Хушбахтона, ҳоло кам нестанд ҷавононе, ки бо қаламу коғаз сару кор доранд. Албатта, бо вуҷуди камии гонорар, камии хонанда, камии мотиватсия… онҳо менависанд ва ба маънои том сарсупурдаи пешаи нигорандагӣ ҳастанд. Зеро навиштан ва рафиқи коғазу қалам будан беморӣ аст, бемории табобатнашаванда. Бисёриҳо медоданд, ки дар ҳоли ҳозир танҳо бо навиштани матлаби журналистӣ ё бадеӣ наметавон зиндагиро пурра таъмин кард, аммо чун дилдодаву дилбохтаанд, менависанд.
Беҳрӯз Холмуродов аз ҳамин ҷумла буда, наздики даҳ сол мешавад, ки дар ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият мекунад. Дар баробари кори журналистӣ, инчунин ба навиштани ҳикоя машғул аст. Мо бо ӯ доир ба хосияти навиштан ва кори душвори рӯзнома суҳбат кардем.
КАТИБАИ ЯКУМ:
Боре…
– Боре фикр кардаед, ки чаро менависед?
– Ростӣ, ин фикр пеш аз оне, ки ягон ҳикоя ва ё чизи дигаре навиштанӣ мешавам, дар зеҳнам пайдо мешавад. Беш аз чор соле, ки ба навиштани мавзуъҳои гуногун дар қолаби жанрҳои адабӣ машғулам, дар нахустин гом бардоштан дар ин ҷода ба ҳамин монанд суоле чанд рӯз оромам намегузошт, ки “Чаро бояд нависам?”. Пас аз андешаи чандрӯза ба хулосае омадам, ки бояд нависам. Чунки як шуълае дар вуҷудам барои сияҳ кардани варақи сафед падид омада буд ва он ба гӯшам мегуфт, ки “бояд қаламфарсоиро дар ҷодаи адабиёт шуруъ созам”. Ин ки то имрӯз ягон чизе менависам, пеш аз ҳама худамро рӯҳбаланд месозад.
– Боре фикр кардаед, ки барои кӣ менависед?
– Пеш аз ҳама барои онҳое, ки дӯстдори каломи бадеъ мебошанд. Баъдан, вақте ки ягон ҳодисаро шоҳид мешаваму бо эҳсосҳои гуногун рӯ ба рӯ мегардам, ба худам мегӯям, ки бояд онро навишт. Агар камбудие дар ягон ҳолат дида бошам, бо навиштан гӯё масъулиятамро иҷро карда бошам. Чун ҳоло дар ду жанри адабӣ ҳикоя ва тарона то ҳадди тавон қаламфарсоӣ карда истодаам, агар нафаре бо хондани онҳо дарди худро дар он мебинад, орзуҳои амалинашудаи худро дар он мушоҳида мекунад ва ба зиндагӣ дилгармтару орзуҳои нав дар қалбаш тавлид мешаванд, пас маълум мешавад, беҳуда нанавиштаам.
– Боре фикр кардаед, ки аз навиштан шумо ва хонанда чӣ фоида мегиред?
– Навиштан пеш аз ҳама кори дӯстдоштаи ман аст. Ростӣ, ҳар гоҳе ки дар зеҳнам мавзӯе пайдо мешаваду то ба рӯи авроқи сафед коштани он муддати як-ду ҳафта перомунаш меандешам ва дар ниҳоят онро менависам. Пасон, эҳсоси қаноатмандӣ ва болидаруҳӣ оғӯшам мегирад. Ба таври мудовим идома додани ин кор бароям кумак намуд, то жарфтар ба дарки шебу фарози зиндагӣ бирасам. Чи фоида гирифтани хонанда аз навиштаҳои инҷониб суолест, ки худи хонандаи нигоштаҳои шогирдонаи мо бояд посух гӯянд.
– Ҳоло як нависандаи ҷавон то кадом андоза қадр дорад?
– Дар замони ҳозир қадр доштану надоштани нависандаҳои ҷавон мавзӯест, ки перомунаш андешаҳои гуногун гуфта мешавад. Аммо нуктаи муҳим ин аст, ки ба нависандаҳои ҷавон таваҷҷуҳ ҳаст. Инро ман дар мисоли он гуфта метавонам, ки чанд соли пеш Иттифоқи нависандагони кишвар ҷавонони майли нависандагидоштаро сарҷамъ карданд ва перомуни нигоштаҳои онҳо дар машварати адибони ҷавон, ки дар вилояти Суғд гузашта буд, адибони шинохтаи мо назари худро гуфтанд. Ва чанд нафари онҳо барои ба сафи Иттифоқи нависандагон пазируфта шудан, тавсияҳо дода шуда буд.
– Навиштан таскинёбист, оё мешавад ҳолате, ки пас аз навиштан ғаму дард баръакс зиёд гардад?
– Бале чунин ҳолат мешавад. Боре дар бораи як тифли ятим ҳикояе навиштам, ки қурбонии асосии нофаҳмиҳои волидонаш буд. Рӯзгори вазнине дошт ва аз ҳама муҳимаш ин ки аз меҳру муҳаббати падару модар маҳрум гардида буд. Ҳикояро навиштам. Аммо ҷойи таскинёбӣ, ғаму дард гӯё оғӯшам гирифт ва беихтиёр барои қаҳрамони нигоштаам ашк рехтам.
– Қаҳрамони навиштаҳои бадеии шумо воқеиянд?
– Қаҳрамони навиштаҳои бадеиям бештараш воқеӣ ҳастанд. Қисми дигарашро бошад, бо мушоҳидаи ҳолате онро меофарам, яъне тахаюлианд.
– Бисёр мешунавем, ки солҳои пеш эҷодкорон бо гонорари китобҳояшон метавонистанд хона ё мошин бихаранд, ҳоло ин масъала чӣ хел аст?
– Ҳамагӣ медонем, ки ҳоло ин гуна нест. Агар нафаре китобе омода созад, манзурам онҳое, ки нозиму носир ҳастанд, онро ҳатман аз ҳисоби худ нашр мекунад ва ба ёру дӯстон ва наздиконаш туҳфа медиҳад. Ҳоло эҷодкорон барои нашри китобҳояшон мушкили молӣ доранд.
– Навиштан беморӣ аст, бемории одӣ не, балки бемории табобатнашаванда. Боре кӯшиш кардед, ки давое ёбед аз ин беморӣ, ё ин бемориро дӯст медореду шифо ёфтан намехоҳед?
– Бале, навиштан бемории табобатнашаванда аст, вале аз дигар бемориҳо тафовут дорад. Боре ҳам кӯшиш накардам, то пеши роҳи ин бемориро гирифта бошам. Чун онро хеле зиёд дӯст медорам. Кош ин беморӣ то абад бо ман бимонад.
– Дар самти нависандагӣ роҳнамоятон кист?
– Дар ин ҷода ҳар гоҳе чизе нависам, онро қабл аз чоп ҳатман ба устодон ва рафиқони адабиётдӯстам нишон медиҳам, то бардоштҳояшонро атрофи он гуфта бошанд. Ҳар ҳарфе, ки онҳо мегӯянд, он бароям бениҳоят муҳим аст ва онро ҷое қайд месозам. Барои хубтар шудани нигоштаҳоям ҳамеша аз устодони гиромӣ Толибшоҳи Давлат, Башир Усмон, Сироҷиддин Икромӣ ва дигарон тавсияҳо мегирам. Аммо роҳнамои асосиям дар ин роҳ худи адабиёт аст. Инро ба он далел зикр намудам, ки қабл аз гом бардоштан ба роҳи нависандагӣ вақте китоби бадеиеро мехондам, эҳсосе маҷбурам месохт, то худ низ чизе нависам. Билохира, баъди хондани романи Луиҷи Пиранделло – “Шодравон Маттиа Паскал” худкор ба даст гирифтам ва шуруъ кардам ба навиштани аввалин ҳикояам бо номи “Нахустишқ”.
КАТИБАИ ДУЮМ:
“Дарахт дар як ҷо мезабзад”, одам чӣ?
– Фаъолияти журналистии шумо аҷиб аст. Дар як ҷо қариб даҳ сол мешавад, ки кор мекунед, чаро?
– Бале дуруст аст, соли даҳум аст, ки дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” фаъолият мекунам ва ҳоло котиби масъули он мебошам. Ба ин муддат дар як ҷо кор карданам далелаш ин аст, ки муҳити кории рӯзномаи мазкур бароям писанд аст.
– Ба гуфтаи “Дарахт дар як ҷо месабзад” бовар доред ва барои ҳамин ҷойи дигаре намеравед?
– Далели ба ҷойи дигар ба кор нарафтанам ин нест. Дар ин масъала чандин маротиба пешниҳоди кор гирифтам, вале худам нарафтам. Чунки фикр кардам, ки ҳоло вақташ нест. Ҳеҷ кас дар ҷое то охар кор накардааст. Касе намедонад, ки фардо чи мешавад.
– Ба фикри худатон агар ҷойи дигаре кор мерафтед, чӣ мешуд?
– Ягон чизи ғайриодие намешуд. Фақат ҷойи корам иваз мегардид, тамом.
– Маълум аст, ки шумо дар рӯзнома бисёр кор мекунед. Оё имрӯз меарзад худро дар ин соҳа фидо кардан?
– Бале меарзад. Дар ҳар замоне барои рушду таҳкими ин соҳа нафарони зиёде саҳми худро гузоштанд. Ва баъдан, кор дар ин ҷода интихоби худамон буд. Барои ин касе муқасир нест. Бисёр кор кардани як нафар дар дилхоҳ ҷода ба ин маъност, ки масъулияташро ба таври бояду шояд иҷро мекунад.
– Рӯзнома ба шумо чӣ дод ва аз шумо чӣ гирифт?
– Рӯзнома ба ман бисёр чизҳо дод. Пеш аз ҳама нон дод. Ва баъдан, маро ба олами адабиёт раҳнамун сохт. Имрӯз аз ин, ки дар ин ҷода пайи фаъолиятаму баробари ин нигоштаҳое дар қолаби адабӣ иншо месозам, меболам. Атрофи ин ки рӯзнома аз мо чи гирифт, ҳоло ҳарфе наметавон зад. Чунки ин баъди чандинсолаҳо маълум мегардад ва инро дигарон хоҳанд гуфт.
– Навиштани мақолаи журналистӣ барои шумо осонтар аст ё ҳикоя?
– Навиштани мақолаи журналистӣ осонтар аст. Вале навиштани ҳикоя бароям таскинбахшу ҳаловатбахш аст. Чунки барои навиштани як ҳикоя заҳмати зиёд лозим аст.
– Ҳоло дар рӯзнома ба ҷавонон роҳнамо ҳам ҳастед?
– Бале ҳастем. Ҳар корманди ҷавоне, ки ба рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” ба кор меояд, барои хубтар ворид шуданаш ба муҳити рӯзнома ва беҳтар гардидани нигоштаҳои журналистияш тавсияҳо медиҳему роҳнамоӣ мекунем.
– Оё шумо ҷойи кормандоне, ки пеш аз шумо буданд, пур карда тавонистед ва оё онҳое, ки ҳоло таҷрибаомӯзанд ҷойи шуморо дар оянда пур карда метавонанд?
– Агар аз лиҳози иҷрои масъулияти бар дӯш дошта бингарем, бале. Вале як нуктаи дигарро низ бояд дар ин ҷо ба инобат гирифт, ки ҳеҷ кас дар ҳеҷ вақт ҷойи як нафари дигарро дар дилхоҳ ҷодаву соҳа пур карда наметавонад. Масъулияти бар зимма доштаашро ҳар кас ба таври бояд иҷро карда метавонад. Вале ҷойи як нафарро, ки шояд хислату муоширату гуфтораш мутафовит аз дигарон бошад, ҳеҷ кас пур карда наметавонад. Дар мавриди онҳое, ки ҳоло тарҷибаомӯзанд чӣ гуна рушд мекунанд, чизе гуфта наметавонам, зеро инро вақт нишон хоҳад дод.
– Кори рӯзнома чӣ душворӣ дорад?
– Ҳамаи соҳа душвориҳои худро дорад. Кори рӯзнома низ ҳамчунин. Масъулияте, ки айни ҳол дар рӯзнома дорам, ҳар ҳафта шумораи навбатии рӯзномаро, яъне 16 саҳифаи онро мехонам, таҳрир мекунам, мувофиқи мавзуъҳояш онҳоро дар саҳифаҳо тақсимбандӣ мекунам ва баъдан онро саҳифабанд саҳифабандӣ мекунад. Агар шахс пешаи интихобкардаи хешро дӯст дорад, ҳамаи душвориҳоро паси сар мекунад. Муҳим дӯст доштан ва хостан аст.
КАТИБАИ СЕЮМ:
Ҳам ину ҳам он
– Фикри ивази касбро накардаед?
– То ҳол накардам.
– Рӯзнома чӣ гуна бӯй ва лаззат дорад?
– Рӯзнома бениҳоят бӯйи аҷиб дорад. Инро вақте баъди омода шудани рӯзномаю барои чоп ба чопхона рафтан ва замони нашр шуданаш дар дастгоҳи чопӣ ба хубӣ эҳсос менамоӣ. Лаззати рӯзнома замонест, ки нафаре ба идораи рӯзнома занг мезанад ва мегӯяд, ки ташаккур ба аҳли эҷоди рӯзнома, ки чунин шумораи хубу хонданиро омодаву чоп кардед. Дар ин ҳангом, кори рӯзнома аҷаб ҳаловате дорад ногуфтанӣ.
– Ба ҷуз кори рӯзнома боз коре мекунед?
– Не, намекунам.
– Ҳоло зиндагӣ кардан душвор нест?
– Хеле душвор аст.
– Ба фикри худатон рисолататон дар зиндагӣ чист?
– Инсон будан, инсонвор зистан, писари хуб будан барои волидон, падари намунавӣ барои фарзандонам будан, ба наздикону атрофиён некию меҳрубонӣ кардан ва ба ёдгор гузоштани номи нек.
– Аз худатон розиед?
– Аз худам розӣ нестам. Ҳоло орзуву нақшаҳои зиёде дорам, ки бояд онҳоро амалӣ созам. Ва ҳатман ки бо хости Худо ба онҳо мерасам.
Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ