Абдуқаюми Қаюмзод, журналисти маъруфи тоҷик, ки дар жанри мусоҳиба шинохта шуда, сар аз афроди сатҳи аввали давлатӣ ва сиёсатмадорони варзида, то академикҳо, адибони соҳибном, актёрони маъруф ва одамони одӣ дар суҳбат буда ва солҳо дар Радиои «Озодӣ» барномаҳои вижаи мусоҳиба – «Суҳбати рӯзи якшанбе», «Суҳбати ихтисосӣ бо Абдуқаюми Қаюмзод» ва «Меҳмони «Озодӣ»-ро пеш мебурд, дар арафаи зодрӯзаш дар суҳбати ихтисосие бо мо аз таҷрибаи корӣ, фаъолият дар жанри мусоҳиба, хотироти бозмонда ва ногуфтаҳояш ҳикоят кард.
– Шумо дар журналистикаи муосир «устоди жанри мусоҳиба» эътироф гаштаед. Аммо ин жанрро «истеъдодкуш» ва «кундзеҳнкунанда» барои журналист меноманд. Аз назари Шумо мусоҳиба чӣ таъриф дорад?
– Сипоси фаровон, ки суроғи маро гирифтед, чун чанд сол аст, ки дар майдони ВАО ҳузур надорам. Воқеан, аз ҳамон оғози кор дар матбуот, як бахши асосии кори маро ҳамеша мусоҳиба ташкил додааст. Ҳам дар «Ҳафтганҷ»-у «Чароғи рӯз» ва ҳам дар «Озодӣ». Аммо дар бораи он ки мусоҳиба чӣ таъриф дорад, фикр накардаам.
Вале ман дар ҳафта як мусоҳиба анҷом медодам, боқии рӯзҳо хабару гузориш ва матолиби таҳлилӣ таҳия мекардам. Ин тавр набуд, ки кори ман фақат мусоҳиба бошад.
Ин жанр барои ман писанд буд, чун бо шахсиятҳои машҳуру маъруф ва бо кору бори онҳо бевосита ошно мегардед. Дигар ҳам ин аст, ки саволҳое, ки матраҳ мекунед, ки «кӣ» будани «Шумо»-ро ба мардум шинос мекунад ва мардумро бо «кистӣ»-и худ зудтар ошно месозед.
Аз сӯи дигар, мусоҳиба баръакс, зеҳнро тез ва истеъдодро такмил медиҳад.
Як вақт, айни таҳаввулоту дигаргуниҳои иҷтимоии аввалҳои солҳои 90-ум, ки ҳамарӯза як иттифоқи тоза меуфтоду ҷомеа мехост вокуниши шахсиятҳои машҳурро дар робита ба он бифаҳмад, дар бораи бетарафиву сокитии устодон Муъмин Қаноат, Лоиқ ва Гулрухсор зери сарлавҳаи «Ахтарони бефурӯғ» як навиштаи ман дар «Чароғи рӯз» чоп шуд. Он солҳо дар қиёс бо ин се бузургвор шоири дигари мо Бозор Собир фарқ мекард ва мавқеи ҷамъиятиаш ҳам маълум буд: бо мардум ва дар байни издиҳом қарор дошт. Аммо баъдҳо, ки бо Муъмин Қаноат ва Гулрухсор мусоҳибаҳо анҷом додам, назарам бар хомӯшиашон тағйир кард ва дидам, ки тақсир аз мо – журналистон аст, ки суроғи онҳоро нагирифтаем. Онҳо ҳеч гоҳ сокит ва бефурӯғ набудаанд.
Воқеан, гоҳо бо мусоҳибҳое рӯ ба рӯ мешавед, ки маълумоте, иттилое медиҳанд, ки комилан назари Шуморо иваз мекунад. Онҳо худашон манбаанд ва худашон ҳодиса сохтаанд (ба ин маъно, ки дасти аввал ҳамонҳоанд). Назари Шумо ва фикрҳои то он замон доштаатонро дигар мекунанд ва ё тақвият медиҳанд: далелу бурҳоне пешниҳод мекунанд, ки Шумо мутмаинтар мешавед. Як мисол меоварам, ки ҳама ширкатдорони он имрӯз ҳам зиндаву саломатанд:
Ин воқеа соли 2003 рух дода буд. Телевизиони тоҷик суҳбати генерал Нуралишо Назаров, сардори Ситоди кулли Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба эфир дод. Генерал дар он гуфт, «муҳлати қарордоди мо дар бораи идомаи ҳузури Нерӯҳои марзбони Русия моҳи майи имсол анҷом шуд ва ҳоло дар садади бастани қарордоди нав ҳастем».
Рӯзи дигар бо Беҳрӯзи Забеҳулло, ки он солҳо дар радиои «Садои Хуросон» кор мекард, рафтем ба назди генерал ва суҳбат кардем. Генерал гуфт, «аз ин ба баъд сарҳадоти кишварамонро худамон посбонӣ мекунем ва русҳо бояд бираванд».
Мо он чиро ки мехостем, аз ин суҳбат гирифтем. Вале диктофонҳоро хомӯш кардем ва гуфтем, ки ин баёнияи Шумо хеле сахт аст ва ба шахси Шумо сахт осеб мерасонад. Нуралишо Назаров табассум кард ва гуфт:
– Бале, медонам, вале шахси аввал тарафи мост.
Гуфтем: чӣ гуна?
– Он кас шахсан пурсиданд, ки оё мо худамон метавонем ва омодаем, ки мустақилона марзҳоямонро муҳофизат намоем? Посух додам, ки «ба ҷуз аз мушкили хӯроквориву либос дигар мушкил надорем». Раиси ҷумҳурӣ гуфтанд, ки агар ин ду мушкилро рафъ кунам, шумо омодаед? Ман посухи мусбат додам, агарчи чандин нафар зиддият нишон доданд, – гуфт генерал Назаров.
Албатта, мо ин қисматҳои суҳбатро интишор надодем, вале ин хабар, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, минбаъд марзҳояшро бидуни русҳо бонӣ кунад, дар «Озодӣ» интишор шуд. Он ба як хабари доғи ҷаҳонӣ ва сенсатсияи сиёсӣ бадал гардид, ки тамоми расонаҳои муътабари дунё онро бознашр карданд. Расонаҳои русӣ навиштанд, «ин расонаи амрикоӣ аст, иғво меангезад» ва кор ба ҳадде кашид, ки Ҳукумати Тоҷикистон изҳорот дод ва гуфт, «ин назари шахсии худи генерал Назаров аст». Аммо, чуноне мебинем, русҳо аз марз берун шуданд ва кадом иғвое ҳам набуд. Бинобар ин таҷриба, имрӯз ҳам набояд аз журналистон иғворо интизор бошанд.
Вале ҳоло Шумо худатон биандешед, ки ин ҳама иттилооти нав магар «истеъдодкушӣ» ва «кундзеҳнӣ» шуда метавонад?…
– Пас, ба пиндори Шумо, кадом жанр ва кадом навъи мусоҳиба таъсири бештар ба афкори омма расонида метавонад?
– Албатта, мусоҳиба барои навъи расона метавонад тафовут дошта бошад. Масалан, барои нашрия ё радио ва ё телевизион. Аммо ин тафовутҳо ҷузъӣ ва умдатан фанниянд. Ҳар қадар ки шахсияти мусоҳиб баланду боло бошад, яъне як сиёсатмадор, як актёр, як адиби соҳибному соҳибобрӯ ва ё як мансабдори дар Ҳукумат муассир бошад, бештар ҷалби таваҷҷуҳ мекунад ва боиси ба вуҷуд омадан ва ё овардани сарусадоҳо – ҳамон афкори омма мешавад. Лекин, фаромуш набояд кард, ки аз ӯ чизеро, ки нав асту то ҳол нагуфтаасту боиси ташаккули «афкори омма» бишавадро берун кардан, ин ҳунари журналист аст. Бале, метавонад як таксист ҳам гапҳои ҷолиб бизанад, як ҷорӯбкаш ҳам чизи аҷибе бигӯяд, аммо бидонед, ки афкори оммаро асосан шахсиятҳои муътабар ва шинохташуда иваз мекунанду таъсир мегузоранд.
– Чаро аз байни жанрҳои гуногун маҳз мусоҳибаро «жанри корӣ» интихоб кардед?
– Агар манзур ин бошад, ки мусоҳиба гирифтан кори осонтар аст, саволҳоро медиҳиву ҷавобҳоро мегирӣ ва бо ҳамин кор анҷом шуд, тамом, ин ғалат аст. Воқеан ҳам, барои он ки як суҳбате «кирои гап» анҷом диҳед, бояд мавзӯъу масъала ва худи мусоҳибро бишиносед ва дониста бошед, ки бо ӯ дар чи масъала суҳбат кардан мароқангез аст. Инро ҳам бигӯям, ки хондан ва ҳазми мусоҳиба барои хонанда зудтар ва осонтар аст. Як ҷиҳати муассирии мусоҳиба ҳамин ҳам ҳаст.
– Аввалин мусоҳибаатонро ёд доред: бо кӣ буд ва чӣ бор овард?
– Не, ростӣ дар ёд надорам, ки бо кӣ буд. Вале мусоҳиба бо Раҳмон Набиев, депутати Шӯрои Олӣ ва раиси онвақтаи Ҷамъияти муҳофизати табиати Тоҷикистон ва нахустин раиси ҷумҳурии мунтахаби мардумӣ бо номи «Шаби ялдо» дар нахустин шумораи «Чароғи рӯз» ба нашр расид, ки сару садоҳои зиёдеро ба бор овард…
– Бале, исми Қаюмзодро бо «Шаби ялдо»-яш то ҳол зикр мекунанд. Вале бо ин ҳама суҳбатҳои вокунишовар чанд муддат омода мешудед?
– Барои ҳеч мусоҳиба муддати тӯлонӣ омода нашудаам. Чун ҳамеша барои рӯз кор мекардам. Ҳам барои нашрияҳо ва ҳам барои «Озодӣ». Фаврият ва «пеш аз ҳама» дар кори журналистӣ бисёр муҳим аст.
– Буд қаҳрамоне, ки баъди ҷустуҷӯҳои зиёд дархости Шуморо дар лаҳазоти охир рад карда бошад?
– Бале. Чунин ҳолат кам набуд. Дар аввал розӣ мешуданд, вале баъдан рад мекарданд. Намешавад маҷбур кард. Ин дигар хоҳиши онҳо аст. Вале фикр мекунам, ки номи онҳоро зикр накунам, беҳтар аст.
– Мегӯянд, «агар рӯзноманигор ба суоли омоданамудааш қаблан 50 дарсад посухи ҳамсуҳбатро пешбинӣ карда натавонад, ҳаққи маънавии суҳбат карданро надорад». Андешаи Шумо чист ва ин рақамро (50%) кам ё беш мекунед?
– Ин бастагӣ дорад, то чи андоза Шумо ҳамсуҳбати худро мешиносед ва ё ин ки барои мусоҳиба бо ӯ чи қадар вақт омода шудаед? Барои мисол, бо як нафаре мусоҳиба анҷом медиҳед, ки зарурати анҷоми он суҳбат дар ҳамон лаҳза ва дар ҳамон ҳолат пеш меояд. Аз ин рӯ, дарсадии посухи мусоҳибро пешакӣ донистан барои журналист чизи асосӣ набояд бошад. Он чи ки Шумо аз мусоҳибатон мегиреду ба хонанда пешниҳод мекунед, ҳамон муҳим аст. Муҳим он аст, ки аз суҳбати Шумо хонанда ва ё шунаванда ва ё бинанда чи бардоште ҳосил хоҳад кард.
Албатта, ин шароитро ба ҳамсуҳбат набояд дод, ки шуморо ба «бозӣ» гирад ва гирди ангуштонаш бичархонад. Аз ин ҷиҳат суолҳои «нобоб»-ро ҳам бояд дод, то мусоҳиб ночор шавад, он чиро ки пинҳон карданист ва ё аз баёнаш истиҳола мекунад, бигӯяд.
Зиндаёд Раҳим Масов, муаррихи маъруфи тоҷик он қадар бо хабарнигорон суҳбат карданро хуш надошт. Вале ин бастагӣ дошт, ба ҳолату вазъи руҳии ӯ. Як вақт барои «Меҳмони «Озодӣ» бо ӯ ҳамсуҳбат шудам. Дар ин ҷо ҳамкорам Мирзонабии Холиқзод, маро ҳамроҳӣ мекард. Яке суҳбат тоб хӯрду ин донишманди ватандӯст гуфт, «вақте санади вогузории замин ба Чин таҳия шуд, ман имзо нагузоштам». Масов узви комиссиюни давлатии таъйини хутути марз бо Чин буд ва бо ин тамоми мусоҳиба як тараф шуд ва ҳамин қисмати суҳбати ӯ тарафи дигар…
– Воқеан, буд қаҳрамоне, ки дар мусоҳиба зери таъсири ӯ монда бошед: кӣ буд ва чӣ гуна шуд?
– Солҳои 2002 ва ё 2003 буд, ки бо Ато Муҳаммадҷонов, ҳунарманди бузурги кинову театр мусоҳиба кардам, барои барномаи «Суҳбати рӯзи якшанбе». Ӯ омад студия, ки он вақтҳо дар назди Фурӯшгоҳи марказӣ ҷой дошт. Мусоҳиба бештар аз якуним соат идома кард. Тасаввур кунед, шумо дар баробари як ҳунарманди бузург ва як шахсияти машҳур нишастаед ва ӯро ба «гап» медароред ва ӯ яке самти мусоҳибаро ноаён тавре тоб медиҳад, ки аслан шумо интизораш надоштед. Ато Муҳаммадҷонов, Худо биёмурзадаш, аз даврони ҷавониаш, аз даврони камбағаливу ҳатто дар стансияи роҳи оҳан ангиштсангфарориҳояш қиссаҳо кард ва яке гирист. Гиристани одӣ ҳам набуд, баланд – баланд мегирист. Дасту по хӯрдам. Шумо гиряи як марди бузургро, ки бо чӣ қадар азобу заҳамот ба мақоми болои ҳунар расида буд, он замон медидед, фикр намекунам, ки бетафовут менишастед. Гуфт, ҳунармандон бидуни дарёфти як музди муносиб асар меофаранд, аммо кадом бефаросате, ки ҳоло соҳиби мансаб аст, намегузорад бинанда онро бубинад. Ва ӯ аз намоишномаи «Ғуруби хуршед» ном бурд, ки нақши асосиро худаш мебозид ва ҳарчанд ТВТ чанд рӯз рекламааш кард, аммо рӯзи таъиншуда нишонаш надод. Дар васати ин гиряҳояш гуфт, ки писараш мехоҳад ба шӯъбаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ дохил шавад, аммо аз ӯ 800 доллар талаб мекунанд. Гуфт, ин пулро надорад. Ин устодро сахт озурда карда буд. Вале боз худаш таскин ёфту ором шуд ва ман бо арзи маъзарат пиёлаи чойро дароз кардам ва саволҳоямро идома додам.
Бадбахтона, ин суҳбатро ман бо пахши як тугмаи дигари компютер, ба ҷуз аз 20 дақиқа, ҳамаашро аз даст додам, сабт нашудааст.
Ҳамин гуна як мусоҳибаро бо Шариф Раҳимзода, раиси собиқи Бонки миллии Тоҷикистон доштам, ки ӯ низ дар бораи азобҳои даврони бачагӣ ва дар бораи пиандараш ҳикоят кард, ки яке дидам, об дар чашмашонаш ҳалқа зад. Ин ҷо ҳамкорам Фахриддин Холбек ҳамроҳам буд.
– Дар зимн, меоваранд, ки аксар ашхоси шинохта аз мусоҳиба бо Шумо ҳарос доштанд. Рост аст, агар «ҳа», чаро?
– Баръакс. Аксари шахсиятҳое, ки суҳбат бо рӯзноманигоронро хуш надоштанд ва ё ба нудрат мусоҳиба додаанд, бо ман суҳбат карданд. Вақте назди генерал Сайидамир Зуҳуров, раиси пешини КДАМ рафтем (ин ҷо ҳам Фахриддин маро ҳамроҳӣ мекард), гуфт, бисёриҳо хоҳиш карданд (манзураш хабарнигорон), рад кардамашон, аммо навиштаҳои Шуморо мехонам ва розӣ шудам, ки бо Шумо суҳбат кунам.
Як суҳбати озоду самимӣ анҷом дод. Ин ҳарфҳои ӯро, ки «ҳама кор, аз ҷумла нишастан дар курсии мансаб вақт дорад; потенсиали инсон беохир нест (мазмунан овардам), саривақт рафтан бисёр муҳим аст»-ро рӯзноманигорон то ҳоло дар навиштаҳояшон иқтибос мекунанд.
Як ҷиҳати мусоҳибаҳое, ки анҷом додаму ба хонандаҳо ва шунавандаҳо писанд омадааст, шояд ин бошад, ки мусоҳибон дар аксари авқот он чиро ки дилашон мехост, иброз намуданд. Ба ман бовар карданд, ки чизи гуфтаашон чоп мешавад ва дилашонро холӣ мекарданд, озод ҳарф мезаданд.
Марҳум Суҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ва мушовири раиси ҷумҳурӣ дар суҳбате, ки бо ӯ доштам, аз он ки «бархе боиси коҳиши обрӯи ӯ мешаванд», интиқод кард. Ростӣ, ин суҳбат дар сайти «Озодӣ» ва «Фараж» нашр шуд ва низ бархе аз нашрияҳо ҳам онро бознашр намуданд. Чанд нафар аз дӯстону нодӯстон гуфтанд, ки сари Суҳробро хӯрдӣ. Суҳроб Шарифов, аз ҷумла дар бораи он гуфт, ки агар заминро ба Чин намедодем, Чин омада мегирифт (мазмунан). Ин ҳарфи ӯ низ хеле баҳсҳои доғеро ба бор оварда буд. Ин мусоҳиба дар сайти «Озодӣ» ҳоло ҳам ҳаст, вале бояд бигӯям, ки ман тамоми мусоҳибаҳоро ба мусоҳибон нишон дода, назару фикри онҳоро дигарбора гирифта, имзояшонро гузошта, баъд нашр мекардам.
– Дар миёни ҳамсуҳбатони Шумо афроди сатҳи аввали кишвар ҳам буданду сиёсатмадорони варзида, академикҳову адибони соҳибном ва актёрони маъруф ва одамони одӣ низ. Аммо чеҳраҳои сиёсӣ бештаранд. Чаро? Оё ин танҳо тақозои айём, пораи вақт буд ва ё барои мусоҳиба сиёсат назар ба иҷтимою иқтисод осонтар аст?
– На танҳо бо чеҳраҳои сиёсӣ, ҳамчунин бо олимон ва шахсиятҳои ғайрисиёсӣ низ мусоҳибаҳои зиёд анҷом додаам. Аммо бо вазиру раис ва шахсиятҳои сиёсии таъсиргузор дар ҷомиа суҳбат бештар бояд бошад, чунки журналистика аз сиёсат ҷудо нест ва ин як одати нуҳуфтаи журналистист, ки дунболи «чизҳои калон» ва ё ба таъбири корӣ «сенсатсия» бигардед. Воқеан ҳам, ба сиёсат таваҷҷуҳ бештар аст ва «моли бозоргир» мебошад.
– Душвортарин мусоҳибаатон бо кӣ буд ва чаро?
– Мусоҳибаи душвортарин надоштам. То ин ки назди ҳамсуҳбат биравам, ӯро барои мусоҳиба розӣ мекардам. Агар пай бурдам, ки на он қадар моил аст ва ё бим дорад, бархе саволҳоро пешакӣ барояш маълум мекардам.
Вале, дар омади гап, соли 2003, вақте омодагиҳо барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ мерафт, бо Абдумаҷид Достиев, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагон ва масъули комиссиюни ин тағйирот суҳбат кардем. Мо якҷо бо Мардони Муҳаммад аз BBC, рафта будем.
«Нерӯи сухан» матни ин гузоришро бо суханҳои Достиев аз сайти «Озодӣ» гирифта чоп кардааст. Омаданду гуфтанд, ки болои мусоҳиб фишор асту бояд бигӯем, ки ин гапҳоро аз худамон афзудаем. Вале ҳангоме наворро нишонашон додем, гуфтанд, ки пас бигӯем, «Нерӯи сухан» аз худаш илова кардааст. Ваъда шуд, ки ҳеч гап намешавад, фақат бояд вазъро «ором» кунем. Мо, мутаассифона, ҳамин гуна навиштем, ки ин гапҳо «илова» шудааст дар газета. Аммо дар асл чизе илова нашуда буд.
Ҳоло як ҳодисаи дигареро ҳикоят кунам: чанде пеш дар «Тоҷикистон» мусоҳибаи Гулҷаҳон Бобосодиқова, собиқ котиби КМ ҲКТ-ро хондам, ки мегуфт «хабарнигор суҳбати ӯро дигаргуна чоп кардаву «агар»-ро аз навиштааш ҳазф кардааст». Манзураш мусоҳибаи ман бо худи ӯ роҷеъ ба сарнавишти фоҷиаомези нависандаи хушном Ҷумъа Одина, муаллифи «Гузашти айём» буд. Хонум Бобосодиқова дар он мусоҳиба иқрор мекард, ки дар нисбати нависанда ва китоб тасмими ноодилона гирифта шуд ва ӯ аз рӯҳи нависанда узр мепурсад. Ин узри ӯро то ҳамин ҳоло ҳам дар навиштаҳояшон ҳамкорон ва муҳаққиқон ишора мекунанд. Ин мусоҳиба дар «Чароғи рӯз» ва ё дар «Ҳафтганҷ» дар солҳои 91 ё 92, ростӣ ёдам нест, чоп шуда буд. Аммо ҳеч гоҳ ва қатъиян аз қавли хонум Бобосодиқова ва аз қавли ҳеч мусоҳиби дигаре, чизе на афзудаам ва на кам кардаам. Дигар ин ки солҳои баъд бо ин хонуми муҳтарам барои «Озодӣ» низ на як бору ду бор суҳбат кардаам, суҳбатҳои ихтисосӣ, ки дар манзили зисти эшон анҷом дода будам. Чаро он вақтҳо нагуфтанд, ки гапҳои он кас «искажать» шудаасту ҳоло мегӯянд? Барои ҳамин аст, ки мусоҳиба жанри осоннавис ва осонкор нест, масъулият ва ҷавобгарӣ дорад ва гирифтани розигии мусоҳиб пеш аз нашр шарти муҳими он аст.
– Сарлавҳагузорӣ дар мусоҳиба чӣ андоза таъсиргузор аст: муҳим аст номҳои сенсатсионӣ?
– Бале, сарлавҳа барои навишта, аз ҷумла мусоҳиба, бисёр муҳим аст. Аммо аксарияти мусоҳибаҳои маро дар худи редаксия «калонҳо» ном мемонданд. Ман мусоҳибаро «пиёда» мекардам, ба матн мегардонидам ва мефиристодам. Пешопеш «дуруст» менавиштам ва баъди рӯи коғаз овардан, дигар аслан тарафаш нигоҳ намекардам ва мефиристодам барои чоп. Он ҷо ғалатҳояшро мегирифтанд. Аммо баъди чоп то монда шудан мехондам. Ҳамон «Шаби ялдо»-ро ҳам дар редаксия сарлавҳа гузошта буданд.
– Пурсиши батакрори журналист мусоҳибро чи ангеза дода метавонад? Аз чунин пурсиши батакрор ба ғазаб овардани мусоҳиб хуб аст ва ё не?
– Мусоҳибро ба ғазаб овардани хабарнигор хуб нест. Хабарнигор набояд дар баробари ҳамсуҳбат мавқеъ ва сангар бигирад. Бояд хеле муҳтотона ва бетарафона кор кунад. Чун мусоҳиб аз посух иҷтиноб кунад, пурсиши батакрори як масъала ва як суол се бор ҷоиз аст ва он ҳам бо фосилае. Аммо бояд тавре суолро матраҳ карду мавридашро ёфта пурсид, ки наранҷад, қаҳраш наояд. Вале агар шумо се бор ҳам суол додед ва се бор ҳам посух нагирифтед, беҳтар ин аст, ки дигар исрор наварзед. Беҳуда дафъаи мардон то се нагуфтаанд.
Вале гоҳо суолҳои «нобоб» мусоҳибонро дар воқеъ ба ғазаб меоварад ва на ҳамаи онҳо тоқат мекунанд. Бо Шералӣ Гул, вазири энергетика ва саноати пешина мусоҳиба кардам (Ҳарамгули Қодир низ ҳузур дошт). Суҳбат хуб пеш мерафт. Дар миёни суҳбат аз ӯ дар бораи се зан доштанаш пурсидам. Дафъатан сукут кард, даступо хӯрд ва ишора ба диктофон кард, то хомуш кунам. Гуфт, шарт аст, ки ба ин суол ҷавоб диҳам? Вале аз идомаи суҳбат даст накашид.
Аммо, Худо раҳматаш кунад, Суҳроб Шарифов, раиси собиқи Маркази тадқиқоти стратегӣ, ки воқеан ҳам як инсони донишманд ва шариф буд ва мусоҳибаҳои муфассале ҳам додааст, боре то чанд дақиқаи дигар ба анҷоми мусоҳиба монда буд, ки дигар нороҳат шуд ва аз курсиаш баланд шуду рафт самти дар ва кушоду гуфт, ки «хуш омадед»…
Аммо баъди он низ боз чанд навбати дигар суҳбатҳо доштам бо эшон. Ҷояш ҷаннат бошад.
– Оё буданд суҳбатҳое, ки ба Шумо «дарди сар» харида бошанд?
– Бале. На танҳо буданд, балки сабаб ва омили асосии аз «Озодӣ» рафтани ман шуданд. На, ин на ба он маъно аст, ки дар анҷом ва нашри мусоҳиба аз ман иштибоҳе сар зада бошад. Аксари мусоҳибаҳоеро, ки анҷом додаам, бо мусоҳиб ҳамоҳанг карда ва розигии ӯро гирифта, баъд ба нашр додаам. Дар «Ҳафта» (нашрияе ҳамагӣ 1 шумора чоп шуд. Танҳо нашрияе, ки расман баста ва шаҳодатномааш бозхонд шудааст) мусоҳиба бо устод Мӯъмин Қаноат, Шоири халқии Тоҷикистон мунташир шуд, ки эродҳову интиқодоташро иброз дошт.
Устоди шодравон, худованд аз неъматҳои биҳишт сероб карда бошадаш, вақте мераванду суолу ҷавобаш мекунанд, мегӯяд, ки «бале, он чи ки нашр шуд, ҳамааш суҳбат ва суханҳои ман аст. Касе аз номи худаш чизеро изофа накардааст». Мутаассифона, ин Шукуҳу Шаҳомат ва ин Номусу Шарафи миллатро дар расонаҳои расмӣ таҳқир карданд ва «васвос» шуда гуфтанд. Ин дар ҳоле буд, ки дар ҳама сафаҳоти ин мусоҳиба устоди бузург имзо гузошта буд.
Вале он чи ки «дарди сар» шуд, ин мусоҳиба бо Мамадбоқир Мамадбоқиров, аз лидерони мардумии Бадахшон буд, ки дар вақти ҳаводиси Хоруғ дар тирамоҳи соли 2012 тавассути телефон гирифта шуд. Ҳамин суҳбат, фикр мекунам, иллати асосии надодани «аккредитатсия» шуд. Худову ростӣ, ҳеч гоҳ бо Мамадбоқир то ба ҳамин имрӯз рӯ ба рӯ нашудаам ва намешиносам. Гуфтам, ки ин супориши роҳбарият буд. Фарқ надошт, ки бо кӣ, аммо бо яке аз чаҳор лидери мардумии Бадахшон бояд ҳамсуҳбат мешудам. Ҳеч кадомашонро пайдо накардам. Тамоми дӯстонро «ба по хезондам», аммо бефоида. Бояд рӯзи душанбе мусоҳибаро мефиристодам ба марказ. Аммо касеро наёфтам. Рӯзи сешанбе, то нимарӯзӣ, то вақти ҷаласаи муштарак бо Прага ҳам.
Рамзия Мирзобекова, хабарнигори «Азия-плюс» он ҷо, дар Хоруғ будааст. Телефонашро ёфтам ва занг зада гуфтам, кумак кунад. Рафт. Як каме дертар занг заду гуфт, танҳо Мамадбоқирро пайдо кардаасту аммо ӯ азодор аст, ҷиянаш дар ин ҷанг кушта шудааст. Вале имрӯз неву пагоҳ метавонад сӯҳбат кунад. Ҳамин тавр, пагоҳ, яъне сешанбе, рӯзи эфири «Меҳмони «Озодӣ» буд ва вақте ҷаласаи муштараки мо бо Прага шурӯъ шуд, Мамадбоқир занг зад. Ростӣ гап, ҳама карахт шудем, чун бовар надоштем. Зуд рафтем студия ва суҳбат кардем. Инро мехоҳам таъкид намоям, ки дар студия Фахриддин ҳам ҳамроҳи ман буд ва мо якҷо он суҳбатро сабт карда будем.
Назарҳо дар бораи ин мусоҳиба гуногун буд. Аммо, Худо шоҳид аст, ман айни воқеиятро гуфтам. Аммо гуфтаанд, ки гӯиё ман Мамадбоқирро гап ёд дода бошам, аз номи вай гап зада бошам. Дар студия танҳо набудам ва дигараш ҳам ки суҳбати радиоиро чӣ тавр мешавад дигар кард ва муҳимтарин нукта ин аст, ки ман танҳо кори журналистӣ анҷом дода будам, аммо бардошту гумонҳои комилан ғалат ва дур аз воқеиятро дар бархе аз ҷойҳо ба бор оварданд…
– Воқеан, ҷасорати Шумо аз куҷо сарчашма гирифта?
– Худову ростӣ, ҳеч ҷасорате набуд. Мо корамонро анҷом медодем. Онро ҷасорат ҳам намеҳисобидем. Фақат кор ва бидуни кадом ҳадафе дигар, фаъолияти журналистӣ буду бас. Маҳаки мо барои чопу нашр аввал қонуни кор буд ва низ виҷдони мо.
– Боре «такягоҳ» доштед? Нафаре буд, ки аз «дарди сар»-е Шуморо раҳонида бошад?
– Дар давоми корам ба касе «такя» накардаам. Такягоҳам фақат Худо ва сипас худам будам. То ду-се моҳи аввал, ки баъди танаффуси тӯлонии кори журналистӣ ба кор ба «Озодӣ» омадам, дӯстону ҳамкорон Мирзонабии Холиқзод (мудири дафтар буданд он солҳо), Раҳматкарими Давлат ва Сайидмуҳиддини Оймаҳмад (ҳоло дар BBC) барои таҳия ва навиштани хабару гузориш ва бахусус, корҳои фаннӣ кӯмакҳои бедареғ расонидаанд. Дар аввалҳо, ки бо компютер кор карда наметавонистам, хеле душвор буд. Ҳамин ки сари компютер менишастам, тамоми фикрҳо гум мешуданд ва ночор боз қаламу коғаз мегирифтам. Аммо батадриҷ одат шуд. Чуноне гуфтам, як бор бо «дарди сар» афтодам, ки сабаб шуд, аз кор биравам.
Инро ҳам бигӯям, ки ҳеч гоҳ бо роҳбарияти «Озодӣ» Аббоси Ҷаводӣ, Маъсумаи Турфа, Род Шаҳидӣ ва Соҷидаи Мирзо мушкил надоштам. Аз ин роҳбарон танҳо нафаре, ки ҳар гоҳ Душанбе омад, менишасту «текстҳо»-ямро таҳрир мекард ва Худо шоҳид, ки мехостам шогирдаш бошаму дар наздаш сабақ бигирам, Маъсумаи Турфа буд. Якуним – ду сафҳа навиштаи маро то ним сафҳаи компютер мухтасар мекард. Аммо дар ҳамин матни кӯтоҳ тавре хабару назару паёмро ҷойгир мекард, ки расотар, фаҳмотар ва муъҷазтар буд. Ин хонуми бузургвор ошиқи тоҷику Тоҷикистон ва устоди касби хеш аст. Матбуоти тоҷик чунин нафаронро кам дорад… надорад гӯям ҳам, иштибоҳ намешавад.
Дар як соли кори ахири Соҷида дар душвортарин мавзӯъу масъала, ки супориш медод, талош мекардам, ки иҷро кунам. Аз ҷумла, ҳамин мусоҳиба бо Мамадбоқир Мамадбоқиров низ дастури ӯ буд, ки ман ба унвони муҷрии барномаи «Меҳмони «Озодӣ» бояд анҷом медодам. Дар ҳар ҳол, ба пиндори ман, ки то имрӯз иваз нашудааст, Соҷида, агар дар ихтиёри худаш буд, ҳеч гоҳ маро аз кор ҷавоб намедод. Вале чун «аккредитатсия» сабаб шуд, ӯ дар ҳимояти ман дар баробари Вазорати корҳои хориҷӣ кӯтоҳӣ кард. Метавонист, ҳадди ақал барои як муддати кӯтоҳ, муваққатан бошад ҳам, ба марказ – Прага бибарад. Чунончи, имрӯз роҳбари феълӣ устод Салими Аюбзод нафаронеро, ки бо мушкили «аккредитатсия» мувоҷеҳ шуданд, ба Прага даъват мекунад.
Сайфулло Сафаров, дар як суҳбаташ дар ҳамон айни авҷи баҳсҳо бар сари аз кор равонидани ман дар «Имрӯз-нюс» гуфт, «дар даҳ соли кориаш Қаюмзод як кори хуби ҳукуматро надид», дар ҳоле ки ҳеч як матлабу гузориши «Озодӣ» якҷониба нашр намешавад ва ҳатман «баланс» муроот хоҳад шуд ва ҳамин устод Сайфуллоро ҳам борҳо дар мизҳои гирду дар барномаҳо ҷалб намуда ва назари тарафи давлатро мунъакис намудаем.
– Сензураро дар шакл, мазмун ва муҳтавои суҳбатҳоятон аз ҷониби нашрияҳо ва ашхоси дар «боло»-буда боре ҳис кардаед?
– Бале. Дар нашрияҳое, ки он мусоҳибаҳоро бозчоп мекарданд, бархе аз калимаву ибораву сархатҳо ҳазф мешуд ва ё тағйир меёфт. Масалан, ба ҷои баъзе калимаҳо «ҳукумат» менавиштанд ва ё «мақомот» ва ё амсоли инҳо. Аммо дар «Озодӣ» аз ин чизҳо кам ба назар мерасид.
– Боре суҳбати «фармоишӣ» анҷом додаед?
– Суҳбати «фармоишӣ» (агар манзур аз фармоишӣ фармоиши афроди алоҳида ё гуруҳе бошад), ҳеч гоҳ анҷом надодаам. Вале фармоишу супориши коргоҳро иҷро мекардам. Ин чиз кам иттифоқ наафтодааст, вале албатта, бо ҳамоҳангӣ сурат мегирифт. Феҳристи ҳамсуҳбатҳоро барои моҳ ё чанд барнома омода мекардам ва аз Прага номҳоеро илова мекарданд ва ё мегуфтанд, ки фалон нафар, ки интихоб кардед, он қадар таваҷҷуҳангез нест. Инро намешавад «фармоишӣ» гуфт.
Аммо як «ҳикояча»-ро мехоҳам зикр кунам: як вақт супориш шуд, бо Фарзонаи Хуршед мусоҳиба анҷом диҳам. Барои ман ин як супориши вазнин буд, чун завқе ба ин навъи мусиқӣ надоштам ва Фарзонаро, он гуна ки устоди бузург Давлатманди Холро мешинохтам, намешинохтам. Аз тарафи дигар Фарзона, ки ба касе мусоҳиба намедод. Дигар илоҷ намонд ва ба бобои ӯ Ҳабиб Рабиев, ки мешинохтам, муроҷиат кардам. Гуфтам, «кор ҳамин, агар Фарзона бо ман суҳбат накунад, Соҷида маро аз кор сур мекунад». Боваратон намешавад, Фарзона мусоҳиба дод. Дарвоқеъ, аввал шӯрбо оварду зиёфат дод. Азбаски то охирин лаҳза боварам набуд, ба ҷои аккоси идора Халил (писарам)-ро ҳамроҳам бурда будам. Ва аҷаб хушсухану хушсуҳбате будааст. Хеле равону озод суҳбат мекард.
Ин супоришро иҷро кардам. Як маротибаи дигар супориш шуд, ки бо Бобоҷон Бобохонов, собиқ Прокурори генералӣ мусоҳиба анҷом диҳам. Чандин навбат пушти дараш рафтам. Ҳамроҳи Ҳарамгули Қодир ҳам рафтем. Қабул накард, ки накард. Аммо бояд супориш иҷро мешуд, чун дигар хел шуданаш номумкин буд. Ҳамкорамон Мирзонабии Холиқзодро гуфтам равем. Ду кас омадем пушти дарвозаи Бобохонов. Наберааш баромад. Мирзонабӣ гуфт, ки бираву бигӯ, ки «меҳмон» омадааст. Ҳамин тавр, Бобохонов берун баромад ва ноилоҷ «меҳмон»-ҳоро дохил бурд ва мусоҳиба анҷом дод. Гап инҷост, ки мо ҳар боре омадем, мегуфтем, ки журналистем ва холӣ бармегаштем, аммо ин бор «ҳушёрии касбӣ»-и Мирзонабӣ кор дод…
– Бидуни шак, аз сирҳои ниҳон ва розҳои магӯи аксар ҳамсуҳбатҳоятон огаҳед, ки ногуфта монда. Он ҳама дар лавҳи хотири Шумо маҳфуз ҳаст ва ё ҷое қайд карда мемонед? Ҳамчунин, оё ин магӯҳо Шуморо азоб намедиҳанд?
– Ногуфтаҳо, аз ҳар суҳбат кам нестанд. Дар ягонҷо қайд накардаам. Шояд бархе аз онҳоро дигар хотира аз даст додааст. Аммо, ҳамин ҳоло ҳам шароити гуфтани бархе аз онҳо пеш наомадааст. Барои мусоҳибҳо мушкил мешавад, на барои ман.
– Қаҳрамоне монда, ки мехостед бо он ҳамсуҳбат шавед ва ин то ҳол ҷомаи амал напӯшида?
– Бале. Хеле зиёданд…
– Дар байни журналистон аз худ беҳтар киро дар жанри мусоҳиба дидаеду медонед?
– Ман худро беҳтар намеҳисобам. Вале намедонам номи киро бигирам.
– Чаро дигар ба журналистика напайвастед: танҳо “аккредитатсия” баҳона шуд ва ё барои журналист ин муҳим буда метавонад?
– Ман то охирин лаҳзаҳо талош кардам, ки чархи зиндагиамро бо кори пешакардаам чархонам, аммо новобаста аз хоҳишу майли ман, чунин шароит муҳайё нашуд. Як нашрияи мустақиле бо номи «Ҳафта»-ро гардон кардем. Нагузоштанд. Акбари Саттор, ҷояш ҷаннат бошад, ваъда карда буд, ки чаҳор шумораро бепул чоп мекунад. Аммо баъди нашри шумораи аввал ӯро ҳам фишор оварданд ва гуфт, ки омодааст, пули чопро диҳад, аммо худаш чоп намекунад. Баъди он пешниҳод кардам, ки омодаам як маҷалла таъсис бидиҳем ва ба мардум ва миллат дар бораи гузашта ва имрӯза бинависем, аз навигариҳои соҳа, аз таҷрибаи ин арса дар ниҳодҳои мушобеҳи давлатҳои дунё бинависему бигӯем. Аввал гуфтанд, ки бояд маслиҳат кард, вале баъдан гуфтанд, ки чунин имконият надорем ва зарурат нест, чун метавонем дар ҳар нашрияи дигар маводҳоямонро бидуни кадом мамониат чоп кунем.
Муҳаммад Ғойиб, шоири хушсухани мо, он солҳо сармуҳаррири «Ҷумҳурият» буд. Як рӯз диду гуфт, ки талош мекунад, ки корам бигирад. Аммо баъди чанде диду гуфт, ки «дар он ҷо розӣ нашуданд».
– Ба назари Шумо, бозори иттилоотии кишвар имрӯз дар кадом вазъ аст?
– Рости гап, дигар як – ду сол мешавад, ки газетаҳоро намегирам. Пештар ҳар ҳафта мехаридам. Ин ду – се ҳафтаи ахир, ки шаҳри Панҷекат рафтаму омадам, боз нашуд, харидорӣ кардам. Аммо… Дигар чизе ҷолибу хонданӣ надоранд. Барои ҳамин намедонам, ки иттилооти кишвар чи бозор дораду бозори иттилоотии кишвар дар чӣ ҳол аст.
Масалан, «Азия-плюс» бо 1400 нусха чоп шуда истодааст. Ҳафтаномае, ки воқиан ҳайф аст, ки маҳву нобуд бишавад, чун нақши босазое дар рушди матбуоти тоҷик бозидааст. Дигар нашрияҳоро намешавад фарқ кард. Ҳамагӣ зоҳиран минбари халқанд…
-Агар чархи гардун Шуморо ба ҷавонӣ барад, оё боз роҳи журналистикаро интихоб мекунед?
– Не… Вале мутаассифона, кори дигаре аз дастам барнамеояд…
Ҳолнома:
Қаюмов Абдуқаюм (Абдуқаюми Қаюмзод), 10-уми сентябри соли 1967 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва як соли омӯзгорӣ, соли 1990 фаъолиятро дар «Тоҷикистони шӯравӣ» – нашрияи Ҳизби коммунист ва Ҳукумати Тоҷикистон, ба сифати хабарнигор шурӯъ кардааст. Сипас, чанд соле дар нашрияҳои «Ҳафтганҷ» ва «Чароғи рӯз» фаъолият доштааст. Аз соли 2001 фаъолияти кориро ба сифати хабарнигори парлумонии бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» (ИМА) дар шаҳри Душанбе идома додааст.
Абдуқаюми Қаюмзод соли 1996 ба унвони хабарнигори «Чароғи рӯз» дар шаҳри Маскав, барандаи Ҷоизаи байналмилалии ба номи Л. Ҳеллман ва Ҷ. Ҳаммет мегардад. Соли 2010 Асоссиатсияи «Медиа Алянси Тоҷикистон» барои силсилаи матолиб дар нашрияҳои даврӣ бо ҷоизаи тахассусии худ «Барои ҷасорати журналистӣ»-и ба номи Мазҳабшоҳи Муҳаббатшоҳ сазовор медонад. Соли 2011 «Анҷумани байналмилалии рӯзноманигорони форсизабон – «Афрӯз»» ӯро «Мусоҳиби сол» эълон медорад. Дар ҳамин сол аз ҷониби ду нашрияи мустақили «Нигоҳ» ва «Фараж» ва бархе аз созмонҳои журналистӣ «Журналисти сол» эълон мешавад. Соли 2012 барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардидааст.
Мусоҳиб:
Меҳрофарин НАҶЕВУЛЛОЕВ