Мусоҳибаи журналист Далери Абдулло бо роҳбари Котиботи Шӯрои байниҳукуматии роҳдорони ИДМ, сармуҳаррири маҷаллаи «Роҳҳои ИДМ», профессор Бурӣ Каримов

– Бо  дарназардошти таҷрибаи зиёд доштанатон дар соҳаи роҳу нақлиёт бигӯед, ки низоми толлингӣ чӣ бартарӣ дорад ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани он то чӣ андоза муҳим, зарур ва ногузир аст?

-Бо тақозои вазифа ман ба кишварҳои зиёди олам сафар доштам ва моҳияту зарурияти ҷоришавии низоми толлингӣ дар идораи роҳҳоро хуб медонам. Моҳиятан роҳи пулакӣ роҳест, ки ширкат барои нигоҳдориаш муваззаф буда, ҷиҳати ҷавобгӯи талабот будани он масъулият дошта, дар ин самт бояд аз имконоти дар ихтиёрдоштааш самаранок истифода намояд. Маъмулан ҳукумати кишварҳои рӯ ба рушд дар заминаи татбиқи чунин лоиҳаҳо, ки аксар маврид бо ҷалби сармояи хориҷӣ амалӣ мешавад, ҳолати роҳҳоро беҳтар менамоянд. Бояд дарк намуд, ки талабот ва усули истифодаи чунин тарзи кор (манзур ҷорӣ намудани низоми толлингии истифодаи роҳҳо аст) дар ҳар кишвар махсусиятҳои худро дорад. Дар маҷмӯъ, гузариш ба истифодаи пулакии роҳ дар шароити тавсеаи муносибатҳои иқтисоди бозорӣ падидаи маъмул ва амри муқаррарӣ буда, набояд боиси нигаронӣ шавад. 

   Агар тариқи мухтасар ба суоли гузоштаи Шумо посух диҳам, бояд гуфт, ки  ҷорӣ намудани низоми толлингии идоракунии роҳи Душанбе – Чанок муҳим ва саривақтӣ аст.  Одатан ҷоринамоии ин низом дар сурати мавҷудияти роҳи алтернативӣ сурат мегирад. Вале роҳи Душанбе – Чанок аз лиҳози релефи ҷойгиршавӣ махсусиятҳои худро дорад, ки  мавҷудият ва истифодаи роҳи алтернативиро зери суол мебарад. Масалан, замони муваққатан қатъ гардидани ҳаракат тариқи нақби «Истиқлол» мо шоҳид будем, ки шаҳрвандон кӯшиш мекарданд бо ҳар роҳу васила тариқи нақби зикршуда гузаранд, на ағбаи Анзоб. Аз ҷониби дигар, дар замони шӯравӣ чунин роҳи алтернативӣ тариқи ҳамсоякишвар – Ҷумҳурии Ӯзбекистон вуҷуд дошту ҳамватанонамон онро самаранок истифода мебурданд. Айни замон, баъди 10 соли фаъолияти пурмаҳсули «IRS» ва бо дарназардошти махсусияти ҷуғрофиву иқлимӣ ва ғайра метавон гуфт, ки ҷоришавии истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чаноқ асоснок ва муҳим аст.

-Мунаққидони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иддао мекунанд, ки бидуни мавҷудияти роҳи алтернативӣ ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи матлаб нест. Шумо оид ба ин масъала чӣ назар доред?

-Ба ин савол ман зимни посух ба суоли қаблӣ қисман ҷавоб додам.Бояд гуфт, ки  яке аз он мунаққидоне, ки Шумо ёдовар шудед, ман будам. Эътироф менамоям, ки қаблан  ман низ гузариш ба истифодаи пулакии роҳи Душанбе – Чаноқро, бинобар набудани роҳи алтернативӣ, иштибоҳ арзёбӣ карда, бо хоҳиши кормандони ҳафтаномаи «Азия плюс» дар ин маврид матлаб низ навишта будам.  Вале бо мурури вақт назари ман оид ба ин масъала тағйир ёфт. Барои чӣ?  Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Беларус, ки аввалин шуда, дар миёни давлатҳои Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил ин низомро ҷорӣ намуда  буд, айнан ҳамон ҳолате ба миён омад, ки солҳои аввали фаъолият роҳбарият ва кормандони «IRS»  бо он мувоҷеҳ буданд. Мардум то андозае норозӣ буданд. Агар масъаларо амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, маълум мегардад, ки марҳилаҳои аввали ислоҳот ва амалигардонии чунин лоиҳаҳо мушкилот, ба монанди норозигии шахсони алоҳида, ки асосан манфиатҳои шахсиашонро аз манфиатҳои ҷомеа боло мегузоранд, ба миён меорад. Баъзан монеаҳои дигар аз тарафи намояндагони баъзе сохторҳои давлатӣ низ  эҷод мегардад. Бо мурури вақт ин низом натиҷаҳои мусбат ба бор оварду мардум низ муътақид гардиданд, ки қисмати аъзами пули пардохтменамудаашон барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳ ва боқимонда барои ташкили инфрасохтори нигоҳдории он ва харидории техникаву механизмҳои пуриқтидори замонавӣ харҷ мешавад.  

 Дар кишвари мо низ солҳои аввали ҷоришавӣ ин иқдом бо бархӯрд ва назарҳои интиқодӣ рӯ ба рӯ буд.  Аксарият ба ном мунаққидон иддао доштанд, ки ин роҳ бо аз ҳисоби давлат сохта шудаасту чаро онҳо барои истифодааш маблағ пардохт намоянд?  Вақт нишон дод, ки ин тадбир  оқилона буда, пеш аз ҳама, ба беҳдошти ҳолати ин роҳи аз лиҳози стратегӣ муҳим рабт дорад.  Ҳамватанони азиз бояд донанд, ки роҳи Душанбе – Чаноқ дар муқоиса бо дигар роҳҳои мамлакат аз офатҳои табиӣ, аз қабили тармафароӣ, лағжиши кӯҳпора, омадани сел, обхезӣ ва ғайра зиёдтар осебпазир аст. Бо дарназардошти ин ҳолат табиист, ки нигоҳдории роҳи мавриди назар кори саҳлу сода набуда, хароҷоти зиёди маблағро ба думбол дорад.

-Агар гӯем, ки 10 соли фаъолият барои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи рушду такомул маҳсуб мешавад, муболиға ва тамаллуқ нахоҳад буд. Далели бебаҳси ин гуфта мунтазам ғанӣ гардидани пойгоҳи техникии филиали Ширкат, бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи ба бахши роҳу нақлиёт рабтдошта, ҷалби мутахассисони болаёқат, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ба фаъолият шурӯъ намудани плазаҳои нави толлингӣ ба ҷои плазаҳои амалкунанда мебошад.  Доир ба корҳои то ин замон аз ҷониби  филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёфта чӣ андеша ва хулоса доред?

-Андешаҳои ман дар суоли пешниҳодкардаи Шумо то ҷое иброз шуданд ва ман бо Шумо ҳамфикрам. Аз ҷониби дигар, «IRS» узви Шӯрои байниҳукуматии роҳдорон аст ва мо аз дастоварду пешравиҳояш, аз ҷумла ғанӣ гардидани пойгоҳи техникии филиали Ширкат, бунёди корхонаҳои истеҳсоли мумқир ва дигар масолеҳи ба бахши роҳу нақлиёт рабтдошта, ҷалби мутахассисони болаёқат, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ огоҳии комил дорем. Итминони комил дорам, ки роҳбарият ва кормандони филиали Ширкат ба дастовардҳои ноилгардида иктифо накарда, баҳри густариш бахшидани ин раванд беш аз пеш ҷаҳду талош хоҳанд кард. Бо дарки масъалият мегӯям, ки фаъолияти хуби «IRS» ба ҳама ҳувайдост. Бинобар ин, мунтазам теъдоди мунаққидони  тамоюли камшавиро касб намудааст. 

-Дар давоми се  соли охир аз ҷониби баъзе соҳибназарон, хоса онҳое, ки қаблан аз мавҷудияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод мекарданд, андешае садо дод, ки бинобар надоштани нигоҳбони масъулиятшиносе чун «IRS» роҳҳои дигаре, ки ба тозагӣ навсозӣ шудаанд, дар муддати кӯтоҳ  рӯ ба вайронӣ оварда, аксарият вазъи ногувор доранд.  Ҳамрадиф бо ин, пешниҳод шуда буд, ки механизми пулакии истифодаи роҳ дар дигар роҳҳо низ мавриди истифода қарор гирад. Бароямон ҷолиб аст, ки Шумо  аз фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ бардошт доред ва оё зарурати ҷорӣ намудани низоми толлингӣ дар дигар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст?

– Аслан ягон роҳ бепул нест. Шаҳрвандон – истифодабарандагон бо роҳу василаҳои гуногун дар нигоҳдории роҳ саҳм доранд. Дар ин самт таҳким бахшидани ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ба манфиати кор хоҳад буд. Дар заминаи ин ҳамкорӣ баҳри беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоӣ – иқтисодии шаҳрвандон шароит фароҳам меояд. Дар робита ба қисмати охири суолатон бояд гӯям, ки таҳкимбахшии ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти ҷоринамоии низоми толлингии идоракунии роҳҳо яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда аст. Ҷоринамоии ин таҷриба дар дигар роҳҳои мамлакат ва дигар кишварҳои ИДМ  кори муҳим маҳсуб мешавад. Дар ҳамин ҳол, бояд махсусиятҳои ҳар кишвар ва релефи ҷойгиршавии он ба инобат гирифта, дар ин замина барои истифодаи пулакии роҳ меъёрҳои қобили қабул ҷорӣ гардад. 

– Шумо зимни сафарҳои хизматӣ  ҳамроҳ бо мутахассисони хориҷӣ зиёд аз роҳи Душанбе – Чаноқ гузар менамоед. Бигӯед, ки таассуроту хулосаи  онҳо оид ба вазъи роҳ ва фаъолияти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?

– Вобаста ба сафарҳои хизматии ман дуруст зикр кардед. Яке аз гузариши тариқи роҳи зикршудаи  ман дар якҷоягӣ бо 100 мутахассиси варзида аз кишварҳои ИДМ соли 2016 сурат гирифта буд. То ин вақт мо чандин чорабиниҳои дигар низ баргузор карда будем, ки дар заминаи он меҳмонон тариқи роҳи мазкур гузар карда буданд. Эътироф мекунам, ки он замон аслан нигарониҳо ба ҳолати нақби «Истиқлол» ( бояд донист, ки нигоҳдори ин нақб ба зиммаи «IRS» нест Д.М.) дахл дошт.  Боқӣ таассурот ва пешниҳодоти мутахассисон хуб буда, моҳияти тавсиявӣ дошт. Онҳо назари хешро дар робита ба таъмини бехатарии ҳаракат, пеш аз ҳама, насби деворҳои ҳимоявӣ ва дигар иншооти таъминкунандаи бехатарӣ ироа карда буданд.  Дар маҷмӯъ, метавон гуфт, ки «IRS» баҳри иҷрои вазифаи ба зиммааш вогузорбуда имконияту шароит ва мутахассисони арзандаро доро буда, онҳо қодиранд, ки ба дастовардҳои бештар ноил гарданд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь