбастӣ фаъолият мекунад. Дар назди коллеҷ шуъбаи истеҳсолӣ-омӯзишӣ амал мекунад ва донишҷӯён имконият доранд, ки дар баробари омӯзиш, инчунин касбу ҳунарҳои мухталифро аз худ намоянд. Фаъолияти маркази эҷодкорон ва навоварон баҳри ташаккули инкишофи зеҳнӣ ва маҳорати муҳандисии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Коллеҷи техникӣ дар 2 зинаи таҳсилот – таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ мутахассис тайёр менамояд. Таълим дар муассиса бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ сурат мегирад. Муассисаи таълимӣ мутахассисони соҳаи сохтмон, роҳсозӣ, энергетика ва телекоммуникатсия, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт, ҳифзи муҳити зист, техникаи тиббӣ, автоматикунонии кори бонкӣ, истифодаи техникии таҷҳизоти нерӯгоҳҳо ва шабакаҳо, радиотехника, челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил, барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил ва мебелсозиро тайёр менамояд, ки дар бозори меҳнат мавқеи устувор доранд.

Ҷараёни таълим дар муассиса пурра тибқи низоми кредитии таҳсилот роҳандозӣ карда шудааст.

– Ба масъалаи компютеркунонӣ то куҷо аҳамият дода мешавад?

– Ҷиҳати компютеркунонии раванди таълим дар назди факултетҳо 5 синфхонаи технологияи иттилоотӣ иборат аз 140 компютери ҳозиразамон ташкил дода шуд, ки ҳамаи дарсҳои технологияи иттилоотӣ дар синфхонаҳои мазкур гузаронида мешаванд ва барои қабули имтиҳонҳо маркази тестӣ иборат аз 80 компютер ташкил карда шудааст. Барои баланд бардоштани самаранокии машғулиятҳои лексионию амалӣ синфхонаҳо бо 42 адад тахтаҳои электронӣ ва 30 адад видеопроекторҳо муҷаҳҳаз гардидаанд. Инчунин, барои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забонҳои хоричӣ дар коллеҷ синфхонаҳои лингофонӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ва компютерҳо ҷиҳозонида шудааст.

– Яке аз самтҳои муҳим дар баробари маориф илм аст. Дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ машғул гардидан ба корҳои илмӣ қонеъкунанда ҳаст ё не?

– Маъмурияти коллеҷ маҷмӯи корҳои тарбиявӣ-ташкилӣ, илмӣ-методиро баҳри тарбияи босамари насли наврас, баҳри пешрафти таҳқиқотҳои илмӣ ва ҷалби омӯзгорон ба корҳои эҷодӣ (инноватсионӣ) сомон дод. Муассиса тавонист натиҷаҳои илмии худро бо доир намудани 4 конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ, 16 конференсияи илмиву амалӣ ва фарҳангии сатҳи коллеҷӣ, 18 семинари омӯзишӣ, 24 мизи мудаввар, 78 маҳфилҳои илмӣ, 3 курси бозомӯзии касбии омӯзгорон (омӯзиши технологияи иттилоотӣ, омӯзиши корҳои тарбиявӣ ва омӯзиши маҳорати педагогӣ) ва дигар чорабиниҳои илмӣ-амалӣ инкишоф диҳад.

Омӯзгорону кормандони коллеҷ дар баробари фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ, дар соли 2020-ум 11 китоби дарсӣ, 40 дастурамали таълимӣ-методӣ ва 3 монография, 80 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда ва зиёда аз 345 мақолаи илмии дар маводи конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ба табъ расонидаанд.

Дар соли 2020-ум 4 нафар омӯзгорони касбии коллеҷ рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд. Дар давоми соли 2020-ум 2 нафар омӯзгор рисолаи номзадӣ ва 1 нафар омӯзгор рисолаи докториашонро пешдифоъ намудаанд.

Ҷиҳати ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон бо қарори Шӯрои олимони коллеҷ омӯзгороне, ки рисолаи номзадиро ҳимоя менамоянд, бо маблағи 10000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо маблағи 20000 сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар коллеҷ асосан 10 самти илмӣ-тадқиқотиро дар бар мегирад. Соҳаҳои тадқиқоти илмӣ ба ҳадафҳои миллии стратегии Ҳукумати мамлакат ва рушди иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ алоқамандӣ доранд.

Пояи моддӣ-техникии коллеҷ барои иҷрои корҳои илмӣ мусоид буда, дар соҳаи иқтисодӣ, барномасозӣ ва истифодаи технологияи иттилоотӣ, энергетикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

– Сифати таълим дар муассиса чӣ гуна аст ва оё донишҷӯён имконият доранд, ки таҷрибаи муассисаҳои дигар давлатҳоро омӯзанду таҷрибаҳои худро муаррифӣ намоянд?

– Дар коллеҷи техникӣ ба сифати таълим ва донишандӯзии донишҷӯён аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад ва пайваста дараҷаи сифати таълим аз тарафи бахши мониторинг ва идоракунии сифати таҳсилот таҳлил карда мешавад. Барои алоқамандии таҳсил бо истеҳсолот маъмурияти коллеҷ мунтазам саъю кӯшиш намуда, бо 35 муассисаю корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзӣ шартнома бастааст.

Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ бо Коллеҷи политехникии шаҳри Рязан ва Донишгоҳи давлатии Братски Федератсияи Россия, бо Донишгоҳи омӯзгории Ҷумҳурии халқии Чин, бо Донишгоҳи Деш Багати Ҳиндустон, бо Донишкадаи ҷумҳуриявии таҳсилоти касбии Ҷумҳурии Беларус ва даҳҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии кишвар созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Мақсад аз бастани чунин созишномаҳо – ин ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти пешрафти илм ва технологияҳои навин мебошад, ки ҳангоми самаранок корбарӣ намудан дар доираи дастгирии фаъолияти якдигар муассисаҳои таълимӣ метавонанд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин натиҷаи дилхоҳро соҳиб гарданд, ки роҳбарият ва маъмурияти коллеҷ дар ин самт корҳои амалиро ба роҳ монда истодааст.

Як нуктаро бояд тазаккур намоем, ки оид ба густариши муносибатҳои хориҷии муассиса, ҷиҳати таҷрибаивазкунӣ ва гузаштан аз курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон ва идомаи таҳсилу таҷрибаомӯзии донишҷӯён роҳбарияти Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодааст. Зеро барои омӯхтани касбу ихтисосҳои муосир ва азхудкунии технологияи инноватсионӣ аз таҷрибаи давлатҳои пешқадами ба мо дӯсту бародар бояд истифода намуд. Дар ин ҳолат мо метавонем мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнати дохилу хориҷи кишвар рақобатпазирро омода созем.

– Масъалаи таъмини донишҷӯён бо хобгоҳ дар кадом сатҳ қарор дорад?

– Зикр кардан бамаврид аст, ки муассиса дорои хобгоҳи замонавӣ буда, айни ҳол ин масъала ҳалли худро ба пуррагӣ ёфтааст. 600 нафар донишҷӯйи ниёзманд бо хобгоҳи дорои тамоми шароитҳои муосири замонавӣ таъмин карда шудаанд.

Бинои таълимии №2 (хобгоҳи №1)-и коллеҷи техникӣ дар кӯчаи Н. Махсум 77/5 ҷойгир буда, аз 4 ошёна, 20 ҳуҷраи хоб, ҳоҷатхона, ҷои дастшӯӣ, ошхона, толори маҷлисгоҳ, 22 синфхона, 2 утоқи корӣ ва 1 анбор иборат аст. Инчунин, се ошёнаи ин бино ҳамчун бинои таълимӣ истифода шуда истодааст, ки дар он 32 гуруҳи академии курсҳои сеюм дар ду баст таҳсил менамоянд. Пеш аз ҳама тозаю озода ва омода намудани синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои донишҷӯён, ҳаммом, ошхона ва роҳраву даҳлез, гирду атрофи бинои таълимӣ, ҳуҷраи дастурушӯӣ, ҳоҷатхона ва дигар корҳо барои қабули донишҷӯён ба сомон расонида шудааст. Дар хобгоҳи №2 дар соли таҳсили 2020 – 2021 зиёда аз 265 нафар донишҷӯ истиқомат доранд.

– Дар замоне, ки бемории сироятии коронавирус дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст, баҳри пешгирии ин вабо дар муассиса чӣ чораҳо андешида мешаванд?

– Баъди хурӯҷи бемории сироятии коронавируси COVID-19 дар охири моҳи апрели соли 2020 дар ҷумҳурӣ, мувофиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии ин беморӣ маъмурияти муассиса як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Аз ҷумла, кумаки яквақтаина ба табибони беморхонаҳои Қарияи Боло ва Якум Совет баҳри заҳмати шабонарӯзияшон ба хотири беҳдошти солимии ҷомеа ва ба кормандону омӯзгорони муассиса дар намуди маводи озуқаворӣ (орд, равған, шакар, биринҷ) расонида шуд. Ба 20 нафар омӯзгорону кормандони муассиса ба маблағи 1000 сомонӣ кумаки яквақтаина пардохт карда шуд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаи эҳтиёҷманд, маъмурияти муассиса дар соли 2020 ба маблағи 10000 сомонӣ ба ятимхонаи ноҳияи Темурмалик кумаки хайриявӣ намуд. Инчунин Иттифоқи касабаи коллеҷ ба 11 нафар донишҷӯйи ятими муассиса ба маблағи 4380 сомонӣ кумаки яквақтаина расонид.

– Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ барои ба таври шоиста пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чӣ нақшаҳо дорад?

– Мавриди зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири омода сохтани шароити муосири таълимӣ баҳри истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи бинои куҳнаи садамавӣ сохтмони бинои 8-ошёнаи нави замонавӣ бомаром идома дорад. Анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди қарор додани иншооти мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боиси сарафрозии мост.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь