Бӯйи ғам, нақши падар, роҳи ноҳамвор ва худсӯзиву қиссасозӣ

Роҳи эҷод ноҳамвор аст, махсусан ҳоло, ин замон, худи ҳозир. Ҳар касе ба ин роҳ қадам монданӣ мешавад, албатта, пайраҳаи ноҳамвор ӯро интизор аст. Ин роҳи сӯхтану сохтан аст, ки ҳоло на ҳар кас ҷуръати худро фидо кардан дорад. Кӯшишҳои Дилдодаро дар ин роҳ мебинаму хеле шод мешавам. Бисёр менависад. Аз як навишта то навиштаи дигар худро такмил медиҳад. Худсӯзиву қиссасозӣ мекунад. Аз дардҳои бедармон ва чашмҳои намнок мегӯяд. Худро ба қаламу коғаз бахшидааст. Аз касе чизе интизор нест, худнамоӣ намекунад, балки як духтари озоду самимӣ, якрӯ, хоксор ва эҷодкори хуб аст.Чун ҳоло даврони пирӣ меронам, суҳбат бо чунин эҷодкорони дилдода ва дилбохта ба ман нерӯ мебахшад. Бо Дилдода чанд соат суҳбат кардем ва фикр мекунам, аз ин суҳбат дигар эҷодкорони ҷавон ҳам баҳрае мегиранд.

Катибаи аввал:

ИФТИХОРИ ПАДАР

– Бо қаламу коғаз аз кай ошноед ва умуман чӣ сабаб шуд, ки бо ҳам наздик шудед?

– Шиносоии ман бо қаламу коғаз хеле барвақт буд. Дар мактаби миёна таҳсил мекардам. Чун он замон бештари вақтамро бо падар мегузарондам, ҳамнишину ҳамрози падар будам. Ҳамин ки ба муҳоҷират мерафтанд, худамро хеле зиёд танҳо эҳсос мекардам ва он лаҳзаҳо танҳо қаламу коғаз ҳамрозу ҳамсафар ва дӯсти наздики ман шуда буданд.

– Чӣ менавиштед?

– Ҳар вақте дар осмон ҳаракат кардани ҳавопаймоҳоро медидам, фикр мекардам, ки онҳо падарамро меоранд. Ҳамон вақт чанд мисрае пур аз ғалат барои падарам навишта будам, вале шарм медоштам, ки ба касе гӯям.

– Чаро маҳз дар чунин фикр будед, ки дарди дурии шахси наздикро метавон бо навиштан малҳам бахшид? Оё медонистед, ки қалам чунин қудрат дорад?

– Аз ин қудрати қалам тамоман огоҳ набудам, вале ман дӯсту рафиқе надоштам ва танҳо бо қаламу коғаз роз мегуфтам. Ҳар вақте мефаҳмидам касе ба Маскав меравад, як дафтарамро ба ӯ медодам, то ки бурда ба падарам деҳад. Гумонам ин буд, ки ҳамаи онҳо назди падари ман мераванд.

– Ягон дафтар ба падаратон расида буд?

– Мутаассифона, на. Чун он касоне, ки сафар доштанд, назди падари ман намерафтанд. Ҳеҷ ёдам намеравад, ҳар ҳафта рӯзи якшанбе ба хонаи ҳамсоя рафта, мунтазир мешудам, ки баробари занг задани падарам, аввалин шуда телефонро бардораму суҳбат кунам.

– Бо гузашти вақт шумо хеле муваффақ шудед, китобҳоятон чоп шуданд, ҳамчун эҷодкор то андозае шинохта шудед. Падаратон фаҳмиданд, ки ин ҳама бо шарофати он кас оғоз шуда буд ва умуман чӣ гуна бархурд карданду мекунанд?

– Падарам маро зиёд дастгирӣ мекунанд дар ин ҷода, ҳарчанд ки нишон намедиҳанду гӯё бетафовут бошанд. Аммо зиёд мушоҳида кардаам, чӣ гуна бо фахр дар назди рафиқонашон мегӯянд, “бачам (аз сабабе, ки дар оилаи мо писар нест, падарам ҳамеша маро бачам гуфта садо мекунанд) китоб чоп кардааст.” Вақте китоби аввалинам соли 2017 нашр гардида буд, чанд нусха ба рафиқонашон ҳадя кардаанд. Он замон дарк намудам, ки заррае ҳам бошад боиси ифтихори падар гаштаам.

– Нақши модаратон дар эҷодкор шудани шумо чӣ гуна аст ва оё ин шуғли шумо ба онҳо писанд аст?

– Модарам як зани бисёр самимӣ ва хоксор мебошанд. Пас аз он ки фаҳмиданд ба эҷод майл дорам, аввалин шунавандаи таронаҳоям шуданд. Вақте ки бегоҳ аз кор меоянд, мепурсанд “чизе навиштӣ?” Хеле хушбахт ҳастам, ки чунин падару модар дорам ва онҳо нисбат ба ҳар навиштаи ман беаҳамият нестанд.

Катибаи дуюм:

БӮЙИ ҒАМ

– Дар кадом қисмати рӯз ё шаб менависед ва илҳом чӣ гуна пайдо мешавад?

– Бештари вақт шаб менависам. Шаб оромӣ, танҳоӣ ва имкони бо худ будан зиёдтар аст.

– Эҷодкорон ду навъанд, яке мунтазири илҳом мешавад дигаре худ ба суроғи илҳом меравад. Шумо чӣ?

– Ман аз ҷумлаи онҳое ҳастам, ки мунтазири илҳом мешавам ва ҳар вақте ки мурғи илҳом парвоз карда, ба кошонаам ояд, ба навиштан шуруъ мекунам.

– Чаро навиштаҳои шумо оҳанги дарду ғам доранд?

– Ман зиёд дилгиру хаста мешавам, аз ҳамин сабаб навиштаҳои ман оҳанги ғам доранд. Ҳарчанд устодон мегӯянд, як духтари ҷавон бояд аз шодиҳо бигӯяд, зеро зиндагӣ моломоли шодӣ аст, аммо наметавонам.

– Вақте ки дар маркази эҷодатон ғам меистад, оё наметарсед, ки хонандаатонро ғамгин мекунед?

– Аввалҳо мегуфтам, ки танҳо барои худам менависам, ба дигарон ҳеҷ рабте надорад. Баъдан, дарк намудам, ки адабиёт моли халқ аст ва ҳар навиштаро доираи муайяни инсонҳо мутолиа мекунанд. Аммо боре ҳам фикр накардаам, ки эҷоди ман сабаби ғамгин шудани хонанда мегардад.

– Эҷодкорон дар ҳар навиштаашон қисме аз дардҳои худро мегӯянд, аммо аксар рад мекунанд, ки маҳсули эҷодашон ба зиндагии шахсӣ ҳеҷ рабте надорад. Оё ҳамин тавр аст?

– Фикр мекунам, навиштаҳо, пеш аз ҳама, аз дарди худи эҷодкор падид меоянд. Албатта, пурра аз ҳаёти шахсӣ набошанд ҳам, қисман дардҳои худро мегӯянд. Инро дигар пинҳон карда намешавад, балки бояд иқрор шуд.

Катибаи сеюм:

БИБӢҚАҲРАМОНИ ҲИКОЯҲОИ ДИЛДОДА

Қалам ба шумо чӣ дод ва аз шумо чӣ гирифт?

– Қалам аз ман хоби шабамро гирифт, вале ба хостаҳоям расонд, ҳама чиз дод.

– Кай қалам ба қаламкаш хиёнат мекунад ва оё ин имкон дорад?

– Қалам ҳеҷ гоҳ ба қаламкаш хиёнат намекунад, ин қаламкаш аст, ки ба қалам хиёнат мекунаду ӯро ноҷо истифода мебарад.

– Шумо ҳоло дар газета кор мекунед, вазифае ҳам доред. Оё вазифа ва умуман кори газета ба эҷоди бадеӣ халал намерасонад?

– Фикр кунам, барои шахсе, ки воқеан ошиқи эҷод асту бо қаламу коғаз аҳди дӯстӣ бастааст, ҳеҷ монеае нест ва чизе халал намерасонад. Ман китоби дуюми таронаҳоямро маҳз дар ҳамон муҳити газета нашр намудам ва ба қиссаву ҳикоянависӣ дар газета шуруъ кардам. Ҳамчунин, дар газета устодоне ҳастанд, ки дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекунанд.

– Доираи эҷоди шумо васеъ шуда аз таронанависӣ ба навиштани ҳикояву қисса пардохтед. Чӣ сабаб шуд, ки ба жанрҳои ҷиддитар даст задед ё дардҳоятон зиёд шуданд?

– Сабаби асосӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок карданам аст. Дилафрӯз Қурбонӣ, ки дар нашрияи “Омӯзгор” сармуҳаррир буданд, талқин карданд, ки дар ин озмуни бонуфуз иштирок кунам ва худамро нишон диҳам. Вақте ки барои иштирок кардан розӣ шудам, андешидам, ки танҳо бо эҷоди тарона дар чунин озмун иштирок карда намешавад. Ҳамин тавр, ба навиштани ҳикояву қиссаҳо оғоз кардам. Соли гузашта то даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур рафта будам, имсол ҳам иштирокчии озмун ҳастам.

– Доир ба қаҳрамонҳои ҳикояҳоятон бигӯед. Оё онҳо ҳақиқианд ё прототип?

– Қаҳрамони ҳикояҳоям модарбузургам мебошанд, ки солҳо дарду ранҷҳояшонро мушоҳида намудаму навиштам. Бибиям, ки амакамро дар ҷанги шаҳрвандӣ аз даст додаанд, шаби дароз бедоранду бо хондани рубоиҳо дардашонро ба қавле кам мекунанд. Ҳаминҳоро мушоҳида карда менависам.

– Бибиатон худро аз ҳикояҳоятон мешиносанд?

– Чун бо эшон пеш аз ҳар ҳикоя саволу ҷавоб мекардам, шояд каме пай мебурданд, аммо вақте ки ҳикояҳоямро барояшон хондам, гуфтанд, ки “агар медонистам нақлҳоямро китоб мекунӣ, чизе намегуфтам”. Шукр, онҳо розиянд ва ба ман дуо додаанд.

Катибаи чорум:

ҲАМОН ВАҚТ НАВИШТАНРО БАС МЕКУНАМ, КИ

– Аз интихоби ин роҳи душворсӯхтану сохтан пушаймон нашудед ва боре фикри тарки ин соҳаро накардед?

– Борҳо фикр кардам, ки бояд ин соҳаро тарк кунам, борҳо ба ин андеша будам, кош аз шеъру сухан бӯ намебурдам, то метавонистам мисли дигар шахсони одӣ оромона зиндагӣ намоям, то тавонам танҳо бори дарду шодии худро кашам, аммо истеъдод Худододист. Борҳо ба ин хулоса омадаам, ки ман аз эҷод даст мекашам ва дигар чизе наменависам, аммо боз қаламу коғаз ҳамрозам мешаванд.

Қабул доред, ки навиштан, эҷод кардан ин беморист ва дар баъзеҳо табобатнашаванда аст?

– Воқеан, дар баъзеҳо ин беморӣ табобатнашаванда аст. Боз гурӯҳе низ вуҷуд доранд, ки ҳарза зиёд мегӯянд, ки дар онҳо аз дард нишоне нест. Аз ин сабаб, дуо мекунам, ки Худованд ба касоне ин бемориро насиб кунад, ки эҷодашон бархурди дардҳо бошад.

Дуруст гуфтед, ки эҷодкорӣ Худододист. Аз ин неъмат, ки Худо ба мо додааст, нон мехӯрем, аммо азоб ҳам мекашем. Ба фикри шумо дар ин азоб кашиданҳо, азоби мардумро ҳис карданҳо чӣ ҳикмат ниҳон аст?

– Худованд ин истеъдодро ба мо додааст, то ҳамрози дигарҳо бошем, то тавонем дарди дигаронро эҳсос намоему нависем. Агар ки мо азоби касеро ҳис намекардем, ҳама метавонистанд эҷодкор шаванд.

Ба фикри худтон, кай навиштанро бас карда метавонед?

– Ҳар вақте дигар хун дар рагҳоям гардиш накунаду дилам аз тапидан бозмонад, ҳамон вақт навиштанро бас мекунам.

– Чаро тахаллусатон Дилдода аст? Дилдодаи кӣ ё чӣ ҳастед?

– Чун ҷуз ғам, аз ишқ ҳам мегӯям. Аммо Дилдодаи зиндагиам.

Катибаи панҷум:

ДАР ПАСМАНЗАРИ ЭҶОД

То имрӯз чанд китобатон чоп шудааст?

То имрӯз ду китобам ба нашр расидааст. Якумаш соли 2017 бо номи “Як дил тарона” бо сарпарастии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) ва дуюмашро соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои пасандознамудаи худам нашр кардам.

Солҳои пеш шоирону нависандагони мо бо нашри китоби навашон ҳатто метавонистанд мошин ё хона бихаранд. Ҳоло чоп кардани китоб ба эҷодкор чӣ медиҳад?

– Ҳоло бошад, чопи китоб барои як эҷодкор руҳияи хуб медиҳад ва эътирофи хонанда, ки мегӯяд “дар фалон ҷумла хуб гуфтаӣ ва ё ин навиштаат бисёр дилчасп аст” беҳтарин ҳадя мебошад.

– Дар кишвари мо як эҷодкори ҷавон ба ҷуз китоб ва каме маъруфият боз чӣ дошта метавонад? Оё бо навиштан зиндагиро таъмин кардан мумкин аст?

– Боз метавонад як кори муносиб дошта бошад, ки аробаи зиндагиашро ба пеш ҳаракат диҳад. Ба худи эҷодкор вобаста аст, ки оё қалами ӯ имкони таъмини рӯзгорро дорад ё не. Эҷодкорони зиёд дорем, ки маҳз аз нӯги қаламашон нону ном ёфтаанд.

Мусоҳиб,

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь