Ҷуръат ба назди бинои кӯҳнаи чортабақа, ки солҳо таъмирро надида ва дар як гӯшаи шаҳр воқеъ буд, расид. Гуё осмон ба ҳолаш ашк мерехта бошад, ба рӯ чодари сиёҳ пӯшида, гоҳ- гоҳ баланд нола мекард. Ҷуръат аввал хуб ба ошёнаҳои бино зеҳн монда, баъд вориди он шуд. Баробари даромадан садои оҳанги ғалатии мардумиро шунид. Хонандаи суруд он қадар шеърдон ҳам набуд, чун ҳар чизе, ки ба даҳонаш меомад, мехонд. Ҷуръат оҳиста -оҳиста қадам монда, ба ҳуҷраи харобгашта сар халонд. Чор нафар гулхане шуълавар карда, дар гирди он менишастанд. Яке аз онҳо бо як ғижжаки кӯҳнаи фарсуда оҳанг менавохт, боқимонда барояш каф мезаданд. Аз афту башараашон маълум буд, ки инҳо ҳам ба мисли худаш “бомж” ҳастанд. Бубинед, дар давоми як рӯз Ҷуръат ҳам ба “бомж” монанд шуда монд (Сабабашро пасон хоҳед фаҳмид). Бе сару садо вориди утоқ шуд. “Бомжҳо” як нигоҳи мармузона кардандаш ва боз ба кори худ идома доданд. Гӯё будан ё набудани ӯ ба онҳо хеҷ дахл надошт. Ҷуръат кунҷи хонаро ихтиёр карда, ба оҳанги ғалатӣ ва оташи барафрӯхта назар карда, ба фикр фурӯ рафт.

Фикр мекард рӯзҳои гузаштаро. Замонеро ба ёд овард, ки устодаш Ҳақиқат аз дасти кӯчакаш гирифта ба боргоҳи сухан оварда, ба дастонаш қалам доду “ҳақиқатро ҳақиқат менависанд” гуфта буд. Аммо ҳоло чӣ шуд? Устодаш ҳам дар армони ҳақиқат Мурд. Баробари мурдани ӯ ҷуръати Ҷуръат ҳам ба лангидан даромад. Ба фикр фурӯ рафта, аз сабаби кӯфтагии роҳ хобаш бурда монд.

Нолиш ё дарди дил

-Ҷуръат писарам, бархез, ман наздат омадам.

Ҷуръат сар бардошту ба чашмонаш бовар намекард. Аз он ки рӯ ба рӯяш Ҳақиқат меистод, шак дошт. Ҳаросида савол кард.

– Устод, худатон ҳастед ё ман хоб мебинам?

– Писарам, магар маро дар ин 10 соли набудан фаромӯш кардӣ?

– Не – не устод. Маро бубахш. Бубахш, ки дар лаҳзаҳои ба ман эҳтиёҷ доштанат дар канорат набудам.

– Писарам, ман аз ту наранҷидаам. Ҳар он чизе, ки сарнавишт хоста, ҳамонро дидам. Ин гапҳоро мону аз худат гап зан, то ин замон ту дар куҷоҳо будӣ?

Ҷуръат медонист, ки аввалин суоле, ки аз Ҳақиқат мешунавад, ин аст.

– Дар дуриҳои дур будам. Дар ҷойе будам, ки ба ҷуз садои фиғони тифл, нолаи модар ва тиру туфанг чизе набуд.

– Ҷанг?

– Бале, дар ҷанг будам. Ҷанге, ки поён надорад. Ҷанг байни ҳақу ботил.

– Пас, чаро баргаштӣ?

– Устод, онҷо маконест, ки меоянду мераванд, ман ҳам рафтаму омадам. Ва бо худ саволҳои зиёд овардам. Ҷустуҷӯятон кардам, аммо…

Хай устод, медонед, барои ба саволҳоям посух гирифтан беҳтар аз шумо одаме пайдо накардам. Бароям мегуфтед, ки ин насли ҷадидро кӣ нобуд кард, ки то ин ҳад ноӯҳдабарову беҷуръат зандагӣ мекунанд ё ин ки инҳо модарзод беҷуръат таваллуд шудаанд?

– Э бачам, боз ту омадиву бо ин гуна саволҳоят ба захми ман намак мепошӣ. Агар ман гӯям, боз баъзеҳо месӯзанду баъзеҳо ба даст қалам мегиранд. Медонӣ ин наслро кӣ нобуд мекунад? Мо нобуд мекунем! Худамон беҷуръат месозем. Худамон ин шароитро овардем. Ҳамааш айби насли мост! Аввал ба ман бигӯ, ки чаро ин саволро пурсидӣ?

Барои он ки бо насли имрӯз будаму дидам, ки бештаре кундзеҳну бепарвоянд ва тамоман вайрон шуда рафтаанд. Оҷизу нотавон, баъзеаш феълу рафтораш ғайриинсонист, баъзеяш аз офаридаи халоиқ норозист. Аксарашон  мехонанду муҳоҷир мешаванд. Нонро дар ватан монда, дарбадар мегарданд. Ҷойи кор ҳаст ку

– Ту мегуйӣ насли имрӯза кундзеҳну бепарвоянд? Насли ҷадид тамоман вайрон аст? Ба худ боре савол додаӣ, ки кӣ инҳоро ба ин ҳол овард? Кӣ инҳоро дарбадар кард? Боз мегӯям: МО! Мо насли бузургсол натавонистем дуруст тарбия кунем. Мо бузургсолон хиёнат кардем. Системаеро офаридем, ки бача чор сол мехонад, диплом мегирад ва бо он ба Русия меравад. Духтар бошад, баъди шавҳар кардан дар доираи рӯзгор банд мемонад.

Кор ҳаст, дуруст мегӯйӣ. Барои одами коргар кор пайдо мешавад, аммо бо чӣ қадар маош? Ту медонӣ, ӯ нав 22-23 сола аст. Бояд пули хона диҳад, зан гирад, оиларо таъмин созад, вале бо кадом пул? Бо ҳамон пуле, ки як моҳ интизор мешаваду он ҳатто ба раҳкирояш намерасад?

Шумо аз замон менолед?

– Аз замон наменолам, аз ҳамин одамон менолам, аз ҳамин насле, ки заминро ба майдони бозӣ табдил додааст, менолам. Дилам ба ононе месӯзад, ки барои дарёфти бурдаи нон дур аз ватану мӯҳтоҷи дари бегонагон мешаванд. Пасон, асир афтода ба майдони маргу зиндагӣ мераванд.

Яъне ба ҷанг?

– Бале, ба ҷанг.То ҳол ягон муш барои худ мушқапак насохтааст, аммо мо ба худ сохтем. Барои нобудии худ “атом” ихтироъ кардем ва то ҳанӯз барои нест кардани якдигар силоҳ месозем.

Чун гап аз силоҳ баромад, биёед, дар мавзӯи наслҳо баъдан гап мезанем. Ин савол зеҳни маро бештар ташвиш медиҳад. Заводҳое, ки дар дунё силоҳ истеҳсол мекунанд, ин қадар теъдоди зиёдро чӣ кор мекунанд?

– Барои ҷанг истифода мекунанд!

Ҷанг нест ку…

– Месозанд.

Чихел?

– Барои ҷанг кардан чӣ лозим мешавад?

Яроқ.

– Барои яроқро гирифтан?

– Пул.

Яъне гап сари чӣ меравад? Манфиат. То манфиат набошад, ҳеҷ хас болои хас намеафтад. Ин ҳама чизе, ки мебинӣ, бо нақшаҳои тарҳрезишуда амалӣ мешаванд. Ману ту фаҳмишамон ба ин намерасад. Асрҳост қафо мондаем. Ману ту пасон якеро гунаҳкору якеро сафед мекунем, аммо намегӯем, ки сарчашмаи ин куҷост? Чаро ин оби меомада лой аст? Аз куҷост ин лой? Мо ду қувваи ба ҳам муқобилро ором мекунем, аммо аслу аҷдоди ин бозиро ба роҳмондаро намедонем. Фаҳмида мон, оне, ки ҷомеаро бозӣ медорад, бозии худро идома додан мегирад. Барои дарахтро нобуд кардан аз байнаш намебуранд. Аз реша тозааш месозанд, то дигар нарӯяд. Ин решаи ҷангҳо киҳоянд, дар куҷоянд? Инро бояд ба худ савол дод.

Баъд кӯдакону занон чӣ гуноҳ доранд, ки байни обу оташ монда месӯзанду ях мебанданд?

Хуб ба хотир бигир, “ба ҷангал оташ афтад, хушку тар месӯзад”, гунаҳкору бегуноҳ мемиранд. Кӯдакон гуноҳашон ин аст, ки ба дунё омаданд ва модарон гуноҳашон ин аст, ки кӯдак ба дунё оварданд. Инро барои он мегӯям, ки вуҷудам месӯзад. Кӯдакон дигар ба ҷойи ханда ашк мерезанд, ба ҷойи бозиву давутоз дар харобазорҳо умр мегузаронанд. Ҳавопаймое гузарад, дигар шодиву сурур намекунанд. Майдончаи бозияшон барояшон майдони марг аст. Ту гуфтӣ, ки дар ҷанги ҳақу ботил будам. Ку ба ман гӯй, ки бештар дар он ҷанг кӣ зарар дид?

Мардум

– Дуруст. Ин шоҳонанд, ки ҷангро сар мекунанд ва ин мардуманд, ки тавонашро пас медиҳанд. Бубин, дар муддати кӯтоҳ ҷаҳон чодари сиёҳ ба бар кард. Лаҳзае фаро расид, ки падар писаррову модар фарзандро ба канор гирифтан намехоҳад. Замоне шуду гузашт, ки ҳеҷ кас намехост касе дар бараш бошад. Ҳама дар бораи худаш мендешид. Тарс аз якдигар дошт. Гумон мекардӣ, қиёмат аст. Мардум натавонистанд бо азизони худ хуб худоҳофизӣ кунанд. Ҳатто мурдаҳо натавонистанд осуда ба гӯр раванд. Ба ҷойи кафан “салафанпеч” зери хок рафтанд. Бубин, баъд аз ин боз чӣ шуд! Толибоне, ки солҳо мисли муш дар кӯҳпораҳо баҷо шуда меҷангиданд, дар як муддати кӯтоҳ сари қудрат омаданд. Ҳамчунин, ду халқияти ба ҳам бародаре, ки аз як сурфа нон хӯрда бузург шуда буданд, муқобили ҳам ҷангро сар карданд. Ҳама кӯчаву хиёбонҳо аз ин ҳодиса садо доданд.

Ва инак бозии навбати дар Ховари Миёна сар шуд. Ҷанг байни Исроил ва Фаластин. Нигоҳ кун, дар ин миён на Исроил на Фаластин, балки халқи бегуноҳ ҷон дода истодааст. Бераҳмиҳои Темуру Чингиз дар пеши ин ҳеҷанд, чун онҳоро медонистанд, ки аз аввал золим буданду золим рафтанд, аммо инҳо чӣ?

Дар ин ҷо қотил бозидорандаи ин мусибатҳост. Бозии калонеро ба роҳ мондааст, ки ҳама аз ин ғофиланд. Чӣ гунае ки дар аввал гуфтам, об аз дигар ҷой лой аст.

Гумонҳо зиёданд, аммо гумон ҳақиқат нест. Ин ба он монанд аст, ки дузд барои дуздидани ҷайбат ҳавоси туро ба дигар ҷой парт мекунаду ба осони кисаатро мерабояд. Ҳоло ин назар ивазкунӣ байни давлатҳо мушоҳида мешавад. То ба оғози ҷанги Исроилу Фаластин ҳама таҳриму гирдиҳамоиҳо бар зидди Россияву Украина буданд. Ҳоло чӣ шуд? Дигар дар тазоҳуротҳо Украинаву Русия намегӯянд. Ҳавоси ҳама ба Ховари миёна афтод. Байни Русияву Украина чӣ мегузарад, дигар аҳамияти пешинашро надорад. Ҳоло садоҳо ба дигар самт равона шудаанд. Имрӯз ҳам барои Украина мавқеияти хуб даст дод ва ҳам барои Русия. Онҳо корҳоеро паси парда анҷом медиҳанд, ки ҳеҷ ногуфтанӣ…

Боз ба ин давлати демократихоҳи ҷаҳон – ИМА-и озод назар кун. Вақте ки аз хоки Афғон рафт, ҳукумати Афғонистон дар лаҳзаи кӯтоҳ иваз шуд. Хост Украинаро ба НАТО ворид кунад, вале ҷанги Русияву Украина оғоз шуд. Акнун аз он тарафи уқёнус истода садо баланд дорад ва мегӯяд, ки мо аз худ муҳофизат мекунем. Чаро то ҳол НАТО хостори оташбас дар Ховари миёна нашудаст? Чаро таҳримҳо дигар сар назаданд. Русияро ку аз ҳама чиз маҳрум карданд ва чунон танг оварданд, ки танҳо дар осмони худ пар мезанаду халос.

Хитойро бубин, мисли моҳи беайб дар гӯшае менишинад, гӯё тамоман чизе нашуда бошад ва ӯ ҳеҷ коре накардааст. Бо сар задани куруно дар ин мамлакат ҷомеаи ҷаҳон ба самти нобудшавӣ рафт. Абарқудраттарин кишварҳои ҷаҳон барои барқароршавии ҷаҳон коре намекунанд, балки барои нобудии башар ҳам ба обу ҳам ба оташ чун кӯмаки башардӯстона силоҳ мефиристанд.  На сих сӯзаду на кабоб. Боз баргаштем сари ҳамон манфиати дар боло гуфта.

Баъди хотимаи ҷангҳо чӣ мешавад?

Вақте оташ даргирифт, ҳатман то хомӯш шудан хело ҷойро месӯзонад. Хелеҳо шаҳид ва қурбони бозиҳои дигарон мешаванд. Баъди ҷанг Созмонҳои ҳимоятгари хуқуқи башар, ки дар лаҳзаи ҳассос дам ба дарун зада ба лонаҷойи худ даромада буданд(чун берун ҳам мебуданд аз дасташон коре намеомад), сар берун карда мегӯянд, ки мо ҷонибдори сулҳ, озодӣ ва осоиштагии кулли мардуми ҷаҳонем.

Медонӣ ин аз чӣ дарак медиҳад? Агар ин балоҳо ба сари мо ҳам оянд, ҳамон созмонҳои ташкилшуда чашмони худро кӯру гӯши худро кар ва даҳони худро лол мекунанд. Суханҳои маро хуб ба ёдат гир!

Ҷанг ҳеҷ оқибати хуб надорад. Ҳеҷ вақт ба касе зарар нарасон ва ҳеҷ вақт нагузор, ки ба ту зарар расонанд.

Ҳамин дам садои ғижжак Ҷуръатро аз хоб бедор кард. Ҷуръат аз ҷой нимхез шуда Ҳақиқатро мекофт. Ҳар қадар кофт, пайдо накард ва ба худ гуфт: “Устод, ту ягона касе ҳастӣ, ки дар ҳама ҳолат бароям роҳ нишон медиҳӣ. Медонам, дигар нестӣ, аммо аз ту хоҳиш мекунам, дар хобам бошад ҳам, бо ман суҳбат кун…

Шоҳини ВАФО

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Худо гирад устодата… На андешаи мушаххас ва на гумони ба ҳақиқат наздик…

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь