РОЗИ АВВАЛ
“Яке аз чор нафар” ё баҳонаи тавлиди ин мусоҳиба
Кори илмии ман дар донишгоҳ “Махсусиятҳои осори публитсистии Муҳиддин Олимпур ҳамчун журналисти байналхалқӣ” аст. Аз ду сол зиёд мешавад, ки китобҳо, сафаргуфтаҳо, меҳрномаҳои дӯстон ва навиштаҳои Муҳиддин Олимпурро, ки дар матбуоти даврӣ нашр шудаанд, барои корам ҷустуҷӯ мекунам. Тӯли солҳои таҳқиқам ҳар баҳору зимистон аз гули навруставу пажмурда, ки баҳори зебое шукуфту зимистони қаҳратуне риштаи умрашро нотавонбинон ва хоинони миллат канданд, чанд саҳифаи “word”-у саҳифаи “Фараж”-ро сиёҳ кардаам. Чун ҳоло бо фаро расидани моҳи аввали фасли дай ва наздик шудани 12-уми декабр, рӯзи сиёҳу шуми қатли Муҳиддин Олимпур, боз навбати ман омадааст, ки чизе бигӯям.
Китобхонаи миллии Тоҷикистон. Шуъбаи матбуоти даврӣ. “Подшивка”-и газетаи “Адабиёт ва санъат”. Соли 1990. Моҳи майи 1990. Аниқтараш шумораи №21, аз 24-уми майи соли 1990. Саҳифаҳои даридаву зардшудаи газета аз пайи якдигар пӯшида мешаванд. Саҳифаи 10. Паст-паст мехонам: “Яке аз чор нафар”. Агарчи то ин дам баробари пайдо кардани ҳар навиштаи шодравон Муҳиддин Олимпур суратгиракро фаъол мекардаму матлабро сурат мегирифтам, аммо намедонам кадом ҷозиба ё қуввае маро нагузошт, ки ин матлабро нахонда гузарам. Мини-очеркро хондам. Кам ҳам бошад, Муҳиддин Олимпур дар бораи шахсият, меҳнатдӯстӣ, рафоқату якзабонӣ ва ҳамкориҳои судмандаш бо саркоргардони ТВТ Ҳалим Сангин гуфтааст. Ман то ин дам медонистам, ки Ҳалим Сангин режиссёри барномаи овозадори “Ситораҳои Шарқ” буд, аммо намедонистам, ки ин ду нафар берун аз барнома ҳам хеле наздик ҳастанд.
Тамом. Дар арафаи рӯзи марги Муҳиддин Олимпур боз баҳонаи сиёҳ кардани саҳифа ё саҳифаҳое пайдо шуд: суҳбат бо Ҳалим Сангин.
РОЗИ ДУВВУМ
Муаррифӣ
Ҳаст нафаре, ки Муҳиддин Олимпурро нашиносад?
Барои онҳое, ки намешиносанд:
Муҳиддин Олимпур шахсияти фарҳангӣ ва адибе буд, ки дар ҳама доираҳо ӯро ҳамчун мубаллиғи фарҳанги Шарқу Ғарб эътироф мекарданду мекунанд. Доимо дар фикру зикри навигарӣ ва ҷустуҷӯи ҳаводиси фарҳангӣ буд. Ӯ 2-юми марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнӣ дар хонадони кишоварз ба дунё омадааст. Аз овони хурдӣ ба наққошӣ ва аккосӣ майлу рағбати зиёд дошт. Ин истеъдод самти ояндаи фаъолияти эҷодкорро мушаххас намуд. Баъд аз хатми дабиристони деҳаи Шамтуч ба Омӯзишгоҳи наққошии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳояшро супорид. Муҳиддин Олимпур солҳои 1963-1965 дар Омӯзишгоҳи рассомӣ таҳсил кардааст. Пас аз хатм ҳамчун аккос ва ороишгар ба рӯзномаи серхонандатарини он солҳо – “Комсомоли Тоҷикистон” ба ҳайси тарроҳ ба кор меравад. Инчунин, дар баробари кор дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи шабонаи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон супорида, онро бо муваффақият хатм кардааст.
Муҳиддин Олимпур ҳамчун журналисти сермаҳсул шинохта шудааст. Дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” то охири умр кор кардааст. Риштабарномаҳои сафаргуфтаҳояш бо унвони “Аз Душанбе то Лос-Анҷелес” аз радиои BBC садо додаанд. Тоҷикистонро ба шунавандагони эронӣ, ки аз пайвандҳои кишвари худ бо Тоҷикистон огоҳии чандоне надоштанд, ба хубӣ шиносонд. Ӯ дар оростани яке аз жанрҳои раддаи аввали матбуоти дирӯзу имрӯз – мусоҳиба шеваи муассир ва ҳусни баёни фарқкунанда дошт. Ин буд, ки М. Олимпур чун беҳтарин журналист ба дарёфти ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ шарафёб шуд.
М. Олимпур соли 1988 дар Телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кардааст. Барномаи “Ситораҳои Шарқ” ба М. Олимпур шуҳрати ғайриинтизор овард. Ӯ дар ин барнома кори дӯстдоштаи худ, яъне рӯзгори пурмуаммои ҳунармандони Шарқро ҷустуҷӯ мекард. Дар ду соли фаъолият таҳиякунандагони барномаи “Ситораҳои Шарқ” -Муҳиддин Олимпур, Ҳалим Сангин ва Ҷобир Азизмуродов беш аз 20 барнома омодаву пахш карда буданд. “Ситораҳои Шарқ” дар бораи ҳунармандоне чун Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Ҳангома, Маҳастӣ, Аҳдия, Раҷ Капур, Амитабх Баччан, Саттор, Маҳмудҷон Воҳидов, Муқаддас Набиева ва дигарон ба бинандагони Телевизиони Тоҷикистон маълумоти кофӣ дода буд.
Бо таваҷҷуҳ ба авзои Тоҷикистон дар он замон Муҳиддин Олимпур дар кори хабаррасонӣ дар симои худ журналисти воқеиро нишон медод, ба он маъно, ки гузоришҳояш бетарафона буданд, ки ин хусусият дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ хеле кам мушоҳида мешуд. Сарфи назар аз фазову муҳити номусоид М. Олимпур ҳамеша кӯшиш мекард, ки воқеоти холиси ҳаводисро аз Тоҷикистон ба оламиён гузориш диҳад ва пайваста дар талоши он буд, ки ҷаҳониён Тоҷикистонро бештар бо ҳунару фарҳанги ғанияш бишносанд.
Вай ҷонибдори истиқлол, демократия ва сарсахттарин тарафдори забони модарию асолати он буд. Дар рафтору кирдор ва гуфтору навиштораш бараъло мушоҳида мешуд, ки ватандӯсти асил ва посдорандаву қадршинос аст. Аммо нохалафон ва нотавонбинон дар ҳар давру замон буданду ҳастанд ва ба ҳар нафаре, ки дар ҷомеа шинохта ва эътироф шудааст, санг мезананд.
Рӯзноманигорро ба таври фоҷеабор шаби 12-уми декабри соли 1995 нохалафон ва хоинони миллат ба қатл расониданд. То ҷое, ки маълум аст, асрори қатли Муҳиддин Олимпур то имрӯз яке аз мавзуҳои баҳсталаби матбуоти мост. Бо вуҷуди дар матбуот будани чандин таҳқиқотҳо, фикри ғолиб ин аст, ки сабаби ба қатл расонидани вай ҳамоно муаммо боқӣ мондааст. Дар матбуот ҳар нафаре, ки ба таҳқиқи асрори марги М. Олимпур машғул шудааст, сабаби ба қатл маҳқум кардани ӯро фош карда натавонистааст.
Ҳаст нафаре, ки Ҳалим Сангинро нашиносад?
Барои онҳое, ки намешиносанд:
Ҳалим Сангин соли 1952 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таввалуд шудааст. Соли 1974 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистонро (ҳозира ДДФСТ) хатм кардааст. Солҳои 1974-75 дар вилояти Витебски давлати Белорусия хизмати ҳарбӣ ба анҷом расонидааст. Аз соли 1975 то соли 1985 ҳамчун режиссёри варзида ва пас аз он то соли 2005 ба ҳайси саркоргардон дар Телевизиони Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудааст. Солҳои 2005-2007 дар телевизиони Сафина низ ба ҳайси коргардон кор кардааст.
Ҳалим Сангин солҳои 2014-2016 дар НБО “Роғун” ифои вазифа намуда, вобаста ба рафти кор дар ин иншооти аср як зумра филмҳои ҳуҷҷатӣ таҳия кардааст, ки инҳо – “Биё созем Роғунро”, “Пайкори Роғун”, “Месозамат Роғун”, “Рӯ ба рӯ”, “Асрори лоиҳа”, “Гавҳари меҳр”, “Роғун чист?” ва ғайраҳо мебошанд, ки зиёда аз 30 филмномаро дар бар мегиранд.
То ин вақт бо коргардонии Ҳалим Сангин садҳо филму намоишномаҳои телевизионӣ рӯйи кор омадаанд. Аз ҷумла, “Тоҷикони дунё”, “Атои саҳна”, “Ғуруб”, “Самаки Айёр”, “Тоҷикистон”, “Рӯ ба хуршед”, “Ширин”, “Гули санг”, “Шумқадам”, “Девори хотира”, “Бузургвор”, “Дарди Ҳошим”, “Армуғони Рухшона”, “Рустам ва Суҳроб”, “Ситораҳои Шарқ”, “Дугонаҳо”, “Чароғаки роҳнамо”, “Наврӯзи аҷам”, “Базми Ҷамшедӣ”, “Салом, фестивал”… мебошанд.
Соли 2018 дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили “Лабханди ҷавонӣ” таъсис ёфт ва Ҳалим Сангин сарварии онро бар уҳда дошт.
Ҳалим Сангин 22-юми апрели соли 1988 сазовори Грамотаи фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст. Аз 29-уми марти соли 1990 Арбоби шоистаи ҳунари Тоҷикистон аст.
Айни ҳол устоди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзада буда, ба режиссёрони ояндаи телевизион дарс мегӯяд.
РОЗИ САВВУМ
Рӯ ба рӯ
Ман ба Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода омадам. Ба биное даромадам, ки пас аз бинои марказӣ ҷойгир буд. Ба ошёнаи саввум баромадам. Дар пушти дари утоқ навишта шудааст: “Ҳалим Сангин. Арбоби ҳунари ҶТ, и.в. профессор”. Дарро мекӯбам. Аз он тараф нидои “марҳамат, дароед!”-ро мешунавам. Дарро мекушоям. Дар утоқи тақрибан 3 ба 4 метр панҷ донишҷӯ бо устодашон Ҳалим Сангин ба коре банданд.
– Биё, Ҳафизуллоҳ. Инҷо шин, ҳозир бачаҳо вазифаашонро тамом мекунанд ва баъдан худамон суҳбатро оғоз мекунем,- мегӯяд устод.
– Майлаш, баҳузур,- мегӯям.
Болои мизи кории устод Ҳалим Сангин шишаи сафед аст. Дар болои шиша ба ҷуз компютер ва чанд китобу журнали гуруҳӣ боз албоми гаронарзиши “Муҳиддин Олимпур – Бинишвари тоҷик” хобидааст. Нигоҳам ба таги шишаи болои миз бармехӯрад. Пур аз сурат аст. Суратҳои ситораҳои ҳунар, сарояндаҳо, режиссёрҳо, кормандони фарҳанг, зиёиён ва боз намояндагони чанд касбу кори дигар.
Корҳои лозима тамом шуданд. Бори дигар дастҳо бо нияти салом фишурда шуданд. Дар ду курсӣ нишастем. Диктофон фаъол шуд. Ва мо оғоз мекунем.
РОЗИ ЧАҲОРУМ
Қадами аввал
– Устод, чаро болои мизатон китоби “Муҳиддин Олимпур – Бинишвари тоҷик”–ро гузоштаед?
– Медонистам, ки ту меоӣ ва фикр кардам, ки шояд доир ба аксҳояш ҳам чизе мегӯем.
– Суратҳои зери шишаи мизатонро дидаму фикр кардам, ки Шумо ҳам монанди шодравон Муҳиддин Олимпур мардумдӯст ҳастед…
– Дар аксҳои гуфтаат ҳамагӣ дӯстону ҳамкорон ва нафароне тасвир ёфтаанд, ки барои ман хеле наздик ҳастанд. Аз ҷониби дигар, дуруст аст, ки як умумияти ману устод Олимпур ҳамин башардӯстиву суратдӯстиямон мебошад.
– “Муҳиддин Олимпур”. Ин ном аз кай ба Шумо ошно шуд?
– Ман бо ин ному насаб ҳанӯз аз овони мактабхонӣ шинос будам.
– Ва…
– Ва аниқ намедонам пас аз чанд сол дар хонаи нависандагон боз як бори дигар вохӯрдем ва он ҳам барои иштирок дар намоиши аксҳояш рафта будам.
– Ва ҳамин тавр дигар то оғози ҳамкориҳо ягон маротиба вонахӯрдед?
– Не. Албатта, ки вохӯриҳову суҳбатҳо бо шахсияти фарҳангие ба мисли Муҳиддин Олимпур хеле зиёд буданд. Масалан, вақте мо дар курси чорум мехондем, бо роҳбарии устоди азизамон Ҳошим Гадоев аз рӯйи ду шоҳасари ҷаҳонӣ – “Ричарди 111”-и Шекспир ва “Ревизор”-и Гогол намоишнома таҳия намудем. Ман дар ин намоишномаҳо нақшҳои асосиро бозида будам. Устод Ҳошим Гадоев барои инъикоси намоишномаҳо дар матбуот Муҳиддин Олимпурро даъват карданӣ буданд ва мо онҷо ҳам вохӯрдаву суҳбат намуда будем.
– Бо устод Олимпур боз чӣ умумият доштед?
– Кӯшиш мекардем, ки ҳамеша қадами аввалро мо гузорем.
РОЗИ ПАНҶУМ
“Ситораҳои Шарқ”
– Устод, ҷое хонда будам, ки корҳои бузургу серташвиш ҳамеша сода оғоз мешаванд. Оё барномаи овозадори “Ситораҳои Шарқ” ҳам содаву муқаррарӣ оғоз шуд?
– Бисёр сода. Рӯзе шодравонҳо Муҳиддин Олимпур ва журналист Ҷобир Азизмуродов назди ман омада гуфтанд, ки биёед як барномаи фарҳангие бо номи “Ситораҳои Шарқ” созем. Чӣ мақсад доштану дар барнома атрофи киҳову чиҳо суҳбат карданашонро нақл карданд. Ман танҳо гуфтам, ки шумо ёфтани маводҳоро барои барнома ба уҳда гиред, режиссёриаш тани ман. Ҳамин тавр, корро мо оғоз кардем.
– Ман нашри аввали барномаи “Ситораҳои Шарқ”–ро дидам. Чаро аз Гугуш оғоз кардед?
– Нахуст мушкилии асосии мо ин буд, ки намедонистем аз кӣ оғоз кунем, яъне интихоби нахустин чеҳраи барномаи “Ситораҳои Шарқ” хеле тӯл кашид ва баъдан ба хулосае омадем, ки аввалин намоишамон дар бораи Гугуш мешавад. Зеро он замон, яъне охирҳои солҳои 80-ум дар хонаи қисми зиёди тоҷикистониён сурати Гугуш овезон буд. Аксарият ӯро дӯст медоштанд, гӯш мекарданд ва монанди ӯ будан мехостанд. Ва дар бораи чунин чеҳраҳо аввал гуфтан танҳо ба манфиати кор аст.
– То ҷое ман хабар дорам, барномаи “Ситораҳои Шарқ”–ро аввал Муҳиддин Олимпур бо Ҷобир Азизмуродов ровигӣ мекарданд ва пасон дигар дар экран Ҷобир Азизмуродов намудор нашуданд. Бигӯед, ки сабаби танҳо бурдани барнома аз тарафи шодравон Олимпур дар чӣ буд ва пас аз ин шахси дуввум дар таҳияи барнома чӣ нақш дошт?
– Бале, ҳамин тавр аст. Ҳамагӣ ду ё се барномаи аввалро онҳо якҷоя барандагӣ карданд, пасон мо ба хулосае омадем, ки Муҳиддин Олимпур танҳо ровӣ бошад ва Ҷобир Азизмуродов муҳаррирӣ мекарданд.
– Ҷараёни таҳияи барномаи “Ситораҳои Шарқ” чӣ гуна буд?
– Бисёртар дар хонаи Муҳиддин Олимпур тайёрӣ медидем. Устод бисёр маводҳоро доир ба чеҳраҳои барномаҳо пеши мо мегузоштанд ва дар якҷоягӣ чизҳои мехостаамонро интихоб мекардем. Он кас ҳама маълумоти лозимаро доштанд.
– Барои як барнома чанд рӯз кор мекардед?
– Зиёд не, аммо бо шавқу завқ кор мекардем. Тақрибан 2-3 рӯз дар хонаи устод Олимпур маводҳоро ҷамъ мекардем ва 1-2 рӯзи дигар дар студия сабт мекардем. Ва 1-2 рӯзи дигар монтаж.
– Барнома чӣ хел ба эфир мерафт?
– Аслан, мо дар як моҳ як барнома мекардем, вале як барномаамон ду бор ба эфир мерафт.
– Чаро дар бораи Гугуш ду барнома кардед, дар ҳоле ки чеҳраҳои зиёдеро муаррифӣ накарда будед? Ё ҳамон сухане, ки “Олимпур ба Гугуш ошиқ аст” дуруст аст?
– Аввал қисмати дуюми саволатонро ҷавоб медиҳам. Тавре худи устод гуфта буданд, он кас ошиқи санъат ва ҳунари Гугуш буданд, на ин ки ошиқи чашму қоши Гугуш. Ва сабаби дар бораи хонум Гугуш ду барнома карданамон он аст, ки барномаи аввали мо дар бораи Гугуш буд ва вақте ки устод Олимпур ба хонаи Гугуш рафтанду маълумотҳои хеле зиёд оварданд, ба хулосае омадем, ки бори дигар ҳам таҳия кунем.
– Дар барномаи “Ситораҳои Шарқ” аз ситораҳои тоҷик гуфтану онҳоро дар баробари дигарон мондан идеяи кӣ буд?
– Идеияи ман. Рӯзе пас аз хастагиҳои зиёди корӣ ба равоншод Муҳиддин Олимпур пешниҳод кардам, ки модоме ки барномаи мо “Ситораҳои Шарқ” ном дорад, биёед дар бораи ситораҳои худамон ҳам барнома кунем. Пешниҳодро маъқул кард ва мо аз ситораҳои тобони тоҷик нахуст дар бораи устод Маҳмудҷон Воҳидов барнома кардем.
– Боз дар бораи кадом ситораҳои тоҷик барнома кардед?
– Мутаассифона, бисёр набуданд, ҳамагӣ се барнома кардем. Маҳмудҷон Воҳидов, Малика Собирова ва Муқаддас Набиева.
– Тавре ман дидам, аксар нашрҳои барномаи “Ситораҳои Шарқ” бо услуби нақлӣ, нақли ровӣ дар бораи чеҳраи барнома пахш шудаанд. Агар бигӯем, ки кадом барномаи шумо зинда ва сирф дар жанри мусоҳиба пахш шудааст, чӣ ҷавоб медиҳед?
– Ман мегӯям, ки мо барномаҳои зинда ва табиӣ хеле зиёд доштем. Масалан, аз Испания хонум Аҳдияро даъват кардем, ки ҳамроҳи фарзандаш омаду дар студияи мо таронаҳояшро зинда иҷро кард. Ва дар он нашри барномаи мо устод Олимпур бо хонум Аҳдия мусоҳибаи хубе доштанд. Вале боз буданд барномаҳое, ки мо имкони зинда ва бо иштироки ҳамон чеҳраҳо таҳия карданашонро надоштем ва инро метавон дар мисоли барномае гуфт, ки чеҳраамон ҳунарманди номдору номовари Шарқ Раҷ Капур буд.
– Аввалин ва охирин меҳмони барномаи “Ситораҳои Шарқ” киҳо буданд?
– Аввалин Гугуш ва охирин Муқаддас Набиева.
– Чанд сол давом кард?
– Агар хато накунам, аз соли 1988 то 1990.
– Чаро дар авҷи шуҳрат ва доштани чанд шаҳр бинанда барнома сукут кард?
– Барнома не, мо сукут кардем. Агарчи он маводҳое, ки шодравон Олимпур доштанд, барои таҳияи “Ситораҳои Шарқ” ба 10-солаҳои дигар мерасиданд, вале аз ҳар тараф гапу калочаҳо баромадан гирифтанд. Устод Олимпур дар Радиои BBC ба кор даромаданд, вақташон кам шуд ва боз чанд сабаби дигаре буд, ки барномаи “Ситораҳои Шарқ” дигар ба эфир нарафт.
– Худи Шумо сабаби ин қадар шуҳратёр шудани барномаи “Ситораҳои Шарқ”–ро дар чӣ мебинед?
– Аввалан бояд бигӯям, ки мо – ҳайати эҷодии барномаи “Ситораҳои Шарқ” кореро анҷом медодем, ки дӯсташ медоштем. Ва дуввум, Муҳиддин Олимпур, ки дар таҳияи барнома нақши калидӣ дошт, чӣ хостани бинандагонро медонист ва табъи дили онҳо барномаро таҳия менамудем.
– Оё метавон ҳоло нашрҳои барномаи “Ситораҳои Шарқ”–ро аз хазинаи ТВТ дастрас кард?
– Аз 20-24 нашри барномаи “Ситораҳои Шарқ”, ки мо таҳия кардем, мумкин дар архиви Телевизиони Тоҷикистон 2-3 барномааш бошад. Барои он ҳамаашро мо дастрас карда наметавонем, ки барномаҳо дар лента буданд ва ҳоло дастгоҳе, ки лентаҳоро хонад, нест.
РОЗИ ШАШУМ
Дар пасманзар
– Ҷое вохӯрда будам, ки аз ҳамсоякишварамон – Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳз барои таҳияи барномае ба монанди “Ситораҳои Шарқ” назди шумо омада буданд…
– Бале, нази мо аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон як режиссёру як журналист омаданд ва гуфтанд, ки тарзи сохтани ин барномаро ба мо нишон диҳед ва тӯли як моҳ бо мо буданд ва рафта дар телевизиони худ таҳия карданд.
– Яъне аз Ӯзбекистон барои таҷриба андӯхтан ба ТВТ–и мо омада буданд ва ин бисёр хуб аст, аммо агар ҳоло ба фаъолияти телевизионҳоямон назар кунем чӣ?
– Баъзан вақт ба шабакаҳои телевизиониямон назар мекунаму ба худ мегӯям, ки канӣ “Ситораҳои Шарқ”, канӣ “Клуби дугонаҳо”, канӣ “Чойхонаи дилкушо”, канӣ “Беғаразпанд”? Мутаассифона, ҳоло чунинҳо нестанд ва фикр мекунам, тамбал шудаем. Дар ҳоле, ки имрӯз имкониятҳо садчанд маротиба зиёд ҳастанд. Вале набояд ноумед гашт, зеро рӯз аз рӯз пеш рафта истодаем ва ба кори телевизионҳо ҳам нафароне машғул шуда истодаанд, ки таҳсилдидаву пешадӯстдоранд.
– Новобаста ба гуфтаҳои Шумо, ман ба фикре ҳастам, ки айни ҳол бадбахтона аҳволи телевизиони мо на он қадар хуб аст. Шумо дар донишкада режиссёрони ояндаи телевизионро омода карда истодаеду аз ҳоли донишҷӯён бохабаред. Лутфан бигӯед, ки дар барномаҳои телевизионии хуб надоштани мо айби кӣ аст: шумо (муаллимон), донишҷӯён ё роҳбарони телевизионҳо?
– Аввалан бояд бигӯям, ки ҳоло нав дуюм сол аст, ки ман дар донишкада ба режиссёрони оянда дарс мегӯям. Албатта, табиист, ки ҳамаи бачаҳо режиссёр намешаванд, аммо ман аллакай дар ҳар гуруҳ 4-5-нафариро кашф кардаам.
– Вале мушкилии асосӣ ё айби кӣ буданро нагуфтед…
– Ба ҳеҷ ваҷҳ наметавон фалон омилро мушкилии асосӣ гуфту ҳама айбу нуқсонро ба сари фалону фалониҳо бор кард, зеро ба андешаи хоси ман, надоштани барномаҳои ҷолиб ва бинандаи зиёд айби ҳам донишҷӯён, ҳам муаллимон ва ҳам роҳбарони телевизионҳоямон аст. Ва бояд як чизи дигарро ёдрас кунам, ки мо имрӯз қариб ки устоди хуб надорем, ки аз нозукиҳои кори телевизион ба бачаҳо дарс гузарад. Ва ҳам мо дар замони худ бачаҳои ҷавонро пас аз кор ҷамъ карда, дарсҳои кушод мегузаштем, аммо ҳоло ин тамоман нест.
РОЗИ ШАШУМ
Тӯйи тоҷикӣ дар Баҳри Миёназамин
– Устод, то ҷое медонем, ҳамроҳи Муҳиддин Олимпур сафарҳои зиёди хориҷӣ доштед. Мегуфтед, ки дар сафар чӣ гуна буданд?
– Бисёр ҳамсафари хуб буданд. Маълумоти зиёд доштанд. Ҷаҳонбинии зиёд доштанд ва умуман ҳаматарфа буданд, ки ҳамсафарашонро ҳеҷ гоҳ зиқшавӣ намемонданд.
– Метавонед яке аз сафаҳоро бигӯед?
– Мо – як гуруҳ ҷавонони Тоҷикистон, ки зиёда аз 20 нафар будем, ҳамроҳи дигар ҷавонони Шӯравӣ соли 1989 тавассути бюрои саёҳати байналмилалии “Спутник” ба сафари кишварҳои Баҳри Миёназамин рафтем. Киштии мусофиркашонии “Гурҷистон” бо наздики ҳазор мусофираш қариб як моҳ пайваста дар ҳаракат буд. Дар он ҷо намояндагони ҳама кишварҳо рӯзҳои фарҳангии худро манзури ҳозирин мекарданд. Навбати рӯзҳои мо дар бандари Истамбул рост омад. Дар он ҷо як шарти асосӣ буд: намояндагони ҷумҳуриҳо бояд рӯзҳои фарҳангияшонро тавре гузаронанд, ки такрори рӯзҳои пешин набошад. Ва мо пас аз фикрҳои зиёд ба хулосае омадем, ки дар он ҷо як тӯйи тоҷикӣ ташкил кунем ва кардем. Як тӯйи тоҷикӣ бо тамоми расму русум ва суннату анъанотамон. Бо овоздиҳӣ ва доварии доварон мо ғолиб баромадем.
РОЗИ ҲАФТУМ
Дар баромадгоҳ
– Устод, як чизро фаромӯш кардам…
– Марҳамат!
– Охирин дидору суҳбататон бо шодравон Муҳиддин Олимпур чӣ гуна ва кай буд?
– Намедонам кадом моҳи соли 1995 буд, ки рӯзе устод Олимпур ба ман занг заданду барои иштирок дар маҳфиле, ки қарор буд дар хонаи нависандагон баргузор гардад, даъват карданд. Ман гуфтам, хуб, меоям, аммо рафта натавонистам ва бо ҳамин охирин суҳбати мо телефонӣ буд. Охирин вохӯриямонро аниқ дар хотир надорам.
Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ