Бемуҳобот ҳоло эҷодкор шудану эҷодкор мондан кори осон нест. Бо навиштани дубайтиву рубоиву ғазал наметавон маблағи хонаи иҷораро пайдо кард. Бо навиштани афсонаву ҳикояву қисса наметавон ҳоҷатҳои рӯзгорро бароварда кард. Бо навиштани хабару гузоришу мусоҳибаву мақолаву памфлету фелетон низ наметавон зиндагиро таъмин кардДар ин вақт, танҳо онҳое менависанд, ки эҷодро на барои даромад ба даст овардан, балки барои ишқ буданаш тарк намекунанд. Гоҳгоҳе мебинем, ки ҷавонон дар самтҳои гуногуни эҷод худро месанҷанд ва то андозае муваффақ ҳам мешаванд. Эҷодашон ба дил наздик аст. Дар сатрҳояшон тамаъкорӣ ҳис намешавад, балки аз дарду дардҳое мегӯянд, ки ба ҷуз оромиши худу чанд каси дигар чизе ба даст оварда наметавонанд.

Дар ин росто, бисёр хушоянд аст, ки назмпораҳои Аниса Маноноваро, ки пораҳои рӯзгори мо тасвир ёфтаанд, мебинем, мехонем ва даст ҳам мекӯбем. Фаҳмида мешавад, ки мавсуф эҷодро воситаи таскини дил медонад ва албатта, дар чунин ҳолат ба қалбҳо наздик мегӯяд.

Бо Аниса доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёту эҷодаш суҳбат кардем.

 Катибаи аввал:

НОМ

– Номатонро кӣ мондааст ва оё ба худатон писанд аст?

– Ман ду ном дорам. Як номамро падарам гузоштаанд ва номи дигарамро бобоям. Номи гузоштаи падарам Аниса ва номи гузоштаи бобоям Умеда аст. Аввалӣ номи хонаводагиву дуюмӣ ҳуҷҷатӣ. Номе, ки падарам гузоштааст ба худам писанд аст. Аслан ном инсонро зебо намекунад, балки одам номро накӯ мегардонад.

– Ба оне ки ҳама Юсуфҳо хушру, ҳама Зулайхоҳо ошиқ, ҳама Моҳтобҳо кулчарӯй, ҳама Нишонаҳо нишонаи зиндагӣмешаванд, бовар доред? Оё ном ба чӣ гуна шудани одам таъсире дошта метавонад?

– Не ба ин бовар надорам, зеро бисёр мебинам, ки ба умеди зиёде волидайн номи бузургонро ба фарзандони худ мегузоранд, то мисли онҳо шаванд, аммо бархеҳо на танҳо худ балки номи накӯро низ доғдор мекунанд.

 Катибаи дуюм:

ИЛҲОМ

– Шумо кадом қисмати шаб ё рӯз эҷод мекунед?

– Навиштанам вобаста ба илҳом аст. Агар илҳом ояд, рӯзу шаб, оромӣ ё ғавғо иртиботи ману қаламу коғазро халалдор карда наметавонад.

– Эҷодкорон ду навъанд. Гурӯҳи якум мунтазири илҳом мешаванду гурӯҳи дуюм ба суроғи илҳом мераванд, то ки коғазро сиёҳ кунанд. Шумо аз кадом гурӯҳ ҳастед?

– Ман аз он гурӯҳе ҳастам, ки вақте ҳодисаеро мушоҳида мекунам ё дарди касеро мешунавам, ҳамон лаҳза нохудогоҳ онро рӯйи роёна мекорам. Агар ҳамон лаҳза нанависам, дигар он чизе, ки гуфтан мехоҳам, гуфта наметавонам.

Умуман, илҳом чист, кай ва чӣ хел меояд?

– Илҳом ин ангезишу талқини қалби шахс аст, ки водор мекунад кореро анҷом диҳӣ. Ва ин эҳсоси қалбиро лаҳзаи омаданаш агар истифода набарӣ, шояд дубора онро наёбӣ.

– Оё чунин ҳолатҳо дар шумо зиёданд, ки бо сабабҳое илҳомро нодида гирифта бошед?

– Бале, ман бисёр лаҳзаҳое, ки бояд менавиштам, аммо азбаски мавзуъҳое буданд, ки фикр мекардам, навиштанашон он қадар муҳим нест, он лаҳзаҳои илҳомбахшро аз даст додаам.

– Пас аз оне, ки мавзӯе пайдо мешавад, илҳом меояд, менависед, худро чӣ гуна эҳсос мекунед? Оё вазифаатонро иҷрошудаву худро сабук ҳис менамоед?

– Вақте шоир дардро дар либоси назму шеър рӯйи коғаз меорад ва гоҳе бо ашки сӯзон онро мехонад, ҳамон лаҳза дилаш таскин меёбад, оромиш меёбад.

 Катибаи сеюм:

ДАРД

Оё боре фикр кардед, ки аз навиштанатон ба худатон ва ҷомеа чӣ фоида мерасад?

– Сухан ҷон дорад, сухан инсонро метавонад ба қуллаҳои баланд расонад. Ҳар нафаре, ки бо сухану адаб сарукор дорад ва аз адабиёти ҳазорсолаи пурғановатамон баҳра мебарад, фарҳангу маданияти баланд дорад.

Шахсан худатон аз навиштан ба чуз таскини дил чӣ фоида мегиред?

– Барои ман фоидаи бузург ин доштани мухлису ҳаводорони навиштаҳоям мебошад, ки мехонанду баъзан маслиҳатҳо медиҳанд ва боз ҳам барои дар роҳи эҷод қадами устувор мондан сабабгор мешаванд.

– Мо хонандаи бофаҳм зиёд дорем, аммо боз ҳастанд касоне, ки шеъри ошиқиро хонанд муаллифашро ошиқ эълон мекунанд, шеъри оҳанги ғамдоштаро хонанд, шоирро дилшикаставу дилмонда мегӯянд ва ғайраҳо. Бо эҷоди шумо чунин бархӯрдҳо ҳаст? Агар бошад чӣ гуна вокуниш мекунед?

– Вақте хонанда худро дар навиштаи шумо мебинад, албатта, хуб аст. Каме пештар як дӯсти наздикам бо ман ҷанг ҳам карда буд, ки ин шеърҳоро барои кӣ навиштаам. Ҳарчанд фаҳмонидам, ки баъзан шоир аз тахайюлот кор мегирад, аммо бовар накард. Ман ба ин назари нек дорам.

Ба он сухане, ки мегӯянд эҷодкорон дар эҷодашон хоҳ нохоҳ дардҳои худро мегузоранд розӣ шуда метавонед? Умуман, шумо бо эҷодатон чӣ қадар наздикед?

– Албатта розиям, зеро агар филмсоз дарди асарро намоиш дода натавонад, бинанда пайдо намекунад, ё рассом тасвирро он гунае ки дидааст, накашад, расми хуб намебарояд. Шоиру нависанда ҳам дард надошта бошаду дарди дигаронро ҳис накунад, чизи хуб эҷод карда наметавонад. Ду сол пеш вақте ман навореро тамошо кардам, ки дар он зани муҳоҷире чуқурӣ мекофт ва ин ба ман таъсире гузошту рубоиёт эҷод кардам ва “Ба занони муҳоҷири тоҷик” номгузорӣ намудам. Як кас занг зада хело суханҳои хуб гуфт ва ҳатто пурсид, ки шумо дар куҷои Русия ҳастед, мо дарди шуморо дар навиштаатон эҳсос кардем. Ман хело хушҳол гаштам, ки каме ҳам бошад дарди занони муҳоҷири тоҷикро тасвир карда тавонистам.

Оё ҳис мекунед, ки ба дарди мардум наздик мегӯед?

– Бале, агар хонандае бо хондани навиштаҳои банда таскин ёфта бошад ё тасаллое ёфта бошад, ман хушбахтам!

 Катибаи чорум:

ЗИНДАГИИ ШОИСТА

– Пӯшида нест, ки ҳоло бо шеъру шоирӣ зиндагиро таъмин кардан қариб, ки имкон надорад. Гонорари хуб нест, имкони чопи китоб бо сарпарастии сохторе қариб, ки нест ва ғайраҳо. Дар ин гуна шароит кадом қувва аст, ки шуморо водор мекунад аз эҷод даст накашед ва фаъол бошед?

– Вақте эҷодкор фикр кунад, ки ман бар ивази шеърам сарват ба даст меорам, иштибоҳ мекунад. Шоири асил вақте шеър менависад, медонад, ки навиштаи ӯ харидор надорад, ҳатто медонад, ки шояд ҳарфҳояш боиси азобу уқбаташ мешаванд, аммо менависад.

Ин худфидоӣ нест. Оё меарзад, ки барои дигарон худро қурбон созем?

– Арзёбии ҳар як заҳмату меҳнатро баъдтар мушаххас мекунем. Албатта меарзад.

Ин шабурӯз як эҷодкори ҷавон маҳз тавассути кори эҷодӣ метавонад зиндагии шоиста дошта бошад ва ё ба ҷуз китобу чанд ҳаводор боз чӣ дошта метавонад?

– Ман ҳамаи эҷодкорони ҷавонро, ки мешиносам, аз пайи кору пешае ҳастанд ва тавассути кори эҷодӣ зиндагии шоиста сохтан душвор аст.

Дар эҷод киҳо роҳнамоятон ҳастанд, умуман кадом шоирон ба шеъратон баҳо додаанд?

– Қариб ҳамаи шоироне, ки дар шабакаи “Фейсбук” ҳастанд, аз онҳо маслиҳат мегирам. Ва бисёр хушбахтам, ки устод Фарзона дуоям додаанд. Устодон Озарахш, Рустами Ваҳҳоб, Давлати Раҳмониён, Гулнози Тоҳириён, Адиба Хуҷандӣ, Аъзами Хуҷаста, Нарзулло Азизиён ва дигарон маслиҳатҳои хешро дареғ надоштаанд, ки ба онҳо миннатдории худро баён мекунам.

 Катибаи панҷум:

“БОВАР НАДОШТАМ, КИ ОМӯЗГОР МЕШАВАМ

– Шумо ҳамчунин, омӯзгор ҳастед. Бигӯед, ки дарс додан душвор аст ё шеър гуфтан?

– Байни дарс додану шеър гуфтан албатта фарқ ҳаст, ҳарчанд рисолати ҳар ду ҳам тарбия кардан аст. Дарс дода ҳама метавонанд, ба шарте соҳиби ихтисос бошанд, аммо шеър гуфта ҳама наметавонад.

Омӯзгор аз шоир чӣ фарқ дорад?

– Рисолати инсонии ҳар ду як аст. Аммо аз рӯйи пеша омӯзгор дар мактаб бачаҳоро дарс медиҳад, шоир дар шароиту замоне шеър менависад.

Оё шеърҳоятонро шогирдонатон мехонанд, чӣ гуна вокуниш мекунанд?

– Бале дар чорабиниҳои идона шеърҳое, ки дар васфи Ватану модар сурудаам, мехонанд. Назари нек доранд.

Ҳамон андозае, ки қаламу коғазро дӯст медоред, мактабу дарсу шогирдонро ҳам дӯст медоред?

– Бале мактабу шогирдонамро дӯст медорам, онҳо илҳомбахши ман ҳастанд.

Одатан қисми зиёди бонувони мо ба касбу шуғле машғул мешаванд, ки нисбатан осону сода бошад. Дӯзандагӣ, пазандагӣАммо шумо шеъру омӯзгориро интихоб кардед. Ҳам ину ҳам он душворанд ва бигӯед, ки ин роҳҳои душвору ноҳамворро чӣ гуна тай мекунед?

– Дуруст аст, ки баъзе касбу пеша инсонро интихоб мекунад. Ман ҳеҷ бовар надоштам, ки омӯзгор мешавам. Вақте зарурат омаду ба кори омӯзгорӣ машғул шудам, итминон доштам, ки шояд имрӯз не фардо гурехта меравам. Бо гузашти замон оҳиста-оҳиста касбу пешаамро дӯст доштам ва ҳоло аз ин пеша розиям.

 Катибаи шашум:

ДУО

Ба фикри шумо чаро мо ба дунё омадаем?

– Мо ба дунё барои анҷом додани рисолати инсонии худ омадаем ва рисолати асосии мо ин некӣ кардан ба дигарон мебошад.

Дар ин дунё зиндагӣ кардан осон аст?

– Барои ҳар кас ҳар хел. Баъзеҳо зиндагиро ҳаёти як лаҳзаинаи дилхушиву тараб мефаҳманд, баъзеи дигар зиндагиро дар илму ҳунар омӯхтану ба ҷомеа неки намудан медонанд.

Дар дунё одамони хуб бисёранд ё одамони бад?

– Ба нигоҳи инсон вобаста аст, агар инсон хуб бошад, ҳамеша хубиҳоро мебинаду хубиро талқин мекунад

То кадом андоза худатонро хушбахт меҳисобед?

– Ман шукри Худованд пойи равону чашми бино, забони гӯёву гӯши шунаво, Ватани соҳтбихтиёру дунявӣ дорам, хело хушбахтам.

Ва охир, ин суҳбатро чӣ гуна ҷамъбаст кунем?

– Ҳамеша дуогӯи он ҳастам, ки Тоҷикистони азизам ободу сарсабз ва ҳамватанонамон сарбаланд бошанд. Сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор бимонад. Мехоҳам чор мисраъ шеър анҷомбахши суҳбатамон бошад:

 Ватан баҳри ту меарзад ҳама шабҳои бедорӣ,

Шиори мо: Ватандорӣ! Ватандорӣ! Ватандорӣ!

Муборак ҳамватан фатҳе барои қуллаи номус,

Ба пеш, эй Тоҷикистонам, макони нусрату ёрӣ.

 Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь