Саволи мазкур аз суҳбат бо нависанда Зариф Ғулом ба миён омад

Савол: -Чӣ сабаб шуд, ки шумо нависандагиро ихтиёр намудед?

Деҳае, ки ман дар он ба воя расидам, ду китобхона дошт: якто аз ҳисоби ҷамоати деҳот,  дигаре дар бинои мактабамон ҷойгир буд. Китобхонаи мактаб рӯзҳои истироҳат фаъолият намекард. Китобхонаи ҷамоат бошад, аксар вақт маҳкам буду китобдораш ҳунари ҳофизӣ дошта, тӯй ба тӯй мегашт. Ман рӯзҳои якшанбе шишаи тирезаи китобхонаро кушода, ба он медаромадам ва китоби дилхоҳро гирифта, дар хона мехондам ва боз ба ҳамон тиреза даромада, ба ҷояш мегузоштам. Боре китоберо гирифтам, ки дар он расмҳои одамони бисёре бо матнҳои кӯтоҳ нашр шуда буд. Дар дили кӯчакам орзуву ҳавасе пайдо шуд, ки дар бораи ман низ ҳамин хел нависанд. Баъдтар фаҳмидам, ки он китоби «Қомуснома» («Энсиклопедия») будааст.

Замони дар синфи чорум хонданам бошад, муаллим Хоҷаев барои газетаи деворӣ ба номи ман мақолае навишт. Гӯё ман хонандагони хубу аълохонро таърифу тавсиф ва бадхонро танқид мекардам. Ҳамон рӯз аз мактаб бо роҳе, ки аз боғи колхозӣ мегузашт, мерафтам, ки он бачаҳо роҳи маро поида истоданд. Онҳо «ту моро танқид кардӣ» гуфта, дар дарахт баста, хуб заданд. Ана дар ҳамон лаҳзаҳо фаҳмидам, ки сухан чӣ неруи таъсирбахше доштааст.

– Дар солҳои ҷавонӣ ва калонсолӣ ҳамин гуна ҳодиса дигар ба саратон омад ё не?

– Не, вале боре ба унвонам дашному таҳдидро шунидам. Як рӯзи соли 1993 троллейбусавор мерафтам. Ду зан дар курсӣ паҳлуи ҳам менишастанд. Якеаш ба дигараш муроҷиат кард: «Чӣ қавоқат гирифтагию авзоат беҷо?». Он зан гуфт: «Дар газетаи «Паёми Душанбе» як нависанда ҳикояи «Асрори зан»-ро чоп кунондааст. Ӯ ҳодисаро дар бораи бародару хоҳар чунон навиштааст, ки акаро қариб ба хоҳараш хонадор кардааст. Агар ҳамон нависандаро бубинам, дастонашро мешиканам, чашмонашро мекобам». Ман лом нагуфта аз троллейбус фаромадам. Хурсанд шудам, ки ҳикояи маро хондаанд…

Дар синфи ҳафтум муаллим Ҳасанов ба мо дарсҳои адабиётро аҷаб шавқовар мегузаронд. Вақте шеър мехонд ё қиссаеро нақл мекард, кас худро иштирокчии воқеаю ҳодисаҳотасаввур менамуд. Боре ӯ ба синф даромада, қабл аз дарс маро аз ҷоям хезонда, ба аҳли синф рӯ овард:

-Бачаҳо, суханони маро нағз дар хотир гиред, ки дар оянда аз Зарифҷон нависандаи хуб мебарояд.

Як ҳамсинфам эътироз намуд, ки «муаллим, Зариф чӣ хел нависанда мешавад, ки дар як ҷумла ба ҳашт хатогӣ роҳ медиҳад?»

-Зариф ду хислат дорад, -гуфт муаллим, – мушоҳидакор ва кунҷков аст. Ана ҳамин хислатҳо хоси нависанда мебошанд. Дар оянда ҳамин суханони маро ба ёд хоҳед овард.

Имрӯзҳо собиқ ҳамсинфон маро вохӯранд, ҳамон суханони Ҳасановро ба ёд меоранд.

-Аввалин ҳикояатонро кай навиштед, мавзуяш чӣ буд?

-Аввалин ҳикояамро аз ҳаёти омӯзгори мактабамон Мухтор Хоҷаев навиштам. Он 27 августи соли 1992 дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» бо номи «Валаддузинно» ба табъ расид. Хоҷаев инсони дилсӯзу меҳрубон буд ва духтарбачаеро ба фарзандӣ хонда, ба воя расонд. Духтар 18-сола шуда буд, ки модараш пайдо шуда, ӯро бо худ бурд. Танҳо ҳамон рӯз духтар фаҳмид, ки муаллим падараш набудааст. Муаллим як писари донишҷӯ дошт, ки баъди чанд соли хонадоркуниаш вафот кард. Ӯ се набераашро аз он фарзанди ягона падарвор нигоҳубин мекард. Пас аз ин писаракеро ҳамчун фарзандхонд то болиғ шуданаш калон кард, ки вайро низ хешу таборонаш пайдо шуда, омада бурданд. Муаллим дар ҳасрати ана ҳамон писархондаш бисёр месӯхт.

– Қиссаи хеле ғамангез. Яъне, шумо дар замони шӯравӣ ягон ҳикоя нанавишта будед?

– Як ҳикоя навишта будам. Дар соли 1960 маъмурияти мактаб мо, хонандагони синфҳои 8-10-ро вазифадор намуд, ки ҳар кадом барои мактаб сад донагӣ хишт резем. Навбати ман расиду хишт рехта истода будам, ки ногоҳ як мошини «Победа» ба мактабамон омад. Аз он ду нафар фаромада, пешам омаданд.Онҳо шаҳрӣ буданд.

-Эй бача, директори мактабатон ҳамин ҷост? – пурсид яке аз онҳо, ки  ҷавонмарди болоқомати хушандоме буд.

– Директор ба район рафтааст, – гуфтам ман. – Барои супоридани ҳуҷҷатҳои мактаб.

– Афсӯс, – гуфт он ҷавонмард. – Ба директор бигӯед,  ки Толис омада буд.

– Мебахшед, ака, шумо Пӯлод Толис ҳастед? – пурсидам кунҷковона.

– Ҳа, шумо маро аз куҷо медонед?

-Медонам. Ман ҳикояҳои шумо «Дархост»-у«Лолачинӣ»,  повестатон «Тобистон»-ро хондаам, ки хеле маъқулам шуданд.

-Офарин! – таҳсин хонд Пӯлод Толис.

-Мумкин ба Шумо як савол бидиҳам? – шармида пурсидам.

-Марҳамат.

-Чаро нависандагони мо дар бораи ҳаёти наврасони водии Вахш наменависанд? Охир мо аз субҳи барвақт то шом ба ҳамаи корҳои колхоз ёрӣ мерасонем.

– Аҷоиб, – гуфт меҳмон ва пурсид: – Барои чӣ худатон наменависед? Як сол ба шумо муҳлат, як ҳикоя навишта ба Душанбе, ба сармуҳаррири  журнали «Шарқи Сурх» Пӯлод Толис мерасонед. Майлаш?

Бо як душворие ҳикояи шогирдонаеро бо номи «Задухӯрд» навиштам, ки муносибати хонандаеро бо муаллими синфашон тасвир мекард. Шодон ба Душанбе омадам ва Пӯлод Толисро пурсон шудам. Гуфтанд, ки ӯ чанде пеш фавтидааст. Зиқу малӯл гашта омада, он ҳикояро ба гӯшае партофтам. Фақат пас аз сиву чор сол ҳикояро ёфта, аз нав навишта барои чоп омода кардам. Сабабгори аслии нависанда шудани ман шодравон Пӯлод Толис мебошанд, ки дасти гарму пурмеҳрашро болои сарам гузошт, дуо дода насиҳат кард:

«Писарам, вақте ки қалам ба даст мегиред, натарсед».

– Аммо ҳозир шумо ба як мушкилоти адабиёти тоҷики замони шӯравӣ тоҷик, ки мутаассифона, ба замони соҳибистиқлолии кишварамон ҳамчун мерос гузаштааст, дахолат намудед. Ин мушкилоти садсолаи дар вилояти Хатлон рушд накарда истодани насри адабиёти тоҷик ба шумор меравад...

– Ба фикрам, сабаби асосии ҳалли худро наёфтани ин мушкилот дар он аст, ки сарварони Иттифоқи нависандагони кишвар аз замони шӯравӣ сар карда то замони соҳибистиқлолӣ аксар шоирон  буданд ва ҳастанд. Дуруст аст, ки дар замони шӯравӣ насри адабиёти муосири тоҷик бештар дар вилояти Ленинободу пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе рушд ёфта, дар он ҷойҳо даҳҳо нависандагони шинохта ба миён омаданд, ки хеле асарҳои шоиста эҷод намудаанд. Аммо дар собиқ вилоятҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа нависандаҳо дар солҳои 80 ва 90-уми асри гузашта ягон-ягон буданд, ки ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти оғозшудаи онҳоро қатъ кард. Роҳбарияти Иттифоқи нависандагон мушкилоти номбурдаро нодида гирифта, ҳамоно ба рушди назм бештар диққати ҷиддӣ медиҳад.

Бояд таъкид намоям, ки роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ тамоми қувваҳоро барои гирифтани пеши равнақи наср равона мекард. Ба ёд оред, фишори идеологияи коммунистӣ бар эҷодиёти устодони насрнавис Ҳаким Карим, Сотим Улуғзода, Ҷумъа Одина ва даҳҳо нависандагони дигарро. Дар маҳалҳо низ ҳаракат мекарданд, то нависандае рӯйи кор наояд. Ҳоло ҳам ҳастанд ноҳияҳое, ки умуман нависанда надоранд.

Боиси таассуф аст, ки бо фарорасии соҳибистиқлолӣ низ ҳалли ин мушкил аз мадди назари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ду минтақаи адабии вилояти Хатлон дур мондааст. Дар садри онҳо чун даҳсолаҳои пешин шоирон меистанд ва тамоми таваҷҷуҳи онҳо ба рушди назм равона гардидааст. Шояд эътироз намоянд, ки нависандагон Абдулҳамид Самад, Сайфи Афардӣ аз минтақаи Кӯлоб, Равшан Ёрмуҳаммад, Саидаҳмади Зардон аз минтақаи Қӯрғонтеппа ҳастанд. Аммо онҳо на дар минтақаҳои худ, балки дар пойтахти кишвар сукунат ва фаъолиятро ихтиёр намуда, нависандагони асил шуданд. Агар дар минтақаҳои худ мемонданд, ба гумон буд, ки рушду камоли нависандагиро бубинанд.

Масъалаи муносибати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро ба наср дар Хатлон ман соли 2000-ум навиштам, ки он дар ҳафтавори «Тоҷикистон» аз чоп баромад. Ин мақола бо имзои ҷонишини сарвазир Нигина Шарофова барои чораҷӯйӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ирсол шуд. Раиси вақти Иттифоқи нависандагон – Шоири халқӣ Аскар Ҳаким чорае наандешид.

-Шояд сабаби дигаре бошад, ки имрӯз дар Хатлон насрнависон ба назар намерасанд?

– Чунин сабаб вуҷуд дорад. Навиштани асарҳои насрӣ аз нависанда бедорхобиҳоро талаб мекунад ва чоп кардани онҳо дар рӯзномаю маҷаллаҳо мушкилиҳои зиёд ба миён меорад (ҳаҷмашон калон аст, ҳаққи қалам намедиҳанд). Чоп кардани асарҳои назмӣ бошад, ба маротиб осонтар аст, дар нашрия ҷойи зиёдро банд намекунанд. Аз ин рӯ, ҳар нависанда маҷбур мешавад бо маблағҳои худӣ навиштаҳояшро дар шакли китоб ба табъ расонад.

Омили дигари нахондани асари бадеӣ ва ё тарзе ки баён кардед, рушд наёфтани наср бо теъдоди кам нашр шудани асарҳо мебошад. Шумо фикр кунед, ки барои аҳолии 9 миллионнаи кишвар чоп намудани 500 ё 1000 нусха чӣ нақш мебозад?

Омили аз ҳама асосӣ аз ҷиҳати моддӣ хароб будани кисаи харидор мебошад. Як ба дӯконҳои рӯзномафурӯшии «Тоҷикматбуот» ва сари кӯчаҳо назар кунед. Мардум рӯзномаи 3, 4 ва 5-сомонигиро намехарад. Пас ӯ чӣ тавр асари 50-60- сомонигиро беистиҳола харида мегирад?

– Аз қалами шумо то имрӯз ба дасти хонандагон кадом асарҳо расидаанд?

-Дар тамоми муддати фаъолияти эҷодиам қариб 30 асар навишта чоп кардаам, ки 6-тоаш роман, 11-тоаш қисса ва 8 ададашро маҷмуаҳо ташкил медиҳад. Қиссаҳои «Парвоз», «Даъвати хун», «Бӯсаи аввал», романҳои «Бори каҷ- дар роҳи каҷ», «Табаддулот», «Исёни Назир» аз асарҳои дилписанди хонандагон мебошанд.

Ба наздикӣ романи «Карими Шиш», маҷмуаи киссаву ҳикояҳои детективӣро бо номи «Ҳақикати талх» ва барои хурдтаракону наврасон нашриёти «Адиб» маҷмуаи қиссаву ҳикояҳоро бо номи «Мори сафед»аз чоп мебарорад.

Мусоҳиб Эмоми НАЗАРИЁН,

Рӯзноманигор

P.S. «Аслан ман ситоишро нағз намебинам, -мегӯяд Зариф Ғулом. –Аз тақризҳои муҳаққиқон бештар ба танқидашон аҳамият медиҳам, зеро ин тарзи муносибат ба пешравии эҷодиётам мадад мерасонад».

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Устод! Шуморо боз як бори дигар “дар дарахт баста” кӯфтан даркор)))

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь