Соли 1959 дар болооби дарёи Кофарниҳон мамнуъгоҳи дуюми Тоҷикистон – «Ромит» бо масоҳати 16139 гектар ташкил шуд. Мамнуъгоҳи Ромит дар ҳудуди ноҳияи Ваҳдат ҷойгир аст.
Табиати мамнуъгоҳ аз мавзеъҳои зебои сабзпӯш иборат буда, дар байни ду шохоби пуртуғёни дарёи Кофарниҳон – Сорбою Сардаи Миёна ва пасту баландиҳо ҷой гирифтааст. Олами гуногуни набототу ҳайвонот, ҷамоаҳо, популятсияҳо ва намудҳои нодиру камёфт, инчунин дар ҳолати муътадил қарор доштани мавзеъҳои ҷангалзор, чаманзори зебо ва намудҳои нодири растанӣ ва ҳайвонҳо ба ҳусни мамнуъгоҳ ҳусни дучанд зам мекунанд. Вазифаи асосии мамнуъгоҳ дар ҳолати табиӣ нигоҳ доштани аксарияти қисмҳои табиат ва пурра кардани баъзе ҷамоаҳо, барқарор ва ҳифзи онҳо мебошад. Дар обҳои тозаю пуртуғёни мамнуъгоҳ ширмоҳию сагмоҳӣ, гулмоҳию лаққамоҳӣ, моҳии белбинӣ, дар тахтасангҳою хокрезаҳо, сангрезаҳою хокҳои мулоиму рангоранг миқдори зиёди сусмор, агамаи куҳӣ, сангпушту хорпушт, морҳои афъӣ, печон, кобра ва гурза, камчинмор зиндагӣ мекунанд. Мамнуъгоҳи «Ромит» чун мамнуъгоҳи куҳии ҷангалдор намудҳои зиёди паррандагон, аз ҷумла, булбул, саъба,
момочурғотак, соч, мусича, тазарв, гунҷишки хонагӣ, кабк, кабки дарӣ, кабутар ва намудҳои зоғҳоро ба оғуши худ гирифтааст. Дар таркиби биосенози мамнуъгоҳ зиёда аз 600-650 намуди ҳашарот, аз ҷумла, шапалакҳои нодир, эндемикӣ ҷой гирифтаанд. Бояд кайд кард, ки асоси бойигарии мамнуъгоҳ ин мавзеъҳои зебои олами наботот ва намудҳои гуногуни онҳост. Ҷамоаҳои зиёди дарахтӣ, буттагӣ, ки дар дигар каламрави ҷумҳурӣ кам дучор мешаванд ё тамоман вуҷуд надоранд (аз таъсири одам нобуд шудаанд) дар мамнуъгоҳи «Ромит» муътадил сабзиш дошта, ба онҳо челонзор, фарқзор, ангатзор, беду булутзор ва албатта бодомзору чормағззор мансубанд. Ҷамоаи бодомзору чормағззор омили муҳими мавҷудияти мамнуъгоҳ ҳисоб мешавад. Дар сатҳи муътадил дар куҳу куҳпораҳо намудҳои зиёди растаниҳои ғизоӣ, аз ҷумла торон, чукрӣ (ревоҷ), сунбул, зира, чойкаҳак, савсан, ҳолмон, намудҳои гуногуни пиёз ва ғайра месабзанд. Масоҳати калони мамнуъгоҳро то баландии 2800 м дарёву адирҳо, ҷамоаҳои туту гелос, себу биҳӣ, зардолую олуи ёбоӣ ишғол карда, инчунин растаниҳои доруворӣ, аз ҷумла, пудина, кифгули калон, тугмагул, зардкаҳак, сапали шутур, мураккабгул, ишим, камол низ кам нестанд.
Дар бораи фаъолияти Резервати биосферии Ромит бо Ҳамоиддин Маҳмудов директори Резервати биосферии Ромити Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате оростем, ки фишурдаи он манзури Шумо мегардад.
– Муҳтарам Ҳамоиддин Маҳмудов бигӯед, ки чаро Ҳукумати вақт, яъне Тоҷикистони шӯравӣ маҳз дар дараи Ромит мамнуъгоҳ ташкил кард ва он аз кай инҷониб фаъолият дорад?
– Тавре медонед, Ромит яке аз дараҳои зебову сарсабзи Тоҷикистон аст ва табиати бойи олами ҳайвоноту наботот дорад. Аз ҳамин сабаб, ба хотири ҳифзи ин боигариҳои кишвар бо Қарори Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон таҳти № 439 аз 8 октябри соли 1959 мамнуъгоҳ дар ин маҳал таъсис дода шуд. Тавре гуфтем мақсадҳои асосии таъсис додани мамнуъгоҳи Ромит ин омӯзиш ва нигоҳдории намояндагони олами наботот ва ҳайвоноти нодири кишвар маҳсуб меёбад, ки ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд. Мамнуъгоҳ то имрӯз ин рисоалати худро иҷро карда омада истодааст.
– Мамнуъгоҳ дар замони шӯравӣ ҳам бо ҳамин ном фаъолият мекард?
– Бале, дар замони Ҳукумати шӯравӣ низ мамнуъгоҳи мо бо номи “Мамнуъгоҳи Ромит” дар тамоми қаламрави собиқ СССР ва берун аз он шинохта шуда буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013 таҳти рақами № 346 ба мамнуъгоҳи Ромит мақоми Резервати биосферӣ дода шудааст, ки ҳоло ҳамчун Резервати биосферии “Ромит” шинохта мешавад.
– Аз ҳайвоноту набототе, ки дар мамнуъгоҳ мавҷуданд, ба “Китоби сурх”- и Тоҷикистон чанд намудашон ворид гардидаанд?
– Агар аз наботот сар кунем, дар ҳудуди Резервати биосферии Ромит зиёда аз 1503 намуди олами наботот, ки аз он 292 намуд обсабзҳо, 193 намуд замбурӯғҳо, 41намуд ушнашаклҳо, 127 намуд замбурӯғмонандҳо ва 845 намуд растаниҳои дараҷаи олӣ, ки аз ин 23 намудаш ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Китоби Сурхи ҳифзи табиати байналхалқӣ (МСОП) ворид гардидаанд. Инчунин, зиёда аз 19 намуди олами ҳайвоноти нодир ва 18 намуди олами паррандагон, ки ба Китоби Сурхи Тоҷикистон ва Китоби Сурхи байналхалқӣ шомиланд ҳифз карда мешавад
– Мо дар ҳудуди мамнуъгоҳ галаи оҳувонеро дидем, ки дар ҷойи махсуси муҳофизатшаванда нигоҳубин карда мешаванд. Онҳоро аз куҷо овардед ва мақсад аз парвариши онҳо дар ин ҷо чист?
– Бо мақсади иҷроиши Қарору Протоколҳои маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2014 таҳти №13, аз 27 феврали соли 2015 таҳти №3 ва фармоиши Агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2015 таҳти №73 доир ба зиёд намудани шумораи ҳайвоноти нодир ва барқарор кардани популятсияи оҳуи бухороӣ дар Резерват 2 сар нарина ва 6 сар модина аз мамнуъгоҳи “Бешаи Палангон” оварда шудааст. Мақсад, зиёд кардани саршумори оҳуи бухороӣ ва мутобиқкунонии он дар шароити куҳсори Тоҷикистон мебошад.
– Оё дар ҳудуди мамнуъгоҳ ба шикори ҷонварон бо иҷозатнома рухсат дода мешавад?
– Дар ҳудудҳои табии Резерват ҳамагуна шикор қатъиян манъ мебошад ва ҷазо барои вайронкунандагони он басо сангин мебошад.
– Масалан, чӣ ҷазо вайронкунандагони табиатро интизор аст?
– Вақте ки чунин шахс ба даст меафтад, дар асоси санаду меъёрҳои ҳуқуқии соҳаи хоҷагии ҷангал санаду протокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ карда мешавад. Бояд гуям, ки ҳаҷми ҷарима хеле калон аст.
– Шунидем, ки баъзе аз хориҷиён бо супоридани мабалағи калон дар мамнуъгоҳ шикор мекунанд, оё ин шунидаамон дуруст аст?
– Чи хеле, ки ман гуфта гузаштам, дар ҳудуди Резерват ҳамагуна шикор манъ мебошад. На барои хориҷиён ва на барои сокинони кишвар бо силоҳ ё асбоби шикорӣ ба ҳудуди мамнуъгоҳ ворид шудан мумкин нест. Комилан манъ аст! Ин ҷо набояд садои милтиқ шунида шавад ва ё дигар асбоби шикорӣ истифода шавад.
– Оё дар нақшаи коритон ҳудуди мамнуъгоҳро васеътар кардан аст?
– Албатта, ҳудуди мамнуъгоҳ бештар бошад, мо боз ҳам бештару хубтар ҳайвоноту набоботи ватанамонро ҳифз мекунем ва ба наслҳои оянда боқӣ мегузорем, вале васеъ кардани ҳудуди Резерват ин дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
– Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво!
– Саломат бошед!
Суҳбатнигор: Олимаи Абдусаттор