Баҳманёр (Аминӣ Баҳманёр Арабзода) хатмкардаи мактаби миёнаи №3-и шаҳри Панҷакент ва факултаи забонҳои Шарқи донишгоҳи Душанбе. Солҳои зиёдест дар маҷаллаи «Садои Шарқ» фаъолият дорад. Муаллифи китобҳои ҳикояву қиссаҳои «Ишқи сайёд», «Аспи обӣ», «Дуди ҳасрат», “Сармаддеҳ”, «Песня идушего в петлю» ва румони “Шаҳаншоҳ”. Китобаш бо номи «Аспи обӣ» ба забони фаронсавӣ, ҳикояю қиссаҳояш ба 14 забони дигари хориҷӣ тарҷума шудаанд. Ба наздикӣ китоби силилаҳикоёти “Сармаддеҳ”-и Баҳманёр дар Ҷумҳурии исломии Эрон ба хати форсӣ ба чоп расид. Мусоҳибаи зер ҳанӯз 25 сол муқаддам сурат гирифта буд ва имрӯз низ аҳамияташро гум накардааст.
– Ба нахустин ҳикояи Шумо, ки дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» чоп шуда буд, як адиби машҳур эрод гирифта, Шуморо ба таври худ «ба роҳи рост» ҳидоят карда буд. Сабку мундариҷаи он ҳикояи хурд ба қолаби насри маъмулӣ намеғунҷид. Аммо Шумо «ба роҳи рост» нарафтеду ҳанӯз ҳам дар пайраҳаи пурпечутоби худ равонаед.
Баҳманёр: Ҳароина, ҳикояи нахустини ман ба шодравон Ф.Муҳаммадиев хуш наёмада буд, зеро муаллиф бо як сабки булаҷаб дар бораи руҳу арвоҳ менавишт ва эшон маро «нависандаи асри гузашта» номида буданд. Аҷобатро бинед, ки ҳоло баъзе мунаққидон маро «нависандаи асри оянда» меноманд. Ин бисёр хуб аст, ки навиштаҳои шумо якеро алағда бикунаду дигареро ба ваҷд орад. Ман мехоҳам аз Сармаддеҳ ба чор ақсои ҷаҳон шоҳроҳе бикушоям, ки тавассути он оламиён Тоҷикистонро шиносанду дӯст доранд.
– Айёми донишҷӯӣ хоначаи ориятиатон пур аз китоб буд. Шояд аз мутолиаи ҳамон китобҳо cap шуд роҳи нависанда Баҳманёр. Воқеан, чаро Баҳманёр?
Баҳманёр: Ман биолог шудан ва ба мисли Берм дар бораи ҳайвонот ҷилд-ҷилд асар навиштан мехостам. Мутаассифона, – ё хушбахтона? – ба факултаи биология дохил шудан муяссарам нагашт, ман донишҷӯи факултаи забонҳои Шарқ шудам. Ҳамун айём маро чунин намуд, ки метавонам дар адабиёт сухани тозае бигӯям ва деҳи кӯчакеро чун модели минётурии кайҳон мавриди тасвир қарор бидиҳам. Ҳоло гумон намекунам, ки ман ба ин муваффақ шудаам, лек ҳанӯз дар нимароҳаам, зинда бошем, пайомадашро хоҳем дид. Аммо Баҳман калимаи қадими эронӣ буда, номи фариштаи некӣ ва ҳидоятгар ба накӯкорӣ будааст. Адабиёт дар ҳама давру замон мардумро ба накӯкорӣ даъват мекард ва нависанда чаро ёри чунин фаришта набошад!?
– Аз ҳикояҳоятон бӯе аз Габриэл Гарсиа Маркес, Хулио Кортасар, Франс Кафка, Содиқ Ҳидоят ва дигар адибони бузурги Шарқу Ғарб ба машом мерасад. То чӣ андоза осори ин удабо дар муайян кардани роҳи эҷодии Шумо нақш гузоштаанд?
Баҳманёр: Фолкнер, Лагерквист, Голдинг, Борхес, Булгаков, Гамсун, Акутагава, Квабата ва боз даҳҳо нависандагони дигарро номбар кардан мумкин аст, ки аз осорашон ман баҳра бардоштаам, таҷрибаҳои эҷодиашонро омӯхтаам, лекин ба ягон нафари онҳо тақлид накардаам. Муқаллид мурғи гирифтори қафасро мемонад, ки имкони паридан, пару бол задан надорад.
– Сармаддеҳ маҳсули тахайюли шумост. Қаҳрамонон аз як ҳикоя ба ҳикояи дигар интиқол меёбанд. Ба назари ман Сармаддеҳ оламест бо ҳама соярӯшанҳо: неку бад, шодию алам, суру мотам, хулоса буду набудҳо. Оё чунин пиндор дуруст аст?
Баҳманёр: Бисёр хонандагон мавқеи ҷуғрофии Сармаддеҳро ҷӯё мешаванд. Гумон мекунанд деҳи мушаххасест ва шояд зодгоҳи муаллиф бошад. Ҳато омӯзгоре аз Сӯх дар викторина ба суоли «Дар куҷо зиндагӣ кардан мехоҳед?» ҷавоби «Дар Сармаддеҳ!»-ро шунида, ҳайрон шудааст. Натанҳо деҳа, балки топонимикаи он: куҳи Шанобурзу Шеданзо, кӯли Қаҳрабо, Кафкрӯд, Хампастӣ ҳама ихтирои муаллифанд. Чунин таҷриба, яъне музофот, ё шаҳреро дар тахайюли худ сохтан ва онро чун модели минётурии кайҳон қарор додан дар адабиёти ҷаҳон чизи наве нест. Фолкнер ва Маркесро ба ёд оред. Фарқият ин аст, ки ман деҳи худро сохтам, ки назар ба шаҳру музофот ба нависанда камтар имконияти «худнамоӣ» медиҳад. Аммо ин маънои онро надорад, ки деҳ тимсоли оламе шуда натавонад.
– Хонандагоне, ки бо деҳаи Ғазза ошно ҳастанд, шояд ашхоси муайянеро ба Фармони Мурод, Холдори Чилдурӯғ, Шераки Хол, Шоҳаки Ранда, Яздони Малла,… монанд бубинанд?
Баҳманёр: Ягон қаҳрамони офиридаи ман тандисаи ҳаётии худро надорад. Ман аз зиндагӣ танҳо ҷузъиёт (штрихҳо) мегирам ва фабулаву сужетҳоро месозам. Баъзе хонандагони ман аз Бадахшону Рашту Хатлон низ гоҳе иқрор кардаанд, ки ба ин ё он қаҳрамон шабеҳ дар деҳашон буда ё ҳанӯз низ барҳаёт аст, ки албатта, тасодуфе беш нест. Масалан, вақте ман як қаҳрамони худро «Шошо» ном гузоштам, ҳеч бовар надоштам, ки чунин ном буда бошад, аммо баъд, ҳамсояи ванҷиам гуфт, ки дар деҳи онҳо Шошо ном ҷавонмарде ҳаст ва он ҳам девонаест…
– Сабки Шумо дар насри кунунии тоҷик падидаи тозаест. Иборот, зарбулмасалу мақол, фарҳанги мардумиро зиёд истифода мекунед. Бисёр ҳикояҳо чун суруду мусиқӣ садо медиҳанд. «Чашмаи Ният», «Бобуна», «Аспи обӣ» ва ғайра. Руҷӯъ ба гузашта низ ба мушоҳида мерасад. «Гулистон»-и Саъдиро ба ёд орем. Гузашта аз ин, синтези адабиёти Шарқу Ғарб низ назаррас аст. Дар ин маврид чӣ мегӯед?
Баҳманёр: Бо насри мусаҷҷаъ ё бо услуби «мақома» асар офаридан хеле сангин аст. Баъд ҳикояро аз оғоз то интиҳо дар як ритм нигоҳ доштан ҳунарҳо мехоҳад. Барои ман як калима ё таъбири суфта, рехта, бамаззаро дар қомус ё китоби классикон пайдо кардан баробари як духтари нозанинро ногоҳ дар хиёбони шаҳр дучор шудан аст. Қаблан «ҳомиёни адабиёт» нависандагонро талқин мекарданд, ки «ба халқ наздик шавед, бо забони соддаи авомуннос нависед». Натиҷааш чӣ шуд, медонед. Баъзе хонандагон шикоят мекунанд, ки навиштаҳои ман душворфаҳманд, ду-се бор мехонанду намефаҳманд. Ман намехоҳам, ки забону андешаҳои ман дар поя ва савияи чунин хонандагон қарор бигирад, балки мехоҳам хонанда дар появу савияи ман фикру андеша кунад.
Синтези Шарқу Ғарб. Қаблан ғарбиён аз шарқиён меомӯхтанд. Фалсафаву тиббу нуҷуму кимиёро намегӯям, баҳси дигар аст, адабиётро дар назар дорам. Танҳо роҷеъ ба таъсири «Ҳазору як шаб» ба адабиёти Ғарб даҳҳо ҷилд тадқиқот навиштаанд. Имрӯз адабиёти пешқадами Ғарб мавриди омӯзиш ва баҳрабардории шарқиён қарор гирифтааст. Таҷрибаи нависандаҳои Япония Я.Квабата, Р.Акутагава, К.Оэ, К.Абэ ва дигарон нишон дод, ки синтези адабиёти Шарқу Ғарб натиҷаҳои ҳориқулода бор меорад. Имрӯз Япония ягона миллати шарқист, ки ду барандаи ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт дорад ва ду нафари дигар номзаданд.
– Қисса ва ҳикояҳоятон ба забонҳои хориҷӣ тарҷума шудаанд. Шунидам, ки мутарҷиме аз кадом мамлакати Аврупо маҳз ба хотири осори Шумо тоҷикӣ омӯхтааст. Умуман, таваҷҷуҳи хориҷиён ба навиштаҳои Шумо чӣ тур аст?
Баҳманёр: Бадбахтона, танҳо як нафар мутарҷим дар ҷаҳон (собиқ Шӯравӣ истисност) он ҳам Иржи Бечка аз Чехия бевосита аз тоҷикӣ тарҷума мекунаду бас. Агар Шумо Стефан Дуриони франсавиро дар назар дошта бошед, пас ӯ забони форсиро балад буд, баъдан ҳуруфи кириллиро омӯхт, ки китоби «Аспи обӣ»-ро тарҷума намояд. Ҳарчанд имсол ёздаҳ ҳикояи ман дар маҷаллаҳои адабии Маскав чоп шуд, умед аст, китоб низ имсол чоп мешавад ва онро метавон ба нашриётҳои хориҷӣ ё гумоштагони дар Маскав будаи ин нашриётҳо пешниҳод кард (маҷалларо намешавад пешниҳод кард). Имрӯз низ ғайр аз забони русӣ дигар роҳи муаррифии ин ё он нависандаи тоҷик нест.
– Боре гуфта будед, ки ду соли охир ду қисса ва чандин ҳикояи тоза навиштаед. Онҳо низ аз рӯзгори сармаддеҳиёнанд?
Баҳманёр: Ман як китоби тозае омода сохта, ба чоп супурдам, ки шомили чаҳор қисса ва ҳафт ҳикоя аст. Маҷмӯа «Санг ва сабӯ» ном дорад, идомаи солномаи Сармаддеҳ.
– Мегӯянд, ки барои эҷод як муҳити созгор зарур аст. Оё дар Панҷакент чунин муҳит ҳаст?
Баҳманёр: Барои ман муҳити созгор – як гӯшаи хилват, як даста коғази сафед ва машинкаи чопкунӣ.
– Ҳоло ба чӣ кор машғулед?
Баҳманёр: Дар шабнишиние, ки бо иштироки ман ва хонум Фарзона соле чанд пеш дар хонаи адибон баргузор шуда буд, нафаре аз ман суол карда буд, кӣ чӣ катибае мехостед ба дари кабинети кориатон сабт бошад. Ман посух дода будам, ки «Инҷо яке месозаду месӯзад!». Ба суоли шумо низ посух медиҳам, ки месозаму месӯзам.
Суҳбаторо: Т. СОЛЕҲЗОДА,
августи соли 1995