Суҳбати ихтисосӣ бо Давлат Усмон, яке аз собиқ раҳбарони Иттиҳоди неруҳои мухолифин, собиқ муовини сарвазир ва вазири иқтисоди Тоҷикистон дар робита ба 16-умин солгарди шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон
Давлат Усмон ҳоло бознишаста ва ба таълифи китоби хотироташ машғул аст. Аз соли 1992 то 1996-и милодӣ – 4 сол дар қатори мухолифин ва муҳоҷирини тоҷик дар Афғонистон буд ва тамосҳои мустақим бо шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, он замон вазири дифоъи Афғонистон дошт.
– Ҷаноби Давлат Усмон, вақте Масъуд ба як шахсияти маъруф табдил ёфта буд, Шумо шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравии собиқ будед. Пирӯзиҳои ӯ бар Шӯравӣ Шуморо озурда мекард ё хуш?
– Мо он замон дар як ҳаракати сиёсии динӣ шомил будем. Масъудро як шахси мубориз тасаввур мекардем, ки дар муқобили як артиши бегона ва ба ҳимоят аз истиқлолияти кишвару озодии мардумаш муқовимат мекунад.
– Мулоқоти аввалини Шумо бо Масъуд кай итифоқ афтода буд?
– Вақте минҳайси муовини сарвазири Тоҷикистон дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷиҳати ширкат дар созмони Конфронси кишварҳои исломӣ қарор доштам ва муяссар шуд, ки 2-юми декабри соли 1992 Тоҷикистон узви ин созмон гардад, дар ахбори расонаҳо ин хабар доғ шуда буд, ки ҷанг дар ҷануби Тоҷикистон шиддат гирифта, мардуми оддӣ аз он ҷо ба Афғонистон фирор мекунанд. Дар худи Саудӣ тасмим гирифтам, ки тариқи Эрону Покистон ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Бадахшони Тоҷикистон биравам. Вақте Кобул омадам, аввал бо раисҷумҳури Афғонистон марҳум Устод Раббонӣ мулоқот кардам. Он кас маслиҳат доданд, ки шумо бояд инжинер Масъудро бубинед. Азбаски номашро нагирифт, ман фикр кардам, шояд ягон наздики раисҷумҳур аст, ки ба қазияи мо вобастааш кардааст. Тақрибан соати 10-и ҳамон шаб буд, ки маро ба виллаҳои Вазир Акбархон бурданд ва ягон соат пас марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд омад. Аввалин бор он ҷо мулоқот кардем. Аввал ӯ аз ман хоҳиш кард, ки буҳронеро, ки он рӯзҳо дар Тоҷикистон ба вуҷуд омада буд, аз оғоз то охир барояш тавзеҳ кунам. Ман тақрибан 2 соат тамоми қазияро барояш шарҳ додам. Аввалин бор медидам, ки инсон чӣ қадар бодиққат гӯш мекунад. Тӯли ду соате, ки ман сухан кардам, Масъуд ягон бор маро манъ накард, ё гапамро набурид! Соат 3-и субҳ шуда буд. Баъд гуфт, ки суҳбатро ҳамин ҷо қатъ мекунем, давомашро фардо шаб соати 11 давом медиҳем. Хайрухуш карду рафт…
– Ҳадафи муроҷиати Шумо ба Масъуд чӣ буд? Аз ӯ чӣ мехостед?
– Мо ду масъала доштем, ки ҳалли онро аз Масъуд мехостем. Аввал, мехостем барои интиқоли муҳоҷиронамон аз сарҳад ба дохили Афғонистон кӯмак кунад. Ман ба Масъуд гуфтам, ки дар Имом Соҳиб тақрибан 45 ҳазор муҳоҷири мо бисёр дар вазъи вахим қарор доранд. Зимистон буд ва ба Омир Соҳиб гуфтам, аввалин кори мо бояд ҳамин бошад. Масъалаи дуюм, рафтан ба марзи Бадахшон ва аз он ҷо овардани раҳбарону шахсиятҳои бонуфузи оппозитсион буд. Масъуд ду чархбол доду як ҳавопаймои “Антонов – 26”. Ҳамин тавр, мо ба ҳамкорӣ шуруъ кардем.
– Ҳамчун як инсон ва раҳбар Масъудро чӣ гуна дарёфтед?
– Масъуд аз аввал як шахси қотеъ, дар қавл устувору дар аҳд вафодор буд. То корро ба анҷом намерасонд, ором намегирифт. Ҳар кореро, ки гуфту ваъда кард, дар ҳамон вақту соат иҷро шуд. Дар масъалаи мо, аввал, тамоми қазияро пурра омӯхт ва дар давоми суҳбат ҳар чӣ ваъда дод, иҷро кард.
– Шумо бо Гулбуддин Ҳикматёр ҳам ҳамсуҳбат шуда будед. Назари ӯ ба Масъуд чӣ буд? Решаи хусумат ё мухолифатҳои ӯву Масъуд дар чӣ буданд?
– Мухолифати онҳо бештар ҷанбаи қавмӣ ва ҳам шахсӣ дошт. Масалан, Ҳикматёр, чун чанд сол гузашт, ки ӯро надидаам, намедонам, оё тағйир ёфтааст, ё хайр, аммо то охирин мулоқоте, ки бо ӯ доштам, ҳамчун як шахсияте дар назарам ҷилва намуд, ки касеро аз худ боло дида наметавонад. Яъне ӯ мехост, ки дар миёни раҳбарони ҷараёнҳои исломиву сиёсии Афғонистон нафари якум бошад. Ин хислат дар табиати ӯ ҳаст. Аз ин хотир, Масъудро, ки як шахсияти бисёр қавӣ буд ва шояд аз бисёр ҷиҳат аз Ҳикматёр бартарӣ дошт, як монеаи ҷиддӣ дар амри расидан ба аҳдофаш медонист.
Як воқеаи ҷолиби дигаре ҳаст, ки чун пурсидед, бароятон мегӯям. Вақте бори дуюм бо Ҳикматёр дар Чаҳоросиёб мулоқот доштам, ӯ аз ман хост, ки байни ӯву Омир Соҳиб Масъуд миёнҷигарӣ кунам. Хандидам. Гуфтам, ки инҷинер соҳиб, ман як шахсияти ҷавонам. Роҳбарони давлатҳо миёни шумо миёнҷигарӣ карданд, Каъба рафтед, шартнома имзо кардед, қасам хӯрдед, аммо чизе ҳосил нашуду аз дасти ман чӣ меояд. Ин пешниҳоди шумо шӯхӣ аст ё масхара? Ман чӣ хел байни Шумо ва Аҳмадшоҳ Масъуд миёнҷигарӣ мекунам? Гуфт, ба ҳар ҳол, ман аз шумо инро хоҳиш мекунам…
– Яъне Шумо барои миёнҷигарӣ розӣ нашудед?
– Ҳоло хоҳам гуфт… Рӯзи дигар назди Масъуд омадам. Шаб буд. Моро дар Чоряккор ба як қалъаи қадима ба меҳмонӣ бурданд. Масъуд як одат дошт, ки ҳар куҷое мерафтем, мулоқот буд, ё меҳмонӣ, маҷбур маро пеш мегузаронд ва худаш аз пайи ман меомад. Вақте дохили қалъа шудем ва ба ҷои мулоқот расидем, мехостам рӯи тӯшак (кӯрпача) нишинам, ки Масъуд ба як бор сахт аз дастам қапиду фарёд зад: “Бош! Шӯр нахӯр!”. Ба яке аз ҳозирбошҳояш амр дод, ки гӯгирд (кибрид) биёрад. Дар ҳайрат мондам. Ба худ гуфтам, гӯгирдро чӣ кор мекарда бошад? Гӯгирдро гирифту мисли уқобе, ки сайдашро мезанад, дасташро ба шиддат сӯи тӯшак бурд. Дидам, ки дар дасташ каждум аст. Чӣ хел онро дар он торикӣ дид, нафаҳмидам. Ман надида будам.
Меҳмонӣ тамом шуду хостам пешниҳоди Ҳикматёрро ба ӯ расонам. Дар ҷавоб гуфт, саҳарӣ суҳбат мекунем. Субҳ як тоҷири машҳури Чоряккор моро ба хонааш даъват кард. Як шахси хушсалиқае будааст, ки дар миёни ҳавлиаш як гулбоғ дошт. Он ҷо субҳона хӯрдему ба Масъуд гуфтам, ки як гапи хусусӣ дорам. Чун танҳо мондем, ман ҳанӯз матлабамро нагуфта, гуфт: “Пеши Ҳикматёр рафтӣ, ҳатман гуфт, ки байни ману Масъуд миёнҷигарӣ кун. Ҳамин тур не?”. Дар ҷавоб гуфтам, тақрибан ҳамин аст. Шӯхиомез гуфт, ё сари ман, ё сари Ҳикматёр ба гӯр равад, Афғонистон ором мешавад. Хандид. Пурсид, хуб, Ҳикматёр чӣ мегӯяд? Гуфтам, ӯ мехоҳад бо Шумо ба тавофуқ бирасад. Гуфтам, аслан ин мушкили ман нест, мушкили шумост, вале чун хоҳиш кард, рад накардам, омадам. Масъуд гуфт, бошад, ба назди Ҳикматёр бирав ва бигӯ, ки ду пешниҳод дорам. Якум, муоҳадаи Ҷалолобод, яке аз муоҳадаҳои машҳур аст, ки ҳамаамон ҷамъ шудем, имзо кардем, ман онро қабул дорам. Дуюм, раҳбарони Ҳизби Исломӣ, Иттиҳоди Исломӣ ва Ҷамъяти Исломӣ – Ҳикматёр, Сайёф, Раббонӣ, ҳамин се раҳбар нишинанд ва чӣ тавофуқе карданд, ман бечунучаро иҷро мекунам. Як ҳаракат будем, як ҳадаф доштем, тақсим шудем. Агар се роҳбар ба хулосае оянд, ки Масъуд силоҳашро гузорад ва тарки Афғонистон кунад, ман ин корро мекунам.
– Ва Шумо дубора назди Ҳикматёр рафтед?
– Бале, рафтам ва ин пешниҳодҳоро ба ӯ расондам. Ӯ гуфт, ки мо се нафар ҳатман мешинем, ба тавоқуф мерасем, вале аввал мо бояд маълум кунем, ки кадом ҳизб қавӣ аст ва миёни мардум нуфуз дорад. Бояд интихобот баргузор кард. Ман ба Ҳикматёр гуфтам, ки Афғонистон байни гуруҳҳо порча – порча тақсим шудааст. Ҷанг аст. Даҳ километр равӣ, се километр аз Ҳизби исломӣ, сеи дигар аз Ҷамъияти Исломӣ, се километр аз Иттиҳоди исломиву Ҳизби ваҳдату Муҳози милливу даҳҳо ҳизбу қумондони дигар. Чӣ тур интихобот мегузаронед? Ин имконнопазир аст. Ман аз аввал гуфта будам, ки миёнҷигарии ман маъно надорад, ки чунин шуд. Акнун рисолати ман хатмшуда аст. Бо ҳамин миёнҷигарии ман байни Масъуд ва Ҳикматёр ба анҷом расид.
– Шумо бо Усома ибни Лодан, раҳбари собиқи “Ал – қоида” ва Мулло Умар, роҳбари собиқи “Толибон” ҳам мулоқот доштед. Ҳатман, ки онҳо дар бораи Масъуд изҳори назар карда буданд. Чӣ мегуфтанд?
– Инҳо баъд омаданд. “Толибон” соли 1994 дар атрофи Кобул пайдо шуда буданд. Усома ибни Лодан Масъудро чӣ гуна медид, чизе гуфта наметавонам, чун дар ин бора аз ӯ напурсидам, аммо бо Мулло Умар як суҳбат доштем. Боре Толибон тайёраи моро, ки аз Теҳрон меомадем, дар Ҳирот ба замин фароварданд. Ҳайати моро ба Қандаҳор бурданд. Аммо Мулло Умар дар фурудгоҳ танҳо ману марҳум устод Нурӣ, раҳбари мухолифини тоҷикро қабул кард. Дар дохили мошини Мулло Умар суҳбат кардем. Марҳум устод Нурӣ ба Мулло Умар гуфт, биёед, бо Масъуд сулҳ кунед. Масъуду Раббонӣ, Сайёф ку раҳбарони ҷиҳодиянд, кофир нестанд. Шумо ҳам дар мавқеияти қавӣ қарор доред. Мулло Умар, ки дар даст “Калашников” дошт, бо ишора ба он гуфт, мулло соҳиб, дар Афғонистон ана ин ҳамаро ҳал мекунад. Хулосаи шахсии ман ин аст, ки ҳарчанд Мулло Умар бо Масъуд меҷангид, рақобат дошт, аммо Масъудро ҳамчун шахсият эҳтиром мекард.
– Масъуд дар бораи Ҳикматёр, Мулло Умар ва Усома чӣ мегуфт?
– Масъуд як вижагии хосе дошт, ки агар дар бораи касе, ки ба ӯ боре кӯмак карда бошад, ё бо ӯ дустӣ дошт ва ё касеро писандида буд, мепурсидед, ҳатман, аммо кӯтоҳ мегуфт, одами хубе аст. Аз ин беш не. Аммо агар дар бораи шахсияте, ки ба ӯ эҳтиром надошт, мепурсидед, ҳеҷ вақт нуқтаи назарашро намегуфт. Ҳаргиз намегуфт, ки Ҳикматёр ё раҳбари Толибон шахси бад ё шуҳратталабанд. Боре ҳам аз забони Масъуд нашунидаам, ки нафареро паст зада ё дар борааш бад гуфта бошад. Яке аз хусусиятҳои хоси Омир Соҳиб ин буд, ки ҳеҷ вақт мушкилотеро, ки дар дохили Афғонистон дошт, бо мо матраҳ намекард. Дар бораи шахсиятҳои Афғонистон ҳам суҳбат намекард. Фақат гоҳ-гоҳ мегуфт, ки Дӯстум як шахсияте ҳаст, ки қавлаш эътибор надорад. Танҳо ҳамин суханро аз забони Масъуд шунидааму халос.
– Иттиҳоди мухолифини Тоҷикистон қарор карда буд, ки бо тамоми танзимҳои муҷоҳидини Афғонистон муносибати яксон дошта бошад, аз ҷумла бо Ҳикматёру Толибону ғайраву ҳоказо. Масъуд инро чӣ гуна қабул кард?
– Хело хуш пазируфт. Шахсан худи ман ин тасмимро ба ӯ расондам. Гуфт, бисёр оқилона аст, шумо бояд ба ин чирку чаканоти мо ҳамроҳ нашавед.
– Мухолифони Масъуд ӯро як шахси миллатгаро муаррифӣ мекунанд, ки мехост ҳукуматро дар Афғонистон ба намояндагӣ аз як қавм – тоҷикҳо ба даст бигирад. Бардошти Шумо чӣ аст?
– Масъуд дар баробари як шахси ҷиҳодӣ будан одами сахт ақидаманд буд. Пойбанд ба ҳамон ақида ва арзишҳои динӣ ё мазҳабиаш буд. Аз нуқтаи назари дин медонем, ки қавм матраҳ нест. Дидгоҳи Масъуд ҳамин буд, ки бояд дар сари қудрат шахсе бошад, ки новобаста аз қавм тафаккури миллӣ, умумиафғонистонӣ дошта ва ботақво бошад. Фикри Масъуд ҳамин буд, ки дар Афғонистон як ҳукумате рӯи кор ояд, ки қобили қабули мардум бошад ва зери нуфузи Покистон ва ё кишварҳои хориҷӣ набошад.
– Мухолифон Масъудро “агенти КГБ” ё “дастнишондаи Эрон” мехонданд. Ин даъвоҳоро Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– На. Ман шоҳиди зинда ҳастам. Аз моҳи январ то апрели соли 1993 тақрибан дар се-чор ҷаласаи дохилии Масъуд, ки ба масъалаҳои сиёсати дохилӣ ихтисос ёфта буд, ман ҳамчун нозир иштирок кардам. Дидгоҳи ӯро хуб медонистам. Масъуд маҷбур шуд, ки бо Русия дубора алоқа барқарор кунад, зеро Покистон ӯро қабул надошт ва ин сабаб шуд, ки ӯ бо Эрон низ муносибатҳояшро хуб кунад. Масъуд кӯшиш ба харҷ дод саудиҳоро миёнарав кунад, то ба Покистон таъсир расонанд. Дар ёд дорам, соли 1995 вақте ки Кобул дар дасти Масъуд буд, вазири амнияти Арабистони Саудӣ Туркӣ Файсал омад. Пас аз мулоқот Масъуд нақл кард, ки ба Арабистони Саудӣ шарт гузошт, ки тамоми ҷараёнҳои сиёсӣ, аз ҷумла Ҳикматёрро қабул мекунад, ба шарте аз дахолати Покистон дар умури Афғонистон ҷилавгирӣ шавад. Ҳамаашро хуб дар ёд дорам. Масъуд хеле кӯшиш кард, то бо Покистон муносибатҳояшро хуб кунад, вале онҳо ӯро қабул накарданд.
– Масъуд ба чӣ далоил мехост, ки ҳукумат ва мухолифони Тоҷикистон сулҳ кунанд?
– Соли 1996 Масъуд дарёфт, ки Толибон хеле қавӣ шудаанд ва бидуни кӯмаки хориҷӣ бо онҳо муқовимат карда наметавонад. Аз сӯи дигар, Толибон дар марзҳои ҷанубии Иттиҳоди давлатҳои муштаракулфанофеъ тақвият меёфтанд. Он вақт Масъуд ва Русияву Тоҷикистон наздик шуданд. Барои он ки ҳамкории миёни онҳо тақвият ёбад, бояд кори мухолифини тоҷик яксара мешуд. Ёдам ҳаст, барои машварат дар ҳудуди фирқаи 18 дар Кобул дар як зеризаминӣ ҷамъ омадем. Масъуд бо Фаҳимхону Раббонӣ ва ман бо марҳум устод Нурӣ будем. Суханро аввал устод Раббонӣ сар кард. Ӯ матлабро кушоду равшан намегуфт. Бисёр далел меовард ва кӯшиш мекард фаҳмонад, ки мо бояд бо ҳукумати Тоҷикистон сулҳ кунем. Суханро тоб медоду тоб медод, аммо мушаххас намегуфт.
Баъд марҳум Масъуд иҷозаи сухан пурсид. Гуфт, хулосаи гап ин аст, ки Шумо ду роҳ доред: ё бо ҳукумати Тоҷикистон сулҳ мекунед, ё неруҳоятонро ба ягон ҳудуди дигар мебаред. Сухан дар бораи бақои мо ва ҳам шумо меравад. Агар мо барбод шавем, шумо ҳам барбод мешавед. Бе мо шумо дар Афғонистон рӯз нахоҳед дошт. Мо роҳи дигар надорем. Бояд бо Тоҷикистону Русия наздик шавем. Бояд онҳо ба мо бовар кунанд. Ба ҳамин хотир, роҳбарони сиёсӣ ва неруҳоятонро берун баред, муҳоҷирони шуморо мо нигоҳубин мекунем. Ё Тоҷикистон равед, ё ягон кишвари дигар. Дигар роҳ надоред. Пурсидам, Омир Соҳиб, мо чӣ қадар вақт дорем? Гуфт, то тирамоҳ. Ин маҷлис баҳори соли 1996 иттифоқ афтода буд. Ман гуфтам, бошад, мо то тирамоҳ тасмими худро мегирем.
– Метавонистед, ки шарти ӯро қабул накунед?
– Бале, агар мо шарти ӯро қабул намекардем, метавонистем маркази сиёсӣ ва неруҳоямонро аз Тахор ба Ҷалолобод ва ё қаламрави Ҳизби Исломӣ барем. Ҷой бисёр буд. Афғонистон танҳо дар дасти Раббонӣ ва Масъуд набуд. Лекин қазияи Афғонистон барои мо дарс шуда буд ва аз ҳамон ибтидо муборизаи мо танҳо барои сулҳ кардан ва баргаштан ба Тоҷикистон буд. Мо дарк кардем, ки агар қудратро дар Тоҷикистон ҳам ба даст гирем, тақдири Афғонистон ба сари мо меояд. Қазия мушкили Масъуду Ҳикматёр набуд. Як қазияи калони ҷаҳонӣ буд. Ҷаҳон намегузошт, ки як ҷараёни динӣ сари қудрат ояд. Масъуд ин гапҳои нозукро хеле хуб мефаҳмид. Боре ба мо гуфта буд, ки шумо барвақт сар кардед. Ин ба он маъно буд, ки ҷаҳон барои пазириши як ҳукумати исломӣ омода нест.
– Назари Масъуд ба сиёсатҳои Амрико дар Афғонистон чӣ гуна буд?
– Боре дар Қасри Истолиф шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд аз мулоқоташ бо ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Амрико (Робин Рафаэл) нақл кард, ки дар он қаср иттифоқ афтода буд. Вай гуфт, амрикоиҳо бисёр беҳаё будаанд. Рафаэл ба ман (Масъуд) гуфт, ки шумо бояд аз қудрат канор равед, мо дар Афғонистон як ҳукумати технократҳоро месозем. Ва ман гуфтам, магар мо миллат нестем, ин қадар сол барои чӣ мубориза бурдем? Шумо мегӯед, демократия. Хуб, мо демократияро қабул дорем. Шумо ҳама ҷараёнҳои сиёсиро озод гузоред. Бигзор, мардуми Афғонистон интихоб кунад. Моро қабул накард, тамом! Шумо номзадатонро биёред, монед. Аммо фақат интихобот шавад. Шумо обрӯву иззату шавкати моро паст назанед. Пул партоед, ки номзади шумо гузарад, раиси ҷумҳури Афғонистон шавад, лекин агар мардум интихоб кунад, мо ӯро қабул дорем. Гуфт, вақте ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Амрико ба ман аз мавқеи зӯриву таҳдид суҳбат кард, ғурурам баланд рафт ва гуфтам, ки шумо дар Афғонистон ягон кор карда наметавонед. Агар тамоми артиши Амрикоро биёред, ман муқобилатон меҷангам. Баъд Масъуд ҳамон кӯлоҳашро аз сар мегираду пешаш партофта мегӯяд, ки агар ба андозаи ҳамин кӯлоҳ хоки Афғонистон монад, як поямро он ҷо гузошта, ба як пой муқобили шумо меҷангам.
– Ёрдамчии вазири корҳои хориҷии Амрико аз Масъуд хоста буд, ки ҳукуматро ба Толибон таслим кунанд?
– На. Ӯ гуфта буд, ки ҳукуматро на ба Толибон, балки ба худи амрикоиҳо супоранд. Гуфта буданд, мо ҳукумати худро месозем. Баъд ман ба Масъуд гуфтам, ки Омир Соҳиб, ин амрикоиҳо, он тавр ки кушоду равшан гуфтед, ба Шумо зарари ҷисмонӣ мерасонанд, бояд рӯйрост намегуфтед. Хандид. Ва ҳамин амалиёти террористӣ, таркише ҳам, ки сурат гирифту Омир Соҳиб шаҳид шуд, пушти он созмонҳои истихборотии Амрикову Покистон буданд. Бе онҳо ин кор сурат намегирифт.
– Шумо соли 1996 ба Тоҷикистон баргаштед. Пас аз он оё бо Масъуд боз мулоқот доштед?
– Албатта. Ман чанд бори дигар бо ӯ дар Душанбе мулоқот доштам. Як бор хонаи ман омада, меҳмон шуда буд. Як бори дигар ман ба хонааш, ки дар кӯчаи Карамов буд ва фарзандонаш он ҷо истиқомат мекарданд, рафта будам. Ҳоло мехоҳанд дар ин хона намояндагии Бунёди Аҳмадшоҳи Масъудро ташкил кунанд. Баъд, ки дар ҳукумат будам, бо ӯ боре ҳам вонахӯрдам. Солҳои 2000 – 2001 ду-се бори дигар вохӯрда будем. Охирин бор се-чор моҳ пеш аз шаҳодаташ ӯро дида будам…
– Хабари марги ӯро чӣ гуна қабул кардед?
– Ростӣ, сахт мутаассир шудам. Ҳамон рӯз гӯё осмон ба сарам чаппа шуд. Охир, як дӯсту бародарам буд. Дӯсту бародари ҳамаи мо буд. Дилам сиёҳ шуд. Бо он вуҷуд, ки дар Афғонистон тағйиротҳо шуданд, ин сиёҳӣ то ба ҳол аз дилам нарафтааст. Набудани ӯ шояд то солҳои зиёд дар Афғонистону минтақа эҳсос хоҳад шуд.
– Оё дар маросими ҷанозаи ӯ ширкат доштед?
– На, рафта натавонистам. Вазъи Афғонистон ҳам хуб набуд. Моҳи декабри ҳамон сол як хоб дидам. Хоб дидам, ки як утоқ асту чанд нафар хобидаанд ва дар миёнашон Масъуд ҳам ҳаст. Ҳама болишт ё таксарӣ доштанд, аммо Масъуд надошт. Ба худ гуфтам, ба Омир Соҳиб болишт нарасидаасту равам як болишт биёрам. То ин ки болиштро ҷустуҷӯ кардам, бедор шудам. Ба худ таъбир кардам, ки шояд ба фотиҳаву ҷанозааш нарафтам, руҳи Омир Соҳиб умедворӣ мекашад. Январи соли 2002 хестаму Панҷшер рафтам. Сари манзилаш рафтаму дуову фотиҳа кардам. Ҳамон ҷо вақте хобамро ба хоҳарзодааш Вадудхон гуфтам, дар ҳайрат афтод. Вай гуфт, ки камари Омир Соҳиб дард мекард, ҳеҷ гоҳ дар таги сараш болишт намемонд. Ман ҳам ҳайрон шудам. Инро намедонистам.
– Аз нигоҳи Шумо, Афғонистони ормонии Масъуд чӣ гуна буд?
– Масъуд Афғонистонро як кишвари воҳиду ягона медид. Ҳеҷ гоҳ аз таҷзияи он фикр намекард. Ҳама ақвомро эҳтиром мекард. Ба ҷуз тоҷикон, фармондеҳони паштуну ӯзбек низ таҳти фармони ӯ буданд. Аз онҳо сирри пинҳонӣ надошт. Намегуфт, ки як гапро мегӯяду ӯзбек онро ба Дӯстуму паштун ба Ҳикматёр хабар мебарад. Сари ҳамаи онҳо эътимод мекард. Ман дар ҷаласаҳои ӯ намояндагони ҳамаи ақвомро медидам. Миллатгаро набуд. Худро афғон медонист. Озодиву рушди Афғонистонро дар мадди аввал мегузошт.
– Афғонистоне, ки ҳоло мебинед, то куҷо ба Афғонистони ормонҳои Масъуд монанд аст?
– Афғонистон таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронд ва таҳаввулоти зиёди дигар дар роҳанд. Ба он хотир, ки истиқрори сиёсӣ ҳоло пайдо накардааст ва бозингарони абарқудрати дунё намегузоранд, ки Афғонистон нафаси озод кашад. Афғонистон ба як майдони футбол, балки тӯби футбол табдил ёфтааст. Ин тӯбро як бор Амрико мезанад, як бор Чин, ба ҳамин минвол, бори дигар Русияву Эрону Покистон. Кишварҳое, ки тӯб дар ихтиёри онҳо аст. Танише, ки имрӯз миёни Русияву Ғарб пайдо шудааст, гиреҳи буҳрони Афғонистонро чигилтар ва ояндаашро ториктар кардааст. Аз дигар тараф, рақобати Ғарб бо Чин. Бубинед, Покистон миёни Ғарбу Чин чӣ тавр хуб бозӣ дорад ва аз ин вазъ сарвату сармояи зиёд меандӯзад. Афғонистоне, ки Масъуд ва амсоли ӯ орзу доштанд, рӯзе хоҳад шуд. Нооромӣ беинтиҳо нест, як рӯз оромӣ меояд. Вазъи Афғонистони имрӯза тақрибан ба вазъи Афғонистони соли 1992 баргаштааст. Тавре дар он солҳо буд, хатари ноамниҳои Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёдтар шудаасту камтар на. Ба ҳамин хотир, он чӣ Масъуд орзу мекард, имрӯз дар Афғонистон нест. Умедворем, ки Афғонистон як рӯз ором мешавад, аммо на имрӯз.
Суҳбати Фарид АҲМАДӢ