Ҳикмати ҳаёт бо инъикоси воқеоти иҷтимоӣ ва рӯзгори мардум осори нависандаро ба дилу дида наздик мегардонад. Хосса барои нависандае, ки хотири завқи кӯдакон қаламкашӣ мекунад, масъулияти беше қабл аз ҳар нигошта пешорӯст. Азизи Азиз бо ҳикояву афсона ва қиссаҳои ҷозиби кӯдакона дар ҷомеа маҳбубият дораду китобҳои рангинаш рӯи мизу рафи хонадони мову шумо маърифтанамои насли наврасамон аст. Суҳбати мо бо адиби маҳбуб атрофи эҷодкориҳои ҷолиби ӯст.
– Устод, мегӯянд табъу завқи кӯдакон хеле нозук аст ва аз ҳама душвор эҷод барои онҳост.
– Ташаккур! Воқеан мардум ва адибон ҳам мегӯянд, ки барои кӯдакон навиштан бисёр душвор аст. Кадом як донишманд ҳам фармудааст, ки барои кӯдакон ҳамон гуна нависед, ки барои калонсолон, фақат беҳтар…
Барои кӯдакон асар эҷод карданро фақат дар Тоҷикистон не, дар дигар кишварҳои олам ҳам душвор мегӯянд, дар чаҳор ҷумҳурии Осиёи Миёна низ ин масъала ҳалталабу, ба қавле, кундаланг истодааст. Лекин баъзе кишварҳо муваффақ шудаанд, масалан, адибони Эрону Испониёву Россияву Куриёи Ҷанубӣ, лекин хотирҷамъ нестанд…
– Ба Шумо барои онҳо соддаву фаҳмо ва дилнишин эҷод намудан чӣ гуна даст медиҳад?
– Ихтисосам аслан омӯзгорист, барои шогирдони синфҳои ибтидоӣ дарс гуфтаам. Бо табиату хислату одат ва чанд чизи дигар, ки донистани адиб зарур аст, то андозае ошно ҳастам. Албатта, зиёд мутолиа кардаам, хато низ зиёд буд, пурсидам, машқ кардам. На ҳар чӣ навиштам, сазовори чоп буд, вале навиштаму навиштам…
– Ба фикри Шумо, дар Тоҷикистон мо – калонсолон бо кӯдакон муносибати оқилона дорем?
– Ҳаргиз! Муносибати дуруст бо кӯдак ҷо-ҷо ва гоҳ-гоҳ ба назар мерасад. Мо аз табиати кӯдак чандон огоҳ нестем. Инро бо як мисоли оддӣ исбот кардан мумкин аст. Вақте кӯдак аз падар, модар ё бобову бибияш чизе мепурсад, одатан мегӯянд, ки «Рав! Хап шин! Бозӣ бикун! Даматро гир! Ин кори ту нест!…». Аз ҳамин сабаб, мо кӯдаконро намешиносем, зеро намеомӯзем. Вале кӯдакон медонанд, ки мо чигунаем. Онҳо медонанд, ки мо чандон дӯсташон намедорем. Фақат вақте бекор ҳастему ягон машғулият нест, ба онҳо муроҷиат мекунем.
Ҳатто ИМА, ки ҳамасола барои тифлон китобчаҳои хуби бешумор чоп мекунад, баъди панҷоҳ сол дарк кард, ки жанри афсона барои таълиму тарбияи кӯдак басо муҳим аст. Олимонаш гӯё нав аз хоби ғафлат бедор шуданд. Он ҷо ҳоло муассисаву идораҳое таъсис медиҳанд, ки омӯзгори афсонагӯ тайёр мекунанд, ҳатто падару модарон пул дода, афсонагӯӣ меомӯзанд.
– Вазъи адабиёти кӯдакон дар олам чӣ гуна аст?
– Ба ин савол ҷавоб гуфтан душвор аст, вале ман насрнависам ва метавонам гӯям, ки бадбахтона, вазъи адабиёти кӯдакони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна хуб нест. Адибе баробари Спиридон Вангели, ё Николай Носов надорему надоранд, то барои кӯдак чизи хуб нависад. Таъкид мекунам: пеш аз ҳама насри кӯдаконро дар назар дорам, вагарна шоирони хуб буданду ҳастанд.
Носирон кӯдакшиносу кӯдакомӯз нестанд ва асарҳояшон барои кӯдакон шавқовар нест.
– Дар миёни мардуми мо ҳикмате чун «Нахли умед» ё «Меваи умр» маъмул аст, ки мӯйсафед ниҳолшинонӣ мекунад, бо таъкид бар он, ки ба ояндагон аз гузаштагони худ ин кори хайрро бояд бирасонем. Ё барои бачаҳо хотирнишин ҳаст ҳамон шеъри маҳбуби Гулчеҳра Сулаймонӣ, ки «Бибиҷонам меояд, Дилу ҷонам меояд…». Сар аз мавзуи об баста ба табиату ҳаёт хеле афсонаву ҳикояҳои таъсиргузор доред. Эҷоди Шумо бештар аз ҳикмати зиндагӣ маншаъ мегирад ва ё маҳсули андеша аст?
– Ташаккур! Асари кӯдакона дароз нест, гоҳо 7-10 ҷумларо ташкил медиҳад. Аммо бояд як ҳикмати хуб дошта бошад. «Давронҷон гурусна монду модараш ғизо оварду писарак нӯши ҷон карду ташаккур гуфт» навиштан ҳикоя намешавад. Адиб барои асараш бояд ҳикмате ёбад. Бигирем, ин ҳикояро: «Синою Фараҳноз ширбиринҷ мехӯрданд. «Чӣ хел ширин!»,- гуфт Фараҳноз чумчаро лесида. «Бисёр бомазза!»,- розӣ шуд Сино. Фараҳноз пурсид: «Медонӣ, чаро ширбиринҷ бомазза аст?». «Барои он ки шакар дорад!»,- ҷавоб дод Сино. «Наёфтӣ!»,- розӣ нашуд Фараҳноз. Сино лаҳзае ба хаёл рафту гуфт: «Барои он ки шир дорад!». «Наёфтӣ! Наёфтӣ!»,- боз ҳам розӣ нашуд Фараҳноз ва худаш ҷавоб гуфт: «Барои он ки модарам пӯхтаанд!…».
Аз ин ҳикоя ҷумлаи охиринашро сарфи назар кунем, кор беҳудаю бемаънӣ мешавад.
Такроран мегӯям, ки агар дар асари бадеӣ ҳикмат набошад, ба зеҳни кӯдак намешинад, ба кӯдак хуш намеояд. Барои ҳамин ҳарчи адиб эҷод мекунад, бояд ҳатман як ё якчанд ҳикмат дошта бошад. Баъзан ҳамин ҳикматро аз аввал то охири ҳикоя мушоҳида кардан мумкин аст, баъзан бо як ҷумла ифода меёбад. Масалан дар ҳикояи «Лолачинӣ» Пӯлод Толис асоси мақсадро аз забони як бача ифода кардааст: «Аз ин сафари худ бисёр чиз фаҳмидам, лекин аз ҳама асосаш ин аст, ки дар зиндагӣ бо одами хуб вохӯрдан хушбахтии бузург будааст». Ин ҷумларо агар аз ҳикоя бигирем, мазмуни он мекоҳад. Ҳикоя бояд ба ин монанд як ҳикмате дошта бошад. Баъзан худи кӯдакон бо рафтору гуфторашон ягон ҳикмат эҷод мекунанд. Адиби хуб онро ба мадди назар гирифта, дар атрофи ҳамин ҳикмат воқеа мебофад.
– Вобаста ба асари хуб боз чӣ мегӯед?
– Асари хуб бештар тахайюлӣ мешавад. Вақте ки одам аз худ мебофад, чизи беҳтар эҷод мекунад. Аз ҳаёт як ҷузъи ҳикоя ё афсонаро гирифтан мумкин аст. Баъд адиб онро тағйиру такмил медиҳад. Ҳикоя, афсона, ё қиссаи мукаммалу тайёру яклухт дар зиндагӣ вуҷуд надорад.
– Китобҳои Шумо бо фарогирии афсонаҳои ҷолибе чун «Афсонаи об», «6 ва 9», «Чилпо» ва амсоли инҳо барои маърифатандӯзӣ ва завқи баланду тарбияи наврасон хеле судманд ҳастанд. Дар афсона ва ҳикояҳои Шумо як чизро мушоҳида кардан мумкин аст, ки бештар кори неку амали хайр боло мегирад. Шояд ин аз табиати худи Шумо бошад?
– Адабиёт некиву накукориро тарғиб мекунад, махсусан адабиёти кӯдакон. Ин чиз табиати инсон аст. Инсон барои он офарида нашудааст, ки дағаливу дуруштӣ кунад. Фарз кардем дар ҳамон ҳикояи «6 ва 9» ду писарак рӯ ба рӯ мешаванд ва яке менависад «6», дигарӣ мегӯяд, ки «9» навиштӣ. Дар зиндагӣ агар ҳамин ҳодиса рӯй диҳад, одами калонсол бачаҳоро коҳиш карданаш мумкин аст. Бузургсоле омада агар онҳоро ҷанг кунад, танбеҳ диҳад ва онҳоро аз сари миз дур ронад, чӣ қадар бад аст. Кӯдак аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ бояд як чиз омӯзад. Вай ҳанӯз варақи холиву тоза аст. Барои ҳамин, ҳар чиз дар дилу хотираш зуд нақш мегузорад. Аз ҳамин сабаб ман ҳикояро тавре анҷом додам, ки як муаллима меояд ва ҷойи бачаҳоро иваз мекунад. Дар чунин ҳолат оне, ки «6»-ро «9» гуфта буд, аз тарафи муқобил мебинад, ки «9»-и вай ба «6» табдил ёфт. Моҷарои бачаҳо ҳаст, вале танбеҳу дашному дур раву дафъ шави мардумӣ нест. Инаш завқовартар аст, бача хатояшро фаҳмида, завқ мебараду механдад. Ҳикоя оҳанги ҳаҷв ҳам дорад. Аслан асаре, ки барои бачаҳо эҷод мешавад, бояд шӯхиҳо дошта бошад. Бачаҳо қариб ҳамеша хурсанду хандонанд. Ин мо, калонсолон, аз ҳад ҷиддием ва ҳама чизро ҷиддӣ гирифта, худро азоб медиҳем. Кӯдакон тамоман одиянд. Онҳо шӯханд, беқароранд, пур аз нерӯ ва хеле хушҳоланд, зеро ҳанӯз ба олами калонсолон ворид нашудаанд. Кӯдакро як гунҷишк метавонад шод гардонад, барои хурсанд кардани бузургсолон баъзан ҳар ду олам камӣ мекунад.
– Хонандагон зиёд тавассути рӯзномаву маҷаллаҳои «Чашма», «Истиқбол», «Зангӯла», «Анбоз» ва дигар бо эҷоди Шумо ошнову дастрасӣ доштанду доранд. То куҷо ин рӯзномаҳоро дар боло бурдани маърифати кӯдакону наврасон муҳим мешуморед ва то кадом андоза онҳо барои то ба хонанда расидани эҷоди адиб мусоидат менамоянд?
– Воқеан дар Тоҷикистон тақрибан 20 ё 30 нашрияи бачагона таъсис дода шудааст, ки ин хуб аст ва дар аксарияти онҳо ҳикояву афсонаву чистонҳои банда чоп шудаанд ва чоп мешаванд. Рӯзномаву маҷаллаҳои бачагонаи моро ба тамоми мактабҳо, ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ, ҳатто ба Мурғоб ҳам мебаранд. Танҳо бадии кор дар ин аст, ки ин рӯзномаҳо нахуст рассом надоранд. Аз ҳамин сабаб, он мавод, ки онҳо ба хонандаҳо пешкаш мекунанд, бо расму суратҳои интернетӣ оро дода шудааст. Ороишгар ё дизайнер ба уқёнуси интернет ғӯтта мезанад ва як расмеро мегирад, ки ба мазмуни ҳамин ҳикоя ё афсона каму беш наздик аст ва онро чоп мекунанд. Дар акси ҳол рӯзномаву маҷаллаҳои мо чандон бад нестанд. Дуруст, ки баъзан маводи хом ба назар мерасад. Гоҳо шеъре чоп мешавад, ки бачагона нест. Ё баъзан мақолаҳои обшӯста мехонем. Ягон ҳикояи беҳикмат ҳам чоп мешавад. Дар маҷмуъ, ягон рӯзнома барои ман нохонданӣ нест.
– То оне эҷоди тозаатон тариқи рӯзнома дастраси ҳамагон мегардад, хонандаи аввалин афсонаҳои кӯдаконаи Шумо кӣ буду ҳаст ва метавонад нишоти кӯдаке аз шунидани қиссаи нобатон боиси илҳом ва эҷоди навиштаи дигаре гардад?
– Адиб вақте асар эҷод мекунад, бояд бехато донад, ки ба хурдтаракон хуш меояд ё не. Дар аввал фаҳмидану дарк кардан душвор аст, вале вақте таҷриба зиёдтар мешавад, кам хато мекунӣ. Албатта, вақте адиб мебинад, ки кӯдакон афсонаашро қабул карданду хонданду фаҳмиданд, ҳатто дар асоси он саҳначаҳо сохта, нақш офариданд, бисёр хурсанд мешавад. Лекин табиати эҷод чунин аст, ки барои шумо фарқ надорад, сахт танқид мекунанд ё зиёдтар таъриф мешунавед. Вақте эҷод табиати адиб мешавад, ба касб табдил меёбад ва он гоҳ шумо наметавонед, ки нанависед. Гапи мардум хоҳ маъқул аст, хоҳ номаъқул, хоҳ таъриф мекунанд, хоҳ не, эҷод мекунеду халос. Фақат ба ин сатҳ бояд расем, яъне бехато донем, ки чизи, ба қавле, бачахӯрак навиштем…
– Табист, ки эҷоди хубро хонанда ҳатман пайдо кардаву мехонад…
– Ҳатман, навиштаи хуб ҳаргиз гум намешавад. Шояд чанд сол ё муддате аз хотираҳо фаромӯш гардад, аммо як рӯз боз ба дасти хонанда мерасад.
– Ҳам барои тарғиби эҷоди нигоранда ва ҳам барои то ба хонандаи наврас расонидани эҷоди адибон рӯзнома василаи беҳтар аст ё китоб?
– Китоб гоҳ-гоҳ чоп мешавад, рӯзнома ҳар замон. Рӯзнома ҳафтае, ё дар моҳ як ё ду маротиба ва зуд ба хонандагон мерасад. Лекин китоб чизи дигар аст. Дар ҳамин маврид як чизи дигарро ба хотир оварданӣ ҳастам, ки дар ҳар соҳа, дар ҳар як қисмати зиндагӣ ҳар замон як табаддулоти бисёр бузург ба амал меояд. Лекин, як чизе ҳаст, ки ҳатман тағйир намеёбад, яъне гум намешавад, барҳам намехӯрад, агарчӣ ба назари мо чунин ҳам менамояд, ки нақши он хира шуд ё аз байн рафта истодааст. Бигирем, ин қадар ғизову таоми нав ба нав ба қавле эҷоду пешкаш кардем: гамбургеру питсаю бифштексу лағмону ва ғ. Лекин нон боқӣ монд! Ё ин қадар техника пеш рафту компютеру Интернет ихтироъ шуданд, акнун дар як оҳанаки компютер шумо метавонед даҳҳо ва ҳазорон китоб ҷой диҳед. Ин ҳама боз такмил ёфта истодааст, лекин китоб боз боқӣ монд, аз байн нарафт. Дар компютер наметавонед аз даҳ-бист саҳифа зиёдтар китоб хонед. Зуд хаста мешавед. Ҷойи китобро ягон чизи дигар гирифта натавонисту наметавонад. Барои ҳамин имконияти китоб хеле фарох аст.
– Таври маълум, барои кӯдак баробари равонӣ ва муҳтавои қиссаву шеъру афсона ороиши китоб хеле таъсиргузор аст. Шояд як сабаби ҳамкориятон бо ташкилоти «Истиқбол» ва нашри китобҳоятон тариқи идораи он маҳз ороиши хуб бошад?
– Нахуст, бо ягон ташкилоту нашриёт махсус ҳамкорӣ надоштам… «Истиқбол», албатта, ташкилотест, ки барои бачаҳо зиёд чоп кард ва ҳиссааш дар тарғибу ташвиқи китоби бачагона кам нест, вале он чанд китоби маро аз дигар ташкилот, тавассути шартнома гирифта, чоп карда буд, вагарна мо худ қарордоде ба имзо нарасонидаем…
Воқеан, он китобҳоро Сайёра Имоддиноваю Бахтиёр Қаҳҳоров ва Ҳусейн Чиллаеву Абдусалом Абдуллоев хуб оро додаанд. Ороиш бисёр муҳим аст. Барои хонандагони синфҳои якуму дуюм ҳафтод фоизи китоб бояд расм дошта бошад. Барои хонандаҳои синфи сеюм тақрибан нисфи китоб бояд аз расмҳои ранга иборат бошад. Барои хонандаи синфи чорум камтар. Расми сиёҳу сафед барои хонандаҳои синфҳои болоӣ пешбинӣ шудаанд. Агар барои хонандаи хурдсол китоб ранга набошад, ҷолиб намешавад.
Умуман, барои бачаҳо китоби берасм ё бо расми сиёҳу сафед чоп кардан гуноҳ, хато аст.
– Мехостам назари Шуморо ба вазъи кунунии аниматсияи тоҷик бидонам. Чун шоҳид гаштам, ки насли ҷавон ба хотири мазмунан баландғоя будани ҳикояву афсонаҳоятон имрӯз мехоҳанд бо Шумо ҳамкорӣ дошта бошанду бо роҳу усулҳои нав филмҳои тасвириро таваҷҷуҳбарангез созанд. Магар беҳтар нест, ки кӯдакони мо ҷойи филмҳои тасвирии хориҷӣ эҷодкориҳои мазмунан тоҷиконаро тамошо намоянд?
– Баҳои аниматсияи тоҷик алҳол қаноатбахш нест. Ин тавр нест, ки пул надорем. Мо пул дорем. Директори киностудияи «Тоҷикфилм» боре ба Иттифоқи нависандагон омада, бори дигар нависандагон худ меҳмон карда, гуфтанд, ки агар асарҳои хуб эҷод кунем, ҳатман маблағ пайдо мешавад…
Гап дар сари он ки мо мутахассис надорем. Ҳамагӣ чанд сол пеш аз ин бори аввал Бахтиёр Қаҳҳоров, яке аз офарандаҳои филмҳои тасвирӣ дар Тоҷикистон, ки мутахассиси хеле варзида аст, маводи чанд китоби бачагонаро филми тасвирӣ кард. Ба ҷуз Бахтиёр ягон каси дигарро ном гирифтан душвор аст, ки ба офаридани филмҳои тасвирӣ эътибори ҷиддӣ диҳаду аз сидқи дил машғул бошад. Ростӣ, тайи ду-се соли охир як ҷунбиш дар майдони аниматсияи тоҷик мушоҳида мешавад ва бовар дорам, ки ба зудӣ кӯдакони мо филмҳои тасвирии ҷолиб тамошо хоҳанд кард, зеро ҳам рассомон ва ҳам коргардону кормандони дигари соҳа хеле фаъол шудаанд. Имрӯз ду ҷавонмард – Фирдавс ва Акмал низ ба ин кор машғуланд. Ҳозир аз ин зиёдтар сухан наметавон гуфт.
– Айни замон рӯйи кадом маҳсули эҷодиятон кор мебаред ва хонанда кадом афсонаи наверо аз Шумо шунида метавонад?
– Мехоҳам як силсила повест барои бачаҳо нависам, зеро ба ғайр аз «Тобистон»-и Пӯлод Толис ва ду-се асар бачаҳо китоби дигари калонҳаҷм надоранд. Шаш-ҳафт асари тайёр ҳаст, яке дар маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шуд ва иншоаллоҳ, то баҳор дар шакли китоб ба дасти хонандагон мерасад. Дигар повестҳои бачагона «Ду рӯз дар яхдон», «Шаш рӯзи як сафар», «Дурӯғ», «Ҷузвдон», «Таътил», «Пирамард ва саркардаи муғул»-анд.
Як чизи муҳими дигар. Барои хонандагони хурдсол асари саҳнавӣ эҷод намешавад. Бачаҳои моро китобҳое низ даркоранд, ки асарҳои саҳнавӣ ҷой дода шуда бошанд. Чун ба мактабҳо меравед, ба ягон муносибат (Иди Наврӯз, Иди Модарон, Рӯзи Парчами Миллӣ…) бачаҳо ҳамроҳи муаллимонашон саҳначаҳо мегузоранд, ки баъзе бисёр ҷолиб аст, вале аксарият каммаъниву сустанд. Аз ин сабаб мо бояд адибоне ҳам тарбия намоем, ки барои бачаҳо вобаста ба идҳо ва ҳам аз ҳаёти худи бачаҳо асарҳои саҳнавӣ нависанд.
– Воқеан, дар ин баробар масъулони Театри давлатии лӯхтак низ дар як суҳбат зикр карданд, ки агар чанд тан адибони шинохта барояшон асар менавиштанд, ҳоло ин гуна адибон ангуштшуморанду онҳо ба ҳамкории адибони барояшон асарҳои саҳнавии кӯдакона эҷоднамоянда зарурат доранд…
– Театри лӯхтаки мо воқеан ҳам зори асарҳои бачагона аст. Театри Ҷавонон низ чунин саҳнаҳо бояд зиёд дошта бошад. Шояд ягон вақт ба мисли телевизиони бачагонаи «Баҳористон» Театри бачагона ҳам дар Тоҷикистон пайдо шавад. Агар пайдо шавад, бояд боз ҷиддитар эҷод кард. Вале ман солҳои охир ёд надорам, ки ягон нафар барои тифлон ягон асари саҳнавии хотирмон офарида бошад.
Дар ин баробар, барои бачаҳо танҳо асарҳои саҳнавӣ не, асарҳои иттилоотӣ низ эҷод кардан лозим аст. Асари иттилоотӣ асарест, ки дар бораи ин ё он ашё ва ё набототу паранда, одамон, табиат ба хурдсолон кӯтоҳ, пуробуранг, бо далелу рақам ва расму сурат, дар шакли ҳикоя, ҳатто афсона, гоҳо оҳанги илмӣ гирифта, маълумот медиҳад. Мо ба ҷуз як китоби Энсиклопедия барои бачаҳо, ки чоп шуд, асари дигари хуби иттилоотӣ надорем.
Мисоли оддӣ: ман баъзан аз бачаҳо мепурсам, ки чаро парасту дар моҳи октябр, вақте тирамоҳ меояд, ба кишварҳои гарм меравад? Мегӯянд, ки ҳаво хунук мешавад. Пас, чаро гунҷишк намеравад? Гунҷишк ҳам баробари парасту аст, лекин намеравад… Гап дар сари ин, ки парасту ғизо пайдо намекунад, вай донахора нест, ғизояш танҳо магасу хомӯшак аст. Яъне, ба бачаҳо мо бояд бисёр чизҳоро фаҳмонем. Инро тавассути асари бадеӣ фаҳмонидан андак душвортар аст. Лекин тавассути асарҳои иттилоотӣ, асарҳои маърифатӣ фаҳмондан хеле осон мешавад. Бачаҳои мо бояд донанд, ки кадом дарахт кадом моҳ гул мекунад ва чаро ранги гулаш нилобӣ ё сафедтоб аст. Дар ҳақиқат гули баъзе дарахтон сурх, баъзе нилобӣ, сафед, ё зард аст. Сабаб ин аст, ки дар ҳамон фасл ҳашароте пайдо мешавад, ки ҳамин хел рангро дӯст медорад, диққати ҳамон ҳашаротро ҳамин ранг бештар ба худ ҷалб мекунад ва ҳамон гулу гиёҳ ҳам рангашонро ба ҳамон фасл мувофиқ мекунанд. Чаро офтобпараст мегӯем?… Ин қадар савол бисёр аст. Гумон аст бачаи навомӯз дар мактаб танҳо аз китоби дарсӣ ҷавоб ёфта тавонад.
Дар баъзе давлатҳо барои кӯдак соле чор, панҷ, шаш ҳазор номгӯй китоб чоп мекунанд. Ин танҳо номи китоб аст. Теъдодашон ба миллион мерасад! Аз нашриётҳои давлативу хусусии мо бипурсед, ки дар як сол барои кӯдак чӣ қадар китоб чоп кардаанд? Шояд сад нусха. Аммо се миллион кӯдак дорем. Дар Тоҷикистон барои китоб чоп кардан ҳоло шароиту имконият дорем. Аммо нависанда нест… Бовар мекунед, як ташкилоти хориҷӣ барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ ният дорад, ки 120 асари бадеӣ, саҳнавӣ, иттилоотӣ чоп кунад. Шаш моҳ аст, ки давутоз мекунем, вале…
– Адиби бачагон тарбия кардан душвор аст?
– Душвор, вале кадом кор осон аст?!
– Имрӯз ба адибон ҳаққи қалам намедиҳанд, ё кам медиҳанд…
– Дуруст, ин чиз ба тарбияи адибони ҷавон бад таъсир мерасонад. Аммо дар ҳама замон адиби асил сарватманд ҳам буду қашшоқ ҳам. Бо вуҷуди ин эҷод мекард, чунонки дар авали суҳбат қайд кардам, чун эҷод табиат шуд, адиб ҳама чизро фаромӯш мекунад, аз ҷумла, пулро. Ба камтар адиб муяссар шудааст, ки аз ҳисоби ҳаққи қалам рӯз гузаронад. Ин як шуғл аст, машғулият, хоббӣ. Эҷод мекунеду нахуст худ лаззат мебаред. Асаратон бо ягон роҳу восита ба дасти дигарон расид, ихтиёрашон… Овозхонҳоро бинед: садояш хуш ояд, дар толор мешинед, хуш наояд, тарки толор мекунед. Зафар Нозиму Ҷӯрабек Муродов боре шикоят кардаанд, ки шунавандагонашон кафкӯбӣ намекунанд?! Аблаҳӣ мешуд. Ё Абдураҳмони Ҷомиву Саъдии Шерозӣ куҷостанд, ки омада ғазалҳои худро ба гӯши мо хонанд, китобашонро ба дасти мо зӯран супоранд, ки хонем?! Навиштед, эҷод кардед, давом диҳед. Агар машҳур нашудед, мардумро гунаҳкор накунед…
– Охир, имрӯз кам мехонанд?!
– Пас замони кам хондан расидаст. Бо вуҷуди ин муваққатист. Лекин барои нависандаи бачаҳо ҳамеша хонанда ҳаст: дар олам кӯдакон то синфи чорум мудом китобхонанд!
– Аммо китоби хуби бачагона кам аст, адиб низ…
– Бале, аммо айб дар бачаҳо, хонандаҳо нест. Волидонашон хонанда нестанд, хӯрҷин гирифта, ба фурӯшгоҳи китоб намераванд. Шояд онҳо гумон мекунанд, ки хонанда будани фарзандашон ин замон шарту зарур нест. Баъзан мегӯянд-ку: «Хондагиҳо чӣ шуданд, ки!…».
Агар чунин бошад, онҳо сахт хато мекунанд: донишманди асилу ҳунарманди асил хор намешавад, ҳатто имрӯз! Даҳ-бист сол пештар чунин ҳам буд, лекин алҳол чунин нест ва ягон ҳол ҳамешагӣ нест. Хондан аз мактаб не, аз оила сар мешавад ва мактаб танҳо ин корро давом медиҳад, такмил медиҳад. Агар падару модарон корро сахт гиранд, ба майдони маориф чунон омӯзгорон меоянд, ки аҳли олам аз кору натиҷаи кори эшон ангушти ҳайрат хоҳанд газид. Волидонамон кунду карахтанд. Ду маротиба ба мактаб рафта, дар дарси омӯзгори фарзандатон шинед, омӯзгор минбаъд ба фарзанди шумо беҳтару хубтар эътибор медиҳад. Аз ин сабаб мо китоб нагирем, нашриёт чаро чоп кунад? Китобро кӯдак не, калонсолон бояд харидорӣ кунанд ва ба дасти ӯ супоранд. Мефаҳмед? Калонсолон!… Шояд мисли қонуни танзими расму оинҳо ва масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд, қабули ягон қонуни дигар зарур бошад? Охир, таълиму тарбия хусусияти иҷборӣ доранд. Фаромӯш накунед: ягон кӯдак ба сари худ, ихтиёран китобхон намешавад. Дар тарҷумаи ҳоли бузургони адабиёт одатан мехонем, ки «шавқу завқи ӯро падараш дида, ба назди фалон устод бурд» навиштаанд…
Баъзан «пул надорем» мегӯянд. Аммо барои маърака оростан пул дорем, пайдо мекунем. Як тоифа аз қабули қонуни танзими расму оинҳо чунон норозианд, ки гӯё қиёмат фаро мерасида бошад. Чун ба хонаашон меравед, аҳволи зори фарзандонашонро дида, раҳми зоратон меояд. Мо тайёрем ҳар сол даҳ-бист ҳазор сомонӣ сарф карда, ягон маърака ороему обрӯ гирем, вале барои фарзандамон соле 10 китобча харидорӣ намекунем, ки маблағаш эҳтимол 100 сомониро ташкил диҳад. Маърифатнок нестем, худро зиёд таъриф мекунем ва мисли дурӯғгӯён ба зудӣ ба дурӯғи худ имон меоварем, бовар мекунем. Оё медонед, як дурӯғро ҳафт маротиба такрор кунед, оқибат бовар мекунед: Афандӣ ҳам ба кӯдакон гуфтааст, ки дар фалон кӯча як ҷувол чормағз рехта мондаанд, чун бачаҳо ба он тараф медаванд, Афандӣ низ «яке рост бошад!?» гуфта, аз паси бачаҳо медавад…
– Ба Иттифоқи нависандагон адибони навқалам зиёд меоянд?
– Қариб ҳар рӯз меоянд, аз шашсола то шастсола меоянд. Як моҳ пештар 170 асари навқаламонро муҳокима кардем… Он рӯз дур нест, ки ба майдони адабиёти кӯдакон чанд адиби хушистеъдод ворид мешаванд, боҷуръату қатъӣ!
– Як замон Иттифоқи нависандагони худмухтор, ё алтернативӣ таъсис додан мехостанд. Дар ёд доред?
– Ёд дорам. Дирӯз ва имрӯз ҳам Иттифоқи дигар не, адиби дигар лозим аст, адибе, ки ҳатто узви Иттифоқ буданашро низ фаромӯш карда, асар менависад, асаре, ки дар олам, дар дигар кишварҳо, дар Мадагаскар ҳам хонда тавонанд, хонда хурсанду қаноатманд гарданд ва харитаро кушода, Ҷумҳурии Тоҷикистонро пайдо кунанд…
Мусоҳиб: Зулолаи НУР