(Мусоҳибае, ки бояд дар зинда будани (пас аз бемории кутоҳмуддат холаи Гулчеҳра аз дунё рафт. Ҳарчанд хеле мехостам, ки онро дар арафаи 75-солагӣ бихонанд, аммо умр вафо накард…) шодравон Гулчеҳра Фозилова нашр мегардид, аммо бо баҳонаву ҳар гуна гирумонҳои корӣ ба таъхир афтод. Ҳарчанд ҳамсуҳбати мо имрӯз дар қайди ҳаёт нест, вале фикр мекунам, ки суҳбат муҳтавояшро гум накардааст ва ҳамчун ёде аз ин зани номвар хоҳад буд. Равони сарсупурдаи матбуоти тоҷик шоду ёдаш ҷовидон бод!)

Беш аз 50 сол дар як коргоҳ кор кардан ва аз он ҷо ба нафақа рафтан кори ҳар кас нест. Вале дафтарчаи меҳнатии ӯ ҳамагӣ як қайд ва як имзо дорад: “Ба кор қабул карда шуд.” Бале, Гулчеҳра Фозилова аз камтарин нафаронест, ки ҳеҷ гоҳ ҷойи кор дигар накардааст. Ба “Комсомол…”, ки акнун ба “Ҷавонон…” табдили ном кардааст, умре содиқ мондааст.

Банда ин бор тасмим гирифтам, ки аз рӯзгори ин зани қавиирода қиссае навишта бошам. Зеро гиру дор ва шебу фарози зиндагии ӯ ба ҳар як наврасу ҷавон омӯзанда хоҳад буд.

Ҳама чӣ мегузарад, хотираҳо мемонад…”

-Биё Амонҷон, чанд рӯз боз аз худам мепурсам, ки чаро ин бача якбора бедарак шуд,- мегӯяд хола ва бо чеҳраи кушода оғӯши гарми модаронаи худро ба сӯям боз мекунад.  Ӯро аз соле, ки ба ин даргоҳ, яъне муҷтамаи “Шарқи озод” ба кор омадам, мешиносам. Ба маънои томаш тило аст: камёфт (нотакрор), гаронарзиш (баландқадр) ва дурахшон.

-Не, дар ҳамин ҷо ҳастам-ку, гоҳ – гоҳ меоям, баръакс Шумо нестед, мегӯянд наомаданд,  -мегӯям ва даст дода, салом мекунаму дар бараш мешинам, то аз ину он суҳбат кунем.   -“Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст” бачам, мо ҳам дигар офтоби сари кӯҳ ҳастем, -мегӯяд ва аз ҷевончааш қанду кулчақанд ва мағзу мавиз мегираду наздам мегузорад. -Медонам, ки сер ҳастӣ, аммо аз ин ҳам насиба кун, ба дигарон ҳам додам, ин ҳаққи ту.

Инсони аҷиб аст холаи Гулчеҳра, ҳатто ба душманаш ҳам бо чеҳраи кушода менигарад. Гоҳо ба худ мегӯям, бесабаб ӯро чунин ном намондаанд, зеро ҳеч гоҳ қавоқ намеандозад. -Дар ин 74 сол як чизҳоеро дидам, ки кас ҳатто ба душманаш раво набинад,-мегӯяд ӯ. -Аммо ба ҳамааш шукр гуфтам, зеро “ҳама чӣ мегузарад, хотираҳо мемонад” бачам…

Бале, холаи Гулчеҳра хотираи зиндаи журналистикаи тоҷик аст, ба қавле қомуси гӯё. Зеро аз соли 1967 ба ин сӯ зиндагиаш бо журналистон ва журналистика тавъам гирифта. Дар хусуси онҳое, ки дар ин соҳа фаъолият кардаанд, метавонад соатҳо қисса кунад. Хосса, дар хусуси танишҳои соли 90-ум ва рӯзгори аҳли қаламу эҷод дар он даврон.

-Маош набуд, аммо кор мекардам ва як бурда нонро бо бачаҳоям мехӯрдам,-мегӯяд ӯ. “Бачаҳоям” гуфта, ӯ қаламкашонеро ном мебарад, ки он замон ҷавонжурналист буданд ва имрӯз ҳар кадомашон ба ҳайси сармуҳаррир ва директору амсоли ин дар васоити ахбори омма фаъолият мебаранд. -Имрӯз ҳар кадомашон роҳбар шудаанд, аммо барои ман ҳамоно бача ҳастанд,-мегӯяд ва ба кунҷи девор нигоҳ карда, гӯё аз он ҷо мехонда бошад, як-як аз онҳо ном мебарад.

Хушбахтии ҳар як пиру барнои “Шарқи озод” ин хушбахтии Гулчеҳра Фозилова аст. Зеро ин даргоҳ барояш чун хонаи дуюм аст, шояд аз хонаи шахсиаш ҳам болотар бошад. -Дирӯз Қурбоналӣ кӯмакпулӣ дод, Сайёф орду равған овард, Шодихон ёрипулӣ дод,- мегӯяд хола ва бо фарзандонаш-журналистони саршиноси кишвар мефахраду меболад. -Ҳамаашон бачаам, ки ҳастанд, ҳамеша маро хурсанд мекунанд ва дуоямро мегиранд. Оре, ман хушбахттарин инсонам, ки бо аҳли илму адаб ва қаламу эҷод зиндагӣ кардаам. Сар аз аъзоёни Иттифоқи журналистон то аъзоёни Иттиҳодияи нависандагони кишвар.

Бале, Гулчеҳра Фозилова бо вуҷуди танҳо будан, ҳеч гоҳ танҳоиро эҳсос накардааст. Зеро ҳамдаму ҳамрозу ӯ онҳое буданд, ки худ ҳамдаму ҳамрози як миллат буданд…

“Иродаи зан тавсифнашаванда аст”

Ҳарчанд пояш дардманд аст ва ба душворӣ роҳ мегардад, аммо ба касе такя намекунад. Ҳамин гуна аст Гулчеҳра Фозиловаи мо, зане, ки иродааш аз оҳан ҳам мустаҳкамтар аст. Зеро шебу фарози рӯзгор ӯро ба обу оташ задаву обутоб додааст ва пухта гардонидааст. Ин аст, ки ҳатто ба асобағал ниёз надорад ва танҳо ба худашу иродааш такя мекунад.

Замоне, ки аз ҳамсараш ҷудо шуд ва дар чорсӯи зиндагӣ тани танҳо монд, сахт гирист. Аммо худро аз даст надод, зеро ҷисман заиф бошад ҳам, рӯҳан қавитан ва устувор буд. Муҳаббати поку беолоиш ӯро нагузошт, ки хиштҳои кохи зиндагиро аз нав бичинад, ба ин маъни шоир ҳам фармуда: Сано бодо ба занҳое, ки марданд! “Хонаи матбуот” (“Шарқи озод”) хонаи ӯву “бачагонаш” гардида буд. Ин аст, ки ҳамеша бо ашки шодӣ мегӯяд, ки аҳли қаламу эҷод хешу ақрабои ӯ ҳастанд.

-Гузаштаро ба ёд меораму ба худ аҳсант мегӯям, ки то чӣ ҳад қудрату нерӯ доштаам. Албатта, ин худситоӣ нест, аммо ҳақиқат аст, ҳақиқате, ки на ҳама ба он бовар мекунанд. Медонӣ бачам, занро заиф мегӯянд, аммо зан қавитар аз мард аст, ҳарчанд гиря мекунад. Устуворӣ, садоқат, вафодорие, ки дар мо-занон аст, на дар ҳамаи мардон аст,- мегӯяд холаи Гулчеҳра ва лабҳояш моили табассум мешавад, ки ба худаш зебанда аст.

Ба ёдам нақли яке аз дӯстони наздикам мерасад, ки дар ҳаққи холаи Гулчеҳра гуфта буд. -Донишҷӯ будам ва идрорпулие, ки аз донишгоҳ мегирифтам, барои рӯзгор намерасид. Хола аз маоши худ ҷудо карда, ба ман медоданд, ҳарчанд рад мекардам, гир мегуфтанд. Инсон бояд чӣ қадар дили бузург дошта бошад, ки ба бегонае дасти мадад дароз кунад.

Оре, Гулчеҳра Фозилова ҳамин гуна зан аст, зане, ки ҳамеша андар ғами дигарон аст. Ҳарчанд се писари пайвандонаш дар тарбияи ӯст, аммо ҳамеша дар фикри бачаҳои “ГЖК” низ ҳаст. Дар шодиашон шодишарик, дар ғуссаашон ғуссабарор, дар тангдастиашон мададрасон. – Амонҷон, медонӣ, вақте дар рӯзи матбуоти тоҷик номи маро нагирифтанд, ранҷидам. Ҳарчанд ин ранҷишро ба касе нишон надодам, аммо як кунҷи дилам ким-чӣ хел буд. Охир мӯйи сарам дар ҳамин соҳа сафед шуд, ҳарчанд журналист ё худ эҷодкор набудам. Аммо баъд Хушдил Раҳимҷон занг заду гуфт, 1000 сомонӣ мукофотпулӣ гузаронидааст. Ончунин хурсанд шудам, ки худам медонаму Худо, зеро заҳматҳои маро қадр карданд. Гап дар сари маблағ нест, балки қадршиносӣ кардан аст,-мегӯяд ӯ ва гиря мекунад…

Бале, давоми 55 сол ӯ барои ба дасти хонанда расидани нашрияҳо заҳмат кашидааст. Рӯзу шаб нахуфта, дар утоқи хурдакакаш нишаста, ҳазорҳо нашрияро тақсим кардааст.  Ин аст, ки ӯ дар “Шарқи озод” одами зарурӣ аст, агар рӯзе набошад, ҷояш холӣ метобад. -Тинҷӣ бошад, ки имрӯз хола наменамоянд,-мегӯянд ҳама ва аз пайи суроғаш мешаванд.

Ҳоло рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”, “СССР”, “Дайджест-пресс”, “Истиқлол”  маҳз ба василаи Гулчеҳра Фозилова ба дасти хонанда ва ҳаводорони матбуоти тоҷик мерасад. Ҳарчанд синнаш як кам ба 75 расида, аммо намехоҳад бознишаставу дастнигар бошад. -“Ҷавонони Тоҷикистон” чанд сол қабл “Пири дилҷавон” ном китобе нашр карда буд, ки фикр мекунам, номаш сад дар сад бо ман мувофиқ аст, яъне солдидаву дилҷавон. Воқеан, ман бо шумо зиндаам-бо бачаҳои журналистам, бо ҳамкорҳои журналистам. Шуморо мебинаму ба зиндагӣ дилгарм мешавам,-мегӯяд ва ба суҳбат хотима мебахшад. Маро бошад сипосномаву ифтихорномаҳои бешумори ӯ ба дарёи андеша ғарқ мекунад…

Амони МУҲАММАД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь