Мусоҳиба бо генерал-майори мустаъфии мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Давлат Бобоевич

– Рафиқ генерал-майор, тавре аз рӯи маълумотҳо бармеояд, ихтисосатон омӯзгорист, аммо дар мақомоти амният фаъолият намудаед. Сабаби ба мақомоти амният омаданатон дар чист? Забондонӣ ё ягон хислати дигар Шуморо ба ин даргоҳ овард?
– Пешаам омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус буда, дастпарвари Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб мебошам. Аз сабаби он, ки соҳибимаълумот ва забони русиро хуб балад будам, соли 1975 маро Котиби Кумитаи комсомоли шаҳри Кӯлоб таъйин намуданд. Ба дӯш гирифтани вазифаи мазкур, агар аз як тараф масъулиятро тақозо мекард, аз ҷониби дигар малакаи кор кардан бо ҷомеаро бароям омӯхт. Фикр мекунам, сарсупурдагӣ ва масъулиятшиносиам маро ба мақомоти амният раҳнамо гашта бошад. Зеро, дар бахши бехатарӣ ба шахсони тасодуфӣ роҳ дода намешавад.
– Сараввал корманди комсомол, баъдан афсари мақомоти бехатарӣ. Шумо ҳамчун корманди ҷавон миёни ин ду пеша чӣ тафовутеро эҳсос намудед? Малакаи касбиатон мерасид ё Худо гуфта омадед?
– Дар вазифаи Котиби Кумитаи комсомоли шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ як сол фаъолият намудам ва замоне ба мақомоти бехатарӣ ба кор омадам, дар ин росто маълумот ва малакаи касбӣ надоштам. Аммо, новобаста аз ин, маро ба сифати ваколатдори фаврӣ ба ноҳияи куҳистони Ғарм (Рашти имрӯза) ба кор фиристоданд.
Он замон сарварии шуъбаи ин ноҳияро инсони некройу некбин, марди оқилу ботаҷриба А. Одинаев (равонаш шод бод) ба зимма дошт ва ман тавонистам нозукиҳои ин касбро аз ӯ биомӯзам, ки умре миннатдорам.
Агар азм қавӣ бошаду пешаи интихобкардаатро дӯст дорӣ, ба комёбиҳо ноил хоҳӣ шуд. Туфайли заҳмат ва азму талошҳо тавонистам дар мақомоти бехатарӣ ба мартабаҳои баланд комёб гардам.
Минбаъд дар вазифаҳои ваколатдори калони фаврии шуъбаи амнияти ноҳияи Шаҳринав, сардори шуъбаи бехатарии давлатии ноҳияи Куйбишев (имрӯза Абдураҳмони Ҷомӣ), сардори шуъбаҳои бехатарии давлатии навоҳии сарҳадии Қубодиён ва Шаҳритус таъйин намуданд.
Вазъияти сиёсиву ҳарбӣ дар кишвари бо мо ҳамсоя – Афғонистон маҳз дар он шабу рӯ хело ногувор ва муташанниҷ буд. Таҷрибаи ғанӣ ва маҳорати корбариам шояд сабаб шуд, ки барои пурзӯр намудани корҳои амниятӣ маро ба навоҳии наздисарҳадӣ фиристоданд. Новобаста аз вазъ ва таҳдиду хавфҳо, дар иҷрои ин вазифаҳои пурмасъул маҳорати баланди тахассусӣ нишон дода, ба комёбиҳои назаррас ноил шудам.
Соли 1994 маро сардори Раёсати таъмини амнияти роҳбарияти давлати Тоҷикистон таъйин намуданд. Дар ин вазифаи фавқулодда ва масъулиятнок то ба нафақа баромадан содиқонаву софдилона адои вазифа намудам.
Маҳз дар ин давра бо Фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рутбаи баланди ҳарбии генерал-майор ва ордени “Спитамен” шарафёб гардидам.
– Яъне бе дастгирии нафаре тавонистед соҳиби мансаб ва рутбаҳои олӣ гардед? Ё ягон нафаре, “криша” дар боло доштед?
– Бале. Барои мансаб ва вазифа назди касе нарафтаам, воситабозӣ, ба қавле “тағо”-бозиро дӯст намедорам. Дар муҳлатҳои муайяншуда рутбаҳои навбатии худро гирифтаам. Даъвои вазифа надоштам ва аз касе, ҳатто аз фарзандонам низ чизе талаб накардаам ва талабгор ҳам нестам. Корат ҳалол бошад, ба вазифаат сазовор бошӣ, ба давлат хиёнат накарда бошӣ, албатта хизматҳоят беподош нахоҳанд монд.
– Муҳтарам Давлат Бобоевич! То ҷое медонем, соли 1997 зимни сафари хизматӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҷони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон душманон сӯиқасд намуданд ва қатори ашхоси зиёд Шумо ҳам захмӣ шудед…
– Ба ёд овардани он рӯзи даҳшатбор, яъне 30-юми апрели соли 1997 бароям хушоянд набуда, мисли намакобест болои захм. Душманони давлату миллати тоҷик барои ноором сохтани вазъи сиёсиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш мекарданд аз тамоми имконот истифода баранд. Ин бор онҳо ба ҷони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯиқасд намуданд. Зимни содир шудани ин амали террористӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва беш аз 80 нафар шаҳрвандон захмҳои вазнин бардоштанд, ки дар он қатор ман низ будам…
– Тақдири ҷиноятпешагон чӣ шуд?
– Шахсони ҷиноятпеша дастгир ва мувофиқи қонун нисбати аъмоли бадашон ҷазои сазовор гирифтанд.
– Солҳои гирумони ҷанги шаҳрвандӣ дар кадом манотиқи кишвар фаъолият доштед?
– Дар он солҳои пурдаҳшат сардори шуъбаи бехатарии ноҳияи Шаҳритус будам. Ба қавле “театр”-и ҷанг асосан дар вилояти Қӯрғонтеппа ба “саҳна” гузошта шуда, маҳалбозӣ дар авҷи аъло расида буд, ки хеле душвориҳоро ба миён овард. Хушбахтона, ҳамаи ин мушкилиҳо ва нобасомониҳо пушти сар шуданд. Халқ иштибоҳи худро фаҳмид. Мо набояд бозичаи дасти дасисабозон ва душманони давлату миллати худ гардем. Ватани худро барои манфиати шахси ғайр ба туъмаи бод надиҳем. Ҳеҷ чиз ба мисли ободиву озодӣ ва сулҳу осоиштагӣ муқаддасу баробар шуда наметавонад. Неъмати беҳтарин – ин ободии Ватан ва ваҳдату ҳамдилист.
– Гуфтед, ки фаъолият кардан дар замони ҷанги шаҳрвандӣ душвор буд. Махсусан дар манотиқи ҷануби кишвар, ки Шумо он ҷо фаъолият менамудед. Пас, шудааст боре, ки фикри тарки Ватан дар хаёлатон пайдо шуда бошад? Ё “бемор” намешудед он вақт?
– Ман афсар будам ва ҳар ҷо Ватан раҳнамоям мекард, он ҷо хизмат мекардам. Бо майли том ва аз сидқи дил вазифаамро ба ҷой меовардам. Нашудааст боре, ки ёди тарки Ватан карда бошам. Буданд пешниҳодҳо, ки тарки Ватан намояму ба ҷои амн равам, аммо ҳамеша рад мекардам. Мегуфтам, ки аз Душанбе ба ҷои дигар, ҳатто зодгоҳам намеравам. Агар мурдан дар тақдирам бошад, бигзор, аммо дар Ватан мемирам.
– Сабаб чӣ буд, ки солҳои 2002-2004-ум Шуморо сарвари фурудгоҳ таъйин намуданд? Аз соҳаи бехатарӣ ба авиатсия гузаштан душвор набуд?
– Ҷанги таҳмилии бародакуш ба кишвари мо душвориҳои зиёде овард. Болои ин, дар бархе аз сохторҳо бенизомии зиёд дида мешуд. Он шабу рӯз аз фаъолияти кормандони бахшҳои гуногуни фурудгоҳ, ки он ҷо чандин сохторҳо, аз қабили милитсия, гумрук, сарҳадбонҳо, бехатарӣ ва ғайра фаъолият доранд, шикоят зиёд гашт. Ба хотири ба низом даровардани фаъолияти фурудгоҳ, ки дарвозаи шаҳр аст, маро роҳбари он таъйин намуданд.
Ҳамчун роҳбар солиёни дароз дар соҳаи бехатарӣ кор карда будам ва метавонистам бо ҳар гуна қавму миллатҳо забон як карда тавонам. Шукри Худо, ки дар давоми ду соли фаъолиятам дар ин даргоҳ тавонистам корро бомаром ба роҳ монам. Дар баробари дастовардҳо, инчунин интизом ва назму тартиб дар фурудгоҳ пойбарҷо гашт. Ба як ҳисоб, аз фаъолияти дусолаи худ дар фурудгоҳ қаноатбахш ҳастам.
– Шуморо ба ҳайси чекисти забондон мешиносанд. Кадом забонҳоро медонед?
– Тавре дар боло ишора кардам, ихтисосам омӯзгори забон ва адабиёти рус мебошад. Ба ғайр аз ин, бо забонҳои форсӣ ва ӯзбекӣ озодона ҳарф мезанам ва лаҳҷаи ҳамаи маҳалҳои Тоҷикистонро мефаҳмам. Шояд як сирри муваффақиятҳоям низ марбут ба забондониам буд.
– То ҷое медонем, дар Бозиҳои олимпии соли 1980 низ ширкат варзидаед.
– Бале, дар таъмини амнияти Бозиҳои олимпии соли 1980, ки дар шаҳри Москва баргузор гардид, ширкат варзидам. Дар натиҷаи фаъолияти пурсамар, бо фармони Президиуми Шӯрои Олии ИҶШС маро бо нишони “Барои меҳнати шоиста” қадрдонӣ намуданд.
– Дар мусоҳибаҳоятон бо ифтихор дар бораи шаҳри Кӯлоб ҳарф мезанед. Магар зодаи ин диёри бостонӣ ҳастед?
– На. Аслан зодаи ноҳияи хушобу ҳаво, сарзамини зебоманзари Шӯрообод ҳастам, аммо дар шаҳри Кӯлоб ба воя расидаам. Аз ин лиҳоз, бештар ин диёрро дӯст медорам. Ва сарбаландона мегӯям: «Ман Кӯлобиям».
– Дар утоқи кориатон китобҳои зиёдеро мебинем. Вақти китобхонӣ ҳам доред? Ё дар корхонаатон кор кам аст?
– Албатта, китоб дӯстест беҳамто. Ҳангоми яъсу навмедӣ ҳамеша ба ашъори зиндаёд Лоиқ Шералӣ рӯ меоварам ва пас аз мутолиаи ашъори ин абармарди сухан руҳу равонам оромиш меёбад. Баъдан, ашъори Ҳофиз, Лоҳутӣ, Бозор Собир, Гулрухсор, Муҳаммад Ғоиб, Хайрандеш ва шеърҳои ватандӯстонаи Давлат Сафарро мутолиа менамоям. Дар маҷмуъ, ҳама маводи нашрӣ, аз қабили рӯзнома, ҳафтанома ва маҷаллаҳои давриро мутолиа менамоям, ба ибораи дигар, ба қавли чекистҳо “читаем что попало”.
– Шуморо чӣ водор намуд, ки баъд аз нафақа истироҳатро ихтиёр накарда, боз ба кор бароед? Танқисии иқтисодӣ ва ё вақтгузаронӣ?
– Шукри Худо зиндагии хубу осоишта дорам. Дар ҳаёт ба чизе ниёз надорам. Танҳо аз субҳ то шом нишастан дар миёни чаҳор девор маро дилгир мекунад. Аз ин рӯ, чун одат субҳ ба кор меоям ва тавре худи Шумо шоҳид ҳастед, дар ин утоқи корӣ менишинаму вазифаи мудири хоҷагии маъмурияти КВД “Обу корез”-и мақомоти иҷроияи шаҳри Душанберо ба зимма дорам.
– Узвияти ягон ҳизбро доред?
– Қаблан коммунист будам. Ҳоло ба ягон ҳизб шомил нестам.
– Шаҳрванди кадом кишвар ҳастед?
– Чун қисми зиёди фаъолияти кориам, яъне беш аз 20 сол дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ рост омадааст, аз ин рӯ шаҳрвандии Русияро интихоб кардаам, то ҳаққи хизмати худро биситонам. Оилаам шаҳрвандии Тоҷикистонро дорад ва фарзандонам низ. Онҳо бигзор хизмати Ватанро ба ҷой оваранд.
– Дар воқеъ, ҳамсаратон чикора буданд?
– Оилаам Рӯзигул Алихонова, маҷруҳи гуруҳи дуюм аст ва то ба нафақа баромадан ба сифати ҳамшираи шафқат кор кард ва дар баробари ин, фарзандонамонро бомаърифату солеҳ тарбия намудаву ба камол расонд.
– Намоз мехонед?
– Аз илмҳои диниву дунявӣ пурра бохабар ҳастам ва рукнҳои исломро ба ҷой меоварам. Инчунин, дар давраи кориам ҳам, ба касе, ки намоз мехонд, кор надоштам. Танҳо ба муқобили нафароне, ки ба муқобили сохти давлатдорӣ мебаромаданд, муборизаи номардона мебурданд, ман ҳам мубориза мебурдам.
– Мегӯянд, ки қисмате аз коммунистҳо ба Худо бовар надоштанд… Шумо чӣ?
– Албатта, ба Худо бовар дорам. Агар инсон ба касе ва ё чизе бовар надошта бошад, пас аз фарқияти миёни ӯ ва ҳайвон чизе боқӣ намемонад.
– Дар куҷо истироҳат карданро дӯст медоред? Чун ба ҳар ҳамкасбонатон барои мусоҳиба занг мезанем, ё дар Дубай ҳастанд ё Париж…
– Аслан зуд-зуд ба истироҳат рафтанро дӯст намедорам. Дар муҳити хона ва бо фарзандону наберагон будан бароям истироҳат аст. Аммо, агар имкон даст дод, баъзан ба осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” ва ё чашмаи “Авҷ”-и Бадахшон рафта истироҳат ва табобат менамоям. Зеро, табиати Тоҷикистон нотакрор аст ва шарт ҳам нест барои истироҳат ба хориҷ аз кишвар равем.

Мусоҳибон:
Ҷамила МИРБОЗХОНОВА,
Шоҳонаи АҲМАДШОҲ

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь