19-уми октябр Рӯзи навиштани мактубҳо барои оянда аст. Мо медонем, ки тарҷумони хушсалиқа, муҳаққиқ ва устоди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Абдурашид Самадов солҳои зиёд мешавад ба фарзандаш, ки қайди ҳаёт нестанд, мактуб менависанд ва онҳоро “Номадармонӣ” унвон кардаанд. Эшон мегӯянд, дар мактбуҳояшон, ки ба унвони писарашон менависанд, ҳама масъалаҳои ҳаётӣ инъикос мешаванд. Аллакай ҳафтум дафтари калон аст, ки менависанд ва ин навиштан барои таскини дилашон мебошад.

 “МАСНАДНИШИНИ СУХАН”

Дар ҳоли ҳозир мавсуф дар бистари беморианд, аммо бо ин вуҷуд аз омӯзишу таҳқиқ ва таҳияи китобҳо дур нестанд. Зеро чанд рӯз қабл китоби нав бо номи “Маснаднишини сухан”, ки доир ба ҳунари тарҷумонии Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона мегӯяд, нашр шуд, сараввал суҳбатро аз ин хусус оғоз кардем.

Умуман ман бо Фарзонабону солҳои зиёд аст, ки шинос ҳастам. Аз суҳбатҳояш хеле хушам меояд, зеро ба маънои том донишманду суханвар ҳастанд. Дар натиҷаи суҳбатҳои зиёд маълумам шуд, ки бо осори Анна Ахматова таваҷҷуҳ доранд ва чанде аз онҳоро бо забони тоҷикӣ тарҷума кардаанд. Вақте ки бо тарҷумаҳояшон шинос шудам, дар сатҳи олӣ қарор доштанд ва мақолае навишта дар маҷаллаи “Адаб” нашр кардам. Баъдтар, тарҷумаҳояшонро ба ашъори Марина Светаева пайдо кардам. Онҳоро ҳам бо шакли асл муқоиса намуда, маҳорати баланди Фарзонабонуро ҳис кардам. Боз мақолае навиштам ва нашр намудам. Ҳамчунин, дарёфтам, ки аз эҷодиёти адиби Юнони Бостон Эсхил низ тарҷума кардааст. Онро ҳам омӯхтам ва мақола навиштам. Хулоса, мақолаҳоро ҷамъ кардам ва ҳамчун нишони эҳтиром ба ҳунари тарҷумонии Фарзонабону дар шакли китоб чоп намудам.

– Муаллима китобатонро диданд? Чӣ гуна баҳо доданд?

– Албатта, диданд ва хуш пазируфтанд.

– Дар умум, кори китоб чанд вақт гирифт?

– Китоб навиштан як тарафу онро чоп намудан як тараф. Ба фикрам дар умум як сол вақтамро гирифт.

– Аз ҷиҳати молӣ ин гуна заҳматҳо чӣ гуна қадр мешаванд?

– Агар ҷиҳати молиро фикр кунӣ, чунин китоб наменависӣ. Ин гуна корҳо махсусан барои қадр кардани заҳмати як инсони хуб аст.

– Дар умум, ба тарҷумаи Фарзона чӣ гуна баҳо медиҳед.

– Баҳои аъло. Ман дар умум, ба шахсияти Фарзонабону қоилам. Бисёр шахсияти комил ҳастанд.

– Шумо “Маснаднишини сухан”-ро замоне навиштед, ки дар бистари бемориед, оё мушкил набуд?

– Ҳама кор мушкилиҳои худро дорад, аммо набояд фаромӯш кард, ки вақте меҳр ба кор ҳаст, ҳеҷ монеае садди роҳ шуда наметавонад.

ҚАДРИ МЕҲНАТИ 46-СОЛАИ БОНУ-ЛОҲУТӢ

– Пайвандии шумо бо тарҷумаи русии “Шоҳнома” чӣ гуна ва кай оғоз шуд?

– Вақте ки ба донишкадаи забонҳо ба кор рафтам, доир ба тарҷумаҳои русии “Шоҳнома” таҳқиқро оғоз кардам ва доир ба ҳунари тарҷумонии чанде аз тарҷумонҳо, аз ҷумла Жуковсикий мақола навиштам. Аслан, “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро 15 кас ба русӣ тарҷума кардааст, аммо аз ҳама шакли комилу беҳтарро Ситсилия Бону-Лоҳутӣ, ҳамсари Абулқосим Лоҳутӣ кардааст. Баъдан, омӯзишро аниқтар кардам ва пурра ба ин масъала рӯ овардам. Дар аввал, ман бо рӯзгори Бону-Лоҳутӣ шинос шудам. Пайраҳаи ноҳамворе доштаанд, дар 46 сол 100 ҳазор мисраи “Шоҳнома”-ро бо азобҳои зиёд тарҷума кардаанд ва бо азобҳои зиёд дар панҷ ҷилд онро чоп карданд.

– Шумо дар китоби “Шоҳнома” дар Россия” 280 байти тарҷумашударо аз тоҷикӣ ба русӣ муқоиса кардед. Бигӯед, ки барои ин корро кардан дар умум чанд байти тарҷумашударо аз назар гузаронидед?

– Панҷ ҷилд “Шоҳнома”-ро бо забони русӣ хондам. Ман дар китоб ҳар байти тарҷумашударо бо аслаш рӯ ба рӯ овардаам, ки ин аз ҳунари баланди тарҷумон гувоҳӣ медиҳад. Боз байтҳои муқоиса карда дорам, вале дар китоб ҷой надодам.

– Байтҳо ҳамааш аз як достони “Шоҳнома” ҳастанд?

– Бале, аз достони “Рустам ва Суҳроб”.

– Ин кори душвор аст, аммо дар баробари душвор буданаш кори таърихӣ ҳам ҳаст, оё давом доданӣ нестед?

– Саломатиам имкон намедиҳад, тавре мебинед, дар бистари бемориам. Хушбахтам, ки устоде аз Хуҷанд доир ба китоби ман мавзӯи диссертатсионӣ гирифтааст.

“НОМАДАРМОНӢ”

– Шумо мактуб менависед, мактуби одӣ не, балки ба унвони писари раҳматиатон. Бигӯед, ки мактубнависиро аз кай оғоз кардед?

– Соли 2010 писарам дар синни 29-солагӣ вафот кард ва ман аз ҳамон сол ба ӯ мактуб менависам.

– Дар онҳо ба писаратон чӣ мегӯед?

– Асосан, ба унвони писарам менависам, аммо дар асл мактубҳоям хотираҳои ҳаррӯзаам ҳастанд. Яъне, ба ҷойи он ки дафтари хотираи ҳаррӯза гӯям, дафтари мактубҳо мегӯям ва ба писарам муроҷиат карда суханҳоямро менависам.

– То ҳол чанд дафтарро пур кардед?

– Ҳоло ҳафтум дафтарро навишта истодаам.

– Бештар кадом намуди илҳом ё дард шуморо водор мекунанд, ки нависед?

– Солҳои пеш, ки дардманд набудам, мазмуни мактубҳоям гуногун буданд. Онҷо аз сиёсат ҳам мегуфтам, аз фарҳанг ҳам ва ҳатто аз вазъи иҷтисодии кишвар ҳам, вале ҳоло танҳо дар бораи фарҳангу адабиёт ва дардҳоям менависам. Ҳоло мактубҳоям бештар характери пессимистӣ доранд. Мактубҳоро барои диламро холӣ кардан менависам.

– Вақти зинда будани фарзандатон чунин мавзуҳоро бо ҳам баррасӣ мекардед?

– Ӯ бисёр донишманд буд ва бо ман дар дилхоҳ мавзуъ ҳарф мезад. Ӯ дар бораи математика ва сиёсат метавонист хуб суҳбат кунад.

– Гуфтед, ки аллакай шаш дафтарро пур кардед ва ҳоло дар дафтари ҳафтум менависед. Оё дафтарҳои қаблиро варақ мезанед?

– Мактубҳои навиштаамро баъзан варақ мезанам ва ба ёди рӯзҳои гузашта меравам.

– Дар саҳифаҳои навиштаҳоятон чӣ гуна рӯзҳоро дармеёбед?

– Ҳам хубу ҳам бад, зеро зиндагӣ якранг нест.

– Оё нияти чопи мактубҳоятонро дар шакли китоб надоред?

– Инҳо шахсӣ ҳастанд ва нияти дар шакли китоб чоп карданро надорам. Аммо фикр мекунам, ки барои набераҳоям лозим мешаванд, зеро дар онҳо гапҳои муҳим ҳаст.

– Ягон маротиба фикр кардед, ки дигар нанависед?

– Не, зеро ки ман нанавишта наметавонам. Инҳоро ман мактуб, не, балки “номадармон” мегӯям.

– Пеш аз ин мактубҳо оё ба каси дигар мактуб навиштаед?

– Ману Гулназар дӯстӣ қарин будем. Вақте ки ман дар Озарбойҷон хизмати аскариро адо мекардаму ӯ дар Ӯзбекистон, ба ҳамдигар мактуб менавиштем. Ман мактуб менавиштам ӯ ҷавоб медод. Ӯ менавишт ман ҷавоб медодам.

– Китоби “Гулназарнома”-атон аз ҳамин мактубҳо пайдо шуд?

– Ман як қуттӣ дорам чизҳои замони гузаштаро ҷамъ мекунам. Рӯзе аз дохилаш чанд мактуби Гулназарро ёфтам. Дар копмютер ҳуруфчинӣ карда, ба рӯзномаи “Адабиёт ва санъат” бурдам. Ҳамон чанд мактуб дар рӯзнома нашр шуд. Дар миён боз Одил Нозир даромад ва пешниҳод кард, ки мактубҳоро ба тартиби муайян дароред ва китоб мекунем. Ман ҳамаи мактубҳоро, ки 45 то буданд ҳуруфчинӣ кардам. Хотираҳои зиёд дорам бо Гулназар онҳоро навиштам ва пеш аз маргаш мусоҳибае ҳам доштем, ки онро ҳам ворид кардам ва дар натиҷа ин китоб тавлид шуд.

ОҒОЗУ АНҶОМ

– Кӯдакиатон чӣ гуна гузаштааст?

– Таваллуди ман соли 1945 аст. Кӯдакии ман дар Конибодом гузаштааст ва ниҳоят душвор. Падарам модарамро партофта, зани дигар гирифт. Мо дар як кулбаи хоксорона бо мушкилӣ зиндагӣ мекардем. Модарам дар 41-солагӣ вафот кард. Соли вафоташ ману апаам, ки яке 5-сола ва дигаре 12-сола будем, танҳо мондем. Пасон падарам моро ба хонаи худ бурд. Ҳамроҳи моиндар зистем. Апаам мактабро партофта, ба кори колхоз шурӯъ кард. Маро ба нигоҳубини говҳо ҷалб намуданд…

– Дар мактаби миёна чӣ гуна таҳсил кардед?

– Бо вуҷуди он ки шароити хуб надоштам, дар мактаб бисёр хуб мехондам. Мактабро хатм кардам. Падарам ба ояндаи ман бетаваҷҷуҳ буданд. Фикри давом додани таҳсил танҳо дар фикри худам буд. Қарор додам, ки ба Душанбе меравам ва дар мактаби олӣ таҳсил мекунам. Он замон аз Конибодом ба Душанбе бо қатора меомадӣ. Падарам то пеши қатора оварду хайрухуш кардем. Ман Душанбе омадам. Аз сабабе, ки дар замони мактабхонӣ ба фанҳои биологияву химия шавқи зиёд доштаму дар олимпиадаҳо иштирок мекардам, мехостам ҳуҷҷатҳоямро ба Институти педагогӣ ба номи Шевченко (ҳозира Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ) супорам. Вале яку якбора хоҳиши шоир шудан дар ман пайдо шуд. Баъдан, бо ин фикр ба факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ҳуҷҷатҳоямро супоридам. Чор имтиҳон супоридам, ки дар натиҷа ду баҳои “5” ва ду баҳои “4” гирифтам. Аз ин гуна натиҷаи имтиҳонот бисёр хурсанд будам. Хурсандиям то рӯзи баромадани фармонҳо буд. Фармонҳо баромаданд ва да рӯйхати донишҷӯён номи ман набуд. Он замон ба довталабони ятим, хизмати аскарӣ карда ва таҷрибаи кори дошта имтиёз дода мешуд. Ман чунин имтиёз надоштам ва сазовори номи донишҷӯ нашудам. Дар ин асно падарам гуфт, ки биё дар деҳа тракторчӣ мешавӣ. Ман розӣ нашудам. Донишгоҳ рафтам ва ҳамчун шунавандаи озод дар дарсҳо иштирок кардам. Ҳамин тавр, як нимсола дарс рафтам. Вақте ки имтиҳонот сар шуд, аввалин имтиҳонамон аз назмшиносӣ буд. Вақте ки имтиҳон даромадам муаллим Ҳусейнзода гуфт номи ту дар рӯйхат нест, рав. Бо ҳазор намуд илтимосу илтиҷо ба ман иҷозати супоридани имтиҳонро доданд. Ман ба саволҳои имтиҳонӣ хуб ҷавоб додам ва устод Ҳусейнзода офарин хонду гуфт баҳоят “5”. Ман ҳеҷ ҳуҷҷати донишҷӯи надоштам, баҳоямро дар коғазе гузоштанд. Дуюм, имтиҳонро ҳам, ки устодамон Воҳид Асрорӣ гирифтанд, бо баҳои “5” супоридам. Қисса кӯтоҳ, шавқу завқамро дида, маро ҳамчун донишҷӯ қабул карданду аз моҳи феврал ба гирифтани стипендияи аъло лоиқ донистанд.

– Чӣ гуна ба таҳқиқ машғул шудед?

– Пас аз хатми донишгоҳ ман бо ҳамроҳии шодравон Гулназар Келдӣ ба аскарӣ рафтам. Пас аз хизмати ҳарбӣ хостам ба аспирантура дохил шавам. Дар донишгоҳ ҷой набуд, ҳуҷҷатҳоямро ба Академияи илмҳои Тоҷикистон супоридам. Аз имтиҳони ихтисосӣ баҳои хуб гирифтам, вале баҳоям аз фанни забони англисӣ “2” шуд. Баъдан, ба президенти академия мактуб навиштам ва дар он хоҳиш кардам, ки имтиҳонро аз сари нав қабул кунанд. Президент иҷозат доданд ва имтиҳонро аз сари нав супоридаму баҳои “4” гирифтам. Ҳамин тавр, ба зинаи аспирантура ҳам дохил шудам ва онро хатм кардам. Дар мавзӯи “Анварӣ ва ғазалиёти ӯ” бо роҳбарии профессор Расул Ҳодизода номзадиямро ҳимоя кардам.

– Ба дунёи тарҷума чӣ гуна ворид шудед?

– Ман дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон кор кардаам. Самти корам гуногун буд: шифоҳӣ, хаттӣ ва соҳавӣ. Каме дар соҳаи техника ва пасон дар Вазорати адлия, прокуратура ва Суди олӣ кор кардам. Корам бисёр хуб буд. Аз Афғонистон баргаштам. Ба Донишкадаи забон ва адабиёти рус (ҳоло Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода) рафтам. Ба ман вазифа доданд, ки ба донишҷӯён назария ва амалияи тарҷума дарс диҳам. Ман мисли донишҷӯён ба китобхона рафтам, китобҳои назариявиро гирифта, лексия омада кардам. Пеши устодони таҷрибадор рафта, таҷриба омӯхтам. Хуллас, оҳиста-оҳиста омӯхтаму ба дарс додан шурӯъ кардам. Пасон, ман фанҳои дигар, аз ҷумла тарҷумаи шифоҳӣ, тарҷумаи хаттӣ, тарҷумаи бадеӣ ва тарҷумаи ҳамзамонро ба бачаҳо дарс додам. Дар натиҷаи омӯзиш ва пажуҳиш ба навиштани баъзе паҳлӯҳои норавшани тарҷумаву тарҷумашиносӣ пардохтам. Ва ҳамин тавр аз муаллими оддӣ то мудири кафедраву дикану муовини ректор расидам.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь