Истеҳсоли либос назар ба содироти нах 6 маротиба бештар фоида меорад.

1 кило пахта вазнин ё 1 кило либоси пахтагӣ? Саволи содда? Пас саволро дигар мекунам. 1 кило пахта қиматтар ё 1 кило либоси пахтагӣ? Мисли рӯз равшан аст, ки дувумӣ? Аммо дар тарозуи даромади саноати нассоҷии кишвар алҳол паллаи якумӣ аз дуввумӣ хеле вазнинтар аст. Ҳол он ки бояд баракс бошад. Яъне дар раванди истеҳсолот имконияту иқтидорҳои мавҷуда барои коркарди ниҳоии пахта нигаронда шаванд. Кадом мушкилот садди он гашта ва чӣ тадбирҳо барои бартарият пайдо кардани паллаи дуввум созгоранд? Сӯҳбати мо бо муҳандис-технологи варзидаи саноати нассоҷии кишвар, сардори Департаменти корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон Абдулло Муҳаммадиев дар доираи ҳамин масъалаи муҳим сурат гирифт.

Чӣ дорему надорем?

Ҳамасола дар кишвар каму беш 400 ҳазор тонна “тиллои сафед” ва аз он 100 – 110 ҳазор тонна нах истеҳсол карда мешавад. Яъне барои фаъолият ва рушди саноати нассоҷию дӯзандагӣ бо назардошти қувваи арзони корӣ шароит мусоид аст. Абдулло Муҳаммадиевич, лутфан бигӯед, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ чӣ иқтидорҳои ресандагию бофандагӣ ва дузандагӣ мавҷуданд, барои коркарди ин ашёи хоми пурқиммат ва ба маҳсулоти ниҳоии рақобатпазир расондани он? Оё мо қудрат дорем, ки ҳеҷ набошад, 70 – 80 ҳазор тонна нахро ба моли бозоргир табдил диҳем? То нашавад, ки чормағзшиканро пучоқ монаду мағзаш ба дигарон расад?

Акнун чанд рақам меорам, ки чӣ дорему надорем. Дар бораи “надоремаш” каме дертар. Имрӯз сохтори корхонаҳои саноати нассоҷию дӯзандагӣ чунин таркиб ёфтааст:

  • 6 корхонаи азими коркарди ниҳоии нахи пахта;
  • 12 корхонаи калону миёнаи ресандагӣ;
  • 6 корхонаи кешбофӣ ва ҷӯроббофӣ;
  • 149 коргоҳи калон, миёна ва хурди дӯзандагӣ;
  • 108 корхонаи коркарди аввалия (пахтатозакунӣ).

Иқтидорҳои лоиҳавии мавҷудаи истеҳсолии соҳа:

  • корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта зимни се басти корӣ қодиранд беш аз 80 млн метри мураббаъ матои хом ва тайёри пахтагӣ истеҳсол кунанд;
  • корхонаҳои ресандагӣ метавонанд 80 – 85 ҳазор тонна пахта коркард кунанд;
  • корхонаҳои дӯзандагӣ имкон доранд, ки 3 – 4 миллион адад либоси мактабӣ, корӣ, тиббӣ ва низомӣ дӯзанд;
  • тавони корхонаҳои ҷуроббарорӣ ва кешбофӣ ба истеҳсоли то 60 миллион ҷуфт ҷуроб ва 200 тонна матои кешбофӣ мерасад.

Воқеан ҳам рақамҳои гӯё. Ба ибораи халқӣ бо чунин неруи ҳангуфт метавон “кӯҳро талқон кард”. Ва табиист, ки саволе пеш меояд: ин қудрат то чӣ андоза истифода шуда истодааст?

Дар асоси омори расмӣ боз чанд рақам меорам. Тавре медонед, соли гузашта дар мамлакат хирмани пахта наздики 390 ҳазор тонна шуд. Аз он корхонаҳои соҳа

  • 100,3 ҳазор тонна нахи пахта
  • 23338 тонна ресмони пахтагӣ
  • 15,6 млн метри мураббаъ газвор
  • аз ҷумла 8,2 млн метри мураббаъ газвори пахтагӣ
  • 15,4 млн ҷуфт ҷӯроб
  • 145 ҳазор адад маҳсулоти кешбофӣ
  • 55 тонна газвори кешбофӣ
  • 340,8 миллион сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ

Ҳамчунин ба маблағи $279,3 млн маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ содирот шуд, ки назар ба соли пеш $83 млн бештар аст. Зимнан бояд гуфт, ки шумораи миёнаи солонаи кормандону коргарони корхонаҳои соҳа қариб 17 ҳазор нафарро ташкил дод.

Дар кишвар кластерҳо ба вуҷуд меоянд

Алҳол ба арқоми овардаатон дахл накарда, хоҳишмандам, корхонаҳоеро ном гиред, ки бо коркарди ниҳоии нахи пахта машғуланд?

Тавре дидед, теъдоди онҳо зиёд нест. Коркарди ниҳоии ашёи хом, яъне то матоъ ва либоси тайёр расондани он дар ҶСП “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” (Данғара), ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” (Душанбе), “Ҷавонӣ”, “Нассоҷии Хуҷанд” ва “САТН” (Хуҷанд), инчунин ҶСК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” (Бохтар) роҳандозӣ шудааст.

Ба фикрам, нахуст аз корхонаи азими Данғара ном бурданатон тасодуфӣ нест. Зеро он бузургтарин дастоварди саноати сабуки миллӣ дар даврони истиқлолият ба ҳисоб рафта, ҳамзамон падидаи комилан нав дар таърихи соҳа – аввалин кластер дар кишвар мебошад.

Комилан дуруст гуфтед. Он ба талаботи кластери муосир пурра ҷавобгӯ буда, тамоми силсилаи истеҳсоли пахта, коркарди аввалияи пахта, ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагиро фаро мегирад. Дар маҷмӯъ иқтидори лоиҳавии истеҳсолии солонааш ба коркарди 52 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 150 млн. метри мураббаъ матоъи пахтагӣ баробар буда, дар сурати бо иқтидори пурра фаъол гаштанаш зиёда аз 6 ҳазор нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешавад.

22 апрели соли равон марҳилаҳои сеюму чоруми ин азамати саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Марҳалаҳои навбатӣ дорои 3 даври пурраи коркарди ришта буда, дар он истеҳсолоти бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ сурат мегирад. Ҳаҷми истеҳсоли солонаи рангубори матоъҳои газвор бо рангҳои гуногун зиёда аз 3000 тоннаро ташкил медиҳад. Дар коргоҳи дӯзандагӣ имкон аст, ки соле зиёда аз 1 миллион адад либоси гуногун истеҳсол шавад.

Мавриди тазаккур аст, ки маҷмаа аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беҳамто буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд гашт. Он бо пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи ИМА, Чин, Швейтсария ва Олмон ҷиҳозонида шудааст. Бо мақсади таъмини корхонаи мазкур бо ашёи хоми маҳаллӣ, аз ҷумла пахтаи аълосифат бо мусоидати Ҳукумати Тоҷикистон беш аз 14,5 ҳазор гектар замин ҷудо гардид.

Аз назари Шумо оё мо метавонем дар оянда бо бунёди корхонаҳои алоҳидаи ресандагию бофандагӣ банд нашуда, иқтидорҳои молиявиро пароканда накарда, маҳз чунин маҷмааҳои кишоварзию саноатӣ созем?

Мисоли овардаамон далели рушани он аст, ки ҳукумати ҷумҳурӣ рӯ ба бунёди кластерҳо овардааст ва дар сурати афзудани теъдоди онҳо имкон пайдо мешавад, ки дар оянда нахи пахта пурра дар дохили ҷумҳурӣ коркард шавад. Дар баробари ин бояд гуфт, ки калонтарин корхонаҳои коркарди ниҳоӣ бинобар маблағҳои кофии гардишӣ надоштан фаъолияти пурсамари доимиро таъмин карда наметавонанд. Аз ин ру, бори ташкили кластерҳоро танҳо он корхонаҳои азиме чун ҶСП «Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил» ба дӯш гирифта метавонанд, ки маблағҳои калони захирави доранд. Чуноне медонед, маблағгузори асосии ин корхонаи азими муштарак яке аз ширкатҳои бонуфузи Чин мебошад.

Масъаларо метавон аз дигар паҳлу матраҳ кард. Яъне ташкили холдингҳо. Як корхонаи пахтатозакунӣ, ресандагӣ, бофандагӣ, рангу пардоз, ва дузандагӣ ихтиёран муттаҳид шуда, холдинг созмон диҳанд. Ба ин васила аз коркарди ашёи хом то истеҳсоли матою либос силсилаи истеҳсолӣ арзи вуҷуд мекунад ва аъзои холдинг ба натиҷаи баланди коркарди ниҳоӣ манфиатдор мешаванд.

Бояд 80 дарсади нах дар дохил каркард шавад

Абдулло Муҳаммадиевич, аз арқоми дар оғози сӯҳбат овардаатон ба хулоса расидан душвор нест, ки ҳанӯз иқтидорҳои мавҷуда ба таври бояду шояд истифода намегарданд. Бо вуҷуди имкониятҳои калон ҳаҷми коркарди ниҳоии нахи пахта дар дохил кам аст.

Айни замон тибқи маълумот дар дохили кишвар 30 фоизи нахи пахта то ресмони пахтагӣ ва матою либос коркард шуда истодааст, 70 – 80 дарсади нахи пахта ва ресмони пахтагӣ содирот мешавад.

– Бовар кардан душвор аст, ки корхонаҳо ва соҳибкорон дидаю дониста аз фоидаи худ сарфи назар мекунанд. Шояд омилу сабабҳои объективӣ низ бошанд?

– Бешак, сабабҳои ҳолати мавҷудаи ташвишовар, ки танҳо ҳамин рӯз пайдо нашудааст, кам нестанд. Чанди онҳоро зикр месозам.

  1. Аксари корхонаҳои азими коркарди ниҳоии нахи пахта, ресандагӣ ва бофандагӣ маблағҳои калони гардишӣ барои сари вақт (дар мавсими арзон будани нахи пахта) харидорӣ ва захира намудани нахи пахтаро барои коркарди ниҳоӣ надоранд. Бо ин сабаб роҳбарони корхонаҳо ва соҳибкорон иқтидори мавҷударо пурра ва самаранок корбаст карда наметавонанд.

Дар ҷумҳурӣ 12 корхонаи калони ресандагӣ ҳаст. Тибқи тақозои технология бояд дар анбори ҳар корхона барои коркард захираи семоҳаи нахи пахта бошад. Дар ин сурат он имкон пайдо мекунад, ки кори мунтазами таҷҳизот ва се басти кориро роҳандозӣ карда, фоидаи миёна гирад. Вале имрӯз иқтидори мавҷудаи корхонаҳои ресандагӣ ҳамагӣ 30 – 60 дарсад корбаст шуда истодааст, ки оқибат боиси муфлисии онҳо мешавад. Ба гунаи мисол, корхонаи ресандагие, ки моҳе 400 тонна пахтаро метавонад коркард намояд, барои харидорӣ ва захирасозии он бояд дар фонди гардони худ $720000 ё 7,4 млн сомонӣ маблағ дошта бошад (нархи 1 тонна нахи пахта $1800). Соҳибкор ин миқдор маблағро аз куҷо ва чӣ тавр пайдо кунад?

  1. Аз ҳисоби буҷети давлат, бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ба соҳибкорони корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ қарзҳо бо фоизи пасти солона (то 7 дарсад) дарозмуддат (5-10 сол) дода намешаванд.
  2. Нархи истифодаи барқ барои корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта, махсусан корхонаҳои ресандагӣ, ки дастгоҳҳои технологӣ неруи барқро зиёд истифода мекунанд, хеле баланд аст. Нархи неруи барқ дар арзиши аслии ресмонҳои пахтагӣ ба 17 – 22 дарсад мерасад, ки ниҳоят баланд мебошад. Чун натиҷа арзиши аслии ресмон ва матоъҳои пахтагии корхонаҳои мо боло рафта, қобилияти рақобатпазирияшон дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ коҳиш ёфта истодааст.
  3. Таҷҳизоти технологии иддаи корхонаҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ, кешбофӣ, ҷуроббофӣ ва дузандагӣ аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ куҳнаю фарсуда гашта истодаанд. Қисмҳои эҳтиётии онҳо гароннарх буда, маблағи зиёд талаб мекунанд.
  4. Сифати омодасозии мутахассисони муҳандисӣ, муҳандис – технологҳои соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, кешбофӣ, дӯзандагӣ, моделйер-конструктор, тарроҳон дар донишгоҳҳо ва донишкадаҳои олӣ ва олии соҳавӣ ба талаботи замона, бозори меҳнат ва корфармоён ҷавобгӯ нест.
  5. Ба суди кор мебуд, агар Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар сол эҳтимол моҳи июн нархи тавсиявии хариди пахта аз хоҷагиҳои деҳқониро бо назардошти хароҷоти воқеии онҳо ва хусусиятҳои ҳар минтақа муқаррар кунад. Ин аз муҳимтарин омилҳои моддии ҳавасмандсозии хоҷагиҳо барои ба даст овардани ҳосили баланд мегардад ва дилпур мешаванд, ки касе бар зарари онҳо худхоҳонаю худсарона ба пахта нарх монда наметавонад.

Бартараф намудани сабабҳои зикршуда маънои роҳи васеътар кушодан аст ба рушди соҳаи нассоҷии кишвар, зиёд кардани ҳаҷми коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоии рақобатпазир ва маҳсулоти воридотивазкунанда, коҳишдиҳии содироти нахи пахта.

– Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рушди иқтисоду саноати миллӣ пайваста дар маркази таваҷҷуҳу дастгирияшон қарор дорад, чанде пеш дар Паёми худ махсус таъкид карданд: “Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади истифодаи пурраи имкониятҳои кишвар дар самти рушди саноати сабук стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷиро таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд”. Ин ҳидояту супориши Сарвари давлат боиси таҳия ва қабули Стратегияи миллии рушди яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисоду иҷтимоиёти кишвар мегардад. Зимни таҳияи он ба инобат гирифтани мулоҳизаҳои дар боло баёнёфта ба манфиати кор мебуд.

Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь