Бекмуҳаммад Асомиддинов яке аз ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон аст, ки 5-уми апрели соли 1950 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Ӯ факултаи санъати Донишгоҳи омӯзгории пойтахтро соли 1973 хатм намуда, пас аз хатм, фаъолияти худро дар Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов оғоз кардааст. Дар тӯли ду даҳа беш аэ садҳо нақш офаридааст, ки ҳар кадоме бо шодии тамошобинон, махсусан кӯдакон, алоқаманд аст. Нақшҳое чун Шоҳ дар “Фолбинии Афандӣ, Каҷпо дар Ҷодугар, Дев дар “Духтари ҷасур” ва Тошқайнар дар “Фиғон” аз нақшҳои беҳтарини ӯ мебошанд. Ҳоло ӯ роҳбари бадеии театриАфсонамебошад, ки назди Маркази фарҳангии ҷумҳуриявии ҷавонон “Ориёно” фаъолият мекунад. Дар бораи ҳаёт, фаъолият, ҳунар ва дӯстдориҳои кӯдакон сӯҳбате анҷом додем бо ин ҳунарманди варзида ва фишурдаи он пешкаши шумо, хонандагони азиз, мегардад.

– Солҳои пеш дар намоишҳои телевизионӣ бисёр ҳунари шумо намоиш дода мешуд ва кӯдакон бо шавқ тамошо мекарданд. Ҳоло бо чӣ кор машғулед?

– Ҳанӯз ҳам ором нагирифтаам. Ба фаъолият ва эҷод машғулам, ба сафарҳои ҳунарӣ мерам ва дар намоишҳои оммавӣ иштирок мекунам. Ҳамчунин, дар театри “Афсона” на танҳо ҳамчун роҳбари бадеӣ, балки ҳамчун омӯзгор низ дарс медиҳам. Гарчанде театр номи афсонави дорад, тамошобинони мо танҳо кӯдакон нестанд, балки одамони ҳар синну сол бо шавқу завқ намоишҳои моро тамошо мекунанд. Ман кӯшиш мекунам, ки ҳамеша чизи нав ва ҷолибе барои ҳар синну сол таҳия кунам, чун медонам, ки чашмони ҳайратомезу табассуми самимонаи тамошобинон, новобаста аз синну сол, беҳтарин подош барои меҳнатам мебошанд.

– Чӣ боис гардид, ки театри “Афсона”ро ташкил кардед?

– Дунёи инсонҳо, махсусан кӯдакон, беҳад зебо ва аҷиб аст. Лаҳзаҳои кӯдакӣ – покӣ, беғаразӣ ва содагии онҳо маро ба ҷустуҷӯҳои нав илҳом мебахшанд. Мехоҳам барои онҳо як ҷаҳон созам, ки поку соф ва пур аз хиёлоти рангин бошад. Файласуфи бузург Афлотун гуфтааст: “Ҳақиқатро аз кӯдакон пурсед”. Бо кӯдакон будан маънои дунёро ба гунаи дигар шинохтан аст ва мехоҳам дигарон низ ин дунёи зеборо дарк кунанд. Дар “Афсона” кӯдакон ва бузургсолон имкони дидан, шунидан ва омӯхтани беҳтарин таҷрибаҳои инсониро доранд.

– Дар намоишҳои театр, ки шомили асрори ҷоду ва фолбинӣ мебошанд, фикри шумо дар бораи фолбину ҷодугарӣ чист?

– Ман борҳо бо нақшҳои фолбин ва ҷодугар дар саҳна мебаромадам ва хуб медонам, ки онҳо бо такя ба дурӯғ ва чашмбандӣ одамонро фиреб мекунанд. Аксари фолбинҳо дар ҳақиқат ҷодуҳоро намеёбанд, балки бо суханони фиребанда ва чашмбандӣ мардумро ба эҳсосоти барғалат мекашанд. Онҳо ояндаро низ дида наметавонанд; ин танҳо Худост, ки ба оянда огоҳ аст. Дар театр, ман кӯшиш мекунам, ки бо нақшҳоям ин чизҳоро нишон диҳам, то тамошобинон воқеиятро дарк кунанд.

– Ба андешаи шумо, ҳунари актёрӣ чист ва онро чӣ гуна мешуморед?

– Актёрӣ ҳунари зинда кардани ҷаҳонҳост. Ин касбест, ки бо истифода аз фантазия ва дили кушода, персонажҳои гуногунро нишон медиҳад ва бо ин васила қалби тамошобинонро тасхир мекунад. Актёрӣ – дарси ҳақиқати зиндагӣ ва худшиносӣ мебошад. Ҳунарманд дар саҳна бояд тавонад, ки бо дил ва руҳи соф тамоми ҷаҳони инсонҳоро ба тамошобин наздик созад.

Оё аз ҳад зиёд худро ба коре бахшидан ва ё илми зиёд метавонад боиси шиканҷаи зеҳнӣ шавад?

– Ин як масъалаи ҷиддӣ аст. Илм ҳарчанд муҳим аст, аммо он метавонад ба баъзе одамон, ки тоб оварда наметавонанд, таъсир расонад. Ҳатто ҳастанд шахсоне, ки илму фикрҳои амиқро дарк карда натавониста, бо сабаби зеҳн ва рӯҳи ҳассосашон худро гум мекунанд ва девона мешаванд. Мувозинати байни илму ҳунар ва дарки олами атроф хеле муҳим аст, ва ман кӯшиш мекунам, ки тавассути нақшҳои худ ин нуқтаро низ ба тамошобинон фаҳмонам.

– Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

– Нақшаҳои зиёд дорам. Мехоҳам чанд филмро ба навор гирам, ки ҳамеша орзуяшонро дорам. Вале, мутаассифона, бинобар сабаби набудани сарпараст, сабти ин филмҳо ба таъхир афтодааст. Бо вуҷуди ин, умед дорам, ки рӯзе имконият фароҳам хоҳад шуд ва ин филмҳо низ рӯи экран меоянд. Барои ман муҳим аст, ки бо эҷодиётам ба мардум паёмҳои манфӣ не, балки умедбахш ва инсонсоз бирасонам.

Шерзод САЙФУЛЛО,

Амир ХОЛЗОДА, мактаби рузноманигории назди МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь