14-уми инюн рӯзи таваллуд ва марги хунёгари Шарқ ва пайвандгари машриқу мағриб Аҳмад Зоҳир аст. Ӯ соли 1946 дар Кобул дар оилаи сарвазири вақти Афғонистон Абдулзоҳир чашм ба олами ҳастӣ кушуда, аз 15-солагӣ ба сурудхонӣ шуруъ намуд ва ҳине, ки 18 сол дошт, нахустконсерташро бо шаҳомати баланде доир кард. Дар 15 соли минбаъд ӯ бо овози форам, маҳорату малака ва дониши хуб дар интихоби матну оҳанг ва иҷрои навини қолабшикан ва синтезгарии сабки шарқ ба ғарб шуҳрати ҷаҳонӣ ёфт. Ӯро дар рӯзи мавлудаш ба сӯи марг раҳсипор карданд ва соли 1979 дар авҷи камолоти ҳунар дар 33-солагӣ ҷонро ба ҳазрати Раҳмон супорид. Дар ин рӯз перомуни фаъолияти эҷодӣ, сабку интихоб, таъсири амиқ дар мусиқии тоҷик ва марги Аҳмад Зоҳир бо сарояндаи варзидаи кишвар ва яке аз дилбохтагони ҳунари волои ӯ Ҷаъфари Ҷалол суҳбат оростем.

 Таваллуди истеъдоду ҳунар ва забони порсӣ

– Имрӯз рӯзи таваллуд ва марги хунёгари Шарқ аст. Аз таваллуди шеър то марги тадриҷии ӯ дар як рӯз чӣ гуфтанӣ доред?

– Рӯзи таваллуди Аҳмад Зоҳир рӯзи хушбахтист. Барои тамоми форсизабонон, барои тамоми мардуми олам таваллуди Аҳмади Зоҳир лутфи Худовандист, муъҷизаи Офаридгорист, каромати Эзидист. Таваллуди Аҳмад Зоҳир – ин худ таваллуди Ишқ аст, таваллуди Зебоист, таваллуди Меҳр аст, таваллуди Истеъдод аст, таваллуди Ҳунар аст.

Ва ҳамчунин таваллуди дубораи забони порсист ва таваллуди исботи зебоии оламшумули забони порсист! Он чӣ Аҳмад Зоҳир суруд, зебоиву ҳусну такомулу таносуби забони порсиро ба оламиён собит кард. Чи гуна ки ҳар садсола забони порсӣ – тоҷикӣ як намояндаи барҷаста, мисли Рӯдакиву Фирдавсиву Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофизу Бедил, Ҷомиву Ганҷавӣ ва даҳҳои дигар посдоранда дошт, Аҳмад Зоҳир яке аз онон маҳсуб меёфт. Шумо бояд огаҳ бошед, ки дар 200 соли ахир бештар аз пештар душманони забони мо ба мо заҳр мечаконданд, монеа мегузоштанд, мехостанд ин забони ширини дариву порсиву тоҷикиро баркананд. Намунаи оддитаринаш ин аст, ки вақте англисҳо омаданду Ҳиндустони бузургро забт намуданд, пеш аз ҳама забони порсиро аз давлатдорӣ дур сохтанд ва садсолаҳост, ки дигар ин мардуми шарифи порсигӯ дар орзуи ин забонанд. Ин як намуна аст ва ин гуна фактҳо хеле зиёданд, ки америкоиҳову англисҳо ва ҳатто русҳо мехостанд забону фарҳанги ғании порсӣ – тоҷикиро аз байн бурда бошанд.

Аҳмад Зоҳир бошад, ҳине ба ҷаҳони ҳунар омад, ки мушкилоти гуфтор беш аз пеш буд. Ӯ бо он ҳунари нобиғаии худ бо ҳамин забон оҳанг баст, суруд хонд, фиғон кашид, аз худ бехуд шуд ва ба ҷаҳониён фаҳмонд, ки забони зебои порсӣ дар гуфтор аст, ки маърифату дарки амиқи он Инсонеро, ки бузургтарин муъҷизаи Парвардгор аст, ба фикр меорад, аз дида сиришк мекашад, рӯйро мешӯяд ва аз ҳуш мебарад.

Ҳар сурудаи Аҳмад Зоҳир инро исбот намуд ва новобаста аз илму донишу хирад, миллату нажоду ген, мусулмону насорову масеҳо, поршаҳу каниз, бою дарвеш, доктору чоряккори деҳ ва ҳар касбу пешаву роҳу равиш ба ҳуруфи аз қалб мебаромадаи ӯ ба қалб гӯш дод, андеша кард, сурат ба сират бурд, оламе дигар равшантарро дид ва худро ба ӯ супурд.

Ман ҳатто огаҳам, ки ҳамаи аскарони русиву хориҷии дар Афғонистон буда Аҳмад Зоҳирро дӯст медоштанд, ба ӯ гӯш медоданд, дил бохта буданд ва девонааш ҳам шуданд.

– Дар ҳақиқат, Аҳмад Зоҳир сурудҳои англисӣ ва русӣ ҳам дорад

– Бале, як суруди русии Аҳмад Зоҳир мавҷуд аст, ки вақте устоди равоншод Ҷӯрабек Назрӣ бо корҳои тарҷумониашон дар Афғонистон ҳузур доштанду бо Аҳмад Зоҳир ошно ва рафиқи қарин гашта буданд, дар наздаш он суруди русиро месароянду ӯ илҳом мегирад ва он сурудро аз Ҷӯрабек Назриву аз ҳофизони рус ҳам Аҳмад Зоҳир беҳтар месарояд.

Вале, аслан ӯ ба забони англисӣ суруд мехонд, чун ин забонро хуб балад буду таҳсили мусиқиаш ҳам баъд аз Ҳинд дар Амрико гузашта буд. Ҳамчунин чанд суруди паштунӣ ҳам дорад. Лек Аҳмад Зоҳир ин бузургиро дошт, ки ҳар суруде, ки америкоиву англису испаниву русӣ ё дигар миллате мехонд, ӯ вақте онро ба форсӣ месароид, зеботар буд, ҷаззобтар буд, бошаҳоматтар буд, дилангезтар буд.

Гарчанде 98-99 фисади сурудаҳои Аҳмад Зоҳир ба забони зебои порсӣ суруда шудааст, вале сад дар сад дар ин фикрам, ки ӯ умри кӯтоҳи 33-ро, ки танҳо дар 12 соли ахираш сурудҳои ноб эҷод кардааст, намедиду умри мадиде медошт, ба ҳамаи забонҳои олам суруд мехонд ва ба дили пур гуфта ҳам метавонам, ки аз ҳар сарояндае хушовозтар ва дилчасптар месароид.

Ишқи ҳунарӣ

– Дар зимн, илҳом ва аз худ бехуд шудан дар сурудҳо бар Аҳмад Зоҳир аз чӣ таъсир гузошта?

– Аз он ки ӯ маънии он чизеро, ки мехонд, мефаҳмид, дарк мекард, жарф фурӯ мерафт ва аз садои дилангези худ фиғони ширин мебароварду лаззат мебурд. Ҳатто то ба он ҳадде, ки “пираҳан бар тани худ мебидарид” ва гоҳо аз ҳуш мерафт.

Аҳмад Зоҳир агар васфи ишқ мекард, аз дил мекард ва бар дил мерафт ва агар аз фироқу маҳзуниву ҷудоӣ фиғон мекашид, дилҳо пора мешуд.

Ӯ вақте аз ишқ мегуфт, ки ошиқ буд.

Ӯ замоне аз фироқ нола сар медод, ки дардро бар тани хеш гунҷонда буд.

Ҳар ҳарфи ӯ, ҳар нигоҳи ӯ, ҳар амали ӯ аз қалб бурун мешуд ва бар қалб маскан мегирифт.

Гулчини гулбоғи адаб

– Перомуни шеърҳои гулчини бӯстони адабиёт бар Аҳмад Зоҳир, ки пурмазмунтаринҳоро интихоб карда ва сурудааст, чӣ мегӯед?

– Аҳмад Зоҳир нобиға буду ҳаст. Ӯ устураи бузурги ҳунару мусиқии ҷаҳон боқӣ мемонад. Варо Худованд чун муъҷизаи хеш ба порсиён, ба оламиён фиристода буд, ки “бубинед, чи гуна муъҷиза меофарам, нигаред, андактарин бандаи Ман шуморо “девона” мекунад”.

Он бузургвор аз хурдӣ гуфтору рафтору хӯву хислати накӯ ва фарқкунанда дошт, чун дар оилаи шахсияи бузурги илму сиёсат – сарвазири вақти Афғонистон таваллуд шуда, ба воя расида буд ва аз хурдӣ, ҳанӯз аз замони таҳсил дар мадрасаи Ҳабибия овозаи шуҳраташ дар тамоми Кобул паҳн гардида буд. Ва новобаста аз ин, интихоби сурудаҳои ғарқи мазмуни воло дирӯз ҳам, имрӯз ҳам ва фардо ҳам аз илми амиқу донишу хираду нуктасанҷиву маънибиниву жарфнигарии ӯ дар гулбоғи адаб шаҳодат медиҳад.

Фикр мекунам, ба шарте, ки “агар” орем, дониши амиқ намедошт, дар он замон ва дар он макон парвозӣ шудаву олам тасхир намекард. Дар як даҳсола 800 суруди ноб аз худ мерос гузоштан, аслан, кори саҳл нест. Пас бо дили пур гуфта метавонем, ки ӯ 90 дарсади адабиёти классикаву муосирро мутолиа намудаасту гулчини ононро суруда. Бубинед, Аҳмад Зоҳир аз як куллиёте, ки 1000 саҳифаву 5 000 ғазал дорд, 4-5 ғазали беҳтаринашро интихоб карда сурудааст.

– Аҳмад Зоҳир бештарин сурудро, тибқи тадқиқоти устод Султон Ҳамад, аз Лоҳутӣ сароидааст. Аммо аз Мавлвиву Ҳофизу Саъдӣ ҳам кам нестанд. Ва ҳамчунин ашъори беше аз Фурӯғи Фаррухзод, Симини Беҳбаҳонӣ ва Халилуллоҳи Халилӣ ба оҳанг даромадааст. Дар боби интихоб ва пайванди шеъри классик ва шеъри нав дар сурудаҳои Аҳмад Зоҳир чӣ назар доред?

– Бале, ӯ ҳам аз ғазалҳои классикон, ки дар чаҳорчӯбаи вазну арӯз навишта шуда, месароиду ҳам аз ашъори сафеди қолабшикани замони худ. Аммо дар ин баробар, ки Аҳмад Зоҳир дирӯзу имрӯзи адабиётро ба ҳам пайвасту дар он шакке нест, ҳамзамон мусиқии Шарқиро ба мусиқии Ғарбӣ омезиш дод.

Аҳмад Зоҳир бори аввал дар 15-солагиаш ҳамроҳ бо падар, ки чуноне гуфтем, сарвазири Афғонистон буд, ба Амрико сафар мекунад ва дар меҳмонии президенти вақти он кишвар Ҷон Кенеди чанд оҳанги сарояндаи маъруфи Амрико – Элвис Арон Преслиро нахустин бор гӯш дода, мафтуни он садо мегардад. Ҳангоме ба Афғонистон меояд, сабки шарқиро ба сабки ғарбӣ пайванд сохта, оҳанг мебандад ва ҳамон ҳин мегӯяд: “Ман мусиқии Шарқу Ғарбро бо ҳам ошно месозам!”.

Ва ҳамин гуна ҳам кард: нисф зиёди оҳангҳои Аҳмад Зоҳир дар пайванд ба сабки Шарқиву Ғарбӣ сохтаву сароида шудаанд. Ӯ бо ин раванд инқилобе дар мусиқии попи Афғонистон ва дигар сабкҳои шарқӣ овард, ки собиқа надошт. То Аҳмад Зоҳир мисли устод Сорбону устод Сарҳанг барин чеҳраҳои барҷастаи мусиқӣ буданд, аммо ин ҳама эҷоди онон дар қолаби мусиқии классик ё худ суннатӣ буд. Қолабшикании муваффақона аз Аҳмад Зоҳир оғоз ёфт.

Ҳикояте кунам, ки Аҳмад Зоҳир вақте бо падар ба кӯчаву паскӯчаҳо мебаромада, ҳама ӯро шинохтаву ба сӯяш мешитофтаанд. Падар ин ҳолро дида, нимшӯхиёна мегуфтааст:

– Ба лиёзи Худо, сарвазири мамлакат манам, аммо ҳама ба сӯи ӯ медаванд…

Пайванди қалбҳо

– Таъсири Аҳмад Зоҳирро бар мусиқии тоҷик ва дигар мусиқии форсизабонони ҷаҳон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Аз оғози солҳои 70-уми асри мозӣ, ки Аҳмад Зоҳир шуҳратёр шуд, садояш кулли Тоҷикистонро тасхир карда буд ва на танҳо овозхонон, балки пиру ҷавон дилбастаи ӯ шуда буданд. Ёд дорам, мардуми диёри мо гӯша ба гӯша гашта, мавҷи Кобулро ҷустуҷӯ мекарданд, то садои Аҳмад Зоҳирро гӯш диҳанду бангиёнаи хеш кам кунанд ва ғубори дил бишӯянду қулуби хеш таскин диҳанд.

Ҳамарӯза борҳову борҳо аз ровиёни радио дархост мешуд, ки фалон суруди Аҳмад Зоҳирро пахш кунанд. Мардуми мо гӯш медоданду ҳамовозӣ мекарданд, аксаре ба рақс медаромаду чанде бе май маст мегашт, гуруҳе дар гӯшаҳо менишастанду бо ӯ фиғон мебардоштанд. Аммо қисми зиёдро ба андеша фурӯ мебурд.

90 фоизи овозхонони тоҷик пайравии Аҳмад Зоҳирро карданд ва соҳиби унвонҳои баланд ҳам шуданд. Ҳатто сарояндагону ҳофизони на танҳо форсихон, балки русу англису қазоқу туркмен ва ӯзбеку дигару дигар забонҳо дилбастаи ӯ шуда буданду пайравиашро мекарданд.

– Шумо аз куҷо дилбастаи Аҳмад Зоҳир шудед?

– Вақте 6 сол доштам, аввалин бор ин садоро аз радио шунидам ва чи хушу форам буд он садо барои тифли 6-сола. Мехостам борҳову борҳо гӯш диҳам. Аммо кӯдакӣ, ки ҳаст, ба бозиву машғулиятҳои бачагӣ аксар рӯйдодҳои зебову нотакрорро ба авроқи хотир мебиспоред.

Баъд аз солҳо дар маҳфиле номи ӯро шунидам: Аҳмад Зоҳир! Он вақт дар маҳфил бародарам ва дӯстони ӯ номи Аҳмад Зоҳирро мегирифтанду аз радио сурудаи ӯро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳангоме садои дилангез пахш шуд, маро ба ангораҳои кӯдакӣ бурд: “Ин садоро ман борҳову борҳо шунидаам, ба овози ӯ дил бастаам, сурудаҳояшро азбар намудаам. Ӯ Аҳмад Зоҳир будааст…”.

Аз синфи 6-ум дил ба Аҳмад Зоҳир додам.

Ва то ҳол меҳри ман афзун шуданӣ дораду кам не.

Ва то ҳол сурудҳои ӯро гӯш медиҳаму бо ӯ ҳамовозӣ мекунам.

Ва то ҳол мисли ӯ дигар на дидам, на шунидам.

– Беҳтарин суруди Аҳмад Зоҳир барои шумо?

– Ҳамаи сурудҳои Аҳмад Зоҳир дилангезанд. Таронаҳои ӯ васфи ишқ доранду дилтагӣ ва чунон ки борҳову борҳо гуфтам, аз дил мебаромаду ба дил ҷой мегирифт. Ӯ ҳеҷ вақт суруди нозеб нахондааст.

Аммо сурудаҳое дар ин байн ҳастанд, ки маро “девона” мекунанд, мафтунтар мегардонанд, диламро мебаранд:

Бӯйи ту хезад ҳанӯз, бӯйи ту аз бистарам,

Ай лаби нӯшин, бимонд доғи ту дар пайкарам

Ё:

Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,

Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.

Ин дур(р) ҳамеша дар садафи рӯзгор нест,

Мегӯямат, вале ту куҷо гӯш мекунӣ.

Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат,

Эй моҳ бо кӣ даст дар оғӯш мекунӣ.

Май ҷӯш мезанад ба дили хум биё бубин,

Ёде агар зи хуни Сиёвуш мекунӣ.

Гар гӯш мекунӣ сухани хӯш бигӯямат,

Беҳтар зи гавҳаре, ки ту дар гӯш мекунӣ.

Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст,

Ҳурмат нигаҳ дор, агараш нӯш мекунӣ.

Соя, чу шамъи шӯъла дарафкандаи ба ҷамъ,

З-ин достон ки бо лаби хомӯш мекунӣ.

Ва ё:

Ман бори сангинам, маро бигзору бигзар,

Некам, бадам, инам маро бигзору бигзар.

Бар марги худ сӯзӣ, абас мегирйӣ, ай шамъ,

Маншин ба болинам, маро бигзору бигзар.

Дардам намедонад, касе бигзор то марг,

Кӯшад ба таскинам, маро бигзору бигзар.

Оинаи дил тира аз зангори ғамҳост,

Берангу рангинам, маро бигзору бигзар…

Ҷуръат ба бозхонии таронаи устод

– Бозхонӣ аз сурудаҳои Аҳмад Зоҳирро дар сар надоред?

– Дар ҳар маҳфилу нишасту бархостҳо бо дӯстон аз устодам Аҳмад Зоҳир ҳатман суруде месароям, аммо то ҳол ҷуръат бар он накардаам, ки бозхонии ҳунарӣ карда бошам. Дар ҳоли бозхонӣ ман бояд:

– ё хуб бихонам, он гуна бихонам, ки шоистаи Аҳмад Зоҳир бошад, навие бар мусиқии ӯ ҷорӣ шавад ва ба сабки худам бошаду “суруди Аҳмад Зоҳирро хонд, зебост, аммо ба тарзи худаш” гӯянд;

– ва ё аслан нахонам, ки бар ҳунару истеъдоди нотакрори ӯ латма марасад.

Ҳоло дар сар бозхонии чанд таронаи устоди бузургворам Аҳмад Зоҳири азизро дорам, ки баъд аз сабти чанд оҳанги худ ба он даст мезанам.

– Дар моваро “устодам” зикр намудед: устоди маънавӣ меҳисобед?

– Аслан ман ҳунарманди театр ва синамоям. Ҳамчунин риштаи рассомиро хатм кардам. Лекин ишқи Аҳмад Зоҳир маро ба самти овозхонӣ овард. Агар Аҳмад Зоҳир намебуд, ман шояд овозхон набудам.

Дилбохтагони худро девонатар бикун

– Дар ҳақиқат, андешаест, ки ба ғайр аз он ду навори клипи Аҳмад Зоҳир боз чанд сабте ҳаст, ки пахш нагардида. Рост?

– Шахси устодамон Абдулҳафиз Қодиров дар замони донишҷӯӣ гуфта буд, ки “тасвири Аҳмад Зоҳирро дар ҷашни арӯсии духтари Ризошоҳ Паҳлавӣ дар Эрон” дидааст.

Лек ду клипи аз Аҳмад Зоҳир монда бо даъвати яке аз дӯстонаш бо мушкилиҳо сабт шудааст: рафиқаш, ки дар телевизиони Афғонистон кор мекард, ҳамон ҳангом ки сармуҳаррир ба сафари корӣ мебарояд, Аҳмад Зоҳирро ба он ҷо даъват карда, сурудҳои мондагори “Худо бувад ёрет” ва “Лайлиҷон”-ро сабт намуд. Ин яке аз сабтҳои тиллоии Аҳмад Зоҳир барои дӯстдорону ҳаводоронаш аст, ки то кунун ҷовидонаанд.

Ҳамчунин боиси хурсандист, ки баъди гузашти 40 сол як сабти видеоие аз толори Кобул-Ландорӣ, ки як рафиқи наздикаш он вақт сабт намуда будааст (ҳоло дар шаҳри Лос-Анҷелоси Амрико зиндагӣ мекунад), ба воситаи интернет паҳн гардид, ки як ҷузъи консерти калон аст ва имкони паҳн намудани дигар қисмҳои он вуҷуд дорад. Яъне, як-як аз оршиви дӯстону наздикон ва дилбохтагони ҳунари Аҳмад Зоҳир ҳоло сабтҳои наворӣ имкони баромадан доранд. Ба хотири боз ҳам ошиқони ҳунари волои Аҳмад Зоирро “девона” сохтан, бойгониҳо тагурӯ мешаванд.

Хубии интернет дар он аст, ки аз чизҳое, ки замоне имкон набуд даст ёбияш, ба як килк задан пайдояш мекунӣ. Ба воситаи ҷаҳони бекарони интернет, аз ҷумла Фейсбук имкон пайдо шуд, ки аксҳои ҷовидонаи Аҳмад Зоир ба мухлисонаш эҳдо гардад. Онон, ки дар оршифҳои худ аз Аҳмад Зоҳир акс доштанд, як-як вориди интернет мешаванд. Наворҳояшро аз архивҳои наворбардорон пайдо намудаву дар манзари тамошо мегузоранд. Имкон ҳаст дар 75-80-солагии ин бузургвор ҳоло сабтҳои куҳани дастраснабуда ба дасти ману шумо расад, зеро ин аниқ аст, ки мухлисони ашаддии ӯ аксҳову наворҳо бардоштаанду дар бойгониашон машҷуд аст.

Аҳмад Зоҳир, Зоҳир Ҳувайдо ва Муқаддас Набиева

– Сухан ба фавқ оварем, аз сарояндаҳои тоҷик кӣ беҳтар ва пайравтар ба Аҳмад Зоҳир буд?

– Ҳамаи овозхонони тоҷик кӯшиданд, то ба Аҳмад Зоҳир пайравие карда бошанд. Аммо ҳеҷ гоҳ ҳеҷ касе ба пояи Аҳмад Зоҳир нахондааст ва наметавонад.

Аз ҳофизони маъруфи мо равоншод Кароматулло Қурбон пайравтар ва зеботар месароид. Муқаддас Набиева бо он овози марғуладораш беҳтар тақлиди Аҳмад Зоҳирро мекард. Ҳатто, ба нақли устод Нурулло Абдулло, нақшаҳо тартиб дода шуда буданд, ки Муқаддас бо Аҳмад Зоҳир як дуэт хонда бошад: соле Зоҳир Ҳувайдо ба Душанбе меояд ва чун овози марғулаи Муқаддас Набиеваро шунида буда, ӯро меҷӯяд ва ҳине ки ёфт, маслиҳат мекунанд, ки бо Зоҳир Ҳувайдо ва Аҳмад Зоҳир ҳамсароие дошта бошанд. Муқаддас бо Аҳмад Зоҳир телефонӣ дар ин боб суҳбати кӯтоҳе ҳам дошта, ки рӯзи 26-уми октябри соли 1979 бояд ҳар ду оҳанге дуэт мебастанд, аммо ҳазорон афсӯс, ки умри ҳар дуи онон дар ҷавонӣ ва айни шуҳрати воло канда шуд…

Аз сарояндаҳои имрӯзамон бошад, Садриддини Наҷмиддин пайравии хубу навине мекунад.

Сафари ҳунарие, ки

– Ба ростӣ, Аҳмад Зоҳир боястӣ ба Душанбе меомада ва дар ин қисм гуруҳи эҷодие ҳам ташкил намуда будааст. Фаҳматон чӣ гуна аст ва агар умр вафо мекарду меёмад, чӣ пешбинӣ мешуд?

– Бале, Аҳмад Зоҳири азиз бояд дар соли 1980 ба Душанбе меомад ва ҳатто дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт шиору овезаҳо перомуни консерти ҳунарии ӯ ва устодон Маҳваш, Мир Сайфиддин, Зоҳир Ҳувайдову Ҳангомаҷон ва чанде дигар овехта шуда буд. Вале, ҳазорон афсӯс, марг имкон надод, ки ин нақшаю мақсадҳо амалӣ гарданд. Ҳамагӣ чанд моҳе қабл аз ин сафари ҳунарӣ ба Тоҷикистон ӯро ба қатл расониданд.

– Ҳаёт боқӣ мебуду Аҳмад Зоҳир дидор аз Душанбе мекард, чӣ ҳолу ҳавое пайдо мешуд?

– Эй во-о-о-о-й, инро намешавад ба тасвир кашид. Ҳеҷ чиз гуфта наметавонам. Ҳеҷ он ҳаворо иброз намуда наметавонам. Маҳбубияти ӯ дар Тоҷикистон дар ангора намегунҷад. Аз ин рӯст, ки ҳасудон ин дилбастагиро ба Аҳмад Зоҳир дида натавониста, ӯро ба сӯи марг бурданд.

– Дар марги ӯ чанд даст буд?

– Дар марги ӯ як не, ду не, даҳҳо даст шарик буд: ҳам аз душманони ҳунар ва ҳам аз қудрат ва сиёсат! Қудратҳои дуввуму саввуми сиёсати ҷаҳон ҳам шариканд!

Ӯ ҳулгӯи ҳунари мусиқӣ ва паҳнкунандаи забони зебои порсӣ буд. Бубинед, як Шералӣ Ҷӯраев аз Ӯзбекистон 20 суруди Аҳмад Зоҳирро ба забони порсӣ хондааст. Як Бобомурод Ҳамдамов аз Туркманистон 10 ва ҳатто зиёда аз ин сурудаҳои Аҳмад Зоҳирро ба порсӣ бозхонӣ кардааст. Ва ин гуна бозхониҳоро дар ҳар кишвар дидан мумкин аст. Пас, аз ин рӯст, ки бадхоҳони газофтинат, мисле, ки баъдан дар ҳамин қолаб Муқаддаси азизро, ки танҳо “Чакра чакидан гирад…”-аш тамоми шӯравиро тасхир карда буду дида натавониста, аз миёни мо рабуданд, Аҳмад Зоҳирро пештар ба сӯи марг кашиданд. Меандешам, ки агар Муқаддаси азиз бо Аҳмад Зоҳири азиз ҳамсароиву дуэтхоние медошт, чи инқилобе ба инқилобҳои онон зам мегардид.

– Ақида ҳаст, ки “марги Истеъдодмарги ғӯрамарг” аст. Дар мисоли Аҳмад Зоҳир ва Фурӯғи Фаррухзод. Бояд чунин бошад?

– Мутаассифона, аксари нобиғагони олам дар замоне, ки мебояд бузургтарин корҳои хешро анҷом диҳанд, бо ҳар сабабе ҷон ба ҳазрати Ҳақ мебиспоранд.

– Дар интиҳо, Аҳмад Зоҳирро дар як ибора муаррифӣ кунед?

– Муъҷизаи волои ҳунари порсӣ!

Мусоҳиб: Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь