Ҳафтаи гузашта сафаре ба дараи зебоманзари Уреҷи шаҳри Панҷакент доштам. Баъд аз сайргашту истироҳат дар истироҳатгоҳи “Уреҷ” бо яке аз кормандони дорои собиқаи беш аз 30-солаи корӣ дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент Аслиддин Тӯпалагов вохӯрдам, ки баъд аз назорати навбатӣ аз самти Кӯли Чуқурак меомад. Солҳи зиёд аст, ки мавсуф ба касби ҷангалбонӣ машғул аст ва новобаста ба сахтгириаш тавонист бе ягон мушкилӣ ҳам дар ҳифзи ҷангал саҳми беандозаи худро гузорад ва ҳам бо мардум забон ёбад.

 Баъд аз салому алейк ман аз Аслиддин Тӯпалагов пурсидам:- Чанд сол аст, ки дар Хочагии ҷангали шаҳри Панҷакент фаъолият мекунед?

– Ман таҷрибаи беш аз 33-солаи кор дар хоҷагии ҷангал дорам. Агар то соли 1989 дар деҳаи Артуч ба ҳайси китобдор кору хизмат карда бошам, аз соли 1989 то ба имрӯз ҳаёт ва фаъолияти ман пурра ба ҷангал бахшида шудааст. Дар ин давра ман ба халқу ватанам софдилона хизмат кардам ва тавонистам, ки ҷангалро ҳам аз сӯхтор ва ҳам аз бурриш ҳифз намоям.

– Мегӯянд, кор кардан дар хоҷагии ҷангал душвор аст. Зеро ҷангалбонҳо бештар аз ҳама бо мардум сарукор доранд. Барои шумо кор кардан дар ин соҳа ва забон ёфтан бо мардум мушкил набуд?

– Дар тӯли фаъолият ҳамеша бар он кӯшидам, ки ба мардум сухани пасту баланд нагӯям, бо онҳо дағалӣ накунам. Барои ҳамин ҳамин ҳам, аз рӯзи нахустини оғози фаъолият дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент дар назди худ ҳадаф гузоштам, ки нахуст дар доираи қонун вазифаамро иҷро кунам ва софдилона ба халқу ватан хизмат кунам ва мардумро фаҳмам. Маҳз ҳамин ҳамдигарфаҳмӣ аст, ки ман тавонистам муддати тӯлонӣ кору фаъолият кунам. Ҳатто агар нофаҳмие шавад ҳам, ба хонаи мардум мерафтам, дар ҳама маъракаҳояшон иштирок мекардам, ҳам нону намакашонро мехӯрдам ва ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ бо онҳо мебурдам. Ин кори ман самараи хуб дод.

– Бурриши ҷангал солҳои охир зиёд шуд ё кам?

– Ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ боиси он шуд, ки солҳои охир бурриш хеле кам шавад. Мардум асосан ба ангишт рӯ оварданд. Ман инчунин дар минтақаҳои гуногун ёрдамчиёни худро дорам, ки дар ҳолати бурриши ҷангал зуд хабар медиҳанд ва зуд ба ҷойи ҳодиса омада, бурришро пешгирӣ мекунам ва ё ҷаримабандӣ карда, аз бурриши оянда пешгирӣ мекунам.

– Аз тарафи маъмурияти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент ягон маротиба қадрдонӣ ҳам шудед?

– Дар даврони фаъолияти кориам борҳо бо ифтихорномаи раиси хоҷагии ҷангали шаҳру вилоят қадрдонӣ шудаам. Метавонам ифтихорномаҳоеро ном барам, ки барои меҳнати пурмаҳсул ва саҳмгузор будан дар кори ҳифзи ҷангал солҳои 1999 бахшида ба иди касбии «Рӯзи коркунони ҷангал», 1100-солагии давлати Сомониён ва 8-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи сарвари Хоҷагии ҷангали вилоят ва соли 2003 аз тарафи директори Хоҷагии ҷангали шаҳри Панҷакент сарафроз гардонида шудам.

Дар тӯли қариб 33 соли фаъолияти худ, инчунини барои хизматҳои бенуқсон дар ҳифзи ҷангал бо нишони сарисинагии “Даҳ соли хизмат” ва соли 2013 бо нишони сарисинагии “20 соли хизмат дар умури давлатии ҳифзи ҷангал” мукофотонида шудам.

– Шунидем, ки чанд сол ба ҳайси вакили мардумӣ ҳам интихоб шудаед. Ин шояд аз он гувоҳӣ диҳад, ки мардум ба шумо бовар доранд?

– Аз соли 2010 то соли 2015 ва такроран аз соли 2015 то соли 2020 аз тарафи мардум вакили ҷамоат интихоб шудам ва то тавонистам, саҳми худро дар ободонии деҳаҳои Артуч, Мадовра ва Яккахона гузоштам.

Аз суҳбат бо Аслиддин Тӯпалагов маълум шуд, ки ҷангал барои ӯ чун хонаи дуввум аст. Ӯ қайд кард, ки “ман ҷангалро чун хонаву дари худ ҳифз мекунам ва ҳар кӣ ҷангалро мебурад, бо ӯ ҳамеша дар мубориза ҳастам. Ҳар як дарахти ҷангалро чун моликияти шахсии худ муҳофизат мекунам ва онро нигоҳубин мекунам”.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,

Душанбе – Панҷакент – Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь