Бо мақсади муаррифии Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» ба хонандагони хеш хабарнигори рӯзномаи “Самак” бо Маҳмадёрзода Усмон Маъмур-ректори донишгоҳ, профессор, узви вобастаи АИКТ суҳбате дошт, ки муҳтавояшро пешкашатон менамоем.
Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт, ки соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.
Алҳол дар донишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот тамоми тадбирҳо андешида мешаванд. Тибқи барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумат, минбаъд Тоҷикистон ба сӯйи мамлакати саноативу кишоварзӣ қадам гузошта, дар ояндаи наздик талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ хеле зиёд мешавад. Аз ин рӯ, дар донишгоҳ баҳри азхудкунии фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, инчунин омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Баҳри расидан ба ин ҳадаф барои устодони донишгоҳ силсилаомӯзишҳо ташкил ва гузаронида шуданд.
-Дар донишгоҳ мутахассисони кадом ихтисосҳо тайёр карда мешаванд?
-Дар донишгоҳ аз рӯйи сохтори бисёрзинагӣ тайёр кардани кадрҳо ҷорӣ гардидааст. Равияҳои биологӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва иқтисодӣ амал мекунанд. Теъдоди ихтисосҳо дар донишгоҳ сол аз сол вобаста ба талаботи истеҳсолот зиёд мешавад. Инчунин донишҷӯён илми ҳарбӣ меомӯзанд. Имрӯз дар 10 факултети донишгоҳ 7657 донишҷӯ аз рӯйи 51 ихтисос дар таҳсили рӯзона ва 29 ихтисос дар таҳсили ғоибонаю фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз нишондоди умумӣ 5065 нафар шартномавӣ, 2592 нафар буҷавӣ буда, аз ин 450 нафар духтарон ва 236 нафар барандаи квотаи президентӣ мебошанд.
Барои таълиму тарбияи донишҷӯён зиёда аз 400 нафар устод, аз он 6 академики АИКТ, 3 узви вобастаи АМИТ, 5 узви вобастаи АИКТ, 45 нафар доктори илм, 53 нафар профессор ва 140 нафар номзади илм сафарбар гардиданд.
Аз соли 2016 сар карда донишгоҳ дар рейтинги байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) гузаронида мешавад, ки соҳиби ҷойҳои сеюм – панҷум гардида истодааст.
Тамоми барномаҳои таълимӣ, стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи байналмилалии таҳсилоти бисёрзинагии низоми кредитӣ мутобиқ гардонида шудаанд.
-Ба андешаи мо донишгоҳ, ки яке аз муассисаҳои олии касбии классикист, дорои пойгоҳи мустаҳками моддӣ-техникӣ мебошад?
-Пойгоҳи моддӣ-техникии донишгоҳ вобаста ба талаботи давру замон пайваста қавӣ гардонида мешавад. Алҳол дар донишгоҳ 72 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, 15 озмоишгоҳи илмию таълимӣ, 13 маркази компютерӣ, 3 маркази интернетӣ ва китобхонаи электронӣ, 900 компютер, 196 принтер, 69 телевизори калонҳаҷм, 48 проектор, 27 тахтаи электронӣ, 300 нуқтаи интернетӣ мавҷуданд. Машғулиятҳои назариявию амалиии донишҷӯён дар 13 бинои таълимӣ, 220 синфхона, бо миқдори 6200 ҷойи нишаст дар як вақт ва дар 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии шаҳри Ҳисору ноҳияи Ёвон гузаронида мешаванд. Дар тайёр намудани мутахассисон 552330 нусха адабиёт, ки 379344 фонди таълимӣ ва 172986 фонди китобхонаи электронӣ аст. Аз ҷумлаи инҳо 293964 китобҳои тахассусӣ, 7981 дастурҳои таълимӣ-методӣ ва 38246 маҷаллаҳои илмӣ – методӣ нақши муҳим доранд.
-Қабули довталабон дар кадом сатҳ мебошад?
-Баҳри ҷалби хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, коллеҷҳои соҳавӣ 36 нафар аз ҳисоби устодони собиқадору пуртаҷриба ва 20 нафар донишҷӯёни фаъол гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуд, ки ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ рафта, корҳои ташвиқотӣ бурданд ва ба хатмкунандагон моҳияту аҳамияти ихтисосҳои донишгоҳро дар пешрафти соҳаи аграрӣ фаҳмониданд. Барои ин гурӯҳҳои корӣ зиёда аз 10 ҳазор нусха маводҳои ташвиқотию тарғиботӣ омода карда шуд, ки онҳо бо худ бурданд ва ин иқдом ҳамасола давом мекунад. То оғози бақайдгирии ҳуҷҷатҳо дар марказҳо ба воситаи телевизионҳои “Тоҷикистон”, “Ҷаҳоннамо” ва “Душанбе” тариқи сатри равон зиёда аз 64 маротиба эълони ташвиқотии донишгоҳ пахш гардида, 34 маротиба сабти видеоӣ (видео-ролик) 3 дақиқагӣ намоиш дода шуд. 25-26 май-уми дар донишгоҳ рӯзҳои “Дарҳои кушод” ташкил карда шуданд, ки ба он беш аз 2,5 ҳазор нафар довталабу волидайни онҳо ва пайвандони довталабон ташриф оварда, барои худ маълумотҳои лозимаро оид ба ихтисосҳои донишгоҳ гирифтанд. Танҳо дар рӯзҳои дарҳои кушод дар донишгоҳ зиёда аз 1000 дона маводҳои инъикоскунандаи ҳаёти донишгоҳ тақсим карда шуд. Натиҷаи ин чораҳои андешида буд, ки мувофиқи маълумоти оморӣ дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 16 000 нафар довталаб Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемурро интихоб намудаанд.
Дар натиҷа пас имтиҳонҳои гузаронида дар даври якум 1301 нафар ба шуъбаҳои рӯзона ва фосилавии донишгоҳ қабул шуданд. 5 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар ба шуъбаи фосилавӣ гурӯҳи буҷавӣ аз тарафи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи донишҷӯён ворид гардиданд. Баъд аз даври дуюм 61 нафари дигар илова шуд, дар маҷмӯъ 1362 нафар ба курси аввал қабул карда шуданд.
-Дар донишгоҳ анъанае хубе ҷорӣ шудааст, ки ҳар сол пас аз гузашти 40 рӯз бо донишҷӯён раёсати донишгоҳ вохӯрӣ мегузаронад, оё ин анъанаи нек имсол ҳам барпо гашт?
– Дар донишгоҳ ҷиҳати амалигардии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳо андешида мешаванд, то ки мутахассисони баландпояи ба шароити нави муносибатҳои бозоргонӣ рақобатпазир ва ба меъёрҳои талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ омода карда шаванд. Дар донишгоҳ роҳу услуби хоси омода намудани мутахассисон ҷорӣ гардидааст, ки яке аз онҳо ҳар сол баргузор намудани рӯзи мутобиқшавӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Бо гузашти 40 рӯзи тақвимии соли нави хониш бо муҳассилини соли аввал вохӯрии раёсати донишгоҳ бо онҳо доир мегардад. Дар рафти он ба донишандӯзон вазифаю уҳдадорӣ ва масъулияташон фаҳмонида мешавад. 18 октябри соли равон вохӯрии озоду ошкоро баргузор шуд. Қабл аз ин тибқи нақшаи кории мавҷудаи донишгоҳ шуруъ аз 19 сентябри соли равон бо мақсади шиносии наздик аз аҳволи донишҷӯён, таконбахши ба раванди сатҳу сифати таълиму тарбия, боз ҳам ҷоннок намудани интизоми дохилидонишгоҳӣ ва дигар масоили ҳаётан муҳим ректори донишгоҳ дар толори хониши китобхонаи марказии донишгоҳ бо донишҷӯён мулоқоти ошкорову рӯ ба рӯ доир намуд.
-Баҳри расидан ба ҳадафи ниҳоӣ баланд бардоштани сатҳу сифати дониш чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
– Лозим ба ёдоварист, ки моҳҳои апрел – майи соли 2022 донишгоҳ барои фаъолияти минбаъда барои 5 соли дигар аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Аттестатсияи навбатӣ гузаронида шуда, ҳуқуқ дода шуд, ки то моҳи майи соли 2027 фаъолияти худро идома диҳад. Соли таҳсили 2022-2023 дар донишгоҳ соли баланд бардоштани сифат эълон шудааст. Ба ин хотир, дар давраи 9 моҳи аввали ҳисоботии соли 2022 ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам кардани раванди таълим, ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионии таҳсил татбиқи самарабахши журнали электронӣ тавассути “Барномаи ягонаи идоракунии раванди таълим” такмил дода, назорати ҳаррӯзаи он ба роҳ монда шуд. Барои муайян намудани сатҳи кордонӣ ва дониши касбию сиёсӣ доштани ҳайати профессорону омӯзгорон бо фармоиши ректори донишгоҳ №05 аз 20.01.2022 барои аз Аттестатсия гузаронидани онҳо комиссия таъсис дода шуда, тибқи ҷадвал то 29.01.22 фаъолияти комиссия ҷамъбаст карда шуд. Барои баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва техникии омӯзгорон дар давоми таътили зимистона, тибқи ҷадвалҳои тасдиқнамуда барои тамоми ҳайати профессорону омӯзгорони аз 45- сола поён аз 17.01 то 29.01 соли 2022 курсҳои омӯзишӣ ҷиҳати такмили забондонӣ (забони русӣ ва забони англисӣ), оид ба самти “Истифодабарии технологияи муоссир дар раванди таълим ташкил карда шуд. Баъди ба итмомрасии ин курсҳои омӯзишӣ аз тарафи Маркази такмили ихтисоси кормандони КАС-и донишгоҳ барои ҳайати фаъоли иштироккунандагон ва азхудкунандагони барномаҳо маълумотнома (сертификат) дода шуд.
-Оё донишҷӯёни донишгоҳ пас аз хатми донишгоҳ соҳиби ҷойи кор мешаванд?
-Хатмкунандагон барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои касбии худ ҷидду ҷаҳд менамоянд, чунки моҳияти ба рақобати бозори меҳнат тобовар буданро ҳис мекунанд. Барои бо ҷойи кор таъминсозии онҳо донишгоҳ ҳамкориҳоро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш мебахшад. Донишгоҳ ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони буҷавӣ бо идораҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо, хоҷагиҳои алоҳидаи фермерӣ, ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои истеҳсолӣ робитаи зич дорад. Хамасола бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Чумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи донишгоҳ ярмарка-тақсимоти хатмкунандагон баргузор мегардад. Барои амалӣ намудани таъминоти хатмкунандагони донишгоҳ бо ҷойи кор омӯхта ва маълум карда шуд, ки имрӯз зиёда аз 100 % мутахассисони ҷавон бо назардошти квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳсил дар магистратура бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Наздик ба 98 фоизи хатмкунандагони буҷавӣ бо дархост таъминанд ва имкони бо ҷойи кор таъмин шуданро доранд. Алоқамандона ба ин аз 2-3 қисми хатмкардагон барои кор ба истеҳсолот, ба корхонаҳои хочагии қишлоқ ба сифати иҷоракор, фермер ва кормандони хоҷагии инфиродӣ равона мешаванд. Бо тавсияи комиссия, қисми дигари донишчӯёни қобилиятнок ва барои азхуд кардани тахассуси интихобкардаашон дилгарм хонишро то охир давом медиҳанд ва онҳо ба сифати ташкилотчиёни истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ ба кор равона мегарданд.
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017, таҳти №262 дар бораи «Тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон» ҳамасола дар донишгоҳ “Ярмаркаи тақсимоти хатмкунандагон ва таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор” гузаронида мешавад. Рӯзи 21.05.2022 дар Донишгоҳ маҷлиси ботантана доир ба ҳамин гуна ярмарка бо иштироки хатмкунандагон, садорати факултетҳо, намояндагони вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоятҳо, раёсати кишоварзии ноҳияҳо ва агентиҳо шуда гузашт.
Тибқи дархосту мактубҳои вазорату кумитаҳо, мақомоти иҷроияи ҳоки-мияти давлатии шаҳру вилоятҳо, раёсати кишоварзии ноҳияҳо ва агентиҳо зиёда аз 120 нафар хатмкунандаи буҷавӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Дигар донишҷӯёни тибқи буҷаи давлат таҳсилкарда дар асоси роҳхатҳои дастрасгардида бо кор таъмин карда шуданд. Хатмкунандагони тибқи квотаи Президентӣ таҳсилкарда мувофиқи шартномаи сетарафа ба мақомотҳои иҷро-ияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳояшон фиристонида шуданд.
– Аттестатсияи ҷамъбастии давлатӣ марҳилаи хотимавии таҳсил низ дар донишгоҳ ба таври хосса мегузарад.
– Оре, чанд сол боз аттестатсияи хатмкунандагон ба роҳ монда шудааст ва қабл аз имтиҳони давлатӣ донишҷӯ аз он мегузарад. Раёсати донишгоҳ, сарварони факултету кафедраҳои тахассусӣ ҷиддияти ин масъаларо ба инобат гирифта бо тамоми хатмкунандагони факултетҳо вохӯрӣ мегузаронанд. Дар давраи омодагӣ барои хондани лексияҳои проблемавӣ бо унсурҳои амалӣ ва нозукиҳои касбӣ, ки дар рафти фаъолият мутахассис ба онҳо бархурдор мешавад, мутахассисони варзида вобаста ба ихтисосҳои мавҷуда даъват мешаванд. АҶД ин зинаест, ки аз тарафи комиссияи давлатӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии 4 ё 5-солаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва сатҳи тайёрии хатмкунандагон аз лиҳози назариявӣ, амалӣ ва захираи малакаи касбӣ баҳо дода мешавад. Аз ин рӯ, мақсад ва вазифаи таҳсилот дар ҳама зинаҳо бояд ба он равона карда шавад, ки донишҷӯ-мутахассиси оянда ба унсурҳои назариявӣ, амалии касби интихобкардааш бархӯрдор гардида, онҳоро дар фаъолияти илмию истеҳсолиаш татбиқ карда тавонад.
Дар соли 2022 донишгоҳро 1342 нафар бакалавриат (441 нафар буҷавӣ, 855 нафар шартномавӣ, 46 нафар квотаи президентӣ ) аз рӯйи 46 ихтисос ва 129 нафар мутахассис (31 нафар буҷавӣ ва 83 нафар шартномавӣ ва 15 нафар квотаи президентӣ) аз рӯйи 1 ихтисос донишгоҳро хатм намуданд, ки дар умум 1471 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби донишҷӯёни бакалавр ва мутахассис гирандагони дипломи аъло 38 нафар ё 2,6 % мебошад. Аз ин бар меояд, ки сатҳу сифати таълим беш аз пеш дар донишгоҳ боло рафта истодааст.
– Раванди илмӣ-тадқиқотӣ дар донишгоҳ чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
– Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмию тадқиқотии донишгоҳ барои солҳои 2021-2025 дар асоси нақшаҳои тақвимии тасдиқшуда барои соли 2022 дар донишгоҳ аз рӯи 15 мавзуи фармоишӣ ва 17 мавзуи иловагӣ корҳои илмию тадқиқотӣ гузаронида мешаванд. Баҳри амалисозии мавзуъҳои лоиҳаҳои фармоишии аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузоришаванда 83 нафар кормандони илмӣ, аз ҷумла 16 нафар докторони илм, 35 нафар номзадони илм ва 32 нафар омӯзгорону дастёрон сафарбар гардидаанд.
Дар донишгоҳ дар баробари тарбияи мутахассисони баландихтисоси муҷтамеи агросаноатӣ тарҳрезии барномаҳои илмӣ, ба хусус он барномаҳое, ки бе восита аз талаботи истеҳсолот бармеоянд ва ба рушди он алоқаманданд, яке аз вазифаҳои муҳимтарини олимон донишгоҳ ба шумор меравад. Мазмуну мундариҷаи корҳои илмию тадқиқотии олимони донишгоҳ ба ҳалли масъалаҳои бунёдию амалӣ нигаронида шудаанд ва онҳо маҳз аз талаботи истеҳсолоту вазифаҳои гузошташуда бармеоянд. Роҳбарони мавзуъҳо ва иҷрокунандагон самаранокии иқтисодии ҳар як мавзуъро муаяйн кардаанд ва барои ҷорӣ шудани натиҷаи онҳо дар истеҳсолот тадбирҳои судманд меандешанд. Дар ин самт ихтироъ кардан ва ба вуҷуд овардани навъҳои наву серҳосили зироатҳо ва зотҳои сермаҳсули чорво аз ҷумлаи вазифаҳои доимӣ ва муҳимтарини олимон мебошад.
Дар пешбурди аксар мавзӯъҳои илмӣ олимони ҷавон ҷалб карда шудаанд. Ҳама дастоварҳои донишҷуёну олимони ҷавон аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадр карда мешаванд. Барои ҳавасмандгардонии натиҷаҳои ба даст омада лоиҳаҳои хурди грантӣ ҷорӣ гардидаанд. Донишҷӯёни лаёқатманд ба мактабҳои илмӣ фаро гирифта мешаванд. Онҳо дар равандҳои ихтироъкориву эҷодгарӣ ширкат меварзанд.
-Дар хусуси вазъи тарбият кардани кадрҳои дараҷаи илмӣ дошта дар муассиса ҳамсуҳбати мо чунин гуфт:
– Дар зинаи магистратураи донишгоҳ дар нимсолаи якум 80 нафар магистрон (курси 1 – 32 нафар, курси 2 – 48 нафар) ва дар зинаи докторантура (PhD) аз рӯи ихтисос бошад 37 нафар докторантҳо (курси 1- 10 нафар, курси 2-8 нафар ва курси 3 -19 нафар) ва 36 нафар унвонҷӯён фарогири таҳсиланд.
Барои тайёр намудани кадрҳои дараҷаи илмӣ дошта, дар назди донишгоҳ дар давоми 9 моҳаи соли 2022 бошад, 3 Шӯрои диссертатсионии миллии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ 6D KOA дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият намуда истодаанд, ки дар онҳо 5 нафар рисолаҳои номзадӣ, 1 нафар рисолаи докторӣ ва 1 нафар доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос дифоъ намудаанд, ки аз ин миқдор 3 нафари онҳоро устодони донишгоҳ ва 7 нафар иҷозат ба ҳимояи ошкороро гирифтаанд. Дар давраи ҳисоботӣ Шӯрои диссертатсионии тобеи Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия Д737.003.03 – оид ба дарёфти дараҷаҳои илмии номзади илм ва доктори илм аз рӯйи ихтисосҳои 06.01.01 – зироаткории умумӣ, растанипарварӣ ва 06.01.07-ҳимояи растаниҳо кушода шуд ва 3 нафар унвонҷӯён иҷозат ба ҳимояи ошкороро гирифтаанд.
-Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт: Дар давраи ҳисоботӣ 3 конференсияи байналмилаллалии илмӣ-амалӣ, 7 конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ- амалӣ, 5 мизи муддавар, 5 семинари ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ, 3 семинари минтақавӣ дар донишгоҳ, вилояти Хатлон, шаҳри Ҳисору шаҳри Душанбе гузаронида шуданд.
Дар 9 моҳи соли 2022 аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 14 китоби дарсӣ, 8 дастури методӣ, 4 монография, 3 тавсиянома, 416 мақолаи илмӣ, шумораи рақами 1 ва 2 маҷаллаи “Кишоварз” ва 6 шумораи рӯзномаи “Дониш” ба чоп расонида шуданд ва аз тарафи олимони донишгоҳ 235 маротиба тавассути симо дар мавзуъҳои гуногуни илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ва самаранок истифодабарии заминҳои таиноти кишоварзӣ, нигоҳубин ва хӯронидани чорвои хоҷагии қишлоқ ва хушзоткунии онҳо мусоҳибаю баромадҳо ҳамчун тавсияҳои судманд ба кишоварзон ва чорводорон амалӣ карда шуд.
Дар шашмоҳаи аввали соли 2022 олимони донишгоҳ бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва қисми илм ва инноватсияи он дар самти ихтироот ва навоварӣ фаъолиятҳои илмии худро хуб ба роҳ монда, соҳиби 3 шаҳодатномаи муаллифии селексионер, 1 нахустпатент ва 1 қарори мусбӣ гардиданд. Аз ҷумла аз тарафи Комиссияи навъсанҷии давлатӣ ва баҳодиҳии навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимони факултети зооинженерии донишгоҳ, дар ҳаммуалифӣ бо олимони Институти чорводории АИКТ зоти чорвои калони шохдори “Алои тоҷикӣ“ ноҳиябандӣ карда шуд, ки аз як сар чорво 5200 литр шир дар як сол бо равғаннокии 3,85% ба даст оварда шудааст. Инчунин, дар ҳаммуаллифӣ бо олимони Институти чорводории АИКТ “Типи тоҷикии занбӯри асал” ноҳиябандӣ карда шуд, ки айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 4500 оиларо ташкил медиҳад.
Бо ихтирооту навоварии худ устодони кафедраи физика бо ихтирои “Дастгоҳ барои ченкунии электрогузаронии моеъҳои магнитӣ вобаста аз майдони магнитӣ” соҳиби нахустпатент №ТJ 1239 аз 4.02.2022 ва докторанти (PhD) -и факултети идораи замин ва геодезия бо навоварии База данных “Тематическая карта Дангаринской долины” соҳиби шаҳодатномаи муаллифӣ №2202200493 гадид, инчунин олимони факултети механиконии кишоварзӣ бо ихтирои “Тухмипошаки муштарак ТМ-2,4”, “Способ определения КПД оросительной системы” ва олимони факултети гидромелиоративӣ бо ихтирои “Микрообпошаки импулсӣ” №1300818, ҳамзамон аз тарафи олимони донишгоҳ пахтаи навъи “ДАТ -1” ва навъи картошкаи “Биотех-Сомон” соли ҷорӣ ноҳиябандӣ гардид.
-Оё донишгоҳ дар бозомӯзии мутахассисони кишоварзӣ саҳм мегузорад?
-Дар назди донишгоҳ Маркази такмили ихтисоси кормандони КАС бо филиалҳояш дар ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва минтақаи Рашт амал мекунад, ки кормандони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо, деҳқонон ва фермерҳоро аз курсҳои такмили ихтисос ва семинар-машваратҳои бозомӯзӣ мегузаронаду ба онҳо сертификати такмили ихтисос медиҳад. Инчунин омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ низ ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Марказ мутахассисони ва кормандони соҳаи КАС-ро бо воситаи дарсҳои сайёр аз бозомӯзӣ мегузаронад.
– Дар шароити кунунии ҷаҳонишавии раванди таълиму тарбияи мутахассисон, тайёр намудани кадрҳои илмӣ, илмӣ- педагогӣ мубодилаи таҷриба омӯзгорону аспирантон, магистрону донишҷӯён бояд доим аз тамоми навгониҳои раванди таълим, услуб, илм ва технологияи муосир бархӯрдор бошанд ва онҳоро дар раванди фаъолият дар амал татбиқ намоянд, танҳо ҳамин чиз дар ҳама самтҳо самараи хуб медиҳанд. Дар ин самт донишгоҳ чӣ тадбирҳо меандешад?
–Донишгоҳ ба рушди робитаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳаду айни замон бо 136 донишгоҳу донишкадаҳои 24 давлати дунё ва 21 барномаи ташкилотҳои хориҷӣ дар самти таълим, илм, такмили касб ва коромӯзии омӯзгорон, таҷрибаомӯзии истеҳсолии донишҷӯён, мубодилаи донишҷӯён, таҳсил дар зинаи магистратура, забономӯзӣ, ташкили ихтисосҳои нави магистрӣ, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, барномаҳои намунавии таълимӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Дар давоми 9 моҳи соли 2022 ба донишгоҳ аз хориҷи кишвар 70 нафар меҳмонон ташриф оварданд, ки дар рафти вохӯриҳо раёсати донишгоҳ бо 10 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, ҶХХ, Ҷумҳуриҳои Литва, Украина, Чехия ва Туркия ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз қабили ҷалби донишҷӯёну магистрон ҷиҳати гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи лоиҳаҳо, ташхиси химиявии таркиби хок ва растанӣ, табодули донишҷӯён, таҳсил дар зинаҳои магистратураву докторантура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ, методӣ, хондани лексияҳои проблемавӣ, ташкил намудани ихтисосҳои нав дар зинаҳои магистратура ва бакалавриат, коромӯзии омӯзгорон, ҷори намудани таҳсил ва амалишавии лоиҳаҳо бастааст.
Тибқи созишномаҳои басташуда, дар ин давра 32 лексияҳои проблемавӣ аз ҷониби олимону омӯзгорони муассисаҳои таълимию илмии кишварҳои рушдкарда хонда шуд.
Тавассути созишномаҳои тарафайн дар доираи лоиҳаву барномаҳо дар ин давра 3 нафар устоди донишгоҳ ба ҷумҳуриҳои Туркия ва Қазоқистон сафарҳои илмӣ, коромӯзӣ, хондани лексия ва такмили ихтисосро анҷом доданд. Ҳамчунин, рӯзҳои 12-13-уми майи соли 2022 ректори донишгоҳ дар Форуми ректорони Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок намуда, дар мавзуи “Академическая мобильность в условиях глобального развития в образовательной сфере” баромад кард. Ҷиҳати мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии донишгоҳ, хоҷагиҳои таълимию истеҳсолии донишгоҳ дар 9 моҳи соли 2022 аз ҷониби ҳайати олимони донишгоҳ 12 лоиҳаи инвеститсионӣ ва инноватсионӣ ҷиҳати амалишавии мубодилаи академӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мукаммалгардонии барномаҳои таълимӣ, таҳкими таҳсилоти олӣ дар бахши об барои муқовимат ба иқлим ва амният, тағйироти рақамиии идораи замин ва омӯзиши геоинформатсионӣ, таъмир ва таҷҳизонидани озмоишгоҳҳо, бордоркунии модарзанбӯр, парвариш ва истеҳсоли шири соя, мониторинги сифати об ва таъмини оби ошомиданӣ дар шаҳри Душанбе, таъсиси гармхонаҳои замонавӣ (Smart-green) дар пойгоҳи хоҷагиҳои таълимию истеҳсолии донишгоҳ дар доираи Барномаи шарикии донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ (UniCEN), ЕРАЗМУС+, Бонки умумиҷаҳонӣ, Ташкилоти маблағгузорӣ IFAD, Ташкилоти KIAT- и Корея, Асотсиатсияи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Корея ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод гардид, ки лоиҳаҳо дар якҷоягӣ бо донишгоҳҳои Кеттиринг, Аризона ва Донишгоҳи давлатии Мичигани Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико, Донишгоҳи илм оид ба тандурустии Литва, Донишгоҳи Корвинуси Будапешт, Донишгоҳи илмҳои табии Эстония, Донишгоҳи Шарқии Финландия, Академияи идоракунии Қирғизистон, Донишгоҳи Ургенҷи Ӯзбекистон таҳия ва пешниҳод гардид.
Дар оянда низ мо дар нақша дорем, ки ҳамкориҳои байналмилалиро вусъад диҳем ва пеш аз ҳама дар пешрафти илми кишоварзии кишвар саҳми назаррасӣ худро гузорем, зеро ҳамкориҳои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки мутахассисони дараҷаи баландро мо тарбият кунем ва онҳо дар ихтирооту кашфиёт саҳми хешро хоҳанд гузошт.
Донишгоҳ дорои ҳама шароити таҳсил буда, мустақилияти донишҷӯён таъмин карда шудааст ва онҳо дар рӯҳияи омӯзиши арзишҳои умумибишарӣ азхуд намудани забонҳои сернуфузи хориҷӣ ва ифтихор аз ватану забон тарбия меёбанд. Баҳри мустаҳкамсозии иқтидори зеҳнӣ, малакаи касбӣ, пойгоҳи моддию техникии таълимию илмӣ ва рақобатпазир тайёр гардидани мутахассисони ояндаи бозори меҳнат, ҳамкориҳоро бо муассисаҳои таълимию илмии мамлакатҳои пешрафтаи олам боз ҳам мустаҳкам хоҳад кард.
Раёсати донишгоҳ дар ҳаққи эҳтиёҷмандон ғамхории доимӣ менамояд. Дар давраи ҳисоботӣ бахшида ба идҳо ва ҷашнҳо ба донишҷӯёни ятими кулл, маъюб, нимятим ва камбизоат ва ба омӯзгорону кормандони эҳтиёҷманд кӯмакпулӣ расонида шуд. Ҳамзамон дар арафаи ҷашнҳо барои кӯдакони ятиму бепарастори мактаб-интернати ноҳияи Ёвон ёрии амалӣ расонида шуд.
Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва беҳтар намудани дараҷаи донишандӯзии донишҷӯёни донишгоҳ ва сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ тамоми тадбирҳо андешида шудаанд. Талош меварзем, ки тарбиятгирандаи донишгоҳ соҳиби ҷаҳонбинии васеъ гардад. Ин сифатҳоро доштан барои мутахассиси соҳаи кишоварзӣ, ки пайваста бо мардуми деҳот сарукор дорад, бисёр муҳим аст. Барои ин донишгоҳ дорои ҳама шароити таҳсил буда, мустақилияти донишҷӯён таъмин карда шудааст ва онҳо дар рӯҳияи омӯзиши арзишҳои умумибишарӣ, азхуд намудани забонҳои сернуфузи хориҷӣ ва ифтихор аз ватану забон тарбия меёбанд. Мустаҳкамсозии иқтидори зеҳнӣ, малакаи касбӣ, рақобатпазир тайёр гардидани мутахассисони ояндаи бозори меҳнат вазифаи устодони донишгоҳ аст ва пойгоҳи моддию техникии таълимию илмии мавҷуда ба ин заминаи мусоид фароҳам меорад. Мо аҳли донишгоҳ нерую дониши хешро баҳри расидан ба ниятҳои нек ва иҷрои ҳадафҳои созанда, рисолати ватандӯстию ватанпарварӣ, худшиносӣ, ваҳдатгароӣ сарф намуда, чорасози пояндагии сулҳу ваҳдати доимӣ ва бебозгашт мешавем, то соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ҳамеша устувор монад.
Ба хонандаҳои рӯзномаи Шумо низ комёбӣ ва сарбаландиҳоро таманно менамоем.
-Барои суҳбати самимӣ ва ошкоро сипоси бепоён!
МТЖТ