Устод Абдулҳамид Самад, ба ҷуз онҳое, ки дар синфҳои ҳафтуму ҳаштуми мактаби миёна таҳсил мекунанд, барои дигарон ниёз ба муаррифӣ надоранд. Қаламкаше, ки адабиёти мо бо осораш ифтихор мекунад.

Аз ангуштшумор адибонест, ки дар рушди насри тоҷикии форсӣ хидмати мондагор кардаанд, на танҳо дар насри бадеӣ, инчунин дар нақди адабӣ, дар насри иҷтимоӣ (ё чунон ки бисёриҳо дӯст медоранд бигӯянд – публитсистика, ҳол он ки насри иҷтимоист) ва ҳам дар ёддоштнависӣ…

Банда даврони донишҷӯйӣ “Паррончакҳо”-яшро хонда будам ва бо ҳамин таваҷҷуҳ ба асарҳои баъдинааш беш аз пеш шуд ва то кунун идома дорад: мисли он ки ғизоеро дӯст медоред ва мехоҳед ҳамарӯза ҳамон ғизоро бихӯред.

Ташбеҳи дигаре наёфтам, мутаассифона… Аммо ташбеҳи баде нест, агар маънои дигари вожаи “ғизо”-ро дар назар дошта бошем. Устод Абдулҳамиди Самад ҳам умре ғизо омода кардаанд ва мекунанд: он ғизо барои ақлҳо ва мағзҳои мост, чизҳое ҳаст, ки моро ба андеша водор месозад ва дарки зебоиҳои зиндагиро осонтар мекунад…

Имрӯз ин адиби аз донишу хирад тавонои мо зодрӯз доранд. Умрашон дароз бошад!

Ба ёдам омад, ки соли 2016 бо ин кас мусоҳибае анҷом дода будам роҷеъ ба осори Фазлиддин Муҳаммадиев. Ин мусоҳиба дар шакли мухтасар дар “Адабиёт ва санъат” ҳамон сол чоп шуда буд. (Тахмин мекунам, ки матни он суҳбатро аксарият нахондаанд).

Инак, он мусоҳибаро (дар шакли мукаммалаш) ин ҷо мегузорам, то алоқамандону мухлисони эҷодиёти ин адиби маъруф ва ҳам мухлисони мо (бинед, ки хоксориро таги по кардем) бихонанд ва баҳра бардоранд.

Инак, он суҳбат:

 Тарғибгари ахлоқи миллӣ ва одаму одамгарӣ

(Суҳбати ҲАФИЗ РАҲМОН бо Нависандаи халқии Тоҷикистон АБДУЛҲАМИД САМАД перомуни шахсият ва баъзе паҳлуҳои осори ҷовидонаи Фазлиддин Муҳаммадиев)

15-уми июни соли ҷорӣ аз мавлуди адиби маъруфи тоҷик Фазлиддин Муҳаммадиев 88 сол ва аз марги муфоҷои ӯ 30 сол пур мешавад. Ҳанӯз дар замонаш Фёдор Михайлович Достоевский гуфта буд, ки «як нишонаи муҳими ҳунари адабӣ ҳамон аст, ки вай ҳамеша ҳозиразамон мемонад». Бо гузашти се даҳсола ҳамоно осори ин адиби накуном мавриди мутолиа буда, андешаву афкор ва мавзую масъалаҳои асарҳояш ба дарди ҷомеа ва миллат сарукор мегиранд.

Бешак, Фазлиддин Муҳаммадиев ҷасурона мегуфту менавишт ва ҳамин ҷасорати шаҳрвандию адабиаш барилова ба ҳунари волои асарофаринӣ ӯро шуҳраи офоқ гардонд. Жорж Санд, адиби хеле машҳури даврони романтизми франсавӣ, дар қиссаи «Индиана» аз забони қаҳрамонаш чӣ зебо мегӯяд: «Одами аз ҳама бошараф ҳамонест, ки беҳтар фикру амал мекунад, аммо нерумандтаринаш ҳамон аст, ки беҳтар мегӯяду менависад…».

Ин пораи иқтибос пурра ба Фазлиддин Муҳаммадиев дахл дорад, зеро ӯ пештар ва жарфтар аз он масоиле мегуфт, ки ҷомеа ва инсонҳо ба ислоҳи онҳо ниёз доштанд, сухан ва амалкардаш яке буд. Инак, фишурдаи суҳбат перомуни шахсият ва осори Фазлиддин Муҳаммадиев:

ҲАФИЗ РАҲМОН: Имрӯз нигоҳ ба адабиёт ҳамчун навъи ҳунар бо назардошти зуҳури даҳҳо равияву ҷараёнҳои адабӣ, роҳу равиши гуногуни инъикоси зиндагӣ, таъсири ҳамдигарии равишу сабкҳои нависандагӣ дар ҳар кунҷу канори олам комилан таҳаввул ёфтааст.

Имрӯз аз навию тозагии адаби Аврупо, ки тӯли садсолаҳо ангуштнамои аҳли қалам буд, камтар сухан мегӯянд, зеро сабки ҳунарии адибони Амрикои Лотин ҳамаро ба ҳайрат овардааст. Садҳо навъи офариниши асари бадеӣ пайдо шудааст, аммо як рисолати адабиёт ҳанӯз побарҷост: асли адабиёт инсонсозист ва инсон, чӣ дар Африқову чӣ дар Амрикову Осиё, модом ки инсон аст, ҳамоно ба тарбияву таъсиру танзиму тадбир ниёз хоҳад дошт.

Агар аз ҳамин мавқеи фикрӣ ба таърихи адабу фарҳанги 40-45 соли пешин назар афканем, бо назардошти он мавзую масъалаҳо ва идеяҳое, ки гуфтанашон он замон роиҷ буд, осори Фазлиддин Муҳаммадиев ҳамоно муосир менамояд. Сирри намирандагии ин осор аз нигоҳи ҳунари эҷод дар чӣ бошад…

АБДУЛҲАМИД САМАД: Ҳар адибе, ки истеъдоди бузургу тавоно дошта бошад, падидаи адабӣ ба шумор меояд. Як назар кунем ба замоне, ки Фазлиддин Муҳаммадиев ба арсаи адабиёт қадам монда буданд, хоҳем дид, ки воқеан адиб пайраҳаи наверо дар адабиёт ибтидо гузоштанд. Аз сӯйи дигар, нависанда беҳтарин анъанаҳоеро идома дод, ки дар саргаҳашон адибони варзида Айниву Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, махсусан Пӯлод Толис меистоданд.

Дар анҷоми солҳои 50-ум ва оғози 60-ум Фазлиддин Муҳаммадиев бо қиссаи «Муҳоҷирон» ба майдони адабиёт ворид шуд ва аз ҳамин қисса ковиши адабии ӯ то охир идома ёфт. Ҷусторҳои адабии ӯ бештар ба ахлоқи ҷомеа ва ахлоқи инсон ва он дарду ормонҳое, ки инсони зиндагисоз дорад, яъне хулқу атвори инсон дахл дошт. Шеъри тоҷик низ пас аз Ғаффор Мирзову Аминҷон Шукӯҳӣ, бо вуруди Муъмин Қаноат ва баъдан Лоиқу насли дигар ба адабиёт рушд ёфт. Аз ин нуқтаи назар бинем, Фазлиддин Муҳаммадиев дар насри муосири тоҷик як падидаи наве буд, ки маърифати насри моро баланд бардошт. Маърифати қаҳрамони адабиёти моро ҳам дар ҳикоя, ҳам дар қиссаву роман ва ҳам дар очерку публитсистика рӯшану пурҷилотар кард. Инсонҳое дар наср ба вуҷуд овард, ки дорои хулқу атвори миллӣ буданд. Ин хеле муҳим аст.

Нависандаҳое ҳастанд, ки дар қолабҳои гуногун асар менависанд, вале бо гузашти солҳо асолати худашонро гум мекунанд, чунки он асарҳо асолати мустаҳками миллӣ надоранд, дарду армони миллӣ надоранд, ё ҳадафҳое, ки дар худшиносӣ дар тӯли солҳо як халқу як миллат гирд овардааст, як андоза заъиф тасвир ёфтаанд. Яъне ин гуна асарҳо барои як давру замон таълиф шудаанд.

Хушбахтона, асарҳои Фазлиддин Муҳаммадиев, ки дар асри XX замонавӣ буданд, дар асри XXI ҳам замонавиянд ва ман гумон мекунам, ки дар ояндаи дур низ хонандаи тоҷикро бо маърифати баланд, маънавияти баланд ва бо вижагиҳои ҳунарии худ ҳамеша тарбия карда метавонанд.

ҲАФИЗ РАҲМОН: Устоди азиз, Шумо наку гуфтед, ки инъикоси хулқу атвор ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ рисолати нависандагии Фазлиддин Муҳаммадиев буд. Ман мехоҳам аз навиштаҳои худи устод Фазлиддин Муҳаммадиев як иқтибосе биёрам.:

«Агар мо ба самти номатлуб тағйир ёфтани хислати ҷавонони беандешаи вайронкорро ба назар бигирем, боз ба назар бигирем, ки аз ҷумлаи онҳо бо мурури вақт ваҳшиёни дупо, одамони сангдилу ба тақдири атрофиён бепарво ва золим ба воя мерасанд, ин зиёнро бо ҳеҷ маблағ муқоиса ва ё чен карда намешавад».

Ин андешаи устод на фақат дарди ӯ, балки дарди ҷомеаро низ ифода мекард…

АБДУЛҲАМИД САМАД: Бале, дар маркази таваҷҷуҳи нависанда ахлоқи ҷомеа ва хусусан ҷавонон буд. Имрӯз ин масъала доғтар шудааст. Дар бораи эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев муҳаққиқони маъруф – Муҳаммадҷон Шакурӣ, Соҳиб Табаров, Атахон Сайфуллоев, Абдухолиқ Набавӣ, Ҷӯрахон Бақозода ва ҳам нависандагоне, ки аз Фазлиддин Муҳаммадиев дар синну сол бузургтар буданд ва низ ононе, ки ба устод ифтихори шогирдӣ доштанд, баҳои баланд додаанд. Аз он ҷиҳат баҳои баланд додаанд, ки воқеан хизмати он кас ҳамчун суханвар, ҳамчун адиби мутафаккир дар баланд бардоштани сатҳи маърифати насри мо бузург аст.

Шоиру нависанда метавонад чизи зиёде нависад, китоби зиёде чоп кунад, аммо на ҳар эҷодкори асил, мисли Айниву Турсунзода ва Раҳимзода метавонад як навъ рисолати омӯзгорӣ касб кунад, лекин дар насри мо ба кадом паҳлуе назар афканем, мебинем, ки Фазлиддин Муҳаммадиев ҳамчун як омӯзгор, ҳамчун як мураббии дурандеши адибон ба ҷомеа ва адабиёт хидмат кардаанд, зиёда аз ин, он кас барои миллат ва ахлоқи ҷомеа хешро масъул медонистанд. Мақолае бо ҳамин унвон навиштаанд, «Мо ҳамагӣ масъулем, ҳар яки мо масъул аст», ки дар вақташ ба ин мақола устод Сотим Улуғзода баҳои баланд дода буданд.

Вақтҳои охир муносибати ҷавонон ба муҳит, хулқу атворашон нависандаро ба ташвиш оварда буд. Бепарвоӣ, харобкорӣ, хунукназарӣ ба сарватҳои маънавӣ ва молии давлат. Агар ин муносибат ислоҳ нашавад, ояндаи мо чӣ хоҳад шуд?

Дар «Шоҳии Япон», қиссаи пеш аз «Варта», масъала ҷиддист: масъалаи тарбия, нагаравидан ба расму суннатҳои бегона. Дар ҳамон давра таҳоҷуми фарҳангӣ таъсири заъифе дошт, аммо бинед, ки дар замони мо гаравидану бегонапарастӣ чӣ гуна хурӯҷ кардааст.

ҲАФИЗ РАҲМОН: Фазлиддин Муҳаммадиев, воқеан, як мактаби ҳунарие таъсис дода буданд, ки он марбут ба жанри хеле душворэҷоди насри бадеӣ, яъне ҳикоя буд.

Агар қиссаву роману публисистикаашро як сӯ гузорем, устод дар силсилаи ҳикоёташ, аз ҷумла «Шаби саввум», «Суди рафиқона», «Ҷага», «Тамошо», «Сози мунаввар», «Хиёбони Нодир», «Даъво», «Рӯзи даффни усто Оқил», «Роҳ» ва ғайраҳо олами ботинии инсон ва ахлоқи инсон, муносибати инсон ба муҳит ва ҷомеа аз паҳлуҳои гуногун, аз зовияҳои гуногун менигарад ва дар ҳар маврид хулосаҳои ҷолиб мебарорад, аз ин ё он рӯйдодҳои гӯё назарногир, ҷузъиёти ҳаводис ва ахлоқ, зиндагии муҳит хулосаҳои умумифалсафӣ мебарорад.

Барои мисол, ҳикояи «Рӯзи дафни усто Оқил», қиссаи устои ҳунарманде, ки инсони хуб набуданаш танаффури мардумро ба вуҷуд оварда буд…

АБДУЛҲАМИД САМАД: Ҳамон саволи маъмул, ки ҳамаи мо дар сари манзил ҳангоми ба роҳи охират гусел намудани як инсон мешунавем: чӣ гуна одам буд? Дар ин ҳикоя ҳангоми посух мардум як андоза андеша мекунанд, чунки усто ҳунарашро барои дигарон наомӯзонд. Ин як паҳлуи муҳимми норасоии инсон аст, ки Фазлиддин Муҳаммадиев ҳамчун як олими инсоншинос ба он назари нозуки бадеӣ афкандааст.

ҲАФИЗ РАҲМОН: Ҷузъиёти дар ин ҳикоя офаридаи устодро бинед, ки рӯзи дафни усто Оқил ҳаво борониву сард аст, вақте ҷасадро мебаранд ба гӯристон, қабр ҳанӯз тайёр нест.

Ин ҷузъиёт идеяи асарро барҷаста кардааст. Ё бигирем мабдаи андешаро дар ҳикояи «Ҷага»…

АБДУЛҲАМИД САМАД: Асари тамсилӣ аст ва маънии чуқур дорад. Сарнавишти талхи Ҷага мисли сарнавишти инсонҳоест, ки дар роҳи зиндагӣ худашон барои худашон мушкил эҷод мекунанд, дар ҳаёти тӯлониашон дӯст намеёбанд, бо шубҳаю табаҳкорӣ фақат душман пайдо мекунанд. Ҳадаф сарнавишти як саг нест, балки ишора ба аъмоли инсон, ба фалсафаи зиндагии инсонҳост.

Аз ин дидгоҳ, агар ба зиндагии устод таваҷҷуҳ кунем, худи Фазлиддин Муҳаммадиев ба адабиёт, ба қаҳрамони адабӣ, ба муҳит ва ҳамзамонон аз назари ахлоқии волои худашон муносибат мекарданд ва баҳо медоданд.

Аз нигоҳи он кас дар зиндагӣ, дар муошират, дар муносибат ба эҷод ҳама чиз бояд дар сатҳи олӣ бошад, ҳама назокатҳои инсонӣ бояд риоя шавад. Дар зиндагӣ ва эҷод ҳама ҷузъиётро ба ҳисоб мегирифтанд, одитарин расму таомулро ба ҷо меоварданд. Мисли Фазлиддин Муҳаммадиев ман нависандаеро надидам, ки суханаш, асари офаридааш ба рӯзгораш, ба фаъолияти ҳаррӯзаи зиндагиаш мувофиқ бошад.

Як мисол меорам. Боре устод ба ман ва дигар адибони дилхоҳашон занг заданд, ки зуд биёем, ҳодисае рух додааст, Аскаралӣ Раҷабов ҳам шоҳид буданд. Рафтем. Як мӯйсафеди бесоҳиб дар маҳаллаи рӯ ба рӯи автовокзал аз дунё гузаштааст. Кампири барҷомондаи пираш надонистааст, ки чӣ кор кунад…Ҷасад як-ду рӯз дар хона мондааст. Пиразани мусибатзадаро ногоҳ ба ёд омадааст, ки пеш як ҳамсояи муаллим, нависанда доштанд, дар назди канали Ҳисор, шафати бемористони Қарияи боло. Вай кофта-кофта муаллимро меёбаду мушкилашро бо ашки сӯзон баён мекунад. Фазлиддин Муҳаммадиев моро гирд оварда, ҷанозаи мӯйсафедро инсонвор, бо ҳама расму қоидаҳояш гузарониданд ва фотиҳаҳояшонро ҳам доданд. Ин амали инсонест, ки дили бузург дорад, ахлоқу имони ҳамида дорад ва албатта, мардумашро дӯст медорад…

ҲАФИЗ РАҲМОН: Вақте ки ҳамин суханҳоро Шумо мегӯед, ман мехоҳам рӯ ба фалсафа биёрам дар мавриди инсонпарварӣ. Бисёр файласуфҳо, аз қабили Канту Фейербах, ё нависанда Лев Толстой баҳс мекарданд, ки инсон ҳадафи ниҳоист ё воситаи ба даст овардани ҳадаф.

Ба ин натиҷа расиданд, ки инсон дар ҳама маврид ва дар ҳама гуна сохтор бояд ҳадаф бошад, на воситаи ба даст овардани мақсадҳои дигарон. Таҷассуми ҳамин андешаро дар осори Муҳаммадиев дидан мумкин аст.

Иммануил Кант, мутафаккири машҳури олмонӣ, жарфтар рафта, мегӯяд, ки инсон бояд ҳамеша хешро дар қарз бубинад, қарз назди ҷомеа. Ва ин қарз набояд аз тарсу ҳавасмандӣ сар занад, балки як навъ ҷозибаи ботинии инсон бошад. Баъдан ӯ вазифаи адабиётро аз инъикоси гармония ё иқоъи байни озодиву зарурат медонист, ки андешаи хеле муҳим аст. Яъне инсон то куҷо озод аст ва то куҷо зарурат дорад. Фикр мекунам, ки ҳамоҳангии ҳамин ду омилро бояд адабиёти асил инъикос кунад.

АБДУЛҲАМИД САМАД: Аслан вазифаи адабиёт тарбияи инсон аст, инсонро дар ҳамон мартабаи инсониаш нигоҳ доштан аст. Мо борҳо шоҳид шудаем, ки дар ин замон ва дар замонҳои гузашта, агар инсон аз меҳвари худ берун равад, аз тамоми навъи вуҳуш ваҳшитар мешавад. Он ҳадафе, ки Шайх Саъдӣ ё устод Рӯдакӣ дошт, асосан тарбияи маънавии инсон буд. Ҳадафи Достоевский, Толстой ё Гогол ба воситаи асарҳояшон инсони ҷомеаи миллии худашонро дар партави ҳамон расму суннатҳое, ки доштанд, тарбия кардан буд.

Хидмати бузурги Фазлиддин Муҳаммадиев дар сирф миллӣ будани қаҳрамон ва андешаи миллии қаҳрамон аст. Дар қиссаи «Дар он дунё» ҳадафи устод ҳамчун як тоҷик, ҳамчун як мусулмони намояндаи як миллат худро нишон додани қаҳрамонони асар аст. Агар дар асар назари истеҳзо бошад ҳам, ба хотири он аст, ки онҳое роҳи тавофи хонаи Худоро пеш мегиранд, аз сари сидқ поку беолоиш қоидаҳои ҳаҷро ба ҷо оранд, то ки боиси бадномии худу миллат нашавад.

Аз назари имрӯз бубинем, худи зоироне, ки па аз ҳаҷ меоянд, иқрор мекунанд, ки «устод ҳақ гуфтаанд ва бисёр боэҳтиёт гуфтаанд». Дар маросимҳои шину хез ва баррасиҳо, ки мо дар Иттифоқ мегузаронидем, аз ҳама инсоне, ки нисбат ба масъалаҳои динӣ ва ахлоқӣ боэҳтиёт ҳарф мезаданд, Фазлиддин Муҳаммадиев буданд. Агар мо, ҷавонон, чун насли комсомол, фарз кардем, каме бероҳа мерафтем, каме зиёдаравӣ мекардем, дарҳол меогоҳониданд, ки ба масъалаҳои ахлоқӣ, ба расму суннат ва дин шӯхӣ накунед. Ман инро барои он мегӯям, ки имрӯз бисёр ҷавонони мо аз рӯйи ҳавою ҳавас асар менависанд, аммо ахлоқи ҳамидаи миллии моро сарфи назар мекунанд. Аммо адабиёти асил ин ин гуна осорро ҳеҷ вақт қабул накардааст ва намекунад.

ҲАФИЗ РАҲМОН: Дар ҳамон муҳити солҳои 60-70-уми асри гузашта устод Фазлиддин Муҳаммадиев мисли устодони каломи бадеъ эҳсос мекарданд, ки сохтори сиёсӣ рӯ ба таназзул ва бунёди маънавии зиндагии мардум коҳида истодааст.

Аз ин рӯ, дар осори ӯ дарки таҳлилии имрӯзу фардо, яъне дарки мантиқи инкишофи таърих ба мушоҳида мерасид. Шояд яке аз сабабҳои зуҳури насри андеша ҳамин бошад…

АБДУЛҲАМИД САМАД: Сарахбори насри андеша мавзуи ахлоқ аст. Бинед, романи бузурги устод «Палатаи кунҷакӣ» аз ҷиҳати мавзуъ, аз ҷиҳати офариниши характер ва ҳаллу фасли бадеӣ назир надорад. Ин асар ҳамон вақт ҳам дар мақоми баланд меистод ва имрӯз низ. Асоси тасвир ахлоқи инсонест, ки роҳбар аст. Роҳбаре, ки ахлоқи баланд надорад, роҳбаре, ки бо хислатҳои зишт чун устухон дар гулӯи зердастон аст, масъулияти баланди роҳбарӣ надорад.

Ин бешак, бадбахтӣ аст барои ҳамон соҳа, ҳамон ҷомеа, ҳам барои онҳое, ки бо ин гуна роҳбар кор мекунанд. Бинед, ки қаҳрамони марказии асар – Носир Аббос, ки аз беадолатии дигарон ба шифохона меафтад, Ивон-амак, ҳам Зардодхонови духтур аз назари як равоншинос, баъдтар Иброҳимҷон, наворбардори филм, Хиромон, агар ҳар яки инҳоро зери таҳқиқи бадеии адиб алоҳида-алоҳида бубинем, боз дар маркази диққат ҳамон масъалаи ахлоқро хоҳем дид. Агар ахлоқ пок набошад, кору пайкори инсон дар нимароҳ мемонад, ба ҷомеа зарар оварда метавонаду манфиат не, дили инсонҳоро мешиканад. Давоми мантиқии ҳамин тадқиқи бадеиро мо дар қиссаи зебову баландпояи «Варта» мебинем. Гумон мекунам, ки аз ҷиҳати фарогирии масъала, аз ҷиҳати офариниши характер, хулқу хислати қаҳрамонон, ҳақпарастиву озодандешӣ, ин қисса аз ягон роман кам нест ва он як навъ давоми мантиқии «Палатаи кунҷакӣ» аст.

ҲАФИЗ РАҲМОН: Шумо дар як мақолаатон бо унвони «Насри солҳои охир» («Садои Шарқ», сентябри 1994) навиштаед, ки «…воқеан Фазлиддин Муҳаммадиев бо қиссаи худ «Варта» бонги хатар зада буданд, ки ҷомеаро варта дар пеш аст ва онро ба ин ҳолат соҳибмансабони ҳарису нопок ва ҳатулу тасодуфӣ расонидаанд. Чӣ афсӯс, ки нидои ташвишомези адиби маъруф он вақт ба гӯши касе нарасид».

Қиссаи «Варта», асаре, ки унвонаш бо идеяи он хеле мувофиқ уфтодааст, мисли драмаи Фридрих Шиллер – «Макр ва муҳаббат»…

АБДУЛҲАМИД САМАД: Солҳои 80-ум, давраи оғози бозсозӣ, муаллим дарвоқеъ аз каҷравиҳо бонги изтироб заданд: ҷомеа бо ин ҳатулкориву бо ин муносибат оянда надорад, моро дар пеш хатар аст. Қаҳрамонон ба андеша фурӯ мераванд ва аз хатар ҳушдор медиҳанд. Рисолати нависанда аз қадим ҳамин хел аст: ба воситаи ишора ҷомеаро ҳушдор медиҳад. Нависанда мисли пулис, масалан, ҳуқуқ надорад, ки рафта аз гиребони инсонҳо гираду кашмакаш кунад. Устод Фазлиддин Муҳаммадиев ҳам ба воситаи роману қиссаҳо ва ҳам ба воситаи ҳикояҳояшон фақат ахлоқи поки инсониро дар заминаи суннатҳои миллӣ тарғиб мекарданд, ки ин хеле муҳим аст.

Имрӯз аз бартарии адабиёт ва адибони сарзаминҳои дигар бисёр мегӯянд, ин албатта, бад нест, лекин шахсият ва эҷодиёти Муҳаммадиев барои адабиёт ва миллати тоҷик росташ, ки аз Айматов кам нест, баръакс, афзалиятҳо дорад, чунки дар ойинаи асарҳои Муҳаммадиев мо худамонро мебинем, мешиносем ва масъалаҳои рӯзгори миллат ва давлатамонро дарк мекунем. Албатта, барои ҳар миллат, пеш аз ҳама, шоир, нависанда, донишманд ва сиёсатмадори худаш бояд азиз бошад, зеро вай фарзандвор армонҳои миллии ӯро ҳам ҳифз ва ҳам тараннуму тарғиб мекунад.

ҲАФИЗ РАҲМОН: Шумо бисёр зебо гуфтед, ки осори адабӣ бояд дар заминаи миллӣ эҷод шавад. Мехостам ҳамин қиёсатонро идома диҳам. Мопассани франсавӣ ҳам ситоишгари ахлоқ буд, қиссаи зебое дорад бо номи «Гарданбанд». Таҳқиқи адиб ба ин натиҷа аст, ки ҳирси молу чизпарастӣ ва ба инобат нагирифтани ниёзмандиҳои дигарон инсонро ба кулфат ва оқибат ба шикаст мерасонад.

Яъне дар ин масъала Муҳаммадиев аз Мопассан кам нест. Дар ин маврид Лев Толстой ишора мекунад, ки «нависандагони тавоно ба пайғамбарони қадима хеле монанданд, зеро моҳияти ашёро беҳтар мебинанд ва беҳтар дарк мекунанд»…

АБДУЛҲАМИД САМАД: Ин, қабл аз ҳама, рисолати нависанда аст. Агар асари бадеӣ мавзуъҳои сабукро фаро гирад ва қаҳрамон ҳам сабукрафтор бошад, яъне асар авомона бошад, аз он ба адабиёт манфиате намерасад. Адиб бояд он мавзуъ ва масъалаҳоеро таҳқиқ кунад, ки ба онҳо миллат ниёз дошта бошад. Бубинед, бо ташаббуси Президент барномаҳои зиёде марбут ба худшиносии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, дӯст доштани ватан қабул шудаанд, ки ҳамаи инҳо мавзуъҳои таҳқиқи адабиётанд. Масалан, пок нигоҳ доштани забони модарӣ вазифаи ҷонии адиб аст, вазифаи олим аст, вазифаи ҳар фард аст. Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳамеша бонги изтироб мезаданд, ки бояд забонамонро пок нигоҳ дорем, чунки он кас аз решаҳои таназзули забони мо дар асрҳои гузашта хуб огоҳӣ доштанд.

Роҷеъ ба моҳияти ватандорӣ Муҳаммадиев мегӯянд: «Кадом одами солимақл аз ватани худ даст мекашад?» Ва худашон посух медиҳанд: «Ватан набошад, ба кас боз чӣ мемонад? Оила, хонадорӣ, дороӣ, хизмат. Бидуни ватан, дур аз ватан ё бархилофи ватан инҳо чӣ маъно доранд?». Ман инро ба хотири он мегӯям, ки имрӯз баъзе ҷавонони мо, мутаассифона, зуд фирефтаи мафкураи бегонаву аҷнабӣ мешаванд. Аз ҳамин назар, осори Муҳаммадиев имрӯз боз ҳам омӯзандатару арзишмандтар аст.

Дар замони худаш муҳаққиқони бузурги рус – Борщаговский, Макаров, Шокало, Османова ва дигарон дар бораи эҷодиёти Фазлиддин Муҳаммадиев мақолаҳо таълиф карда, арзиши осори ӯро дар радифи беҳтарин нависандаҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ гузошта буданд. Ногуфта намонад, дар ҳамон давра чор ҳикояи нависанда – «Рӯзи марги усто Оқил», «Даъво», «Сози мунаввар» ва «Хиёбони Нодир» дар бисёрҷилдаи беҳтарин ҳикояҳои дунё ворид шуда буданд. Ин бори аввал буд, ки аз насри навини тоҷик дар ҳамон замон ҳикояҳои адиби маъруфи мо дар сатҳи олӣ пазируфта шуд ва барои насли баъдинаи мо ишорае буд, ки агар ҳикоянавис бошед, дар ҳамин заминаву сатҳ асар нависед ва адабиётро ба пояи баланд бардоред. Маърифати қаҳрамони ҳамон ҳикояҳо баробари як қисса ва ҳатто баробари як роман аст…

ҲАФИЗ РАҲМОН: Бале, ноқидони сухан ҳам ба ин ақидаанд, ки адиби воқеӣ бояд касро на фақат ба хондан, балки ба андеша водор кунад. Баъди мутолиаи осори устод Фазлиддин Муҳаммадиев, чи «Палатаи кунҷакӣ» бошад, чи «Варта» ва чи «Одамони куҳна»-ву «Шоҳии япон», ҳар инсоне, ки соҳибдил аст, ба андеша рӯ меорад. Андешамандии қаҳрамон андешамандии хонандаро ба вуҷуд меорад….

АБДУЛҲАМИД САМАД: Бисёре аз аҳли нақд, аз ҷумла Абдухолиқ Набавӣ ва Муҳаммадҷон Шакурӣ насри Муҳаммадиевро насри андеша ва равонӣ гуфтаанд. Хосияти ин наср ҳамин аст, ки инсонро ба фикр маҷбур мекунад, албатта, инсоне, ки каму беш маънавият ва дарки сухан дорад. Пасон хонанда ба ботини худаш, ба рафтори худаш назар афканда, аз пайи ислоҳи норасоии хеш мешавад. Ин иқдоми ниҳоят бузург аст.

ҲАФИЗ РАҲМОН: Фикр мекунам, ки осори Фазлиддин Муҳаммадиев то замоне, ки ҷомеаи башарӣ ва ахлоқи башар ҳаст ва инсоният ниёз ба ислоҳи зоҳиру ботин дорад, коргар хоҳад буд.

Барои ин суҳбати ҷолиб ба Шумо сипос мегӯям.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь